16 September 2021

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок намуданд

16 сентябр дар Қасри миллат Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба кори худ оғоз кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷаласа, сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро самимона истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд

16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ карда шуд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд

16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

Читать далее

Бадгуфтории беандешагон

Хабардорӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар манбаҳои иттилоотӣ ҳушдор медиҳад, ки дар ҷомеаи кунунии кишвар теъдоди соддалавҳони беандеша, олудаи ғояҳои ифротӣ аз ҷумлаи ҷавонон то ҳанӯз боқӣ мондааст. Ҳодисаҳои давраҳои охир, ки боиси ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” дар мамлакати ҳамҷаворамон – Афғонистони мусибатёфта ҷабҳаҳои нави ҷомеаи мутамаддини моро ошкор намуд.

Гарчанде, ки дар кишвар ҷомеаи солимфикру суботандеша аксариятро ташкил медиҳанд, аммо баъзе заррачаҳои лойолуд оби мусаффои сулҳу суботи кишварро тира сохтанӣ ҳастанд. Бадбахтии ононро дар пайравӣ ба бофтаҳою фиреби муғризони наҳзатӣ мушоҳида карда мехостем, ки ин тоифаи ҷавонон аввал андеша кунанду баъд гуфтор. Зеро, барои аксарияти аҳли олам, ҳатто мутаффакирону олимон асли ғояҳою амалҳои ҳаракати “Толибон” ноаёну нофаҳмост. Дар ин замина мебояд аввал омӯхта бошем, ки “Толибон” чӣ тавр зуҳур ёфтаву сарчашмаи маблағгузориаш чист ва интизор шавем, ки чӣ амале дар давлатдорӣ анҷом медиҳанду оқибат чӣ мешавад?!

Бо ақли солиму идрок, ҳушёриву зиракӣ таҳлилу дарк намоем, ки аз чӣ сабаб аз рӯзи таъсисёбӣ то ҳанӯз ҳаракати “Толибон” – ро мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи аксарияти мамолики ҷаҳон, ҳатто Иёлоти Муттаҳиди Амрикову Россия ва Чин онро мамнӯъ эълон кардаанд? Вагарна, дар чорроҳаи пурпечутоби зиндагӣ гумроҳ шудан хеле осон аст. Ҳайрон мешавам, ки мақомотҳои масъул аз ғояву амалҳои ифротгароёнаи “Толибон” бархурдор шудаву фаъолияташро мамнӯъ донанд, пас зумрае аз ҷавонони таҷрибаи кофии ҳаёт надошта чӣ тавр “Толибон” – ро ҷонибдорӣ мекунанд? Бо кадом асос? Ё худ фирефтаи ҳарзаҳои Муҳиддин Кабирию думравони чоплуси он шудаанд? Наход “хизматҳо” – и палидони наҳзатиро фаромӯш кардаанд? Намедонанду наметарсанд, ки арвоҳи қурбониҳои бегуноҳи солҳои 90-уми асри қаблӣ онҳоро мезананд? Охир, оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз фиребхӯриҳои ҷавонони соддадил ба доми макри наҳзатиён марбут асту далелҳои сершумори таърихӣ онро собит месозанд? Ё худ, дар даврони орому осудаи Истиқлолияти давлатӣ ба камол расидаву бехабар аз он воқеаҳои мудҳиш ҳастанд? Мусибати ятимиву бепарасторӣ, нодориву нооромӣ накашидаву аҳволи гурезагони иҷборӣ надидаанд?!

Ҷавонони соҳибдаврони тоҷик! Аҷдодони тамаддунофари мо ҳикмате овардаанд, ки “аввал андешаву баъд гуфтор”. Аз якояки шумо даъват меоварам, ки ҳушёру зирак бошед, фирефтаи суханҳои бофтаю беасоси душманони Ватан дар муборизаи иттилотӣ нашавед. Вагарна, бо бадгуфторию беандешагӣ ба насабу авлоди гузаштагону фарзандони хеш доғи сиёҳи ношустанӣ меоваред! Худдорӣ ва андеша намоеду фарди бо нангу номус ва сарбаланди ҷомеа ва фахри волидайни хеш бошед!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи 
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Читать далее

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ зархаридони хориҷианд

Баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ Тоҷикистони соҳибистиқлол ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ дохил шуд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ давлати мо ба дастовардҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ноил гашта, обрӯву эътибори худро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд намуд. Аммо ин муваффақиятҳои миллати тоҷикро баъзе гуруҳҳои мухолиф нодида гирифтанд.

