12 February 2021
Дастовард муборак, «Гулоро»
- Подробности статьи
Ҷамъбасти озмуни байналмилалӣ
Дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон озмуни байналмилалии ҳунарии «Наврӯз садолари» ҷамъбаст гардид, ки дар он гурӯҳи кӯдакону наврасони «Гулоро» - и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ширкат варзида, мақоми ифтихорӣ ба даст оварданд ва бо Диплом, ҷоиза ва сертификати озмун тақдиронида шуданд.
Ҳамзамон, ба як қатор аъзоёни фаъоли ин гурӯҳи ҳунарӣ барои ҳунару маҳорати баланд ва иштироки фаъолонаашон Диплом ва ҷоизаи Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим гардид.
Мавриди зикр аст, ки гурӯҳи кӯдакону наврасони «Гулоро» - и ноҳияи Ҷаббор Расулов чанд сол муқаддам бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Ҳакимҷон Собиров дар назди муассисаи ғайридавлатии кӯдакистони «Гулоро» - и ноҳия таъсис ёфта, дар он устодону мутахассисони варзидаи соҳаи санъат ба тарбиятгирандагони ин кӯдакистон дарси маҳорату ҳунар, рақсу суруд меомӯзанд.
Гурӯҳи ҳунарӣ, ки ба он тарбиятгирандагони кӯдакистони мазкур шомиланд, аллакай дар якчанд озмунҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, «Донак», «Наврӯз садолари» ва ғайраҳо, ки дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия доир гардиданд, ширкат варзида, ғолибият ба даст овардаанд.
Дастоварди навбатӣ дар ин озмуни байналмилалӣ тарбиятгирандагон ва волидайни онҳоро рӯҳбаланд намуд.
Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»
Читать далееДар Истаравшан кишти картошкаи барвақтӣ оғоз ёфт
- Подробности статьи
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан ба фаъолияти кишоварзон низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар мавзеи Зарнисор бо раванди корҳои азхудкунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда шинос шуд.
Тибқи иттилои масъулин дар ин мавзеъ зиёда аз чор ҳазор гектар замини корам мавҷуд буда, то имрӯз бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои мавзеъ як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, моҳи марти соли 2018 пойгоҳҳои обкашии мавзеи ”Қизилӣ” ва “Сексарӣ” пас аз азнавсозӣ фаъол карда шуда буд, ки ин тасмим то андозае барои таъмини кишоварзон бо оби полезӣ мусоидат намуд.
Читать далееШиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди иншооти ҷашнӣ дар Истаравшан
- Подробности статьи
11 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.
Боиси зикр аст, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бунёд, таъмир ва навсозии беш аз 450 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, дар баробари маблағгузории Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр соҳибкорон низ дар бунёди иншооти мухталиф саҳми арзанда мегузоранд.
Читать далееМулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
11 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Истаравшан мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26-уми январи соли равон ироа гардид, фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, он ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ва роҳнамои зиндагии ҳар фарди кишвар ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин дар асоси нақшаи тарҳрезинамудаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ба роҳ монда шуда, дар шаҳру навоҳӣ мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон баргузор гардида истодааст.
Читать далееПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
- Подробности статьи
Дирӯз Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо дар фазои ҳусни тафоҳуми комил дар бораи мавзӯоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ табодули назар карданд.
Читать далееШиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ашт
- Подробности статьи
10 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар хоҷагии деҳқонии ба номи Д. Қобилови Ҷамоати деҳоти Ашт ба кишти картошкаи барвақтӣ оғоз бахшид.
Хоҷагии мазкур соли 2007 ташкил шуда, дорои 1,42 га замини корам аст, ки соли ҷорӣ дар 1 гектари он кишти картошкаи барвақтӣ гузарнида мешавад.
Ба иттилои масъулин кишоварзони хоҷагӣ аз тухмии картошкаи маҳаллӣ истифода бурда, интизор доранд, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд.
Читать далееАшт. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ниёзмандонро аёдат намуд
- Подробности статьи
10 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт ятими кулл Шоҳҷаҳон Раҳимовро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондааст, аёдат карда, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонид.
Раиси вилоят дар суҳбат бо Шоҳҷаҳони хурдсол, ки айни замон дар тарбияи бобову бибиаш қарор дорад, иброз дошт, ки ҳеҷ гоҳ худро танҳо эҳсос насозад, зеро давлату Ҳукумат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгири ятимону ниёзмандон буда, барои тарбияву таҳсили онҳо мунтазам кӯмак мерасонад.
Читать далее