September 2021

30 September 2021

ҶАМЪОВАРИИ ШОЛӢ ОҒОЗ ЁФТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш таъкид карданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ бояд азхудкунии заминҳои нав вусъат бахшида, майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор шаванд. Дар ин радиф вазорату кумитаҳо вазифадор гардида буданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри таъмини иҷрои барномаҳои қабулшуда мусоидат намоянд.

Шолӣ яке аз зироати озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, аз рӯи масоҳати майдони кишт ва ҷамъоварии ҳосили умумӣ пас аз гандум мавқеи калон дорад. Бино ба гуфти мутахассисони соҳа, шолиро асосан дар заминҳои шӯрхок парвариш мекунанд. Шолӣ зироати гармидӯст буда, барои шоликорӣ заминҳои мувофиқ ва махсус интихоб мешаванд. Дар вилояти Суғд ба кишту парвариши шолӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мешавад.

Махсусан дар шаҳру навоҳии Исфара, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов бештар кишти шолӣ ба роҳ монда шудааст. Соли 2020 дар миқёси вилоят дар майдони 9 ҳазору 883 гектар шолӣ кишт шуда бошад, ин рақам соли равон ба 9 ҳазору 908 гектар баробар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 25 гектар зиёд мебошад. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ яке аз ноҳияи калони шоликор ба ҳисоб рафта, майдони кишти он сол ба сол зиёд мешавад. Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Ҳомидҷон Ҳакимбоев имсол кишоварзон дар майдони беш аз 2 600 гектар кишти шолӣ гузарониданд, алҳол маъракаи дарави он оғоз ёфтааст. Аз рӯи нишондиҳандаҳо бояд аз ҳар як гектар то 50 сентнерӣ ҳосил рӯёнида шавад.

Дар ноҳия ҳафт ҳазор хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, аксарияти ин хоҷагиҳо ба кишту парвариши шолӣ машғуланд. Тибқи иттилои масъулин, кишти шолӣ асосан дар хоҷагиҳои деҳқонии «Бобоҷон Мақсудов», ҶСК «Абдураҳим Ҷумъаев», ҶСК «Ӯрунхоҷаев» ба роҳ монда шудааст. То имрӯз беш аз 20 гектар шолии чиллагӣ ва миёнсол дарав шудааст. Дар умум якчанд навъи шолӣ ба монанди кенҷа, марҷон, чиллагӣ, миёнсолӣ (120 рӯза) кишт мегардад. Бино ба гуфти шоликор Абдурасул, кишти шолиро асосан дар заминҳои шӯр ба роҳ мондан мумкин аст. Зеро оби зери он намакҳои таркиби хокро шуста мебарад ва аз он ҳосили баланди шолӣ ба даст оварда мешавад. Пас аз кишти шолӣ заминҳои шӯрзада дубора ба кишти ҳама гуна зироатҳо омода мегарданд.

Тавсияи мутахассисон ин аст, ки дар заминҳои шӯрзада дар сурати мавҷуд будани об кишти шолиро ба роҳ монда, онро ба кишти дигар зироатҳои кишоварзӣ мутобиқ намоянд ва бозорҳои вилоятро бо ҳама намуди сабзавоту мева тамоми сол таъмин мекунанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ОЁ КОРГОҲҲОИ ПАХТАТОЗАКУНӢ БА МАВСИМ ОМОДААНД?

 

 

 

Имрӯзҳо дар майдонҳои пахтазори вилоят маъракаи ғунучини дастранҷи марди деҳқон бомаром ҷараён дорад. Пахтакорони заҳматкаши шаҳри Конибодом соли равон тасмим гирифтаанд, ки 14 ҳазору 300 тонна ашёи пурқиммати саноатӣ - пахта рӯёнанд. Ба санаи 29-уми сентябр дар хоҷагиҳои пахтакори шаҳр беш аз 6320 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки ин беш аз 44,2 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Деҳқонону ҳашарчиён ба ҳисоби миёна рӯзе то 2,8 фоизи нақша, яъне зиёда аз 400 тонна пахта мечинанд. Алҳол шаҳри Конибодом байни шаҳру ноҳияҳои пахтакор дар чиниши пахта дар ҷойи дуюм, баъди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад.

