25 February 2021

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Иброҳим Абдураҳмонов ва Севинч Аслоноваро аёдат кард

Зимни сафар ба ноҳияи Спитамен Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат Иброҳим Абдураҳмонов ва ятими кулл Севинч Аслонова аёдат намуд.

Ҷанговари байналмилал Иброҳим Абдураҳмонов 11 декабри соли 1953 дар ноҳияи Спитамен, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ӯ солҳои 1985 – 1987 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон адои хизмат намуда, сипас дар соҳаи маориф фаъолият намудааст.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Ӯткир” ва “Маърифат”-и ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии “Ӯткир” ва “Маърифат” шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дод шуд, хоҷагии деҳқонии “Ӯткир”-и Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен соли 2016 ташкил шуда, дар хоҷагии мазкур 23 саҳмдор фаъолият намуда истодааст. Хоҷагии деҳқонӣ дорои 24 гектар замин буда, аз он 11,25 гектарро заминҳои кормаи обӣ ташкил медиҳад. Дар хоҷагии деҳқонии “Ӯткир” 1 гектар боғ, 2 гектар гандум кишту парвариш ёфта, айни ҳол 7 гектар замин барои кишти пунбадона омода гардида истодааст. Ҳамчунин тибқи нақша дар соли 2021 дар хоҷагӣ кишти 1 гектар картошка ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 0,50 гектар картошка кишт шудааст.

Читать далее

Ташкили сехи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ дар ҶДММ “Бахт – 2016”

Дар ноҳияи Спитамен барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, иқтидорҳои мавҷуда самаранок истифода бурда мешаванд.

Масъулини ҶДММ “Бахт – 2016” бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи саноат тасмим гирифтанд, ки сехи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ташкил намуда, ҷойҳои нави кориро таъсис диҳанд.

Читать далее

Хиёнат нобахшиданист

Намоиш дода шудани қисми 7-уми силсилафилми «Хиёнат»  маро ба ваҷд овард ва эҳсосотамро ба таҳрик даровард. Дар ин филм нишон дода шудааст, ки чӣ тавр як навраси тоҷик ба доми фиреби муллоён ва баъд гирифтори фиребу уқубати қумондонҳои Афғонистон мегардад. Ин албатта, як фоҷиа аст, ки ба айби падари ин писар, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ном дорад, рух додааст. Мулло Қаландар – падари Муҳаммадиқбол яке аз саркардаҳои ҳизби наҳзат будааст ва ҳангоми муҳоҷират дар кишвари ҳамсоя фарзандаш ба ин рӯз омада расидааст.

Имрӯзҳо мебинем, ки Муҳаммадиқболи Садриддин дар сомонаҳои интернетӣ фаъол аст ва бар зидди кишвари худ тӯҳмату бӯҳтон паҳн мекунад. Дастовардҳои миллатро нодида мегирад. Ин, албатта, нишонаи ношукрӣ ба кишвари азизамон мебошад.

Муҳим он аст, ки ҷавонон ба саҳифаҳои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ворид гардида, ба суханони Муҳаммадиқболи Садриддин бовар накунанд ва ба доми фиреби ӯ гирифтор нагарданд.

Аз филми «Бешарафӣ» ба ман аён гашт, ки Муҳаммадиқболи Садриддин дар баробари фиребгару ҳаннот ва пули мардумхӯр буданаш бешараф аст. Албатта, шунидани ин ки як ҳаммиллатат дар хориҷа бешараф гаштааст, одамро ба риққат меорад. 

Муҳаммадиқболи Садриддин дар давраи кӯдакӣ кӯдакии талхро гузаронидааст ва ба ин талхиҳо гирифтор гаштанаш бо айби падараш аст. Дар филм равоншиносон ба таври кушод гуфтанд, ки ҳадафи Муҳаммадиқбол қасос гирифтан ва ё вайрон кардани мафкураи мардум аст. Коршиносон андешаҳояшонро ба таври мукаммал баён карданд. Ӯро беморӣ водор мекунад, ки нисбати дигарон нафрат дошта бошад.

Дар оғози филм шоҳидон гуфтанд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ба таври қаллобӣ ва роҳи фиреб аз чанд нафар маблағ ситонида, онро барнагардонидааст.  Албатта, ин қаллобӣ аст ва бо роҳи фиреб аз мардум пул ситонидан ва онро барнагардонидан бешарафӣ ва беномусӣ аст.

Пайрав СУЛАЙМОНОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ЧАРО ШУКР НАГУЕМ?

Дар ҷомеа гурӯҳҳои гуногуни одамон зиндагӣ менамоянд. Ҳар шахс ва гурӯҳ ба натиҷаи заҳмату талоши дигарон ва дастоварду комёбиҳои ҷомеа, давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ, махсусан дар роҳи расидан ба сулҳу амният ва комёбиҳои кишвар ба таври гуногун назар менамоянд ва андешаҳои мухталиф баён месозанд. Барои баҳои дуруст додан ба натиҷаи 30-соли давраи соҳибистиқлолӣ моро мебояд вазъияти солҳои аввали истиқлолият, ҷанги шаҳрвандие, ки кишварро ба доми оташ андохт ва вақте мардум оромишу умед ба фардои ҷомеаро аз даст дод, ба назар орем! Вақте шароити имрӯза, тарзи зиндагӣ ва шароиту имкониятҳои мавҷударо ба вазъияту шароити он солҳои муқоиса намоем, шахс, бешубҳа, аз амнияту оромӣ ва пешрафти имрӯзаи давлату ҷомеа шукрона намуда, кору фаъолият пеш мебарад.

Шакке нест, ки баъди ба даст овардани сулҳи тоҷикон, асосан баъди солҳои 2000-ум Тоҷикистон қадам ба қадам дар самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ба натиҷаи муайяни рушд расида истодааст. Инро аз рӯи натиҷаҳои рушду тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ дар муқоиса ба солҳои пеш дидан мумкин аст. Баробари чунин пешравиҳо берун аз кишвар ҳастанд ашхосе чун Муҳаммадиқболи Садриддин ва гурӯҳҳое, ки на ба рақам бовар доранд ва на бо чашми сар ободии кишварро дидан мехоҳанд. Кори онҳо танҳо таънаву маломатзанӣ ва нуқсонҷӯстан ва паст задани обрӯву эътибори давлату миллат мебошад.

Мардуми Тоҷикистон, хушбахтона дар фазо суботу оромӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳамагуна сахтиву мушкилиҳоро бо заҳмати суботкорона паси сар намуда истодааст. Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон нерӯ, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем. Аз ин рӯ, агар мардум дар иттиҳоду ягонагӣ ва бо боварӣ ба фардои неки ҷомеа қадам гузоранд, он вақт ҳеҷ душмане суботу амнияти ҷомеаи моро халадор карда наметавонад.

Аз ҳамин лиҳоз зарурати шукр кардан аз шароити мавҷуда, аз тиниҷиву оромӣ ва сулҳу суботи кишвар, ҳифзи дастовардҳои то ба имрӯз расида бисёр муҳим буда, он метавонад мардумро ба муваффақиятҳои нав бирасонад.

Вақте ба қадри тамоми дастовардҳо мерасем, хизмати дигаронро қадр менамоем, аз натиҷаҳои кам ҳам бошад, хурсанд гашта, боз ҳам бештару хубтар меҳнату талош намоем, хоҳу нохоҳ зиндагиамон аз дирӯза беҳтар мегардад.

 Пас, имрӯз аз Ватани ободу зебо, сулҳу оромии кишвар, комёбиҳои давлат, ободиву зебоӣ ва пешравиҳои ҳар соҳа шукр мебояд. Шукр бояд гуфт, ки ду чархи НБО Роғун ба истифода дода шуд, қадам ба қадам чор ҳадафи стратегии кишвар амалӣ гардида истодааст ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва мардуми онро ҳамчун миллати қадимаву шаҳрсозу тамаддунофар шинохтанд.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

ОБОДКОРИҲО БА ОСОНӢ БА ДАСТ НАОМАДААНД...

Аз таърихи ҷаҳон бармеояд, ки инсоният дар марҳалаи гуногун ва алҳол низ ба раванду ҳодисаҳои зиёд рӯ ба рӯ гардидааст. Дар замони муосир ҷараёни экстремизм ва терроризми сиёсӣ аз ҳамаи ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои дигаре, ки хусусияти глобалӣ доранд, хатарноктаранд. Онҳо доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд.

Соли ҷорӣ ба соҳибистиқлолии кишвари азизамон 30 сол пур мешавад, ки дар назди таърих ҳукми як лаҳзаро дорад. Мутаассифона, нохалафоне ҳастанд, ки мехоҳанд фазои ороми кишварро бо роҳи тафриқаангезӣ халалдор созанд. Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ТТЭ ҲНИ роҳандозӣ намудааст. Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва он амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанӯз аз хотири мардум зудуда намешавад. Он ҳамчун як доғи сиёҳ ва саҳифаи торике дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боқӣ мемонад.

Мусаллам аст, ки он амалҳои нангини террористони наҳзатӣ, аз ҷумла, аз тарафи онҳо паҳн кардани ақидаҳои мазҳаби бегона дар байни аҳолӣ, ки бо сӯиистифода аз бовару эътиқоди динии мардум анҷом дода мешуданд, дар асл бар зарари арзишҳои динӣ буданд. Зеро муллоҳои мутаассибу ифротии ҲНИ зери шиорҳои динӣ баромад карда, вале мақсадҳои ғаразноку хоҳишҳои палидонаи худро ҳамчун аҳкому фармудаи динӣ ба мардум талқин мекарданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бештар ҷавононро мағзшӯӣ карда, онҳоро бар зидди манфиатҳои миллату меҳан бархезонид. Аз ин рӯ, тамоми насли калони кишварро зарур аст, ки кулли наврасону ҷавонони дар ин синну сол қарордоштаро ҳамеша ба омӯзиши илму дониш, забонҳои хориҷӣ, техникаю технологияи муосир ва ҷаҳонбинии илмӣ раҳнамун намоянд. Дар чунин вазъияти хатарбор ҳар як шахси соҳибмаърифати сокини Тоҷикистон, устодони донишгоҳҳову муассисаҳои таълимиро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза мебошад. Ҳар яке аз мо бояд ба дастовардҳои Истиқлолияти Тоҷикистон, ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, кишварамонро бо тамоми вуҷудамон дӯст дорем, бо аҳли ҷомеаи кишвар ва сохторҳои гуногуни он якҷоя амал намоем. Зеро ҳамаи ин ободкориҳо, созандагиҳо бароямон бо мушкилӣ ба даст омадааст.

Таҳмина КАРИМОВА,
омӯзгори МТМУ № 14,
шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Аз рушди Тоҷикистон мухолифин дар ҳаросанд

Ҳамаи мо медонем, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғарзноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд.

Чуноне ки мардуми кишвар  огоҳанд, дар ҳақиқат дар  кишварамон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои бузург ва созанда ба миён омаданд, ки  дили ҳар як шахсро ба ояндаи дурахшону зиндагии шоиста фаро мегирад. Бовуҷуди он, ки  таҳдидҳои зиёд ба амнияти ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд ба мисли зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм, мавҷудияти бемориҳои сироятӣ ба мисли COVID-19, гармшавии иқлим  тамоми манотиқи ҷаҳонро таҳдид мекунанд.Ҳатто давлатҳои абарқудрат дар мубориза бар зидди ин зуҳурот дар танҳоӣ коре карда наметавонанд.

Дар ҳамин гуна вазъият баланд шудани дараҷаи зисти мардуми кишвари маҳбуби мо баланд гардида  даромади пулии аҳолӣ 10% афзуд, ки  ин дастоварди бузург аст.

Аммо хоинони миллат, пайравон ва роҳбарияти ТТЭ ҲНИ зери сарпарастии Кабирӣ  бо дастури хоҷагони хориҷияшон ҳанӯз ҳам даст аз аъмоли бади хеш набардоштаанд. Ҳанӯз аз рӯи ҳамон нақшаҳои нопоке, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта доштанд, амал карда, мехоҳанд тухми нифоқу тафриқа парокананд. Аз ин рӯ, ҳар кадоми мо, хосса ҷавонон, бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем.

Боиси  хурсандист, ки дигар ҳатто дар ҳамон шабакаҳои иҷтимоӣ низ тинату аҳдофи нопоки ин хоинон ошкор шуда истодааст ва аксари корбарон ба онҳо лаънат мефиристонанд.

Дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, илм, фарҳанг ва дигар самтҳои муҳим кишвар дастовардҳои нодирро сазовор гардидааст. Аз ҷониби Ҳукумат баҳри рушди тамоми соҳаҳо дастгириҳои зиёд шуда истодааст.

Аз ҷумла, дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт, дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000–ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд, ки барои рушди дигар соҳаҳо имкониятҳои васеъро фароҳам меоваранд.

Хоинони миллат ин дастовардҳоро нодида мегиранд, аҷибтар аз ҳама, онҳо худашон кайҳо пай бурдаанд, ки дигар мардуми тоҷикро бо ин роҳ фиреб дода наметавонанд. Дасисабозиҳое, ки солҳои навадум анҷом доданд, ҳанӯз фаромӯш нашудаанд, дар ин баробар, аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун омадани Тоҷикистон, истиқрори сулҳ, таъмини якпорчагӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардидани кишвар ва заминаи мусоид ба рушди кулли бахшҳои ҳаётан муҳим низ ҳамешагӣ дар хотираи халқ боқист. Хоинони миллат ҳанӯз ҳам аз аҳдофи нопоки худ даст кашиданӣ нестанд. Аммо фикри пучу хоми хоинони давлату миллат ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд.

Б.ҳ.Олимов,
н.и.т., дотсент, мудири
кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

Читать далее

ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ АСРИ ХХI

Боиси таассуф, изтиробу ташвиш аст, ки айни ҳол терроризму экстремизм дар сайёра вазъи ноором, қатлу ғоратро ба бор овардааст. Терроризм амали номатлубу зишт ва нафратовар буда, амнияти давлатро зери хатар мегузорад.

Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо ҳар роҳ амалӣ намоянд. Масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм ҳамеша зери таваҷҷуҳи хосаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Зикр кардан лозим аст, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки вазъи ҷомеаи моро ноором созанд. Имрӯз терроризм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатовару бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст.

Ман ҳамчун яке аз хонандагони доимӣ ва сершумори рӯзномаи маҳбуби вилоят «Ҳақиқати Суғд» ҳаминро гуфтаниам, ки рӯзномаи дӯстдоштаи мо - «Ҳақиқати Суғд» рисолати азалӣ ва аслии худро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва дарки воқеии ҳаёти сиёсии кишвар дар самти тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои террористию экстремистиро, ба ҷо оварда дар ин раванд ҳиссаи арзишманди худро гузошта истодаст. Дар ҳар шумора оиди ин масъала мақолаҳои хонданибобу тарбиявӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва ахлоқӣ ба нашр мерасанд, ки арзандаи ситоиш аст. Зеро масъалаи мубориза бо терроризму эктремизм доғи ҷомеа буда, ба вабои асри ХХI табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, бетараф будан бешарафист. 

Чунки шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои террористӣ айни ҳол ташвишовар аст. Ҷавононро зарур аст, ки сатҳи дониши дунявӣ, динӣ ва ҳуқуқии худро мукаммал созанд, ба дурӯғу ваъдаҳои пучи душманони миллат фирефта нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

ҳар як шаҳрванди ватандӯст бо дарки баланди ватандорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  ободу зебо гардидани ватани маҳбубу биҳиштосо, пешравиҳои соҳаҳои гуногун бояд саҳмгузор бошад.

Хуршеда ҚУРБОНЗОДА,
судяи Суди вилояти Суғд

Читать далее

Филми «Бешарафӣ»

Тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ қисми 7-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро, ки бо номи “Бешарафӣ” омода гардида буд, ба намоиш гузошта шуд. Дар ҳақиқат филми мазкур дар бораи яке аз таблиғгарони наҳзатӣ ва муриди Кабирӣ, масъули сомонаи иттилоотӣ “Ислоҳ.нет” Муҳаммадиқболи Садриддин сухан кард.

Муҳаммадиқболи Садриддин баъди ин филм мақолаеро паҳн карда, бо ин  тамоми маводи дар ин филми ҳуҷҷатӣ пахшгардидаро  зери шубҳа гузошта, мардумро гумроҳ карданӣ аст.  Асосан,  мо ба факту далелҳои филми мазкур боварӣ дорем. Аммо мақсади Муҳаммадиқболи Садриддин дар фазои ороми мамлакатамон барангехтани иғво, кинаву адоват байни мардуми Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ барои ҷанги таҳмилӣ-шаҳрвандӣ замина гузоштан аст.

Барои ин қабил ашхос фазои сулҳу субот, ваҳдат, оромӣ, созандагӣ, пешравиҳо дар соҳаҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистони муосир маъқул нест, онон пешравиҳои кишварро чашми дидан надоранд. Чун бо ин роҳ ба ҳадафҳои аслии сиёсии худ, ки ноором сохтани авзои ҷомеа аст, расидан мехоҳанд..

Бинобар ҳамин онҳо бо ҳар роҳу восита сулҳу ваҳдати дар Тоҷикистон пойдор ва устувор гаштаро бо таъсиррасонӣ ба мафкураи мардум халалдор ва вайрон карданӣ ҳастанд.

 К.И.Пӯлотов,
сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
 ва пешгирии коррупсияи

Читать далее

Таблиғгари Кабирӣ

Имрӯз сомонаҳои бисёр ҳастанд, ки аз нигоҳи ифротгароёни динӣ фаъолият намуда баҳри ҳимояи мақсаду манфиатҳои гурӯҳҳои ифротӣ пайваста сайъю кӯшиш менамоянд.

Яке аз чунин сомонаҳои ифротӣ «Кимиёи саодат»-и Сайидюнуси Истаравшанӣ мулаққаб бо номи Кӯри Юнус мебошад, ки алҳол фаъолияти сомонаи он қатъ карда шудааст. Фаъолияти ин сомона аз ҷониби ТТЭ ҲНИ ба роҳ монда шуда буд.

Яке аз узви ТТЭ ҲНИ Сайидюнуси Истаравшанӣ мебошад, ки сомонаи худро  фарҳангӣ номидааст. Ба ҳама маълум аст, ки Кӯри Юнус яке аз он нафароне мебошад, ки чун ҳимоягару тарғибгари ғояҳои  ТТЭ ҲНИ ба шумор меравад..

Бояд ин хоини миллат  донад, ки ҳар давлат барои ҳимояи худ мубориза мебарад ва он вазифаи асосӣ мебошад.

Давлат ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки ин он гурӯҳ ё сомонаи ифротгаро вазъи ҷамъиятиро ноором намуда ва хатар эҷод намояд.

Маълум аст, ки ТТЭ ҲНИ ва сомонаи Кӯри Юнус бо дастгирии сарпарастони хориҷӣ фаъолият менамоянд ва барои мавқеи худро мустаҳкам намудан мубориза мебаранд. Имрӯз кулли шаҳрвандони Тоҷикистон аз мақсаду мароми гурӯҳҳои ифротгаро ва махсусан аз фаъолияти ТТЭ ҲНИ, Кабирӣ, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва дигарҳо хуб огоҳ ҳастанд. Мақсади асосии ҳамаи онҳо ноороми кардани ҷомеа мебошад.

Бинобар ин ҳамагуна гурӯҳҳои ифротгаро аз ҷониби мардуми солимфикри ҷомеа маҳкум карда шудааст ва ҳеҷ гоҳ чунин гурӯҳҳои иғвогару сомонаҳои онҳоро дастгирӣ нахоҳад кард.

А.Одинаев,
 н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее