01 October 2021

Кто такой талиб - ренегат Инъомулло Самангани

 

Кто такой талиб - ренегат Инъомулло Самангани? (Краткий экскурс к феномену предательства)

  •  

    Его имя является синонимом не только предательства, но и ночного кошмара. Он признанный символ предательства в среде всего узбекского ареала Афганистана. Его проклинают все достойные представители тюркоязычного мира за связь с талибами. Его соратники часто обсуждают, что мотивирует Инъомулло Самангани, узбека по национальности, который, не имеет ничего нечего общего с  южными пуштунами, выросшего в  среде вполне адекватных людей, идти на предательство?! Материальные богатства,  радикальный лживый талибовский «патриотизм» или одержимость идеей самого ненавистного движения, непризнанного во всём цивилизованном мире?

    В этой статье делается попытка высветить проблему и ответить на вышеуказанные вопросы. Но прежде чем, акцентировать внимание читателя к персоне И.Самангани, стоит особо пройтись о феномене предателя среди народов, и о причинах которые люди, если их можно назвать людьми предают своих земляков,  товарищей, свою Родину.    С незапамятных времен люди отворачивались от своих товарищей, предавали близких. Мотивируя это разными предлогами, окрашивая разными красками. Самими гнусными случаями, как редкостная измена И.Самангани являются факты предательства, основанные на массовых сговорах, оказывающих воздействие на развитие обществ и целые нации.

    А поводом для написания статьи стала, то что по сообщению таджикской службы «Спутника» И.Самангани   в унисон «братьям – талибов» высказал бред: "Он президент уже 27 лет, будет им еще 6 лет, и после этого, может быть, останется в должности президента, в его стране до выборов допущены 5 партий, все из которых - проправительственные, и этот уважаемый человек будет давать советы о проведении выборов в Афганистане".

    Инъомулло Самангани, как явствует из его географического псевдонима, родился в северной провинции с компактным  проживанием таджиков и узбек, которые традиционно не испытывают симпатии к талибам.  Эта провинция, включая столицу провинции Айбек, считается традиционным плацдармом протаджикского «Исламского общества Афганистана» Б.Раббани и Национально-исламского движения А.Дустума, узбека по национальности.

    Собирая материал о предателях всех времён и народов, наподобие афганского варианта Самангани, высветилась интереснейшая информация об этой персоне. Оказывается при всём высокомерии аморфного членства комиссии по культуре талибов, он не может посетить место жительства в Дараи Суфе Самангане. Ему инкриминируется участие в теракте известного полевого командира Северного альянса Ахмадхони Самангани, этнического узбека.

    Как уже писалось, «талибы – этнические узбеки и другие народности не пуштуне видят свою никчёмную жизнь в уклонение от соблюдения человеческих законов, насаждение порядков средневековой инквизиции, обязательный атрибут которого убийства своих братьев и сёстер. Данное описание очень актуально для сегодняшней понимания ситуации и феноменальной структуры Афганистана, так как это не полный перечень зверств и случаев поклонения  чужому истукану и идолу, называемому   доморощенным талибом со стороны народов севера ИРА».

    По оценке сайта «stanradar.com» - «есть реальная угроза, что… Афганистан может стать крупнейшим центром дислокации, подготовки и объединения радикальных исламских сил. В этом случае, талибы вряд ли смогут начать экономическое строительство страны, поскольку вопрос инвестиций связан с признанием Талибана как государства. Также нет никакой уверенности, что его сегодняшние быстрые победы по захвату крупных центров и городов будут устойчивыми, поскольку в стране за это время сформировалось крупное гражданское ополчение в ряде областей, независимо от падения Кабула. Скорее всего, развернется, прогнозируемая длительная гражданская война, которую будут подпитывать внешние акторы и соседи».

    При таком раскладе, в наставлении И.Самангани и ему подобных ренегатов, стоящих на страже талибовского оккупационного войска скажем словами Шекспира  "У него очень голодный взгляд, он слишком много думает, а такие люди крайне опасны". Они, как пушечная мяса, предназначение которых только и заключается в продаже собственных душ.  Попытка вникнуть в логику таких «людей», известных в талибовском Афганистане своей антинародной сущностью очень трудно. Их историческая судьба - эшафот и виселица, уготованные своими соратниками. Да воистину говорят, что  история  ничему не учить, она не является воспитательницей, а наоборот выступает часто в роли надзирательницы, если не прислушиваться к его заветам и к зову предков.

     

    Сергей Рахимов, эксперт по странам Южным Азии.


    ➡ Источник: https://publizist.ru/blogs/111153/40937/-

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

https://publizist.ru/blogs/111153/40937/- 

Читать далее

МУРИДИ АСИЛИ МАВЛОНО ВА КОШИФИ «МАСНАВӢ»

Яке аз чеҳраҳои машҳур дар тариқати Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ муриди ӯ Ҳусомуддини Чалабӣ мебошад. Дар бештари сарчашмаҳои хаттӣ доир ба соли таваллуди ӯ маълумоти дақиқе нест, вале дар манобеи электронӣ гуфта мешавад, ки Ҳусомуддин Ҳасан ибни Муҳаммад Ахии Турк соли 1225 дар шаҳри Қуния ба дунё омадааст. Ӯву гузаштагонаш аз ахиҳову фатиён ба шумор меомаданд ва футувват маслаки маънавии онҳо ба ҳисоб мерафт. Ҳусомуддин, ки дар забони Мавлоно, кулли мавлавиён ва дӯстдорони «Маснавии маънавӣ» ба чанд ваҷҳ сутуда шудааст, аслан аз курдони Урмия будааст.

