02 October 2021

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

Устодону омӯзгорони муҳтарам!

Дар кишвари мо ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр иди касбии муаллимон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки дар ин рӯзҳо халқи шарафманд ва соҳибхиради мо бо рӯҳияи болидаву дили саршори меҳру муҳаббат ва ифтихор аз Ватану миллат ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда, меҳру садоқати бепоёни худро бори дигар ба Ватан ифода карданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон вобаста ба қадру манзалати омӯзгор чунин баён дошта буданд: «Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад».

Читать далее