Дар ин радиф дар 4 корхонаи пахтатозакунии шаҳр коркарди ашёи пурқиммати саноатӣ вусъати тоза гирифтааст. Оё коргоҳҳои коркарди пахта ба мавсими имсола омодаанд? Бо ин мақсад зимни сафари кории хеш аз корхонаҳои пахтатозакунии шаҳри Конибодом дидан намудем. Боиси қайд аст, ки дар шаҳр 5 корхонаи пахтатозакунӣ мавҷуд буда, то имрӯз чор адади он коркарди ашёи пурқиммати саноатиро пурра ба роҳ мондааст. Бино ба маълумоти сармуҳандиси коргоҳи пахтатозакунии ҶС «Ҳабиб ‐17» Зоирҷон Азаматов, ин коргоҳ соли 1938 ташкил гардида, дар аввали фаъолият иқтидори солонааш 5 ҳазор тоннаро ташкил мекард.

Дар даврони шӯравӣ калонтарин коргоҳи пахтатозакунӣ маҳсуб ёфта, беш аз 70 ҳазор тонна пахтаро коркард мекард. Коргоҳи мазкур соли 2000‐ум хусусӣ гардонида шуд, иқтидори солонаи он 20 ҳазор тоннаро дар бар мегирад. Лозим ба ёдоварист, ки дар шаҳри Конибодом танҳо коргоҳи мазкур бо хоҷагиҳои пахтакоре, ки биопахта (бидуни дорувориву заҳрдоруҳои кимиёвӣ) кишт менамоянд, ҳамкорӣ менамоянд, зеро дар вилоят танҳо ин коргоҳ метавонад пахтаро ба таври био коркард намояд. Коргоҳ барои коркарди пахта пурра омода буда, алҳол ба санаи 28юми сентябр наздик 2100 тонна пахта захира гардида, беш аз 80 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон, дар назар аст, ки дар сурати пурра ба кор шуруъ намудани коргоҳ дар маҷмуъ беш аз 130 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гарданд, иброз дошт З.Азаматов.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамагӣ се коргоҳи пахтатозакунӣ мавҷуд буда, ҶДММ "Тиллои сафед" яке аз пешқадамон аст. Бино ба гуфти муовини роҳбари корхонаи мазкур Тоҳирҷон Бобоҷонов коргоҳ соли 2016 ба фаъолият оғоз намудааст. Иқтидори солона 10 ҳазор тонна пахтаро ташкил намуда, таҷҳизоти он пурра аз давлати Ӯзбекистон харидорӣ шудааст. Аллакай аз моҳи феврал мо ҳамкориро бо кишоварзон ба роҳ монда, бо зиёда аз 300 хоҷагии деҳқонии ноҳияҳо ва гирду атрофи он шартнома дорем. Аз аввали моҳи сентябр коргоҳ пурра ба фаъолият оғоз намуда, дар он беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъминанд,иброз дошт Т.Бобоҷонов. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов беш аз 2600 хоҷагии кишоварзӣ мавҷуд буда, майдони 5002 гектари онро пахта ташкил мекунанд. Бояд гуфт, ки аз аввали мавсим то ба санаи 29 уми сентябри соли равон зиёда аз 4980 тонна ҳосили дастранҷи марди деҳқон ба коргоҳҳои пахтатозакунии ноҳия ворид ва коркард мегардад. Дар майдонҳои пахтазори шаҳру навоҳии вилоят ҷамъоварии маҳсули меҳнати ҷабини марди деҳқон сарҷамъона идома дорад.

