18 September 2021

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ

18.09.2021, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Қабл аз ҳама, бори дигар Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Иброҳим Раисиро ба Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.

Инчунин, Ҷаноби Олиро ба муносибати интихоб шуданашон ба маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфта, аз сафари нахустинашон дар ин маснади олӣ, ки ба Тоҷикистон анҷом додаанд, изҳори қаноатмандӣ менамоям.

Имрӯз, тибқи барномаи сафари расмӣ, мо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум мулоқоту музокироти  сермаҳсулро анҷом додем.

Зимни суҳбат мо масъалаҳои асосии муносибат ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро  баррасӣ намудем.

Итминон дорем, ки бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ, ки имрӯз ба имзо расиданд, барои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар заминаи боз ҳам мусоид фароҳам меоваранд.

Таъкид гардид, ки мардумони мо  дорои арзишҳои муштарак ва безаволи таърихӣ, маънавию фарҳангӣ мебошанд.

Изҳори итминон намудем, ки ин муштаракот заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд мебошанд.

Мо ҷонибдории худро аз тақвияти муколамаи созандаи сиёсии байни ду давлат дар сатҳҳои мухталиф ва тавсеаи минбаъдаи онҳо, ки дар раванди ташаккули фазои ҳусни тафоҳум ва эҷоди эътимод  нақши муҳим доранд, изҳор намудем.

Мо хоҳони густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ҳастем ва   зарурати талошҳои бештари сохторҳои соҳавиро ҷиҳати беҳбуди муомилоти тиҷоратии дуҷониба таъкид намудем.

Ба мақсади расидан ба ин ҳадафҳо пешниҳод намудем, ки ҷонибҳо “Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эронро то соли 2030” омода намуда,  ба имзо расонанд.

Ҳамзамон, нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангиро дар раванди таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон, фаъол гардонидани робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишварро  дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ мувофиқи мақсад донистем.

Рушди инфрасохтор ва пайвасти шабакаҳои нақлиётӣ дар роҳи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, афзоиши табодули мол ва тамосҳои башарӣ муҳим дониста шуд.

Кишвари мо ҷонибдории худро барои идомаи татбиқи тадбирҳо барои беҳбуди шароити мавҷудаи нақлиётӣ ва бунёди роҳҳои заминӣ, оҳан ва пайвасти онҳо бо бандарҳои обии Эрон иброз намуд.

Дар ин замина, мо алоқамандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори ду кишвар ҷиҳати истифодаи  имконоти  бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон  барои ҳамлу нақли молҳо қайд кардем.

Мо густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ миёни Тоҷикистону Эронро амри табиӣ донистем.

Дар ин замина ташаккули  заминаҳои ҳуқуқӣ ва қарордодиро барои рушди сайёҳӣ зарур шуморидем.

Ҳамчунин, андешидани чораҳои заруриро барои беҳбуди хатсайрҳои ҳавоии мустақиму мунтазам ва низоми сафар байни ду кишвар тақозои замон донистем.

Мо, бо дарназардошти вазъи ҳассоси имрӯза, муҳим будани ҳамкориҳоро дар соҳаи амният таъкид намудем.

Дар ин зимн, вазъи нигаронкунандаи Афғонистони ҳамҷавор дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дошт.

Мо хоҳони истиқрори ҳарчи зудтари  сулҳу суботи комил дар он кишвар, ки омили муҳими таъмини амният дар минтақа мебошад, ҳастем.

Кишвари мо омодагии худро барои мусоидат ба ин раванд таъкид намуд.

Ҳамзамон бо ин, мо таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро   омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон донистем.

Мавриди зикр аст, ки дар музокироти дирӯза бо ҷониби Покистон мо   таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Зимнан итминон ҳосил гардид, ки сулҳу суботро дар Афғонистон метавон фақат бо ҳамин роҳ таъмин кард.

Инчунин, ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза дониста шуданд.

Дар ин замина мо ба мувофиқа расидем, ки тамоми кӯшишҳои худро ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар намуда,  ба баргузории музокирот байни тоҷикон ва толибон  дар шаҳри Душанбе мусоидат намоем.

Мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.

Риояи манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини Афғонистон, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому эътирофи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ амри зарурист.

Бар ин назарем, ки маҳз чунин муносибат метавонад ба барқарории сулҳу субот дар Афғонистон мусоидати ҷиддӣ намояд.

Мо — Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг беш аз дигарон ба амнияти Афғонистон манфиатдорем.

Боз ҳам таъкид карданиам, ки афзоиши хушунат ва даргириҳо дар Афғонистон бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта метавонад боиси сар задани фалокати башарӣ дар ин кишвар ва боз ҳам сангинтар шудани зиндагии сокинони он, ҳамчунин ба ҳайси маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат гардад.

Нооромӣ дар Афғонистон амнияту суботро дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба таври ҷиддӣ халалдор мегардонад.

Ҳозирини гиромӣ,

Мо аз ҳолат ва раванди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон дар чаҳорчӯби  созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ  изҳори қаноатмандӣ кардем.

Кишвари мо аз оғози раванди пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба узвияти Созмони Ҳамкории Шанхай истиқбол намуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои муштараки ду кишвар дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ба дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории созанда мусоидат хоҳад кард.

Бо дарназардошти мувофиқаҳои имрӯз бадастомада, мо сафари Ҷаноби оқои Раисиро оғози марҳалаи нав дар муносибатҳо миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ менамоем.

Ҳоло, бо камоли майл риштаи суханро ба меҳмони гиромии мо, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Саид Иброҳим Раисӣ медиҳам.

Марҳамат.

 
     
  •  
  •  
  •  https://khovar.tj/2021/09/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-emomal-ra-mon-dar-nishasti-matbuot-pas-az-muzokirot-bo-raisi-um-urii-islomii-eron-sajid-ibro-im-rais/

 


 

Читать далее

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Эрон

ДУШАНБЕ, 18.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи ду ҷонибро тақвияти бештар мебахшад.

Ба Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ имзо гузоштанд.

Сипас, санадҳои зерин имзо гардид:

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон;

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникӣ;

Протоколи техникӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кор, таовун ва рифоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши техникӣ ва касбӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи мамлакат нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.

https://khovar.tj/2021/09/2marosimi-imzoi-sanad-oi-navi-amkorii-to-ikistonu-eron/

Читать далее

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон

ДУШАНБЕ, 18.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Дар мулоқот маҷмуъи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Таъкид гардид, ки мардумони ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги моро арзишҳои муштараки маънавию фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Ин муштаракот метавонад, заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд гарданд.

Зимни мулоқот ба масъалаи таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар чандин бахшҳои ояндадор, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, коммуникатсия, энергетика, саноат, фарҳанг, маориф ва илм, таъмини амният ва дигар арсаҳои барои ҳар ду ҷониб судовар, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Аз фаъолияти назарраси Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Эрон дар самти таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Барои афзоиши ҳаҷми гардиши мол пешниҳод гардид, ки Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 таҳия гардида, барои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ фаъолияти Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузорӣ байни ду кишвар роҳандозӣ карда шавад.

Ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва маъдан, аз ҷумла дар бахшҳои сохтмони саддҳо, нерӯгоҳҳо, бунёди корхонаҳои тавлиди дору, масолеҳи сохтмон ва дигар самтҳои дигару судманди робитаҳои дуҷониба номида шуд.

Ҷонибҳо рушди инфрасохтор ва пайвасти шабакаҳои нақлиётӣ, бунёди роҳҳои заминӣ, оҳан ва пайвасти онҳо бо бандарҳои обии Эронро барои тамосҳои башарӣ зарур шумурданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва соҳаи сайёҳӣ, табодули афкор карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният, робитаҳои сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир, ба манфиати ду кишвар ва минтақа номида шуд.

Ҷонибҳо аз вазъи сиёсию низомӣ дар кишвари Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд, зеро ин ҳолати мураккаб ба амнияту суботи минтақа таҳдид мекунад.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалӣ, баррасӣ гардиданд.

Ҷониби Тоҷикистон оғози расмиёти пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эронро ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай истиқбол намуда, изҳори итминон кард, ки робитаҳои муштараки ду кишвар дар ин созмон ба дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории созанда мусоидат хоҳад намуд.

 https://khovar.tj/2021/09/1mulo-otu-muzokiroti-sat-i-olii-to-ikistonu-eron/

Читать далее

СУХАНРОНИИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ИМРОН ХОН ДАР НИШАСТИ МАТБУОТӢ ПАС АЗ МУЗОКИРОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

СУХАНРОНИИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ИМРОН ХОН ДАР НИШАСТИ МАТБУОТӢ ПАС АЗ МУЗОКИРОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон,
Пеш аз ҳама, ман мехоҳам Шуморо барои бомуваффақият баргузор намудани саммити имрузаи Созмони ҳамкории Шанхай табрик намоям.
Баъдан, ман мехоҳам ба Шумо аз номи ҳайати худ барои меҳмоннавозӣ ва самимият, ки Шумо ҳангоми сафари мо нишон додед, ташаккур гӯям.
Мо доираи васеи мавзӯъҳоро, ки марбут ба масоили тиҷорат байни ду кишвар, иттисол, роҳи кутоҳтарин аз Тоҷикистон то Уқёнуси Ҳинд, яъне то баҳр тариқи Покистон мебошанд, мавриди баррасӣ қарор додем.
Бинобар ин, мо дар мавриди он баҳс кардем, ки чи гуна метавонем аз тиҷорат манфиати мутақобила, чи дар соҳаи нассоҷӣ, доруворӣ ва ё сайёҳӣ дошта бошем.
Аммо имрӯз муҳимтарин мавзӯе, ки ду кишвари моро аз ҳама бештар нигарон мекунад, ин масоили Афғонистон мебошад. Чуноне, ки ҷаноби Президент комилан дуруст қайд карданд, ки сулҳ дар Афғонистон на танҳо барои Тоҷикистону Покистон ниҳоят муҳим мебошад, инчунин махсусан барои мардуми азияткашидаи Афғонистон, ки дар давоми чил сол кишвари ҷангзада аст ва он боиси ранҷу азоби зиёд барои мардуми он кишвар шудааст.
Ҳамин тавр, мо масъалаеро баррасӣ кардем, ки бо дарназардошти вазъи кунунӣ, чӣ гуна метавонем кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки сулҳу субот дар оянда барқарор шавад. Ва низое, ки моро ва Шуморо ба ташвиш меорад, ман медонам, моро дар Покистон нигарон мекунад, ин низоъ дар Панҷшер байни Тоҷикон ва Толибон аст.
Ва мо имрӯз тасмим гирифтем, ки тамоми кӯшиши худро ба харҷ хоҳем дод, ҷаноби Президент таъсири худро нисбати тоҷикон ва мо дар навбати хеш тамоми кӯшиши худро нисбати паштунҳо ва Толибон ба харҷ хоҳем дод. Мо тамоми кӯшиши худро ба харҷ хоҳем дод, то ихтилофот тариқи муколама ҳалуфасл гардад.
Мо онҳоро водор хоҳем кард, ки ҳукумати фарогирро ташкил кунанд, ки барои Афғонистон гуногунмиллат муҳим аст.
Дар Афғонистон 45 дарсадро паштунҳо ва аққалияти бузургеро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ӯзбекҳо, ҳазораҳо низ дар ин кишвар ҳастанд. Ҳамин тариқ, сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳукумати фарогир имконпазир мегардад.
Аз ин рӯ, мо тамоми кӯшиши худро ба харҷ хоҳем дод, мо даъват хоҳем кард, ки медонем, ки наметавонем ба ягон кишвар амр диҳем, аммо мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, мо аз онҳо ҳамчун дӯстони Афғонистон даъват мекунем, ки онҳо бояд ин масъаларо ҳал кунанд, хусусан масъалаеро, ки ҳоло дар миёни тоҷикону толибон дар водии Панҷшер ҷой дорад.
Инчунин мо онҳоро дар заминаи башардӯстона даъват хоҳем кард, ки бояд муҳосираро хотима бахшанд, то кӯмаки башардӯстона вориди минтақа гардад. Мо метавонем дар ин лаҳза, ҷаноби Президент, чуноне, ки имрӯз ману Шумо ба таври васеъ баррасӣ кардем, ин як лаҳзаи тақдирсоз дар таърихи Афғонистон мебошад.
Ин метавонад ду роҳ дошта бошад, яке ба сӯи сулҳи пойдор, ки дар тӯли чил соли охир таъмин нест, ё ин ки мутаассифона он метавонад ба масири даҳшатборе биравад - ба муноқишаи бештар, бӯҳрони башардӯстона, гурезаҳои бештар, Афғонистони ноустувор, ки аз ҷониби террористон истифода гардад, ҳадди аққал се гурӯҳи мухталифи террористӣ хоки Афғонистонро барои ҳамлаҳои террористӣ дар Покистон истифода бурдаанд.
Ҳамин тариқ, воқеан ҳама ҷомеаи ҷаҳонӣ манфиатдоранд, ки дар Афғонистон сулҳу субот бошад.
Ҳамин тавр, сулҳ, тавре ки мо имрӯз розӣ шудем, танҳо дар сурате ҳосил мешавад, ки ҳукумати фарогир ташкил гардад. Ҳама назарҳои гуногун, фраксияҳо, гурӯҳҳои қавмӣ, ҳамаи онҳо ба ҳукумате шомил шаванд, ки ба сулҳи пойдор оварда расонад.
Бори дигар ман аз номи ҳайати худ ба Шумо, ҷаноби Президент, барои меҳмоннавозии гарму самимӣ, ки ҳамаро ба ваҷд овард, изҳори сипос менамоям. Мо рушду пешравиеро дидем, ки татбиқ карда шудааст, биноҳо ва кабудизорҳоро дидам.
Ин нишон медиҳад, ки Шумо ҳақиқатан иштиёқ барои рушди кишваратон доред ва ин воқеан ба ҳайати ман таассурот бахшид. Ман мехоҳам, ки Шуморо барои ин дастоварҳо табрик намоям.
Ташаккур!
Читать далее