Аз он ҷумла гурӯҳи ифротии ТТЭ ҲНИ бо зархаридони хориҷиашон ва бо дастгириву супоришҳои онҳо берун аз мамлакат истода ҳар гуна хабарҳои иғворонаро паҳн намуда, бо ин роҳ мехоҳанд дар Тоҷикистон низоъ барангезанд. Яке аз шахсиятҳое, ки ба нооромиҳо даст дорад. М. Кабирӣ ва пайрави ӯ Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Ин ду нафар доимо дар шабакаи ютиб бо баромадҳои иғвогаронаашон давлати Тоҷикистонро сиёҳ мекунанд. Дар ҷомеаи мутамаддини демократӣ барои инкишофи гуногунандешӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, назарҳои мухталифи ҳизбу гурӯҳҳо баҳри дарёфти ҳалли мушкилот бояд ёрӣ расонанд. Дар ин росто фаъолият бояд дар доираи талаботи оромию озодии шаҳрвандон иҷро шавад ва ба асосҳои давлат таҳдид накунад. Аммо агар фаъолиятҳои ТТЭ ҲНИ-ро ба риштаи таҳлил кашем, равшан мебинем, ки гуфтору рафтори аъзои ин ҳизб ба ҳам мувофиқ набуд. Онҳо дар фаъолияти хеш дурӯягӣ зоҳир карда, ба хотири расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон манфиатҳои Ватан ва миллатро сарфи назар менамуданд. Онҳо ғояи миллиро нодида гирифта мафкураи бегонаро ҷонибдорӣ менамоянд.

Мақсади асосии роҳбарони ҳизб бунёди давлати исломӣ аст. Онҳо чунон ба он андешаҳои пучашон ғӯтавар шудаанд, ки дар замони нав зиндагӣ карданашонро эҳсос намекунанд. Агар ҳизбҳои ба ном исломӣ адолат меоварданд дар Афғонистону Эрон ва Покистон кайҳо тараққиёту пешравӣ ва сулҳу осоиштагӣ ҳукмрон мегашт. Мутаассифона роҳбарони ин давлатҳо динро бо сиёсат чунон омехта кардаанд, ки асолату покии дин намондааст. Дар ин давлатҳои ба ном исломӣ ҳеҷ вақт адолат ҳукмрон набуд ва намешавад. Чунки онҳо пойбанди ҳирсу нафсонияти худ мебошанд ва аз номи расулу Худованд сухан мегӯянд.

Онҳо симои аслии хешро ҳанӯз дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон доданд ва ҳодисаҳои он солҳо чӣ натиҷа оварданд, ба ҳамагон маълум аст. Аммо ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳ, истиқлолият ва муттаҳид сохтани кишвар аз ҷониби давлат ба фаъолияти ин ҳизб иҷозат дода шуд. Вале тавре рафти ҳодисот ва мавқеи ин ҳизб нишон дод, наҳзатиён манфиати хоҷаҳои хориҷии хешро аз ҳар манфиати дигар болотар мегузоштанд. Мавқеи нисбат ба аҳдофи миллии мо бегонаро ихтиёр мекарданд. Дар ҳама маврид аъзои фирории ин ҳизб ба пешрафту комёбиҳои халқҳои Тоҷикистон хати бутлон кашида, дар арсаи ҷаҳон ҷор мезананд ва пешрафти бемайлони кишварамонро зери шубҳо ва танқиди беасос мекашанд. Ҳадафи аъзоёни ин ҳизб муайян аст. Онҳо мехоҳанданд худро дар назди маблағгузарони хориҷиашон “содиқ” нишон диҳанд. Ҳаргиз наметавон фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро аз оғоз то ба анҷом мусбат арзёбӣ кард. Зеро онҳо аҳамияти осоиштагӣ, озодӣ ва шукуфоии меҳанро нодида мегиранд ва ҳамеша ҳангомаҷӯӣ карда, худро аз мардуми Тоҷикистон ҷудо намуда, вазъи ҷомеаро муташанниҷ месозанд.

Сангинзода Зафар

Читать далее

Чашми хоинон кӯр гардад

Ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо фаъолият ва мавҷудияти худро тариқи ВАО пиёда менамояд. Гарчанде, ки фаъолияти Ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон манъ карда шуда бошад, ҳам фаъолияташро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хуб ба роҳ мондааст. Ҳизби наҳзат дар ин самт фаъол буда бо хабарҳои бардурӯғу иғвоангезонааш дар шабакаҳои интернетӣ баромад мекунад. Баромади охирине, ки онҳо карданд дар сохтакориву бардурӯғи ҳадду канор надошт.

Дар он анҷуман як тоифа мардумоне ҷамъ омада буданд, ки аз муқаддасоти милливу одобу рафтор ва гуфтору шаъну шарафи тоҷикон умуман бехабаранд. Баромадҳои фаҷҳу бемаъниву беасос ва пур аз сохтакориҳо буд. Он як намоише буд, ки гӯё дар он ба мисли актёр ҳар яке роли худро мебозид. Бар замми ин Тоҷикистонро бадному сиёҳ доранд. Ҳой шармандаҳо магар Шумо бехабаред, ки худ зодаи ин сарзаминед. Ва бо шири модари тоҷик ба воя расидаед. Дар мо мақоми зан модар болост ва имрӯзҳо занон дар ҳамаи паҳлӯҳои ҷамъият ҳомроҳи мардон истода кору фаъолият мебаранд зиндагониашонро пеш мебаранд ҷамъиятро обод мекунанд.

Ҳой Кабирӣ агар ту мехостӣ, ки Тоҷикистон гул-гул шукуфон бошад дар ҳаминҷо истода барои ободии кишвар ва халқат хизмат мекардӣ. На чун саги лайлию гурги гурусна ва рӯбоҳи маккор барин аз хориҷа истода ҳамла намеовардӣ. Ту, ки худат беору номус ва бевиҷдон ҳасти аз адолат ҳарф мазан. Ин хандаовар аст.

Мо мардуми меҳанпарасту ба ору номуси тоҷикем. То ҷон дар бадан дорем баҳри ободии ин сарзаминамон камари ҳиммат мебандем ва бурдаи нонамонро дар Ватан мехӯрем.

Имрӯз мо худ шоҳиди онем, ки дар тамоми ҷаҳон мардум аз паси ту барин аблаҳон ба таҳлука афтодаанд. Парешону хонавайрон гаштаанд. Вале мо ин тоифа мардум нестем. Кишвари азизу марзу буми хешро дӯст медорем ва бо Пешвои муаззами худ Ватанамонро боз ҳам зебову ободтар мегардонем.

Биоишаи Назар

Читать далее

Тарки одат балои ҷон!

Табиати сайёра мӯъҷизаи нотакрор асту асрори зиёдеро ниҳон кардааст ва башарият тадриҷан ҷузъ бо ҷузъ бархе аз сирҳои табиатро кашфу аён карда истодааст, ки баҳри беҳтар кардани ҳаёти инсон равона гардидааст. Дар ин радиф илми табиатшиносӣ исбот менамояд, ки баъзе хислату хӯи фард ирсӣ асту баъзеи дигараш пайдошуда, ки мансуби ҳамон фард ё гурӯҳи алоҳида бошад.

Исботи ин далели илмиро дар ҳарзагӯию иғвоангезии навбатии наҳзатиёни нобакор дар нисбати воқеаҳои рӯзҳои охир дар Афғонистони ҳамсоя метавон мушоҳида кард. Кабирии ватангадои мунофиқ бо ҳамроҳии Муҳаммадиқболи бешараф бидуни таҳлилу тамкин аз ҳаракати “Толибон” ҷонибдорӣ кардаву ононро парчами адолату озодӣ мехонанд ва соддадилу беғашро ба сӯи онҳо даъват мекунанд. Аввало, ин амали наҳзатиён ғаразе дорад, ки дар саҳнаи сиёсат вуҷуд доштани онҳоро гувоҳӣ диҳад. Ҷиҳати дигари муғризии Кабирии маккор хушомадгӯию тамаллуқ ба “Толибон” аст, ки дар сиёҳкориашон эҳтимол дастгирӣ ёбанд. Баъдан, бо даъватҳои маккорона ҷавонони озодандеши тоҷикро гумроҳ созаду побанди кишани “Толибон” созанд.

Ҳамагон аз меҳри хосаи Муҳаммадиқболи бешараф ба халқи афғон (хусусан, баъзе қумондонҳо?!) хабардоранду маҳкум менамоянд ва аз зиёдшавии сафи чунин ҳамҷинсгароён дар хавотиранд. Тааҷубовар он аст, ки наҳзатиёни палид бо сардории Кабирии фосиқ бешарафиро маҳкум накардаву баръакс Муҳаммадиқболро сухангӯи беҳтарин дониставу алҳол ҳама якҷоя рӯй ба сӯи “Толибон” овардаанд. Сабаби чунин ҳол чӣ бошад? Ё Муҳаммадиқбол лаззати ҳамҷинсгароиро ба ҳамсафонаш фаҳмонидаву дар фазои пуртаззоди Аврупо ҳамаи наҳзатиён аъзои ҷомеаи ЛГБТ гаштаанд? Ё худ дар арафаи анҷоми ин амаланд? Вагарна, ононро чӣ зарурате бошад, ки “Толибон” – ро ҷонибдорӣ кунанду ба пайравӣ даъват намоянд? Эҳтимол меравад, ки барои нафароне, ки Ватан фурӯхтаву мазҳаб ивазкарда ва хиёнатпеша чунин кирдору рафтор хулқи одатӣ асту аллакай ба ирсияташон ҷой шудааст. Ин палидони нобакору ландаҳурони занмиҷоз дигар қудрату тавоноии ҷавонмардиро эҳсос карда наметавонанду чун хазандаи заҳрнок танҳо заҳрзанию заҳрпоширо метавонанд.

Охир ин “бечорагон” чӣ илоҷ доранд? Ҳол он, ки кӯрнамакиву носипосӣ, палидию бешарафӣ, иғвоангезиву дасисабозӣ ва амалҳои дигари номатлуб дар организми онҳо одат шудаасту дигаргун шудани онҳо ғайриимкон аст. Нисбати чунин наҳзатиёни заҳҳокӣ мақоли ҳикматомези “тарки одат балои ҷон” раво асту боқӣ баҳодиҳии амалҳои нопокашонро аз қумандонҳои ҳаракати “Толибон” мунтазир бошанд. Зеро, ифротӣ ифротгароро дар шаби торик ҳам мешиносанду қаробат пайдо мекунад. Боқӣ ҳаволаи ин тоифаи палидон ба Офаридгору даъват аз ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон, ки ҳушёру зирак бошанду гумроҳу фирефтаи суханҳои бофтаю торҳои анкабути наҳзатиён мешаванд!

Мукофоти амали муғризон аз Яздони пок!

Собиров М.С.
-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи 
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Читать далее

Барномаҳои бебунёд ва бемуҳтавои Кабирӣ ба ки лозим!

Ҳамватанони азизи мо медонанд, ки дар кишвари мо тантанаҳои Истиқлолияти давлатӣ бо марор идома дорад.Гурӯҳе аз мухолифин дар хориҷи кишвар дар баробари дигар ташкилоту идораҳо ва ҷамъияту созмонҳо 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтант. Зимни баргузори маҷлиси тантанавӣ ба мо маълум шуд, ки мухолифини Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба муқаддасоти Тоҷикистон эҳтиром надоранд. Мушоҳида мешавад, ки дар вақти садо донаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни маҷлис ба он арҷ нагузошта ба бетартибӣ роҳ доданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки тарбиятгирандагон ва пайравони Муҳиддин Кабирӣ ба арзишҳои миллӣ умуман эҳтиром надоранд.

Дар маҷлиси Паймони миллии Тоҷикистон аз дастовардҳои ин ташкилот ягон муваффақият ошкор нашуд.

Ҳол он, ки дар Тоҷикистон натиҷаи таъмин гардидани суботи макроиқтисодӣ даромади пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 65,4 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзуда, сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар зарфи 30 соли истиқлолият бо истифода аз неруҳои зеҳниву фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррасу шоён ноил гардиданд.

Кабирӣ ин дастовардҳоро дониста мардумро барои амали намудани барномаи мақсадноки худ даъват мекунад.

Шаҳрзод Баҳор

Читать далее

Ҳаргиз ба ҳадаф нахоҳад расид!

ТТЭ ҲНИ, ки aслу ҳaдaфaш aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои экстремистиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпўш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaву ҳaрaкaт дорaнд, ғaрaзҳои нопоки худро бaҳри aмaлӣ нaмудaни супоришҳои хоҷaгони хориҷии худ рaвонa созaнд.

Мaълуми ҳaмaгон aст, ки нaқши фaрҳaнг, тaшвиқоту тaрғиботи тaълиму тaрбияи нaсли нaврaс дaр ҳaмин рaвaнд дaр тaҳкими эҳсоси вaтaндорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром бa тaърихи ниёгон вa дaр пешгирӣ aз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург мебошaд. Беҳудa нест, ки қуввaҳои мaнфиaтҷӯй дaр оғози aмaлҳои ғaрaзноки худ aввaл aрзишҳои фaрҳaнгӣ-мaънaвиро коҳиш додa,дaр нaтиҷa мутaaссифонa фaлaҷ месозaнд.

Дaр шaроити ҷaҳонишaвӣ душвор гaрдидaни муносибaтҳои бaйнaлмилaлӣ, сиёсию иқтисодӣ бa мaсъaлaҳои ҳифзи симои миллию мaзҳaбӣ, пос доштaни aрзишҳои мaънaвӣ, бaлaнд бaрдоштaни сaтҳи фaрҳaнгӣ-сиёсӣ вa мaърифaти ҳуқуқии aҳолии кишвaр, хусусaн ҷaвонон диққaти мaхсус зоҳир нaмудaн бa мaқсaд хеле мувофиқ aст.

Миллaте, ки нaсли ҷaвонaш дaр гирдоби ҷурму тaбоҳӣ дaсту по мезaнaд, бешaк кулли орзуҳояш бa боди фaно хоҳaнд рaфт.

Бинобaр ин, ҳaр фaрди соҳибҳуқуқи ҷумҳурӣ, aз ҷумлa ҷaвонон вaзифaдорaнд, ки мaърифaти худро бaлaнд бaрдорaнд. Ҷaвонони мо фирефтaи мaфкурaи нaҳзaтизм вa ифротсозии рaвaндҳои динӣ – идеологӣ, ҳaдaфҳои aслии тaшкилоти экстремистию террористии ҲНИ нaгaрдaнд. Бaрои нигоҳ доштaни шуури миллӣ бояд aҳли ҷомеa ҳиссaгузор бошaнд.

Зоидовa С.A.
муaллимaи кaфедрaи педaгогикa вa психологияи томaктaбӣ, ДДХ

Читать далее

Ба фиребу найранг ва иғвоҳои хоинони миллат фирефта нашавем!

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрўза ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳу равияҳои ифротӣ ҳастанд, ки дар Ватани азизи мо- Точикистон пинҳонӣ ва дар хоричи кишвар ошкоро фаъолият намуда, бораи амали намудани мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, муҳимтар аз ҳама тинҷу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромўш месозанд. Чунончӣ фаъолияти ташкилоти террористӣ,иғвоангез ва хиёнаткор ҲНИ бо қарори Суди Олии кишвар манъ шудаасту имрўз роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар бодастуру супориши хоҷагонаш кӯшиш намуда истодааст, ки ҷавонон ва мардум ба хусус муҳоҷирони меҳнатиро гумроҳ намуда, тавассути онҳо амалҳои разилонаашро иҷро намояд.

Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки пас аз аёну исбот шудани амалҳои разилонаи наҳзатиён, Кабирӣ бо супориши хоҷагонаш ва бе ягон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда номи ҳизбро иваз намуда, Паймони миллӣ.. ном гузошта, имрўз тариқи барномаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ амалҳои тахрибкоронаашро идома дода истодааст. Бобаробари ин яке аз пайравони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддини бешарафро мисол оаврда, қайд қардан бамаврид аст, ки ў шахси дурўяву хушомадгўй буда, бо ақидаҳои ғаразнокаш аз сомонаҳои интернетӣ дар барномаи “Пайванд” сухан гуфта, чун дигар шарикони худ дар доираи ТТЭ ҲНИ мехоҳад мардумро гумроҳ кардан кўшиш дорад. Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ ва хоҷагонаш дониста бошанд, ки мардуми бо ору нанги тоҷик ва умуман ҷавонони саодатманд аз ҷавонони солҳои 90-уми асри гузашта куллан фарқ доранду сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонанд. Зеро мақсаду нияти наҳзатиён хиёнат ба давлату миллат ва теша задан ба решаи миллат аст. Бо боварии комил метвон қайд кард, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлол ба иғвою тӯҳматҳо, ғайбату дасисаҳо ва фиребу найрангҳои бадхоҳони дохилию хориҷӣ амсоли ТТЭ ҲНИ - «Паймони миллӣ…» фирефта нашуда, суханҳои иѓвоангезашонро шадидан маҳкум мекунанд. Хушбахтона мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Норматзода Хусрав

Читать далее