Ҷиҳати огаҳии бештар ёфтан аз вазъи омодагии корхонаи дигари коркарди пахта дар вилоят ба сармутахассиси шуъбаи коркарди Сарраёсати кишоварзии вилоят Мухтор Тоҷиев муроҷиат намудем, ки чунин гуфт: Баҳри таъмини иҷрои амри Раиси вилоят таҳти рақами 121 «Оид ба омодагии корхонаҳои коркарди пахта» барои қабул ва коркарди пахтаи ҳосили соли 2021 гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва масъулин сохторҳои марбут ба соҳа бо мақсади ба роҳ мондани қабул, захира ва коркарди пахтаи ҳосили нав ҷиҳати баррасии сатҳи омодагии корхонаҳои пахтатозакунии шаҳру ноҳияҳо дида баромада шуд. Зимни азназаргузаронӣ муайян гардид, ки аз корхонаҳои пахтатозакунӣ дар ноҳияҳои Зафаробод 5 коргоҳ, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров як ададӣ аз фаъолият бозмондаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар корхонаҳои коркарди пахтаи ҶДММ «Некрӯзҷон», ҶДММ «Доган»‐и шаҳри Конибодом, ҶДММ «Спитамен текстайл»‐и ноҳияи Спитамен, ҶДММ «Шариф Асад» ва ҶДММ «Ҷаъфар»‐и ноҳияи Мастчоҳ камераҳои насб нашуда, аз тарафи гурӯҳи корӣ ҷиҳати насби камераҳои назоратӣ мунтазам корбарӣ идома дорад. Қобили қайд аст, ки аз тарафи мутахассисони соҳавии гуруҳи корӣ саривақт пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ, муҳофизати меҳнат, супоридани андоз, бо талаботи стандартӣ корбарӣ намудан ва фароҳам овардани шароити меҳнат барои кормандон дастуру супоришҳои мушаххас ва барои риоя кардани меъёрҳо ва талаботи стандартҳои амалкунанда оид ба қабул, захира ва сари вақт пешниҳоди пахтаҳои воридгардида ба Раёсатҳои омори шаҳру ноҳияҳои пахтакор тибқи борхати шакли ВҚ‐17 (варақаи қабул) ва беталаф бо нишондиҳандаҳои хуб коркард намудани ҳосили мавсими нав ва инчунин чигити истеҳсолшударо танҳо ба корхонаҳои равғанбарорӣ ба фурӯш баровардан вазифагузорӣ карда шуд.

Боиси таъкид аст, ки дар маҷмуъ 22 коргоҳи пахтатозакунии вилоят бо таҷҳизоти муосири кишварҳои хориҷа, аз ҷумла ИМА, Чин ва Туркия муҷаҳҳаз буда, онҳо тайёранд бо харҷи нерӯи барқу қувваи корӣ фаъолияти пурсамар бурда, маҳсулоти босифат истеҳсол намоянд. Дар маҷмуъ, вазъи омодагии корхонаҳои пахтатозакунии вилоят дар санаҳои омӯзишӣ нишон дод, ки аксарияти коргоҳҳо ба мавсими имсола тайёрии хуб дидаанд, иброз доштанд масъулин.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Читать далее

ТАЛОШҲОИ БУНЁДӢ ОБОДИИ ФАРДОСТ

Санаи 29-уми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мудирони шуъбаву бахшҳои ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, роҳбарони марказҳои ҳунаромӯзии шаҳру ноҳияҳо, сардухтурон, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба истиқболи Рӯзи мошинсозон

Дӯстони азиз!

Кормандон ва собиқадорони соҳаи мошинсозии вилоятро бо иди касбиашон, ки ҳар сол якшанбеи охири моҳи сентябр таҷлил мегардад, табрику муборакбод менамоям.

