10 September 2021

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт иштирок намуданд

9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 30 — юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” — и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони марказии пойтахт дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бузурги мардумӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони пойтахт ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо камоли ифтихору хушҳолӣ ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик намуданд.

Читать далее

Роҳпаймоии идона ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

9 сентябри соли 2021 дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид, ки дар он беш аз 20 ҳазор нафар иштирок намуданд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди иштирокчиёни роҳпаймоӣ суханронӣ намуда, тамоми сокинони вилоятро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик карданд.

Читать далее

Ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

8 сентябр дар толори Кохи Борбад ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Тантанаи бошукӯҳи идона бо ворид шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.

Читать далее

Хуҷанд: Чойхонаи “Сари баландӣ” бо маркази хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид

Дар доираи таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд чойхонаи “Сари баландӣ” бо маркази хизматрасонӣ бо иштироки Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси вилояти Фарғона, раисони чор шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва фаъолони маҳалла ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мавзеъи нообод маҳаллаи Сари баландӣ барои сокинони маҳалла як Маркази нави хизматрасонӣ, иборат аз чойхона, дорухона, нонвойхона бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд шуд, ки дар арафаи таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Читать далее

Хуҷанд: Бинои иловагии МТМУ №5-и шаҳр ба истифода дода шуд

Ба муносибати 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси вилояти Фарғона, раисони чор шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бинои иловагии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла толори варзиш ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагӣ ин муассисаи таълимӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда,  бо  назардошти фарогирии 320 нафар хонанда дар як баст иборат аз 16 синфхонаҳои таълимӣ мебошад. Дар таҳхонаи бинои мактаб ҳамзамон синфхонаҳои таълимии касбомўзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, кадбонугӣ ва ғайраҳо ташкил карда шудааст.

Читать далее

Ба сохтмони бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оғоз бахшида шуд

8 сентябри соли 2021 бо сохтмони бинои иловагии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Ю.Б. Исҳоқӣ санги асос гузошта шуд.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид,  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, ҳайати меҳмонон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо муовини ҳокими вилояти Фарғона

8 сентябри соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хуршедҷон Аҳмедов ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Меҳмонон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои идона ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз вориди вилоят шуда, дар маҷлиси тантанавие, ки дар Қасри Арбоб доир шуд,  ширкат варзиданд.

Читать далее

Хуҷанд: Ифтитоҳи маркази тиҷоратии «Толори зеббахшӣ»

Дирӯз ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси вилояти Фарғона , раисони чор шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода маркази тиҷоратии «Толори зеббахшӣ» мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки  маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Толори зеббахшӣ» аз як ошёна иборат буда, аз ҷониби бародарон Ҳакимбоевҳо, ки солиёни зиёд бо тиҷорати таҷҳизоти ороишии хона, аз ҷумла пардаҳои истеҳсоли хориҷӣ машғул ҳастанд, бунёд гардидааст.

Читать далее