04 October 2021

Маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ

4 октябри соли 2021 бо ташкили ҷамъомади тантанавӣ аввалин гуруҳи даъватшавандагон аз вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд.

Дар ҷамъомад Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳо, комиссарони ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, волидону пайвандони даъватшавандагон, ҷавонони фаъол, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳо иштирок доштанд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сокинони шарафманди вилоятро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ сидқан табрик гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, дар ҷодаи - эҳтирому арҷгузорӣ ва хизмат дар роҳи рушду шукуфоии забони миллӣ барору комёбиҳо орзу менамоям.

Забони давлатӣ яке аз рукнҳои давлатдорӣ, омили асосии муттаҳидкунанда, воситаи муҳимтарини бақои миллат, таҳриху фарҳанги оламшумули мо ба ҳисоб рафта, маҳз бо ҳамин забон осори гаронбаҳои гузаштагони пурифтихорамон таълиф ва ба оламиён муаррифӣ гардидааст.

Читать далее

Раиси вилояти Суғд ба аёдати як қатор омӯзгорони собиқадор рафт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи гузашта ба муносибати Рӯзи омӯзгорон чанде аз собиқадорони соҳаи маорифро аёдат кард.

Роҳбари вилоят аз ҷумла аз ҳоли сокини ноҳияи Спитамен, омӯзгори фанни кимё Одилҷон Икромови 77 сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, омӯзгори фанни математика Юсуфҷон Тӯйчиеви 71 сола, сокини шаҳри Бӯстон, омӯзгори фанни математика Татяна Старкова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мӯътабар Муҳиддиноваи 65 сола хабар гирифт.

Читать далее

Хуҷанд. Раиси вилоят собиқадорони соҳаи маорифро бо иди касбиашон табрик кард

Тавре маълум аст, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр иди касбии муаллимон таҷлил карда мешавад.

Дар робита бо ин рӯзи гузашта Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд чанде аз собиқадорони соҳаи маорифро аёдат кард.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла Раҳимҷон Каримови 85 сола, собиқ омӯзгори фанни математика, Фотима Самадоваи 88 сола, собиқ омӯзгори фанни математика ва Абдураҳмон Қаҳҳоров, собиқ директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро аёдат намуда, онҳоро бо иди касбиашон табрик гуфт.

Читать далее

Меваҳои шаҳдбор, содироти хурмои навъи «Шоҳона»

Рушди боғдорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати иҷрои барномаи давлатии бунёди боғоти мевадиҳанда Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пайваста масъулини соҳаи кишоварзиро муваззаф менамоянд, ки дар ин раванд саривақт тадбирҳои амалӣ андешанд.

Боғдории боғбонҳои чирадасти вилоят ва меваҳои шаҳдбори боғот эътироф гардидаву имрӯз дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳаи боғдорӣ рушд ёфта, алҳол ҳашарчиён меваҳои пухтарасидаи боғоти хоҷагиҳоро ҷамъоварӣ менамоянд. Сарвари Хоҷагии деҳқонии «Шаҳноза» и Ҷамоати деҳоти Деҳмой Аъзам Саидов иттилоъ дод, ки масоҳати боғоти хоҷагиаш дар маҷмуъ 4 гектарро ташкил медиҳад ва дар он асосан дарахтони мевадори шафтолуву анор, олучаву гелос ва хурмо шинонида шудаанд.

Имрӯзҳо ёрдамчиёну саҳмдорон дар майдонҳои ин хоҷагӣ меваҳои шаҳдбори хурмои чилгии навъи «Шоҳона»‐ро (Королевский) чида истодаанд. Имсол новобаста аз паст омадани ҳаво, ҳосили хуб рӯёнидем, ки барои мо хоҷагидорон ва ҳам ҳашарчиён аз ҳар ҷиҳат муфид мебошад. Меваҳои шаҳдбори хурмои хоҷагӣ асосан барои содирот ба Федератсияи Россия харидорӣ шуда истодааст, ки як килограмми онро ба маблағи 5 сомонӣ пешниҳод намудем, мегӯяд ӯ. Бо мақсади афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта, аз ҷумла бунёди боғҳои интенсивӣ дар ноҳия корҳои созанда идома доранд.

Дар ин раванд баҳри бунёд ва рушди соҳаи боғдории ноҳия соли 2018 дар майдони беш аз 1,6 гектар замин бунёди боғи суперинтисивии Хоҷагии деҳқонии "Холмаҳмад" дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ташкил шуд. Имсол, дар соли сеюми нашъунамои боғ, ниҳолҳои себ ба ҳосил даромада, аз ҳар ниҳол то 3 4 килограммӣ себҳои навъи "Голден делюшес" ва "Золотой грен" ҷамъоварӣ намуда истодаем, мегӯяд Мукаррама Миркамолова. Тибқи маълумоти шаҳру навоҳии вилоят соли равон беш аз 85 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд гардида, аз он 15 гектар зардолу, 4,5 гектар шафтолу, 29 гектар олу, 13,5 гектар гелос, 11 гектар себ, 0,9 гектар нок, 4 гектар биҳӣ ва 7 гектар бодом мебошанд. Бешубҳа, бунёди боғу токзори нав, дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ, рушди содирот ва таъмини саноати хӯрокворӣ бо ашёи хом ва пеш аз ҳама беҳдошти рӯзгор нақши муҳим мебозад.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҳосили дилхоҳ ба даст орем

Сабзӣ яке аз сабзавоти маъмултарин ба шумор рафта, ҳамарӯза дар рӯзгори мардум истифода мешавад. Аз ин рӯ, мардуми кишварро зарур аст, ки истеҳсоли чунин маводи озуқаворӣ ва эҳтиёҷоти ниёзи аввалро ба роҳ монанд, зеро дар ҳар хонадони тоҷик аз чунин намуди зироат истифода мебаранд. Моҳи майи соли ҷорӣ нархи маҳсулоти ниёзи аввал аз ҷумла, сабзӣ хеле боло рафт, ки ин боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардид. Аз ин рӯ, имсол кишоварзони вилоят тасмим гирифтанд, ки кишти сабзиро аз ҳарсола дида, зиёдтар ба роҳ монанд. Кишти баҳории сабзӣ дар вилояти Суғд 1401 гектарро ташкил намуда, кишти такрорӣ бошад, ба 1026 гектар расонида шуд.

Мудири шуъбаи истеҳсолии Раёсати кишоварзии вилоят Абдуҳаким Қаландаров изҳор намуд, ки соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров ва Деваштич кишти зиёди сабзиро ба роҳ монданд. Ҳамзамон, дар дигар ноҳияҳо низ ба истеҳсоли чунин намуди сабзавот мароқ зоҳир гардид. То якуми сентябри соли ҷорӣ дар вилоят 23 ҳазору 205 тонна сабзӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли гузашта 2180 тонна зиёд аст.

Яке аз мавзеъҳои калонтарине, ки ба кишти сабзӣ машғул буда, минтақаҳои дигари кишварро ба чунин намуди маҳсулот таъмин менамояд, шаҳри Панҷакент ба шумор меравад. Зироаткорони ин шаҳри бостонӣ тавонистанд соли равон ба ҷойи 210 гектари нақша дар 275 гектар сабзии баҳорӣ кишт намоянд. Онҳо баъди ҷамъоварии ҳосили аввал дар 56 гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки боиси дар бозорҳои шаҳру навоҳӣ фаровон гардидани сабзӣ гардид. Бино ба гуфти сардори Раёсати кишоварзии шаҳр Ғолибҷон Гадоев дар шаҳри Панҷакент аз ҳар як гектар 30 35 тонна ҳосил ба даст оварданд. Бояд изҳор намуд, ки дар шаҳри Панҷакент кишти сабзии зард ба роҳ монда шудааст, ки он ба иқлими ин мавзеъ хеле мувофиқ аст.

Кишоварзони шаҳри Панҷакент ҳамзамон, тасмим гирифтанд, ки дар кишти такрорӣ ҳосилнокиро ба 25 тонна расонанд. Дар шаҳри Панҷакент кишоварзон тавонистанд нисбат ба соли сипаригардида майдони сабзиро 65 гектар зиёд намоянд. Бояд изҳор намуд, ки хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, Ҷамоати Косатарош, Суҷина, Саразм, асосан ба сабзикорӣ машғул буда, соли сипаригардида, ба 210 гектар 12,5 ҳазор тонна сабзӣ кошта, ҳосили фаровон ба даст оварданд. Имсол бошад,‐мегӯяд сардори Раёсати кишоварзии шаҳр, ният дорем, аз 275 гектар наздик ба 15 ҳазор тонна сабзӣ ба даст оварем. Кишоварзони шаҳри Паҷакент маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро дар бозорҳои шаҳр бо арзиши 2,5‐3 сомонӣ ба фурӯш мебароранд. Онҳо ҳамчунин бозорҳои шаҳрҳои Душанбеву Хуҷандро бо сабзии тару тоза таъмин менамоянд. Кишоварзони шаҳри Истравшан низ мувофиқи нақша дар 520 гектар сабзӣ кишт карданд.

Дар хоҷагиҳои деҳқонию ҷамъиятӣ низ илова бар ин ба 168 гектар ин намуди маҳсулот кишт карда шуд. Онҳо то имрӯз дар 292 гектар 88 ҳазору 184 тонна сабзӣ истеҳсол намуданд. Бино ба гуфти мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзии шаҳри Истаравшан Исломҷон Эгамбердиев дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 166 гектар, аҳолӣ 86 гектар ва хоҷагиҳои деҳқонию ҷамъиятӣ дар масоҳати 80 гектар кишти такрории сабзӣ гузаронидаанд. Соли сипаригардида кишоварзони шаҳр дар масоҳати 516 гектар кишти сабзиро гузарониданд. Вақте, ки аз сармутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳия пурсон шудем, ки истеҳсоли сабзӣ хеле зиёд, аммо сабаби дар моҳҳои май гарон гардидани нархи сабзиро дар чӣ мебинед? Мавсуф изҳор кард, ки истеҳсоли сабзӣ соли сипаригардида низ хеле зиёд буд. Аммо аз сабаби сард омадани ҳаво маҳсулот дар сардхонаҳо ях карда, корношоям гардид.

Аз ин рӯ, нархи сабзӣ аз 8 то ба 11 сомонӣ дакка хӯрд. Айни замон дар бозорҳои шаҳри Истаравшан нархи сабзӣ аз 2 то 2,5 сомонӣ арзиш дорад. Бояд изҳор намуд, ки ду намуди сабзӣ: сурх ва зардро кошта, ҳосили онро ба бозорҳои маҳаллӣ ва ҳамчунин шаҳрҳои ХуҷандуДушанбе ба фурӯш мебароранд. Кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят тасмим гирифтанд, имсол истеҳсоли сабзиро ба роҳ монда, барои бо чунин намуди маҳсулот таъмин намудани рӯзгори ҳар як сокини кишвар саҳми намоён гузоранд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Соҳаи муҳим ва пешбарандаи ҷомеа

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ қайд намудаанд: «Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад».

Саноат яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб рафта, инкишофи имрӯзаи ҷамъият бе пешравии ин соҳа ғайриимкон аст. Дар ин самт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ворид намудани технологияҳои нави замонавӣ вобаста ба талаботи замон ва рушди минбаъдаи он аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд.

Татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии соҳаҳои истеҳсолӣ дар ноҳия самараи хуб дода, фазои мусоид барои таъмини рушди соҳаи мазкур фароҳам гардидааст. Фаррух Розиқов, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод зимни суҳбат қайд намуд, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар имрӯз дар ноҳия 24 корхонаи саноатӣ аз ҷумла, як фабрикаи нассоҷӣ, панҷ корхонаи истеҳсоли равған, як корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, як корхонаи коркарди шир, ду корхонаи истеҳсоли гӯшти паранда ва як корхонаи истеҳсоли панир фаъолият менамоянд. Соҳаи саноати ноҳия асосан аз коркарди пахта ва маҳсулоти он вобаста ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин корхонаҳо ба талаботи бозор ҷавобгӯ буда, харидори худро дорост. Аз сабаби кишоварзӣ будани ноҳия ва бештар ба кишту парвариши пахта машғул будани кишоварзон, дар ҳудуди ноҳия 13 корхонаи коркарди пахта фаъолият менамоянд. Дар ин давра аз тарафи ин корхонаҳо истеҳсоли нахи пахта ба 1606,4 тонна ва пунбадона ба 2023,8 тонна расонида шуд.

Инчунин, дар корхонаҳои равғанбарории ноҳия 63,5 тонна равған истеҳсол гардид, мегӯяд номбурда. Лозим ба ёдоварист, ки давоми ҳафт моҳи соли равон аз тарафи корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 60 миллиону 80,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020‐ум 13,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин, илова намуд, ки дар ин давра 365,4 тонна гӯшти паранда, 14,1 тонна қаймоқ ва 830 килограмм панири равғанӣ истеҳсол гардида, барои фурӯш ба бозорҳои маҳаллӣ бароварда шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки санаи 13 – уми сентябри соли 2020 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корхонаи ҶДММ “Шири Зафаробод” ба фаъолият оғоз намуд, ки солона то 3000 тонна ширро коркард мекунад. Оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани фурӯши маҳсулот, зиёд кардани номгӯи молҳои содиротӣ, аз ҷумла, ноил шудан ба истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот дар ноҳия шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ин радиф бобати ташкили корхонаҳои саноатии истеҳсоли орду макарон, хушк намудани пиёз, истеҳсоли қуму шағал, асфалт ва масолеҳи сохтмонӣ дар якҷоягӣ бо соҳибкорон чораҳои зарурӣ ва баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи масъулини ноҳияи Зафаробод тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд, қайд намуд мавсуф. Аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ моро водор менамояд, ки дар самти ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ чораҳои муассир андешем.

Истамҷони Наҷмиддин,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ МЕҲНАТӢ

Ҷамъомади тантанавии ҷамъбасти 20 - рӯзаи аввали мусобиқаи меҳнатӣ оид ба пахтачинӣ байни шаҳру ноҳияҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор дар «Майдони ситораҳо» - и маркази вилоят доир гардид, ки онро муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ ифтитоҳ намуд.

Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисону шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва пешқадамони соҳаи кишоварзии вилоят иштирок карданд. Тибқи қарори Раиси вилоят аз 20‐уми августи соли 2021 «Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахтаи соли 2021» аз тарафи Сарраёсати кишоварзӣ ва кумитаи Иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоят мусобиқаи аввали пахтасупорӣ мувофиқи шаҳру ноҳияҳои пахтакор ҷамъбаст карда шудааст, ки оид ба натиҷаҳои мусобиқа сардори Раёсати кишоварзии вилоят Олимбек Юлдошзода гузориш дод. Дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода туҳфаҳои хотиравӣ ба онҳое, ки дар давраи 20 рӯзаи мусобиқаи меҳнатӣ шарафёб гардиданд, супорида шуданд.

Читать далее