Соҳаи мошинсозӣ солҳои охир ривоҷу равнақ ёфта, ба равандҳои иқтисодӣ таъсири мусбат мерасонад, ки ин натиҷаи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатро меҳвари асосии иқтисодиёт ҳисобида, таъкид менамоянд, ки маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, ворид намудани технологияи нави инноватсионӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аз вазифаҳои муҳими рӯз аст.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ дар шаҳри Хоруғ иштирок намуданд

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбии хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи афсарону сарбозонро ба ифтихори солгарди сиюми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ иштирок намуданд

29 сентябр дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ватандӯсти шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо санаи муҳими таърихии 30-юмин солгарди истиқлоли ватан табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи идомаи иқдомҳои созанда баҳри шукуфоии сарзамини аҷдодӣ  сулҳу оромӣ, тандурустиву хушбахтӣ ва файзу баракат орзу карданд.

Читать далее

Истиқболи самимии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ

29 сентябр сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ оғоз гардид.

Ба ифтихори истиқболи сазовори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯчаву хиёбонҳои маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ идона ороста шуда, хурду бузурги вилоят бо эҳтироми хоса, оғуши гарм, чеҳраи кушодаву руҳи болида, шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ Раҳбари хирадпешаву бунёдкор ва инсондӯсту раъйиятпарвари хешро самимона истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати оби ошомиданӣ дар шаҳри Хоруғ иштирок намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.

Татбиқи лоиҳаи навсозии хати оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшо моҳи октябри соли 2019 оғоз гардида буд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон толори варзиширо дар шаҳри Хоруғ мавриди истифода қарор доданд

Дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори барҳавои варзиширо ифтитоҳ карданд.

Минбаъд наврасону ҷавонони маркази вилоят метавонанд дар ин ҷо ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд бардоранд.

Читать далее

Ҳамкориҳои судманд - асоси пешравии сиёсати хориҷӣ

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, 16 сентябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи Шӯрои Амнияти Дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бояд зикр намуд, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон аввалин боздиди расмии Сайид Иброҳими Раисӣ аз кишварҳои хориҷӣ дар ин маснади олӣ мебошад.

Дар мулоқоти мазкур инчунин масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки мардумони ин ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги моро арзишҳои муштараки маънавию фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Ин муштаракот метавонад заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд гарданд.

Зимни мулоқот ба масъалаи таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар чандин бахшҳои ояндадор, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, коммуникатсия, энергетика, саноат, фарҳанг, маориф ва илм, таъмини амният ва дигар арсаҳои барои ҳар ду ҷониб судовар таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Барои афзоиши ҳаҷми гардиши мол пешниҳод гардид, ки Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 таҳия гардида, барои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ фаъолияти Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузорӣ байни ду кишвар роҳандозӣ карда шавад.

ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва маъдан, аз ҷумла дар бахшҳои сохтмони саддҳо, нерӯгоҳҳо, бунёди корхонаҳои тавлиди дору, масолеҳи сохтмон ва дигар самтҳои дигару судманди робитаҳои дуҷониба номида шуд. Ҷонибҳо рушди инфрасохтор ва пайвасти шабакаҳои нақлиётӣ, бунёди роҳҳои заминӣ, оҳан ва пайвасти онҳо бо бандарҳои обии Эронро барои тамосҳои башарӣ зарур шумурданд.

Дар рафти мулоқот сарони ду кишвари ба ҳам дӯст инчунин доир ба густариши ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва соҳаи сайёҳӣ, табодули афкор карданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният, робитаҳои сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир, ба манфиати ду кишвар ва минтақа номида шуд. Инчунин ҷонибҳо аз вазъи сиёсию низомӣ дар кишвари Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд, ки айни муддаост. Зеро чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, он ба амнияту суботи минтақа таҳдид менамояд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Ин гуна ҳамкориҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт, зеро таҳкими сулҳу субот ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои хориҷа асоси пешравии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф хоҳад буд.

М.Б.ИСМОИЛОВА,
сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии
сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее