02 September 2021

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани
хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати
муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо
намудаанд ва даъвати навбатии
шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи I» сарфароз гардониданд

2 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои худ ду тан шахсияти шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва шодравон Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи I» сарфароз гардониданд.

Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I”  омадааст:

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 2 бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро мавриди истифода қарор доданд

1 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 2 бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои нави таълимӣ моҳи декабри соли 2020 оғоз гардида буд ва дар кутоҳтарин муҳлат бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шудааст.

Читать далее

Маҳкум менамоям

Аз воситаҳои ахбори омма ҳар рӯз бо вазъи Афғонистони ҷангзада огаҳ мешаваму ба ҳолати ниҳоят вазнини мӯйсафедон, кӯдакону занони пуразоби ин сарзамин дилхун мегардам.

Азобу уқубати мардуми оддиву қатории афғонро аз шабакаҳои телевизионӣ мебинаму ба кирдорҳои разилонаи  ҷангҷӯёни Толибон нафратам меояд. ҳамаи хараҷу мараҷи кишвари Афғонистон аз мансабталошиву мансабхоҳӣ, миллатгароиву маҳалбозӣ сар зада, ниҳоят мардуми заҳматкаши оддию занону  кӯдакони бегуноҳ гуреза шудаву ба ҳолати марг омадаанд. Аз хонаю манзилашон маҳрум гашта, ба сарсониву саргардонӣ, гушнагиву ташнагӣ афтодаанд, ки ба гуфтан забон намегардад. Хурду калон пойлучу сарлуч ва бараҳна ҳар тараф тарсону гурезонанд.

Толибони ҷангҷӯ бо зарби силоҳ ҳокимияти қонунии Афғонистонро ғасб карда, имрӯз худро соҳиби давлат эълом доштанд, ки эътирофи он аз ҷониби мамолики худогоҳ амри маҳол шудааст.

Ман ҳамчун як нафар собиқадор амалҳои террористиву ҷангҷӯёна ва бадрафториҳои гурӯҳи Толибони хиёнаткорро маҳкум карда, ба онҳо лаънат мегӯям. Куштору террори онҳоро ягон инсон намебахшад, дуои бади кӯдакону занони бегуноҳ ин тоифаи хунхорро оқибат мезанад. Лаънат ба Толибони ҷаҳолатпеша

Исохоҷа Каримхоҷаев,
собиқадори соҳаи тандурустӣ

Читать далее

ҶОНИБДОРИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР МУЛКИ ҲАМСОЯ ҲАСТЕМ

Воқеаҳое, ки дар мулки Афғонистони ҳамсоя рух дода истодааст, боиси нигаронии тамоми сокинони кишварҳои олам гардидааст.

Мо медонем, ки ҳукумати қонунии ин кишвар баҳри пойдор намудани сулҳу субот дар кишварашон талош мекарданд, баҳри беҳбуди зиндагии мардуми мамлакат тадбирҳо меандешиданд ва ба як қатор пешравиҳо ноил ҳам гашта буданд. Толибонро то имрӯз ҳама чун гурӯҳи иртиҷоӣ, ки алайҳи давлат фаъолият мебурд, медонанд. Имрӯз, ки аз ҷониби ин гурӯҳ ҳокимияти давлатӣ ғасб карда шуд, мардуми афғон дар вазъи бесарусомонӣрӯз мегузаронанд. Бахусус занону кӯдаконаз ин вазъи муташанниҷ азият мекашанд. Ҳар рӯзе дар бораи амалҳои ваҳшиёнаи ин гурӯҳ иттилооти навпахш мегардад. Ҳамаи момедонем, ки Ҳукумати кишвари моҳамчун ҳамсояи ҳамҷавор баҳри дар ин мамлакатибарқарор гаштани сулҳу оромӣ ва дар ин замина пойдор гардидани сулҳу субот дар тамомиминтақа кӯмаки худро дареғ намедорад.

