15 February 2021
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард
- Подробности статьи
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода нахуст ба Беморхонаи шаҳрии рақами 2 ташриф оварда, шоири ваҳдатсарои тоҷик, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ Усмон Олимро, ки дар ин бемористон табобат мегирад, аёдат кард. Зимни суҳбат бо куҳансолтарин адиби ваҳдатсаро Раиси вилоят аз саҳми ӯ дар тарғиби ғояи ваҳдати миллӣ ёдоварӣ карда, ба Усмон Олим шифои комил хост. Усмон Олим барои ҳусни таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд.
Читать далееБоздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ
- Подробности статьи
13 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят аз ҷараёни ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар майдони назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ташкил гардида буд, боздид намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид афзуд, ки ин тадбир дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мусоидат дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ роҳандозӣ гардидааст.
Читать далееИфтитоҳи маркази хизматрасонии соҳибкор Абдуғафур Эшонов дар Исфара
- Подробности статьи
12 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара дар маросими ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ширкат варзид.
Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдуғафур Эшонов бунёд ёфта, ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад. Дохили бино бо тарзу услуби хоса, оро дода шуда, барои ҳар як нафар корманд шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Читать далееБоздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳраки Шӯроб
- Подробности статьи
12-уми феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод.
Нахуст роҳбари вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳраки ангиштканон - Шӯроб шинос шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат дар ин шаҳраки саноатӣ бунёду навсозии иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Читать далее