Урмия дар ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сифати калонтарин шаҳр ва маркази вилояти (остони) Озарбойҷони Fарбӣ маъруф аст. Шаҳристони Урмия дар шимолу ғарбии Эрон, дар минтақаи Озарбойҷон воқеъ гардида, бо ним миллион ҷамъият даҳумин шаҳри пурнуфуси Эрон ба шумор меояд.

Дар канори муайян кардани зодгоҳи Ҳусомуддин масъалаи дигар ва муҳим донистани санаи дурусти таваллуд ва вафоти ӯ мебошад. Агар мо ба дурустӣ соли таваллуди Ҳусомуддинро соли 1225 донем, пас маълум мешавад, ки ӯ аз Султон Валад – фарзанди бузурги Мавлоно, ки 24‐уми апрели соли 1226 ба дунё омадааст, як сол бузург асту бас.

Агар мо замони шурӯи эҷоди «Маснавӣ»‐ро соли 1259 ба шумор оварем, дар он фурсат Ҳусомуддин ҷавони 34 сола аст ва Мавлоно 52 сол умр дорад. Ин тақрибан ҳамон синну солест, ки дар рӯзи мулоқоти тунду тези хеш, дар назди мадрасаи Пунбафурӯшон Мавлонову Шамс доштанд.

Аз рӯи ҳисоби Абдулбоқии Гулпинорлӣ, ки мутобиқ ба катибаи гӯри Ҳусомуддин менависад, ин вориси бузурги Мавлоно 18‐уми октябри соли 1284 (ба ҳисоби мо 28.12.1284), баъди 11 соли даргузашти муршиди худ Ҳазрати Мавлоно (дар 59 солагӣ, агар соли 1225‐ро соли таваллуди Ҳусомуддин яқин кунем) вафот кардааст.

Файласуфи тоҷик Хуршед Зиёев дар фасли «Таҳаввули ҷаҳоншиносии оғозини мавлавия дар таълимоти Султонвалад ва Улу Ориф Чалаби» зимни ёдкарди масъалаи аз роҳбарии мавлавиён ба хотири эҳтироми халифаи падар канора ҷустани фарзанди рашиди Мавлоно ба таърихи вафоти Ҳусомуддин ( 25 –уми октябри соли 1284) низ ишора менамояд.

Падари Ҳусомуддин Муҳаммад Ҳасани мулаққаб ба Ахии Турк буда, мувофиқи иттилои Деҳхудо аз нажоди (насли) Яздонёри Урмавӣ (соли вафот 333 ҳ.қ.) ба шумор мерафт. Ин мард бо сабабҳои барои мо норавшан дар Қуния сукунат ихтиёр карда, дар гӯшаҳои шаҳр ҳавлиҳои зиёде дошт. Гӯё дар хонаи ӯ фатиён ё ба истилоҳ ҷавонмардону аҳли футувват ҷамъ меомаданд. Дар «даврувар» ё «даврубар»‐и шаҳр хона доштани Муҳаммад Ҳасан шаҳодат аз муҳоҷир будани ӯро низ медиҳад. Ба гумони инҷониб, агарчи Ҳусомуддин насаби Ибни Ахии Турк дошт, дар муҳити шеъру адаби форсӣ ба воя расида буд ва донандаи хуби ин забон ба шумор меомад. Вожаи «ахӣ» лафзи арабист ва маънии «бародари ман» ё «бародарам»‐ро дорад. Фатиён ё ҷавонмардон ба ҳамдигар бо нармиву хушӣ чунин хитобро раво медиданд. Калимаи мазкур дар ашъори Мавлоно, чи «Маснавии маънавӣ» ва чӣ ғазалиёти ӯ зиёд ба мушоҳида мерасад.

Чашми чун наргис фурӯ бандӣ, ки чӣ,

Ҳин асоям каш, ки кӯрам, эй ахӣ!

***

Гар ту хоҳӣ боқии ин гуфтугӯ,

Эй ахӣ, дар дафтари чорум биҷӯ.

Профессор Расул Ҳодизода менависад, ки «Ҳисомуддин аз авлоди пайравони тариқати «футувват» буд, ки обову аҷдоди ӯ ин тариқаро ҳамоно дар Осиёи Сағир ба номи «ахӣ» ё «ахийя» ҷорӣ карда буданд. Тариқати «футувват», ки дар Хуросон ва Мовароуннаҳр шӯҳрат ва интишори зиёде дошт, аз асри ХIII, яъне аз замони ҳукумати Салҷуқиёни Рум ба ин сарзамин ҳам нуфуз пайдо кард. Ин тоифа, ки дар Осиёи Сағир шайхони худро ба унвони «ахӣ» (аз калимаи арабист, ки маънояш «ё бародарам» гуфтан аст) ном мебурданд, тариқаи футувват ҳам дар ин сарзамин ба ҳамин номи «ахӣ» шӯҳрат ёфт».

Дар идомаи ин гуфтор устоди шодравон Расул Ҳодизода доир ба пайванди ин ҷараёни иҷтимоӣ бо афкору орои мавлавия, бавижа шурӯи робитаи Ҳусомуддин бо Мавлоно чунин навиштааст: «Ба нисбати эҳтиром ба ҷадду бобоёни ӯ, ки сарварони «ахиён» буданд, ба Ҳисомуддин лақаби «абӣ ахӣ турк»‐ро дода буданд. Аз ин ҷо ҳукм метавон кард, ки асли насаби Ҳисомуддин турк ва дурусттараш турки салҷуқӣ будааст. Ҳусомуддин дорои ду лақаби ифтихорист. «Ахӣ» будан маънии сарвар ё раиси аҳли футувватро ифода менамояд. Табиист, ки «Ибни Ахии Турк» ном доштани ӯ маънии идомаи салтанати фатиёнро дар симои Ҳусомуддин зоҳир мекард. Дуюм, лақаби ӯ «Чалабӣ» мебошад. Ин лафз туркӣ буда, маънии хоҷа, сарвар ва сайидро дорад.

Аввалин нафаре, ки аз пайравони Мавлоно бо ин лақаб ё унвони ифтихорӣ ёд мешавад, Ҳусомуддин аст. Баъди ӯ фарзанди Султон Валад Амир Ориф Чалабӣ унвон мегирад. Гулпинорлӣ дар боби «Мақоми Чалабӣ ва Чалабиён» менависад, ки дар тариқати мавлавия қабл аз ин унвон пайравони Мавлоно «мавлавӣ», муридони Султон Валадро «валадӣ» ва ҳатто ёрони Амир Одил, Амир Ориф, Амир Олимро «одилӣ», «орифӣ» ва «олимӣ» меномиданд ва ановини хосе низ вуҷуд дошт. «Чалабӣ» танҳо ба унвони раиси ташкилоти моддии ин тариқат муаррифӣ мешуд. Ҳусомуддин шояд аз байни шахсиятҳои қарин бо Мавлоно як тани истисноӣ буд, зеро муҳаққиқони зиндагиномаи Мавлоно бар ин назаранд, ки мардуми Қуния он ҳасодату хусумате, ки нисбати Шамсу Салоҳиддин доштанд, ба Ҳусомуддин зоҳир намекарданд.

Баръакс, ӯро зиёд дӯст медоштанд. Дар баробари поймардӣ ба Мавлонову хонадонаш ӯ ба тамоми сокинони Қуния ва пайравони мавлавия кӯмак мекард, ниёзҳои ононро бароварда мегардонид. Бояд ёдовар шуд, ки бархурди Мавлоно бо шахсиятҳову чеҳраҳои гуногуни ирфонӣ, амсоли Бурҳониддини Муҳаққиқи Тирмизӣ, Шамси Табрезӣ, Салоҳиддини Заркӯби Қунавӣ ва дигарон ба ҳодисаҳои муайяне иртибот дорад.

Бино ба нақли Афлокӣ, Мавлоно ба устодону ҷонишинони худ эҳтироми хос дорад ва мекӯшад, ки на танҳо ӯ, балки тамоми муридону алоқамандон хосони даргоҳи ақлу андешаи ӯро яке бар дигар тафзил наниҳанд: «Дам ба дам Ҳазрати волидам васият мекард, ки пеши Шайх Салоҳуддин зикри Шамсиддин макунед ва пеши Чалабӣ Ҳусомуддин зикри Шайх Салоҳуддин макунед, агарчи миёни эшон фарқ нест, аммо нашояд зикр кардан». Ба равшанӣ эҳсос мегардад, ки Мавлоно ба Ҳусомуддин муҳаббати берун аз андоза дорад. Вақте подшоҳону амирон ҳазор‐ҳазор дирҳаму динор медоданд, мегуфт, ки ин ҳамаро ба хонаи Ҳусомуддин бубаред. Боре Тоҷуддин Мӯътаз ҳафт ҳазор дирами султонӣ барои оростани суфраи ёрони Мавлоно фиристод, Султон Валад аз падар хоҳиш карда бошад, ки «дар хонаи мо ҳеҷ нест ва ваҷҳи хароҷот надорем», падар чунин посух додааст: «Баҳоуддин, валлоҳи биллоҳи ва тиллоҳи, ки агар сад ҳазор зоҳиди комили муттақиро ҳолати мухмаса зоҳир шавад, ва бими ҳалокат бувад ва маро якто ноне бошад, онро ҳам ба Ҳазрати Чалабӣ Ҳусомуддин бифристам». Далели Мавлоно ин аст, ки ӯ марди Худост ва ҳама кори ӯ барои Худост.

Аз ин рӯ, суоле пеш меояд, ки қаробату улфат ва пайванди Ҳусомуддин бо Мавлоно чӣ гуна ба миён омад? Ё муҳоҷирзодаи Урмавиасл, ки хона дар ҳавошии шаҳри Қуния дошт аз кадом дару равзан ба мусоҳибату муоширати Мавлоно роҳ ёфт? Маҷмӯи гуфтори моро дар бораи сабаб ва вақти унсу ошноӣ пайдо кардани Ҳисомиддину Мавлоно чанд санади дигар ба самти дигар мекашад. Аз шарҳи ҳоли Мавлоно ва санади қотеи зодгоҳи Ҳусомуддин бармеояд, ки ин ҳарду, агарчи ба таври яқин Ҳусомуддин дар ин ҷо зода шуда бошад ҳам, дар шаҳри Қуния аслан мусофиру муҳоҷиранд. Пас чӣ воқеа сабаби мулозамату мунодамат ва муованати онҳо гардид? Худ Мавлоно аз рӯи эҳтиёҷ ба ин ахизодаи соҳибмулк қаробат ҷуст ё Ҳусомуддин аз рӯи эҳтирому арҷгузорӣ ба мақоми маънавии Худовандгор хоҳиши шогирдиву пайравӣ изҳор кард? Манобеи асри Мавлоно ба забони форсӣ ду тарафи масъала, яъне заминаи иҷтимоӣ ва маънавӣ доштани дӯстиву ҳамкории онҳоро таъйид месозанд.

Дар «Маноқиб‐ул‐орифин» масъалаи ба хилофат нишастани Ҳисомуддин бар ин сурат аст, ки вақте ҳангоми реҳлат аз ӯ се навбат пурсиданд, ки баъди шумо ба «хилофати асҳоб кӣ мансуб бошад ва киро насаб кунанд ва қоиммақом кӣ хоҳад будан? Фармуд, ки: Ҳазрати Чалабӣ Ҳисомуддини мо халифа бошад». Аҳамияти дигари ин фасл дар он аст, ки дар зикри зиндагии Ҳисомуддин Афлокӣ ба нуктаҳои асосии таърихи мавлавиён руҷӯъ менамояд. Муаллифи «Маноқиб‐ул‐орифин» муддати хилофати ӯро баъди даргузашти Салоҳиддин ду – се маротиба «даҳ соли тамом» ҳисобу такрор кардааст. Аз ҷумла, дар оғози фасл менависад, ки «ба инояту ишорати Мавлоно вилояту хилофат ба Ҳазрати Чалабӣ Ҳисомулҳақ в‐ад‐дин мунтақил шуд ва баъд аз ӯ Ҳазрати Мавлоно ишқбозӣ бо ӯ мекард ва ӯро ба дилу ҷон бадали камоли ҳоли шайх медид ва даҳ соли тамом бе инқитоъу инфисо танготанг мусоҳабат мекарданд ва мо яъламуна мо ҷарай байнаҳумо иллалоҳу.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, Ҳусомуддин на танҳо дар назди Мавлоно, балки дар назди Шамси Табрезӣ низ мақоми воло дошт ва Шамс ӯро эҳтиром мекард. Ҳусомуддин байни ҳокимон ва Мавлонову Шамс дар бунёди мусоҳабату хулус миёнҷигарӣ мекард. Бе ризоияти ӯ ва баровардани хостаҳои ӯ, ки маҷмуан хоҳиши машоихи кибор аст, салотин ба мавъизаву суҳбати хоссаи Шамс ё Мавлоно роҳ намеёфтанд. Ахбори шарҳиҳолии Ҳусомуддин моро яқинан ба ин натиҷа мерасонад, ки ӯ дар назди Мавлоно бо чунин сабабҳо иззату макрамат дорад:

1. Ҳусомуддин сархайли фатиён аст. Ин ахизодаро тамоми фатиён арҷ мегузоранд. Эҳтироми ин қабилаи пурнуфузу пурнуфус шӯҳрати Мавлоноро афзунтар месозад.

2.Тамоми хароҷоти моливу моддии рӯзгори Мавлавӣ ва тамоми пайравону муридони хонақоҳи ӯ, ҳисобу китоби он, инчунин таҳияи асбоби зиндагонии онон бар дӯши Ҳусомуддин аст. Ӯ маҳрами даргоҳ ва амини амволу вақфи хонақоҳи Мавлоно буд. То ҳадде парҳезкор буд, ки аз маблағи вақф фулусе ба махориҷи худ сарф намекард.

3. Ҳазрати Худовандгор эҳтирому инояти фаровон ба аҳли хонадони ин муриду фарзандхонди хеш дорад. Вақте дафтари аввалро ба поён расониданд, ҳамсари Ҳусомуддин вафот кард. Мавлоное, ки шабу рӯз дар назми «Маснавӣ» мекӯшид, тақрибан байни солҳои 660‐662 ҳ./1261‐1263 чун Ҳусомуддин дар суг нишаст ва кори эҷоди ин шоҳасарро ба таъхир гузошт. Дафтарҳои дуюм то шашуми «Маснавии маънавӣ» ҳудуди солҳои 1263 – 1273, то лаҳзаи марги Мавлоно рӯйи коғаз омаданд.

4. Мавлоно бе ҳузури ӯ ба суҳбат бо ҳокимону амирон ва муридон намепардозад.

5. Ҳусомуддин охирин тасаллои дили Мавлоно пас аз даргузашти падараш Султонулуламо, устодаш Сайид Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, пири тариқат Шамси Табрезӣ ва халифааш Салоҳиддини Заркӯб аст. Мавлоно дар симои Ҳусомуддин хулосаи сифатҳои шоиставу барҷастаи инсониву ирфонии ин шахсиятҳоро мебинад.

6. Мавлоно Ҳусомуддинро «холиқи «Маснавӣ» меномад. Ҳамзамон «маънавӣ» унвон гирифтани китоби «Маснавӣ» низ марбут ба ишораи сареҳи Мавлоно ба Ҳусомуддин аст:

Пешкаш меорамат, эй Маънавӣ,

Қисми содис аз тамоми «Маснавӣ».

Ё: Ин сухан шир аст дар пистони ҷон,

Бе кашанда хуш намегардад равон.

7. Ҳусомуддин муназзиму мураттиби тариқати мавлавия ва идомабахши кори Мавлоност. Ӯ майдони рушду нумуи ин ҷараёни ирфониро вусъат мебахшад ва кори минбаъдаи Султон Валад ва фарзандону навводагони ӯро дар интишори сулуки мавлавия осонтар, роҳи ояндаи ин тариқатро ҳамвортар месозад. Ин аст, ки Мавлоно аз ҳама пештару бештар ба Ҳусомуддин меҳру муҳаббати беандоза дорад.

Ӯ ин халифаи хешро ба сифатҳои шоиста меситояд ва Ҳусомуддинро ҳанӯз дар муқаддимаи дафтари нахустини «Маснавӣ» муҳаррику хамирмояи эҷоди ин шоҳасари ирфонӣ мешуморад: «Ин кӯшишро ман ба дархости касе кардаам, ки сарвар, такягоҳ ва мӯътамади ман аст ва порае аз пайкари ман аст, ки дар рӯҳи ман ҷой дорад ва захираи имрӯзу фардои ман аст ва ӯ пири пешвои орифон, раҳнамои расидан ба мартабаи яқин, фарёдраси халқ, амини дилҳову ақлҳо, супурдаи Худованд дар миёни халқ ва ҷилвагоҳи васоёест, ки Худо бар пайғамбараш фармуда ва асроре, ки бо бандаи хосси даргоҳаш дар миён ниҳода, калиди ганҷинаҳои Арш ва амини ганҷҳои ин ҷаҳон Абулфазойил Ҳисомул‐ҳақ вад‐дин Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Ҳасан маъруф ба Ибни Ахии турк аст. Боязиди ин рӯзгор ва Ҷунайди ин замона ва марде ростин дар мартабаи Абӯбакр аст ва падару аҷдодаш низ чунин будаанд, Худованд аз ӯ ва аз ҳамаи онҳо хушнуд бод. Дар асл аз мардуми Урумия аст ва аз тариқи ин сухани маъруф, ки «ба ҳангоми хуфтан курд будам ва бомдодон араб бархостам», нисбате ба шайхи бузургвор дорад, ки гӯяндаи ин сухан аст».

Дар «Рисолаи Сипаҳсолор» бештари абёте, ки Мавлоно дар зимни онҳо аз сари ваҷду шӯридагӣ, завқу шавқ ва меҳру ихлос ба Ҳусомуддин дар «Маснавӣ» хитоб менамояд, барои тасдиқи андешаҳои муаллиф забт гардидаанд. Дебочаи тамомати маснавиёт музайян аст ба алқоби шарифи ӯ. Агар толиберо ҳавои он бошад, ки аз сайру сулуки эшон шаммае хабар ёбад, бояд, ки дар мутолияи «Маснавии маънавӣ» аз сари ишқ муболиға намояд, то магар ба баъзе сифоти ӯ шуур ёбад ва аз қабили аҳли басират гардад. Мо низ шаммае аз маснавиёт, ки ишорат ба номи эшон дорад, бар сабили табаррук зикр кунем. Камо яқулу фиссонӣ (байтҳо аз дафтари дуюм):

Муддате ин маснавӣ таъхир шуд,

Муҳлате бояст, то хун шир шуд.

То назояд бахти ту фарзанди нав,

Хун нагардад шири ширин, хуш шунав.

Чун Зиёулҳақ Ҳусомуддин инон,

Бозгардонид завҷи осмон.

Чун ба меъроҷи ҳақоиқ рафта буд,

Бе баҳораш ғунчаҳо нокафта буд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар идомаи ин абёт Мавлоно ба воқеаи барои хонанда пинҳон, ки асли онро мо дар боло ёд кардем, дубора ба сари кори эҷоду имлои «Маснавӣ» баргаштанашро чунин ёдовар мешавад:

Чун зи дарё сӯйи соҳил бозгашт,

Чанги шеъри маснавӣ босоз гашт.

Маснавӣ, ки сайқали арвоҳ буд,

Бозгашташ рӯзи истифтоҳ буд.

Матлаи таърихи ин савдову суд,

Сол андар шашсаду шасту ду буд.

Ин абёт дар «Рисолаи Сипаҳсолор» наомадаанд. Мавлоно аз бозгашти Ҳусомуддин ва нишастани дубора бар сари кори таълифи «Маснавӣ» он қадар шод аст, ки халифаи худро ба сад забон ситоиш мекунад ва ӯро булбули хушбаён ва бози баландпарвоз мехонад:

Булбуле з‐ин ҷо бирафту бозгашт,

Баҳри сайди ин маонӣ боз гашт.

Соиди шаҳ маскани ин боз бод,

То абад бар халқ ин дар боз бод.

Ва дар сулс (дафтари сеюм) мефармояд:

Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддин! Биёр,

Ин севум дафтар, ки суннат шуд се бор.

Баркушо ганҷинаи асрорро,

Дар савум дафтар биҳил аъзорро.

Ва дар маснавии робеъ мефармояд:

Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддин тувӣ,

Ки гузашт аз маҳ ба нурат маснавӣ.

Ҳиммати олии ту. эй муртаҷо,

 Мекашад инро, Худо донад куҷо.

Гардани ин маснавиро бастаӣ,

Мекашӣ он сӯй, ки донистаӣ...

Дар лабу гуфташ Худо шукри ту дид,

Фазл карду лутф фармуду мазид.

З‐он ки шокирро зиёдат ваъда аст,

Он чунон ки қурб музди саҷда аст…

З‐он Зиё гуфтам Ҳусомуддин туро,

Ки ту хуршедию ин ду васфҳо.

Шамсро қуръон зиё хонд эй падар,

В‐он қамарро нур хонд инро нигар.

Шамс чун олитар омад аз худ зи моҳ,

Пас зиё аз нур афзун дон ба ҷоҳ

Дар ин ҷо баъзе аз абёте, ки ҳақиқати хидмати Ҳусомуддинро дар исрори сурудани «Маснавӣ» собит мекунанд, афтодаанд. Монанди:

Маснавиро чун ту мабдаъ будаӣ,

Гар фузун гардад, туяш афзудаӣ.

Чун чунин хоҳӣ, Худо хоҳад унин,

Медиҳад Ҳақ орзуи муттақин…

Маснавӣ аз ту ҳазорон шукр дошт,

Дар дуову шукр кафҳо барфарошт.

Дар дафтари чорум Мавлоно ба Ҳусомуддин ҳамчун ҳамнафасу ҳамақида борҳо рӯй меоварад. Вай мегӯяд, ки ман мехоҳам қиссаро кӯтаҳ кунам, аммо ӯ суханро дарозтару расотар дидан мехоҳад:

Ҳамчунин ки ман дар ин зебофусун,

Бо Зиёулҳақ Ҳусомуддин кунун.

Чунки кӯтаҳ мекунам ман аз рашад,

Ӯ ба сад навъам ба гуфтан мекашад.

Эй Ҳусомуддин! Зиёи Зулҷалол,

Чунки мебинӣ, чӣ меҷӯӣ мақол?.

Ва боз дар маснавии робеъ мефармояд, қаддассаллоҳу руҳаҳу:

Ҳамчунон мақсуди ман з‐ин маснавӣ,

Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддин тувӣ.

Маснавӣ андар фуруъу дар усул,

 Ҷумла они туст, кардастӣ қабул.

Дар қабул оранд шаҳон неку бад,

Чун қабул оранд, набвад беш рад.

Чун ниҳоле коштӣ, обаш бидеҳ,

Чун гушодаш додаӣ, бугшо гиреҳ.

Қасдам аз алфози ӯ рози ту аст,

Қасдам аз иншояш овози ту аст.

Пеши ман овозат овози Худост,

Ошиқ аз маъшуқ ҳошо, ки ҷудост.

Дар охирин қиссаи дафтари чорум Мавлоно, он ҷо ки ҳадиси ҷилвагар шудани Ҷабраил дар назари Ҳазрати Мустафо (с) меравад, соҳиби «Маснавӣ» аз мақоми улвии Расули Акрам низ ёд мекунад. Дар ин қисса ҳам мақоми фариштаи муқарраб Ҷабраили Амин ва ҷойгоҳи Ҳазрати рисолатпаноҳро арҷ мегузорад, вале чун фурсати «гурез» аз ин қиёс фаро мерасад, ба Ҳусомуддин рӯй меорад, ки «вақти аср омад, сухан кӯтоҳ кун».

Дар маснавии панҷум мефармояд:

 Шаҳ Ҳусомуддин, ки нури анҷум аст,

Толиби оғози сифри панҷум аст.

Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддини род,

Устодони сафоро устод.

Гар набудӣ халқ маҳҷубу касиф,

В‐ар набудӣ ҳалқҳо тангу заъиф.

Дар мадеҳат доди маъни додаме,

Fайри ин мантиқ лабе бикшодаме...

Мадҳи ту ҳайф аст бо зиндониён,

Гӯям андар маҷмаи рӯҳониён.

Ва дар маснавии содис мефармояд:

Эй ҳаёти дил, Ҳусомуддин басе,

Майл меҷӯшад ба қисми содисе.

Гашт аз ҷазби ту чун алломае,

Дар ҷаҳон гардон «Ҳисоминомае».

Пешкаш меорамад, эй маънавӣ,

Қисми содис дар тамоми маснавӣ...

Дидаи ғайбат чу ғайб аст ӯ ситод,

Кам мабодо з‐ин ҷаҳон ин диду дод.

Ҳусомуддин дар канори Шамси Табрезиву Салоҳиддини Заркӯб аз чеҳраҳоест, ки Мавлоно ӯро дар «Девони Кабир» ба алфозу хитобаҳои ширин ва унвонҳои баланд ёд мекунад ва мухотаби хеш месозад. Масалан, дар ғазале ӯро фахри тамоми авлиё мешуморад:

Эй Шаҳ Ҳусомуддини мо, ай фахри ҷумла авлиё,

Эй аз ту ҷонҳо ошно, мастон саломат мекунанд.

Мавлоно ба имлокунандаи «Маснавӣ»‐ю ғазалиёт ва мактуботаш бо муҳаббати хос рӯй меоварад. Ҳусомуддин дар ҳама маврид маҳрами роз ва беҳтарин анбоз аст. Вай мегӯяд, ки танҳо ту метавонӣ, муҳаббатномаи манро нисбати Шамс рӯи коғаз биёварӣ, зеро зикри номи ӯ маро ба шӯру қиёму ваҷд меоварад ва мисли Мансур ақлам аз вуҷуд берун меравад:

Ҳар кӣ номи Шамси Табрезӣ шуниду саҷда кард,

Руҳи мақбули Ҳазрат шуд, аналҳақ мезанад.

Эй Ҳусомуддин, ту бинвис мадҳи он султони ишқ,

Гарчи мункар дар ҳавои ишқи ӯ дақ мезанад.

Аз мазмуни умумии баъзе ғазалҳо фаҳмидан мумкин аст, ки саропо ба Ҳусомуддин бахшида шудааст. Масалан, дар ғазале, ки бо ин матлаъ шуруъ мешавад:

Эй бо ману пинҳон чу дил, аз дил саломат мекунам,

Ту каъбаӣ, ҳар ҷо равам, қасди мақомат мекунам…

Эй Шаҳ Ҳусомуддин Ҳасан, мегӯӣ бо ҷонон, ки ман,

Ҷонро ғилофи маърифат баҳри ҳусомат мекунам.

Бояд таъкид кард, ки дар китоби «Мактуботи Мавлоно Ҷалолуддин» ба номаҳои зиёде метавон дучор омад, ки Мавлоно ба фарзандону дӯстону муридон ва ҳокимони замона аз мақоми баланди Ҳусомуддин сухан мегӯяд ва эшонро ба эҳтиром кардани ӯ даъват менамояд. Мавлоно худ низ дар мактуботаш аз Ҳусомуддин ба иззату икроми хос ёд мекунад. Аз гуфтори ӯ дар номаҳояш бармеояд, ки Ҳусомуддин на танҳо дар имлову китобати «Маснавӣ», балки дар навиштани суханҳои дигари пири худ пайваста кӯшиш менамудааст. Фаридуни Сипаҳсолор дар қисми сеюми китоби хеш зикри панҷумро «Дар хилофати Ҳазрати Чалабӣ» ном ниҳодааст.

Дар шурӯи ин фасл меоварад: «Ҳазрати Чалабии каррубиён, хулосаи руҳониён, бонии асоси муҳаббат, мутаммими аркони муваддат, мулқини асрори маърифату ҳақиқат, мукаммили излоъи шариату тариқат, ифтихори авлиё, ихтиёри атқиё, мазҳари анвори Илоҳӣ, маҳдии атвори номутаноҳӣ, Сиддиқи вақт, Абӯязиди замон, Чалабии Ҳусоммулҳақ ва‐д‐дин, қаддас‐ал‐Лоҳа рӯҳаҳу, ки аз узамои аҳли тавҳид ва урафои соҳибтариқат буд, муқтадои ҳама асҳоб ва пешвои тамомати ақтоб. Зоҳиру ботинаш дар муҷоҳада будӣ ва дар вараъу тақво муболиғат фармудӣ. Адабе дошт бағоят ва сидқе дошт бениҳоят. Риёзати бисёр кардӣ ва пайваста дар муҷоҳида будӣ, ба табъ карим ва ба сират ҳалим, бар дилҳо мушриф ва бар асрор воқиф. Калимоте ҷомеъ мефармуд ва ба илми ҳол мушкилоти асҳоби қолро ҳал мекард.

Баъд аз Шайх Салоҳиддин дар ҳоли ҳаёти Ҳазрати Худовандгор нӯҳ соли тамом ва баъд аз он низ шайху қоиммақом ва халифаю имоми тамомати асҳоби ҳазраташ буд. Ва тамомати асҳоб мулозими эшон мебуданд. Ва ба мулозимати ӯ тақарруб ба Ҳазрати Худовандгор меҷустанд». Дар идомаи ин гуфтор Сипаҳсолор аз насаби Ҳусомуддин ва ҷадди бузурги ӯ Абӯбакр Ҳусайн ибни Алӣ ибни Яздонёр ё Абулвафо Тоҷулорифин, ки албатта, ба ин матлаб низ мо дар боло ишора кардем, сухан дар миён меоварад: «Насаби мубораки ӯ муттасил аст ба Шайх Ориф, камо қола: «Амсайту курдиян ва асбаҳту арабиян», қадасаллоҳу сирруҳум азиз, калимоти ҳазрати ӯро кӣ тавонад қиёс кардан ва ба кадом тарозу тавонад санҷидан.

Мисраъ: Гар тарозуяш кунӣ, медон ки мизон бишканад».

«Рисолаи Сипаҳсолор» шомили ҳикоётест, ки муаллиф бе муболиға ва такаллуф перомуни муҳаббату иродати Мавлоно ба Ҳусомуддин санад меоварад. Як маълумоти ҷолиб ин аст: «Вақте ки салотину маро ҷиҳати асбоби мо симу зар фиристодандӣ, Худовандгори мо дар хонаи Шайх Салоҳиддини Заркӯб фиристодӣ ва дар охир ба хонаи Чалабӣ Ҳусомуддин, қаддасаллоҳу сирраҳумо, фиристодӣ ва қатъан ҷиҳати аҳли байт чизе нагзоштӣ, магар сахт зарурат будӣ ва Ҳазрати Султон Валад, разияллоҳу анҳу, илтимос кардӣ, баъд аз он андак чизе бад‐эшон додӣ». «Маноқиб‐ул‐орифин»‐и Шамсуддин Муҳаммади Афлокии Орифӣ бо «ишорату башорат»‐и набераи Мавлоно, писари Султон Валад «Бурҳонулмукошифин, комил‐ул‐ҳол, зубдат‐ул‐куммал – урриҷол, қудват‐ул‐автод, в‐ал‐абдол Чалабӣ Ҷалол‐ул‐ҳақ в‐ад‐дин алОриф», ки «ҳовии каромоти обои изом ва изоми аҷдоди киром ва хулафои ҳумоми эшон аст», навишта шудааст. «Маноқиб‐ул‐орифин» низ баъди гузаштани фурсати зиёд, баъди наздик 70 соли бандагиро ба ҷо оварадани Ҳазрати Мавлоно навишта шудааст.

Афлокӣ фасли 6‐уми китобро ба зикри рӯзгору сулуки Ҳусомуддин мебахшад. Дар китоб илова бар ин фасл дар қисматҳои дигари ин китоб низ вобаста ба мавзӯи гуфтор ишораҳои гуногун ба Ҳусомуддин вуҷуд дорад. Афлокӣ аз лаҳзаи вуруди Ҳусомуддин ба ҳалқаи мутасаввифа то расидан ба мақомоти баланди маънавии ӯ ҳикоёти фаровон меоварад. Соҳиби «Маноқиб‐ул‐орифин» монанди Сипаҳсолор Ҳусомуддинро ҳамчун шахсияти калидӣ дар қаламрави интишори ойини мавлавӣ муаррифӣ менамояд. Мо ҳар ҷо мебинем, ки ӯ дар ин китоб ҳам ҳамдаму ҳамнишини Мавлоност. Мавлонову Султон Валад боғи ӯро маҳалли гирд омадани сӯфиён қарор дода, дар он ҷо ҳатто то як ҳафта самоъ барпо медоранд. Мавлоно дар боғи сарсабзу обшори Ҳусомуддин аз гирудори шаҳр ва радду бадалҳо худро барканор мегирифт ва гоҳо пойҳои муборакашро «дар ҷӯй карда, маориф мефармуд».

Дар ҳикояти дигар мехонем: «Рӯзе дар боғи Ҳазрати халифат‐ул‐ҳақ Чалабӣ Ҳусомуддин, разияллоҳу анҳу, самои азим буд, то ҳафт шабонарӯзӣ кашид». Маҷмӯан, аксари матолиби китоби Афлокӣ Ҳусомуддинро ровии қиссаву ҳикоёт дар бораи Мавлоно ҷилвагар месозанд. Мундариҷаи китоб бозгӯи он аст, ки Ҳусомуддин барои Мавлоно болотар аз фарзанду пайванд аст. Вайро иксири нигоҳ, шурӯ ҷазабот ва ҷавҳари дарсу таълимоти Худовандгор ба сӯфии воқеии соҳибкаромот табдил додааст. Ин даъворо мазмуни ҳикоёт равшан месозад.

Ин далели фаровон шаҳодат аз он медиҳанд, ки Ҳусомуддини Чалабӣ дар тартибу танзими осори Мавлоно ва таҳкиму рушди тариқати вай ҷойгоҳи баланд дошта, дар ин замина, на танҳо аз забони ӯ, балки дар кулли осори манзуму мансури пайравони Мавлавӣ мавриди тавсифу ситоиш қарор гирифтааст. Вуҷуди мубораки Ҳусомуддин боис гардидааст, ки бузургтарин шоҳкориҳои адабии ирфонӣ, амсоли «Девони Кабир» ва «Маснавии маънавӣ» рӯи кор оянд ва баробар бо интишори тариқати мавлавия дар қаламрави ислом забону адабиёти тоҷик низ умри ҷовидон биёбад. Аз маълумоти манобеи зикршуда, ки мо танҳо шаммаеро аз онҳо оварда, тафсилоти андешаҳоро бо инояти Худованд махсуси бобу фаслҳои китоби ҷудогона баршумурдем, бармеояд, ки Ҳусомуддин намунаи барҷастаи сӯфии ростин, валии покдин ва инсони комилу ҳақбин будааст.

Баҳром МИРСАИДОВ,

номзади илмҳои филологӣ

Читать далее

Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ, нуқтаи ёрии таъҷилӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ

28 сентябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара маркази хизматрасонӣ, нуқтаи ёрии таъҷилӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст дар маркази ҷамоат маркази хизматрасонии соҳибкор Нуриддин Азизовро ба истифода дод. Дар ин марказ, ки дорои ошхона, чойхона барои калонсолон ва дорухона буда, бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ сохта шудааст, то 40 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гашта, ба аҳолӣ ва меҳмонони ҷамоат хизмат мерасонад.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола санаи 30-юми сентябр дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил мегардад, ки ин тадбир барои арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангию маънавӣ, мероси ҷовидонаи бузургону нобиғагони миллат, баланд бардоштани рӯҳияи худшиносию худогоҳии ҳамватанон ва тақвият бахшидани эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастӣ дар байни насли ояндасоз мусоидат менамояд.

Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ на танҳо дар кишвари мо, балки дар аксари кишварҳои дунё, ки мероси ҷовидонаи ин абармарди сатҳи ҷаҳонӣ интишор ёфтааст, ҷашн гирифта шуда, ҳамчун рӯзи ҳамандешӣ, ҳамдиливу ҳамгироии инсонҳо, ваҳдату иттиҳод, дӯстӣ ва тантанаи хираду заковати инсонӣ пазируфта шудааст.

Читать далее

Дар Ҷамоати деҳоти Ворух ду майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

28 сентябри соли 2021 дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ду майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд.

Дар маросими баистифодадиҳии иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, бо сокинони ҷамоат мулоқот намуд.

Роҳбари вилоят зимни суҳбат ба сокинони ҷамоат доир ба ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар вилоят маълумот дода, иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят беш аз 7500 иншоот, аз ҷумла дар шаҳри Исфара 500 иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки бешак барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар ин раванд саҳми соҳибкорони бонангу номус низ шоистаи таҳсин буда, маҳз бо талошу заҳматҳои онҳо иншооти гуногун бо шумули майдончаҳои варзишӣ сохта шуд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро ба ҳузур пазируфтанд

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, робитаҳои зич ва муҳими мақомоти прокуратураи кишварҳоро дар ҳамкории шарикии стратегии Тоҷикистону Русия махсус таъкид намуданд.

Читать далее