20 September 2021

Кормандони ташкилоту идораҳои вилоятӣ барои расонидани кӯмак ба пахтакорон ба Зафаробод рафтанд

Рӯзи шанбеи 18 сентябр беш аз 400 нафар кормандони ташкилоту идораҳои вилоятӣ бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои расонидани кӯмак ба пахтакорон ба ноҳияи Зафаробод рафтанд.

Ҳашарчиён дар ин рӯз беш аз 10 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ карда, саҳми худро дар ғунучини пахта гузоштанд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон барои беталафу пурра ғунучин намудани ҳосили имсола тавсияҳо дода, таъкид кард, ки ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи пахтакорон бояд сари вақт ҷамъоварӣ карда шавад.

Читать далее

МУСОИДАТ БА РУШДИ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ САҲАР”

Бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ дар кишвар ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор тадбирҳои судманд андешида шуда, дар ин самт чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид карда буданд, ки бо мақсади рушди соҳа воридоти технологияву таҷҳизот ва маводи хӯроки паранда аз боҷи гумрукӣ озод карда шаванд. Баъди пешниҳоди имтиёзҳо дар вилоят шумори корхонаҳои парандапарварӣ бамаротиб афзоиш ёфт. Инчунин, корхонаҳои парандапарварӣ ва он коргоҳҳое, ки ба истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво машғуланд, аз соли 2018 инҷониб ба муҳлати шаш сол аз пардохти тамоми намуди андоз озод карда шуданд.

Тибқи маълумоти аз Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» дастрасшуда соли гузашта аз ҷониби корхонаҳои парандапарварии вилоят дар маҷмуъ 807 миллион дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба солҳои пешин зиёд аст. Даромади аз ҳисоби фурӯши тухм бадастомада бошад, ба 726,3 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Илова бар ин, дар давраи мазкур аз ҷониби субъектҳои парандапарварӣ дар маҷмуъ 11,3 миллион сар мурғи зинда ва 24,4 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол ва фурӯхта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 87 миллион сар мурғ ва 12,7 ҳазор тонна гӯшт зиёд мебошад. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд корхонаҳои парандапарварӣ фаъолияти пурсамар дошта, аз ҷумла, дар ноҳияи Спитамен корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи саҳар” ягона корхонаест, ки ба истеҳсоли тухм машғул аст.

Бино ба гуфти мудири фабрикаи “Файзи саҳар ” Зоҳирҷон Исмоилҷонов, санаи 25‐уми июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен ташриф оварда, аз корхонаи мазкур, ки дар Ҷамоати деҳоти Куруш воқеъ гардидааст, дидан намуданд. Воқеан, дар хоҷагӣ асосан мурғи тухмдеҳ парвариш карда шуда, айни замон 133 ҳазор сар мурғ ва 40 ҳазор чӯҷа парвариш меёбад. Дар корхонаи парандапарварӣ дар як моҳ то 2 миллион дона тухм истеҳсол гардида, дар шаш моҳи соли равон он ба 12 миллион дона расонида мешавад. Бояд изҳор намуд, ки заминҳои корхонаи парандапарварии “Файзи саҳар” 11, 03 гектарро ташкил намуда, дар он се сехи истеҳсолӣ, анбор барои нигоҳ доштани хӯроки паранда ва омода намудани он, дигар иншооти ёрирасон сохта, дар боқимонда заминҳои хоҷагӣ зироатҳо кишт мешаванд. Зоҳирҷон Исмоилҷонов изҳор намуд, ки айни замон дар корхона 30 нафар сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ машғул буда, раванди фаъолият дар фабрикаи “Файзи саҳар” бо технологияи муосир ба роҳ монда шудааст.

Бино ба гуфти масъулин, аз сехи истеҳсол ба воситаи таҷҳизоти худкор ба масофаи 250 метр маҳсулот то ба анбори чиниши тухм интиқол дода мешавад. Сарвари корхона изҳор намуд, ки дастгириҳои давлатӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳо ба соҳаи парандапарварӣ давоми солҳои охир ба рушди фаъолияти корхонаи “Файзи саҳар” таъсири мусбӣ расонид. Зеро маҳсулоти хӯроки паранда аз хориҷи кишвар, аз қабили Аргентина, Олмон, Германия, Қазоқистон ва Россия ворид шуда, аз боҷи гумрукӣ озод ҳастанд. Бо вуҷуди истеҳсоли зиёди маҳсулоти гӯштии мурғӣ ва тухм нархи ин навъи маҳсулот торафт рӯ ба афзоиш мениҳад. Сабабҳои ин ҳолатро мутахассисон дар гаронии нархи хӯроки паранда медонанд, дар ҳоле, ки воридоти онҳо аз боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.