Мо ҷонибдори онем, кидар ин кишвар ақли солим ғолиб ояду роҳбариятикишварбо назардошти вазъи ба миёномадабо истифода азтаҷрибаи дигар мамолик, аз ҷумлатаҷрибаи сулҳи мо, тоҷикон, ки муросову мусолиҳаробо нерӯҳои мухолифин пеш гирифтем, дар мӯҳлатҳои наздиктарин дар Афғонистон оромиву суботро барқарор намоянд ва мардуми азияткашида ба рӯзҳои нек расанд.

Р.Неъматзода,
сокини шаҳри Хуҷанд

Читать далее

СОЗМОНҲОИ МАМНУЪ ВА ТЕРРОРИСТИВУ ИФРОТГАРО ДАСТ БА ҶИНОЯТ МЕЗАНАНД!

Имрӯз тафаккури танги созмонҳои мамнӯъ ва умуман фаъолияти харобиовари гурӯҳҳои ифротгарои динӣ, ватани мо ва зиндагии ободу осудаи моро ҳадафи ғаразноки худ қарор додаанд. Ин аст, ки мубориза бо ин «Вабои аср» як ҳаракати умумимиллӣ буда, бояд ҳар як шаҳрванди ватандӯст, новобаста аз касбу кор, синну сол ва аз мавқеи сиёсию иҷтимоии худ дар ин мубориза саҳми худро гузорад.

Таҳлилҳо собит менамояд, ки воқеан тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои минтақаро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Бинобар ин, дар шароити пешомада, танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддию маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза бо ин тафаккур ва ин қувва бошад.

Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёнӣ динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳҳои террористии ба ном «давлати исломӣ» (ДИИШ) ва ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст. Бояд қайд намуд, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ мехоҳанд давлат, миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Чунончӣ, тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаш моҳи соли 2021 дар қаламвраи ҷумҳурӣ 143 нафар гумроҳшудагон бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир шудаанд. Аз миқдор “Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар, “Давлати исломӣ” (ДИИШ) – 26 нафар, “Салафия” – 45 нафар, “Гурӯҳи 24” – 13 нафар, ТТЭ ҲНИ – Паймони милли – 10 нафар. “Ансоруллоҳ” – 9 нафар, “Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар, “Ал-Қоида” – 3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон – 5 нафар дастгир шудаанд.

Албатта, ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва боору номус дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва ватани ӯ таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили он мубориза мебарад. Вале, дар масъалаи гурӯҳҳои ифротию террористӣ бояд гуфт, ки хатари он натанҳо ба Ҳукумат ва сохтори сиёсӣ, балки бевосита ба ҳар як нафари мо равона шудааст. Бинобар ин моро зарур аст, ки зиракӣ ва ҳушёрии худро аз даст надода, талош намоем, ки баҳри устувории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар саҳмгузор бошем.

М. МАМАДҶОНОВА,
ассистенти кафедраи
забонҳ
ои тоҷикӣ ва русӣ

Читать далее

СУХАНИ ХОИНИ КИШВАР АСАР НАДОРАД!

Имрӯзҳо хоину ватангадо Муҳаммадиқболи Садриддин тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷои он, ки ба мардуми диёри худ бо ягон роҳе манфиати худро расонад, бараъкс бо суханҳои иғвоангезонааш дастоварду пешравиҳои кишварро нодида гирифта, тӯҳматзанӣ мекунад бо ин васила ба оромиву суботи кишварамон халал ворид сохтанӣ аст. Муҳаммадиқоли зархарид дини мубини Исломро барои худ сипар карда, барои роҳандозӣ кардани нақшаҳои разилонаи худ аз ҳеҷ кори сиёҳ даст намекашад.

Вақт довар аст, ки Муҳаммадиқбол нисбати давлату мардуми тоҷик бисёр хиёнат кардааст ва оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирорӣ шуд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки ҳатман рӯзе аз карда пушаймон хоҳад шуд. Чунки хиёнаткори Ватан дар ҳеҷ куҷо қадр намешавад.

Хулоса, амалҳои ифротгароёни ТТЭ ҲНИ водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори онон андеша намуда, хулосаи дуруст барорем. Барои мубориза бурдан ба ин зуҳуроти номатлуби зараровар – терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ бо он мубориза барем.

