18 February 2021

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ниёзмандон рафт

17 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ чанде аз шахсони маъюбро аёдат кард.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла сокини деҳаи Зеробод Муллоамин Муродов, сокинони деҳаи Анзоб Фарқият Гиёева ва Алиназар Раҳматовро, ки ҳар се маъюби гуруҳи як мебошанд, аёдат намуд. Зимни аёдат таъкид карда шуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, роҳбарияти вилоят бо дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиронсолону маъюбон, ятимону ниёзмандонро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

17 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ бо ҷараёни сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.

Бунёди майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Айнӣ дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Майдони Парчами давлатӣ дар шафати бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷойгир буда, масоҳати майдон 1726 метри мураббаъро такшил медиҳад. Фармоишгари иншооти мазкур мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳияи  Айнӣ, пудратчӣ ҶДММ “Зарафшон Сохтмон” ва лоиҳакаш КФ КВД «Лоиҳакаш»  дар вилояти Суғд мебошанд.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди фермаи парандапарварӣ

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Хушекат бо рафти бунёди фермаи парандапарварии соҳибкор Шарофқул Ҳасанов шинос гардид. Фермаи мурғпарварӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ бо харҷи зиёда аз 2,5 млн. сомонӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Барои фаъолияти босамари ферма биноҳои ёрирасон аз ҷумла, анбор барои захираи 50 тонна хурока дар масоҳати 65 метри мураббаъ, анбори маҳсулоти хом дар масоҳати 25 метри мураббаъ, сардхона дар масоҳати 21,4 метри мураббаъ ва бинои маъмурӣ дар мсоҳати 96 метри мураббаъ сохта шудааст.

Читать далее

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ

17 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди иншооти ҷашнӣ ба ноҳияи Айнӣ сафар намуд.

Боиси зикр аст, ки дар ноҳияи Айнӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 499 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз беш аз 400 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Читать далее

Фарҳанги миллиро бояд нигоҳ дорем!

Имрўзҳо дар мамлакати ободу озоди мо ҳама хушу хурсандона зиндагӣ доранд. Лек бархе аз занону духтарони  мо либосҳоеро, ки  ба фарҳанги мо бегона аст, ба бар мекунанд.

Ин сару либосҳои бегона, аз бегонапарастӣ ва бехабар будан аз фарҳанги сару либоспушии занон шаҳодат медиҳад. Магар бегонапарастӣ ин озодиву маданияти сару либоспўшї аст, ки онҳо худро ҳамчун шахси бомаданият мехисобанду тақлид бар либосҳои фарҳанги дигар миллат мекунанд. Фарҳанги либосдории миллати тоҷик аз қадимулайём яке аз фарҳангҳои зеботарину оламшумул ба ҳисоб мерафт.

Занон  аз фарҳанги пушидани сару либоси миллати худ бояд истифода бурда ба ҷаҳониён дарак аз он кунанд, ки мо, тоҷикон сару либоси худро дорем ва аз он пайваста ифтихор дорем. Маҳз дар руҳияи ватандўстиву худшиносии миллӣ ба воя расидани ҷавонони мамлакат барои рушду пешрафти кишвар пояи асосӣ мегузорад, зеро ҷавонон ояндаи миллатанд.

Бояд қайд намуд, ки миллати тоҷик аз давраҳои қадим расму анъанаҳои худро ҷиҳати ба бар кардани сару либосҳои миллӣ вобаста ба минтақаи худ дошт ва ин анъанаҳои гузаштагони мо то ба имрўз омада расидааст. Аз ҳамин лиҳоз гуфтан ҷоиз аст, ки ҷавонону занҳои мо набояд тақлид аз бегонагон кунанду фарҳанги либоспўшии мардуми бегонаро дар байни ҷомеа паҳн кунанд. Баракс мо бояд фарҳанги сару либоспўшии мардуми худро дар байни ҷомеа бояд эҳё намуда аз анъанаҳои миллии худ васеъ истифода барем ва  ҷавононро дар руҳияи ватандустиву хештаншиносӣ тарбия кунем.

Фароғат Пулотова,
омӯзгори мтму № 14-уми шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Чеҳраи манфури ватанфурӯшон

Кӣ будани симои аслии Муҳиддин Кабирӣ ва ба чӣ кор машғул будани вайро ҳамагон медонанд. Мардуми тоҷик вайро чун хоину ватанфуруш  мешиносанд. Дар сомонаи интернетӣ муроҷиати чанд сокиниРӯшон нисбати бадкориҳои Кабирӣ бо номи “Мардуми ноҳия чӣ кор карданашро медонад” нашр шуда буд. Муаллифон ба Муҳиддин Кабирӣ муроҷиат намуда, гуфтаанд, ки дар паҳлӯи Ҳукумат ҳастанд ва қонунро риоя мекунанду ба дасисаҳо аз хориҷ дода намешаванд.

Муаллифон дасисаандозињои ифротиёнро ҷиноятҳои тарҳрезишудаи Кабирӣ хондаанд.

Дар муроҷиатномаи сокинон гуфта мешавад, ки "Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ободонию ободкорӣ дар ноҳияи мо ва умуман дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба таври назаррас ба роҳ монда шуда, дар ноҳия тамоми шароитҳо барои зисти аҳолӣ маҳайё карда шудааст". Муроҷиатномаи мазкур бо имзои шахсии худи сокинон оварда шудааст.Вақте, ки ҳамдеҳагонаш вайро хоин мешуморанду ӯро аз деҳааш рондаанд, пас ҳоҷат ба баёни бадкориҳои вай нест.

Лаънат ба касе, ки аз Ватан канда шавад,

Афтад ба ғарибиву ба кас банда шавад.

Муҳиддин Кабирӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз ҳаргуна роҳу воситаҳо истифода бурда бо корҳои зишташ боиси нафрати ҳамагон гаштааст. Муҳиддин Кабирӣ имрӯз бозичаи хизматгори хориҷиён гаштаасту ягон нияти нек надорад.

Биоишаи Назар

Читать далее

М. САДРИДДИН ХОИНУ БЕШАРАФ

Дирӯз филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ”-ро дидем, ки барои ҳар як нафар як маълумотномаи комил дар бораи М. Садриддин мебошад, ки воқеан ҳам кӣ будани ин хоини наҳзатиро ифшо намуд.

Аммо М. Садриддин, ки аллакай ба бешармиву номусфурӯшӣ одат кардааст, гӯё чизе нашуда бошад, боз ба ҳамон иғвогариву дасисабозиҳояш идома медиҳад, ки беномусиву бевиҷдонияшро боз ҳам ифшотар месозад.

Ҳарчанд маълум аст, ки дигар М. Садриддини хоин ва аъзои  ТТЭ ҲНИ дигар чора ҳам надорад, чунки ӯро хоҷагони хориҷияш маҷбур месозанд, то ҳамин хел фаъолияти дасисабозӣ бараду ҷомеаро гумроҳ созад.

Аммо  дигар мардум М. Садриддини хоинро мешиносанду як беномусу бешараф буданашро исбот кардаанд, пас чӣ зарурат ба ин ҳама иғвобарангезӣ?

Албатта, маълум мешавад, ки М. Садриддин барои ҷомеа то ҳанӯз ҳам як доғ боқӣ мемонад, вале саркардагони наҳзатӣ бояд донанд, ки М. Садриддин дигар як рамзи ТТЭ ҲНИ шудааст. Аммо зарур аст, ки наҳзатиён бифаҳманд, ки ҷомеа на танҳо М. Садриддинро ҳамчун сиришташ вайроншуда мешиносад, балки ҳамаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар хоҷагонашонро.

Аз ҳамин маълум мешавад, ки тамоми наҳзатиёни хоин ва касиф вайронтинатанду фақат ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа имрӯз аз худ намояндаи дину мазҳаб муаррифӣ мекунанд.

Пас, вой бар ҳоли он ҳама мардуми гумроҳ, ки ба онҳо бовар кардаанд. Чунки онҳо намедонанд, ки бовар ба наҳзатиёни хоин бовар ба лухтакони манфур аст.

Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ

Читать далее

ИФРОТГАРОЁН БА ҲАДАФ НАХОҲАНД РАСИД

“Isloh.net” аз зумраи сомонаҳои тарафдор ва тарғибгари ақидаҳои ифротии ТТЭ ҲНИ ва Паймони ба ном миллӣ мебошад. Дар сомонаи мазкур хабару гузоришҳои бардурӯғи масъули сомона Муҳаммадиқболи Садриддин дарҷ мегардад. Ба воситаи сомонаи худ ин гуруҳи ифротӣ мехоҳанд шуури мардумро вайрон созанд. Лекин ҳеҷ гоҳ ин тоифа ба мақсад нахоњанд расид.

Мо, устодони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ҷонибдори сиёсати дохилӣ ва берунии Ҳукумати Тоҷикистон мебошем. Мехоҳем, ки дар Тоҷикистон, кишвари азизамон доимо сулҳу ваҳдат бошад. Барои пешрафти илми тоҷик, тайёр намудани мутахассисони ҷавону эҷодкор фазои софу эҷодкорӣ бошад. Вале, намояндагони Паймони миллии Тоҷикистон бо баромадҳои худ сулҳу ваҳдати тоҷиконро халалдор менамоянд. Суханрониҳои онҳо, ки дар кишварҳои Аврупо пањн мекунанд, ягон асосе надорад.

Мо нағз дарк менамоем, ки аксари гурўҳҳои ифротӣ аъмоли нангини худро таҳти ниқоби Ислом содир мекунанд. Ҳоло он, ки дини Ислом аслан ва моҳияти зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, баръакс одамонро  ба сулҳ ба инсондўстӣ, эҳтироми якдигар ва корҳои нек ҳидоят менамояд.

Бинобар ҳамин, мо кўшиш менамоем, ки донишҷўён ва мутахассисони ояндаро дар руҳияи ватандўстӣ, инсондўстӣ, меҳнатдўстӣ, эҳтироми якдигар ва ба ҷо овардани корҳои неку хайр омода намоем .

Аҳли устодони кафедраи
фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

Читать далее

“БЕШАРАФӢ” ҲУШДОР МЕДИҲАД АЗ ПОДОШИ ҚОНУНИ ТАБИАТ

 

 

 

Шояд инсонҳо намедонанд, ки ҳар як лаҳзаву ҳар як аъмоли онҳо дар хотираҳои рӯзгор мемонанд ва баъзан ин аъмол ва ё саргузашт метавонад ба зиндагӣ низ таъсир бирасонад. Ҳарчанд аксарият ба ин таваҷҷуҳ надоранд, аммо ҳақиқат чизе ҳаст, ки метавонад бисёр чизҳоро ошкор намояд. Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” низ ҳамин чизро бозгӯ мекунад, ки инсон набояд гузаштаи худро фаромӯш созад ва ҳамчунин набояд, ки  ба дигарон зарар расонад, зеро он зарару зиён ҳатман бармегардад.

Филми мазкур бештар мехоҳад ба ҷомеа панд бидиҳад, ки воқеан ҳам ҳеҷ аъмоли зишт дар дар ҷомеа беподош нахоҳад монд. Муллоқаландар падари М. Садриддин низ бар ҷомеа зиён мекарду бо ҳамроҳии дигар наҳзатиёни хоин дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ташкил карданду ба хориҷ фирор намуданд, аммо подошро дар хориҷ ҳам гирифт. Яъне тинати фарзандаш М. Садриддинро мардуми кишвари ҳамсоя вайрон  карданд, ки бадтарин подош ва сахттарин рӯз барои  мард ва барои  падар мебошад.

Аз ҳамин лиҳоз ҳар як инсонро зарур аст, ки пеш аз анҷом додани кори нодуруст нисбати ҷомеа як бор биандешад , чунки ҳар як аъмоли зишт подоши зишт низ ба думбол дорад.

Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” ҳамин хел барои бинанда аъмоли як нафар хоин ва хоинзодаро бозгӯ намуд, ки дирӯз кӣ буду имрӯз барои чӣ ба ҷомеа худро дигар кас муаррифӣ намуда, дасисабозӣ мекунад? Маълум аст, ки дигар дар М. Садриддини хоину террористи наҳзатӣ на шараф мондаасту на виҷдони пок.

Филми мазкур фақат ҳушдор аст ба ҳар як нафар, ки қонуни табиат ҳеҷ як амали нораворо нисбати ҷомеа хуш намебинад ва ҳатман подоши баде ба думбол хоҳад дошт.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ

 

 

 

Читать далее

БАДКЕШОН БА ҲАДАФ НАХОҲАНД РАСИД!

Наздик сӣ сол аст, ки дар фазои соҳибистиқлолии кишвар зиндагии шоду хуррамӣ дорем. Хосатан, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳоти иҷтимоӣ – маорифу тандурустӣ ва фарҳанг рушд ёфта истодааст. Имрӯз наметавон муассисаи таълимии фарсуда, синфхонаҳои тираву торро дид. Алҳол муассисаҳои таълимӣ бо асбобу айёнияту таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудаву талабот якест: беҳтар кор кардан, боз ҳам бештар аз бар намудани ҳар як фан аз ҷониби толибилмон.

Мутаассифона, дар замони муосир баъзе аз табақаҳои манфиатҷӯй бо мақсади расидан ба ҳадафи нопоки худ дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бо ҳар роҳу восита ният доранд мардумро бо амалҳои ношоиставу ҷоҳилӣ, хурофотпарастӣ ба либосҳои барои миллати мо бегона роҳнамо созанд. Чунин нафарон дар асл аз арконҳои дини мубини Ислом фарсахҳо дуранд, худро гоҳ муллову гоҳ хирадманд вонамуд месозанд ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ байни мардум тафриқаангезӣ менамоянд.

Аъзои ТТЭ ҲНИ бо ҳамин нияту мақсад доимо қадам мебардоранд. Аммо намедонанд, ки мардуми мо аз он гумроҳиҳо алҳол хеле дуранд ва дигар ба доми чунин кӯрдилон мутеъ нахоҳанд шуд. Зеро имрӯз ҳадафи мо якест – расидан ба хадафҳое, ки дар назди худ гузоштаем: ба пуррагӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.

Аз ибтидои фаъолият барои ТТЭ ҲНИ даъват ба Ислом, талқини моҳияти ғаразнок ва манфиатовар ба нафъи худ воситае буд, ки ин ашхоси манфиатҷӯ бар хилофи талаботи дин ва ҷомеа аз ҷониби намояндагон ва ё аъзои ин ҳизб, дар асоси нақшаҳои тарҳрезинамудаи хоҷагонашон ба амал мебароварданд.

Мо фараҳмандем, ки дар замони тинҷу ором зиндагӣ дорем ва кишвари офтобии мо боз ҳам зебову самти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат рушд ёфта, мардум аз як гиребон сар бароварда, баҳри осоиши ҷумҳур камари ҳиммат бастаанд. Хосатан ҷавонони мо, ки ояндаи миллатанд, бо равшанзамирии худ, бо ақидаҳои фараҳмандонаи хеш ҳамқадами ҷомеа гаштаанд.

А.МАМАДҶОНОВА,
шаҳри Гулистон

Читать далее