Алҳол нархи тухм дар худи фабрика 70 дирам, хурдтараш то 60 дирамӣ муайян гардидааст. Аммо дар бозорҳо он аз 1 сомонӣ сар шуда, то 1 сомониву 20 дирамро ташкил медиҳад. Баъди гарон шудани нархи маҳсулоти гӯшти чорво мардум бештар ба гӯшти паранда ва тухм рӯ оварданд. Шояд аз сабаби талаботи зиёди мардум ба ин навъи маҳсулот нарх тамоюли болоравӣ дорад. Дар марказ ва шаҳру навоҳии вилоят баҳри таъмин бо маҳсулоти босифату арзон қариб ҳар ҳафта ярмарка‐фурӯши махсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад, ки дар ин ҷо корхонаҳои парандапарварӣ бо пешниҳоди маҳсулоти босифат ва нархи дастрас саҳми худро мегузоранд. Тавре ба мо аз ноҳия иттилоъ доданд, алҳол 30 дона тухм дар корхонаҳои парандапарварӣ 21 сомонӣ арзиш дорад. Баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат як қатор имтиёзҳои додашудаи давлатӣ дар ин самт ба поёнравии арзиши аслии маҳсулот бояд кӯмак расонад.

Бале, имрӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани фаъолияти соҳибкорони ватанӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, ки то ба пешрафти кор монеае эҷод нагардад. Афзудани корхонаҳои мурғпарварӣ ва истеҳсоли тухм дар кишвар барои зиёд шудани рақобат бо нархи нисбатан арзон пешкаш намудани маҳсулоти ватанӣ мегардад. Корхонаи “Файзи саҳар” низ мардуми ноҳияи Спитамен ва маркази ҷумҳуриро ба маҳсулоти хушсифат таъмин менамояд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ПАРВАРИШИ КАБК – БОЙГАРДОНИИ ТАБИАТИ КИШВАР

Ҳини сафари кории худ ба вилояти Суғд рӯзи 28-уми июли соли равон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими сар додани 200 сар кабк ба мамнуъгоҳи мавзеи Санги Кӯҳнаи Ҷамоати деҳоти Анзоб иштирок намуданд.

Чуноне ба мухбирамон муовини раиси Идораи хоҷагии ҷангали вилоят Тоҷиддин Насриддинов изҳор дошт, ин амал тибқи дастуру супориши Пешвои муаззами миллат буда, бо иқдоми Идораи хоҷагии ҷангали вилоят дар бахши ноҳиявӣ парвариши кабки кӯҳӣ ба роҳ монда шуд ва дар рӯзҳои сафари кории Сарвари давлат дусад адад кабк ба мамнуъгоҳ сар дода шуд. Минбаъд ин иқдом идома ёфта, теъдоди ин парандаи нодир, ки ба Китоби сурхи кишвар дохил карда шудааст, торафт афзун гардонида хоҳад шуд.

‐Мақсадамон зиёд намудани кабки кӯҳӣ, ки хонишу садои дилфиреб дорад, бой гардонидани маҳалҳои кишварамон бо ин намуди паранда, ҳамчунин ҷалби сайёҳон ба тамошои табиати зебоманзару афсункори ноҳияи Айнӣ мебошад,иброз дошт Тоҷиддин Насриддинов. Имрӯз ин кабкони хушилҳон дар кӯҳсорони деҳоти ноҳия хушхонӣ доранду бо садои форамашон дилҳоро аз фараҳ лабрез мегардонанд. Дар хотирам ҳаст, аввали солҳои дуҳазорум, ки бо эҳтимоми Президенти мамлакатамон баҳри сафари ҳаҷ ба мардуми кишвар роҳ кушода шуд, аз ноҳияи Айнӣ як нафар ҳоҷибобо ба идораи рӯзномаамон нома навиштанд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳангоми сафарашон бо як нафар марди араб ҳамсӯҳбат шуданд. Ӯ пурсон шуд, ки аз кадом кишвар мешавад, ин сарзамин дар куҷо ҷой гирифтаасту обу ҳавояш чӣ гуна асту мардумонаш чӣ хеланд. Вай дар ҷавоб гуфт, дар сарзаминамон рӯду дарёчаҳои шӯху обашон шаффофи кӯҳӣ бо садои форами худ ҷорӣ мешаванду заминҳоро шодоб мекунанд.

Дар боғоти доманфарох меваҳои шаҳдбору хушлаззат парвариш мекунанд. Баъди меҳнати босамар мардуми озодаву меҳнатдӯсту боҳунар дар катҳои кандакоришудаву мурассаъ менишинанду дам мегиранду аз он неъматҳои рӯёнидаашон тановул мекунанд. ‐Оё шумо дар бораи боғҳои биҳишт мегӯед?‐мепурсад марди араб. Ин сарзамин зодгоҳи ман аст,‐мегӯяд ҳоҷибобо. Ана ҳамин лаҳзаҳои сӯҳбаташро бо эҳсоси ифтихор аз тоҷику тоҷикистонӣ буданаш ба рӯзнома навишта буд як нафар шаҳрванди одии ноҳия. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ манзараҳои деҳоти ноҳия, кӯчаву роҳҳо боз ҳам ободтар гаштанд, иншоотҳои бисёри иҷтимоиву фарҳангӣ, таълимиву нигаҳдории тандурустӣ ба хизмати мардум дода шуданд. Ҳини сафари дирӯзаи худ Пешвои муаззами миллат аз намоиши маҳсулоти кишоварзии ноҳия дидан карда,гуфт сардори Идораи кишоварзии ноҳия Мансур Носиров,ба маҳсулоти боғоти мева ва занбӯриасалпарварӣ баҳои баланд доданд. Ҳақиқатан ҳам баъд аз эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30‐солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳия беш аз 11 гектар боғи нави интенсивӣ бунёд карда шуд, ки асосан ба парвариши себ, сиёҳолу, зардолу нигаронида шудааст.

Ҳамаи ин бунёдкориҳо, фаровонии дастархони мардум аз ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ, дастгирии соҳибкорӣ, шароити мусоид фароҳам овардан ба фаъолияти деҳқонону боғпарварон аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ аст, мегӯяд Мансур Носиров. ‐Аҷоибаш ҳамин аст, ки дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия меваҳо дар мӯҳлатҳои гуногун пухта мерасанд, мегӯяд сардори идораи кишоварзӣ. Чунончӣ ҳини сафари Ҷаноби Олӣ дар Ҷамоати деҳоти Анзоб, деҳоти Ғаберуд, Ҷамоати деҳоти Шамтуч ва Фондарё зардолу дар ҳолати ғӯрагӣ буд ва дар ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ ва Рарз зардолу пухта расида. Бо дидани ин манзара аз мӯъҷизаҳои табиати фусункор дар як гӯшаи сарзаминамон Ҷаноби Олӣ ба ваҷд омаданд. Умуман дар ноҳия то охири моҳи сентябр зардолу пухта мерасаду ғунучин мегардад. Дар кӯҳу дараҳои ноҳия анвои бисёри гиёҳҳои шифобахш мерӯяд, зикр намуд сардори идораи кишоварзӣ. Ва аз ин боис таъму лаззати асали кӯҳҳои ноҳия нотакрор мебошад. Ба сифати асал, ки дастранҷи занбӯриасалпарварони ноҳия аст, Ҷаноби Олӣ баҳои баланд дода, тавсия намуданд, оилаи занбӯр ва маҳсулоти он тадриҷан афзун гардонида шавад.

Ҳамин тавр, алҳол баҳри аввали баҳорон бо сабзавоти барвақтӣ таъмин намудани сокинони деҳот бунёди гармхона идома дорад, ки дар он парвариши помидору бодиринги барвақтӣ ба роҳ монда мешавад.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ПАХТА ДАР САҲРО ШУКУФТА…

Айни ҳол пахта дар пахтазорони вилоят шукуфта, кишоварзон ният доранд, дар ин соли ҷашнӣ дурнамои ҷамъоварии онро сарбаландона пурраву барзиёд иҷро намоянд.

Дар ин хусус бо муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудов ҳамсуҳбат шудем. ‐Соли равон майдони кишти пахта 52 ҳазору 782 гектарро ташкил медиҳад,‐афзуд ӯ, бинобар дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехнологии парвариши ин намуди зироат айни ҳол дар майдони 21 ҳазор гектар ҳар ниҳол то 9‐10, дар 20 ҳазору 600 гектар 7‐8 ва 10 ҳазор гектар 5‐6 дона кӯрак баставу шукуфтан дорад.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша ба санаи 17‐уми сентябри соли равон дар шаҳру навоҳии пахтакори вилоят ҳамагӣ зиёда аз ҳашт ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ се ҳазор тонна зиёд мебошад. Алҳол дар раванди чиниши пахта шаҳру ноҳияҳои Конибодом 2 154 тонна, Мастчоҳ 1 895 тонна, Бобоҷон Ғафуров ‐1805 тонна нисбатан пешсаф буда, ҳиссаи навоҳии Зафаробод – 770 тонна, Ашт 660 тонна, Спитамен 444 тонна, Ҷаббор Расулов – 320 тоннаро ташкил мекунад. Ҳамарӯза баҳри ҷамъоварии саривақтии пахта беш аз 37 ҳазор чинакчиву ҳашарчиён барои кӯмак ба хоҷагидорон дар майдонҳои пахтазор саргарми коранд. Бино ба гуфти мавсуф, алҳол ба тамоми пахтазорҳои вилоят маротибаи сеюм озуқа дода, 5 маротиба коркарди байни қатор гузаронида шуд ва тамоми корҳои агротехникӣ, аз ҷумла обрасонӣ, идома доранд.

‐Деҳқонон обро «хуни пахта» мегӯянд. Вазъи кунунии обёрӣ ва нашъунамо чӣ гуна аст? пурсидем аз Абдуазиз Маҳмудов, ки дар ҷавоб гуфт:

‐Дар мавсими имсола оби чорумро ҳам гирифтем, ки онро дар ҳақиқат оби нашъунамо мегӯянд. Дар ин самт саҳми миробҳои вилоятро хоса таъкид намудан зарур аст, зеро ба вазъияти душвори молиявии худ ва садамаҳои рухдода нигоҳ накарда, обро ба пахтакорон сари вақт дода истодаанд.

Мавриди қайд аст, ки миробҳои вилоятро низ соли санҷиши бузург ба адои рисолати касбиашон, хоса ба пуртоқатию таҳаммулпазирӣ нисбати бе огоҳӣ қатъ кардани интиқоли барқ аз тарафи барқчиён буд, ки бобати ин масъала дар ҷаласаҳои ҷамъбасти нимсолаи соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода эроди ҷиддӣ гирифта, ҳатто ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки ин амали онон дар доираи қонунҳои амалкунанда дида баромада шавад. Охир ҳар садама бар асари бе огоҳкунӣ қатъ шудани интиқоли барқ ба хоҷагиҳои об садҳо ҳазор сомонӣ зарар меорад… Ногуфта намонад, ки сарчинкунӣ ҳам ба охир расида, тамоми зиёда аз 52 ҳазор гектар пахтазор аз сарчинкунии хушсифат бароварда шудааст. ‐Бо назардошти ҳосили имсола аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ азм доранд, на кам аз 30 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, бо ин васила дар соли ҷашни таърихиву бошукӯҳи кишвар саҳм гузоранд, гуфт А.Маҳмудзода.

Бино ба иттилои масъулин, дар қаламрави вилоят 42 коргоҳи пахтатозакунӣ мавҷуд буда, 24‐тои онҳо бо дастгоҳҳои замонавӣ таҷҳизонида шудааст. Ҷиҳати баррасӣ ва сатҳи омодагии корхонаҳои коркарди пахта барои мавсими имсола, тибқи Амри Раиси вилоят таҳти рақами 121, аз 3‐юми августи соли равон гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсис дода шуда, дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои азназаргузаронӣ пурра ба охир расид. Ҷоизи қайд аст, ки корхонаҳои коркарди пахтаи шаҳру навоҳии вилоят пурра ба мавсими имсолаи қабулу коркарди пахта омодаанд.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Сангвор ба истифода доданд

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангворро ба истифода доданд.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи дастуру роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи беҳтар намудани сифати кору фаъолият барои кормандон ва саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Ватани азиз бунёд карда шудааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Кишоварзони ноҳияи Сангвор сол аз сол дар заминаи иҷрои дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш медиҳанд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор ба бунёди Муассисаи томактабии замонавии «Калидчаи Заррин» оғози расмӣ бахшиданд

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Сангвор ба бунёди Муассисаи томактабии замонавии «Калидчаи Заррин» оғози расмӣ бахшиданд.

Кӯдакистони замонавӣ дар маркази ноҳияи Сангвор барои 100 нафар дӯстрӯяк дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари маорифпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» бунёд карда мешавад.

Читать далее

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар водии Рашт ва ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ба водии Рашт ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид.

Читать далее

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи
вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он

Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, мутобиқи моддаҳои 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Читать далее