Ҳамчун устоди мактаби олӣ амалҳои хоини миллатМуҳаммадиқболи Садриддинро шадидан маҳкум намуда, таъкидан гуфтаниям, ки ӯ набояд аз минбарҳо садо баланд кунад, чунки ӯ ватанфурӯшу бешараф аст.

Л. БОЙМУРОДОВ,
устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Читать далее

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ

Дар замони муосир падидаҳои номатлуб аз қабили терроризм ва экстремизм хусусияти иртиҷоиро пайдо намудааст.

Имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни олам теъдоди гурӯҳҳо ё ташкилоти террористӣ афзудааст. Иттиҳодияҳои зиёде низ мавҷуданд, ки ҳадафҳояшонро махфӣ медоранд. Аммо ташкилотҳои калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои ифротгароёна даст мезананд. Дар шароити ҳозира бештар дар бораи як қатор ташкилоти террористӣ андешаҳо иброз менамоянд ва амалҳои зиддитеррористӣ низ асосан муқобили онҳо нигаронида шудаанд.  

Аз лиҳози таҷрибавӣ терроризм оқибатҳои харобиовар дорад.

Ин падида махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Оид ба ин масъала чандин қарор қабул карда шуда, дар самти мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Воқеан таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа ба шаҳрвандон, бахусус ҷавонон фаҳмонем.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар,  алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

С.Давлатова

Читать далее

ҶАВОНОНРО АЗ ХАДАФҲОИ ИФРОТГАРОЁН ОГОҲ НАМОЕМ

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои оламу одам таҳдид мекунад.

Имрӯзҳо, ки таҳдиди  хатари терроризм ва ифродгароӣ меафзояд, ин аҳли ҷомеаи солими тамоми сайёра, аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бертараф гузошта наметавонад. Боиси таассуф аст, ки бархе ҷавонон имрӯз аз сабаби дониши мукаммали динӣ надоштан фирефтаи доми ифротгароён шуда истодаанд.

Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки мехостанд мақсадҳои нопоки худро ба дигарон бор кунанд, зимни ин бошад, одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Зуҳури ифродгароӣ падидаҳои бисёр ҷиддӣ ва дар айни замон нигаронкунанда барои давлат ва тамоми ҷомеа мебошад.

Дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифродгароӣ ва террористӣ бештар характерӣ сиёсӣ гирифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Имрӯзҳо мо, аҳли ҷомеа бояд роҳ надиҳем, ки ҷавонон фирефтаву  гумроҳ шаванду ба гурӯҳҳои ифродгарою террористӣ шомил гарданд. Ҷавонон набояд фирефтаи суханҳои пучу бемағз ва пулу сарвати «хӯҷаинҳои аҷнабӣ» гарданд. Мо бояд ба онҳо ҳадафҳои ғаразноки ифротгароёнро фаҳмонида диҳем.

Зарур аст,ки аҳли ҷамоатчигӣ аҳли маорифу фарҳанг, волидон, муассисаҳои таълимию касбӣ бо ҷавонон ҳама вақт дар робита бошанд. Ба онҳо моҳият, сабабҳои авҷгирии терроризм ва ифродгароиро фаҳмонанд. Онҳоро ба маҳфилҳои касбомӯзӣ ҷалб намоянд. Ҷавонон вақтҳои холигии худро ба варзиш сарф намоянд. Ҳунарҳои гуногунро омӯзанд ва барои пешрафт ва ободии Ватани хеш саҳмгузор бошанд.

Сарвар ТАЛАБОВ,
омӯзгори ДИС ДДТТ

Читать далее

Терроризм душмани хирад

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишваррҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, ки аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст.

Дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгӯи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла, нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад. Яке аз воситаҳои ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, аз ҷумла, терроризм ва экстремизм шомил шудани ҷавонон дар давраи муосир ин тавассути шабакаи интернет ба психологияи онҳо таъсир расонидани ин гурӯҳҳо мебошад.

Ин аст, ки имрӯз марзи давлатии Тоҷикистон марзи устуворӣ, марзи осудагӣ ва суботу амнияти ниме аз ҷаҳон мебошад ва ҳамаи ин дастовардҳоро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.

Ш.Отаҷонов,
омӯзгори Коллеҷи
омӯзгории шаҳри Хуҷанд

Читать далее