05 October 2021

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Узбекистони дӯст Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона ва бародарвор муборакбод гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиашон муваффақиятҳо ба нафъи мардумони Тоҷикистон орзу намуданд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия муҳтарам Валентина Матвиенко доир гардид.

Роҳбари Палатаи болии парламенти Русия бо изҳори таманниёти самимии саломатии бардавом ва муваффақиятҳои минбаъда дар мансаби олии давлатӣ Пешвои миллатро бо зодрӯзашон табрик намуд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз сӯҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев доир гардид.

Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик карда, ба ӯ сиҳатмандии комил, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳо орзу намуданд. Дар ин зимн сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ки ба пешрафти босуботи кишвари мо дар роҳи рушди устувор ва шукуфоӣ нигаронда шудааст, аз ҷониби муҳтарам Илҳом Алиев ба таври хосса таъкид гардид.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи таваллудашон гарм табрик гуфта, ба ӯ дар ин росто таманниёти беҳтарини худро орзу намуданд ва тағйиротҳои бузургеро, таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат дар кишвари мо ба вуқӯъ пайвастаанд, қайд карданд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Президенти Қазоқистони дӯст муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар иртибот ба ҷашни зодрӯзашон самимона табрик намуда, ба ӯ беҳтарин таманниёташонро иброз доштанд.

Читать далее

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Ба муносибати зодрӯзатон гармтарин табрикоти маро бипазиред.

Читать далее

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.10.2021

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо онро ҳар сол ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва гиромидошти забони ширину шевои тоҷикӣ таҷлил менамоем, самимона табрик мегӯям.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд.

Читать далее

«Тоҷикон» дар ҳар хонадон

Иқдоми наҷиб ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар бораи чопи навбатии китоби «Тоҷикон» ва тақдими он ба ҳар оилаи кишвар аз инсондӯстию меҳанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор мебошад. Аллакай чанд муддат аст, ки ин китоби пурмуҳтаво дастраси сокинони мамлакат гардида, китоби рӯимизии ҳар хонадон гардидааст.

Директори китобхонаи марказии шаҳри Исфара Сабурхон Амонуллоев таассуроташро чунин иброз медорад: «Тоҷикон» шоҳасарест, ки моро бо таърихи гузаштаи хеш ошно месозад. Вақте ин китобро бори нахуст ба даст гирифтам, эҳсоси ватандориву ватанпарастӣ ва худогоҳиам боз ҳам афзуд. Бо муҳаббат, бо ихлосу самимият «Тоҷикон» ро варақгардон намудам. Бояд гуфт, ки барои мо, исфарагиён чилу ҳафт ҳазору ҳаштсад китоби «Тоҷикон» аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дастрас гардид. Давоми се рӯз аст, ки дар дувоздаҳ ҷамоати деҳоти шаҳри Исфара тақсимоти китоб ҷараён дорад. Дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шуъбаи корҳои дохилӣ, намояндагони кумитаи амнияту ҷамоатҳои деҳот сардорони хоҷагӣ ба китобхонаи марказӣ омада, китоби пурарзишро туҳфа мегиранд.

Умед дорем, ки ин асари гаронбаҳоро ҳар узви оилаи исфарамарз мехонад ва бо гузаштаи хеш ифтихор хоҳад кард. Ба китобдӯстони шаҳри Панҷакент 45 ҳазор китоби «Тоҷикон» ҳамчун туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим шудааст. Аз миқдори умумии китоби пурарзиш 9122 ададаш ба аҳолии шаҳри Панҷакент ва 47974 адади дигар ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти Лоиқ Шералӣ, Вору, Рӯдакӣ, Суҷина, Саразм, Ёрӣ, Амондара, Косатарош, Халифаҳасан, Фароб, Шинг, Моғиён, Хурмӣ ва Чинор дастрас гардида, мардум бо хурсандӣ ва ифтихори ватандӯстӣ ба китобхонӣ машғуланд. Боиси хушнудӣ ва дастгирӣ аст, ки баъди дастраси умум гардидани ин мероси гаронбаҳо бо иқдоми раиси шаҳри Панҷакент баргузории озмуни «Донандаи китоби «Тоҷикон» и Бобоҷон Ғафуров» эълон гардида ғолибонро мукофотпулӣ интизор аст. Озмун дар арафаи гузошта шудани муҷассамаи китоб дар шаҳри Панҷакент ҷамъбаст мегардад, ки амалест дар партави иқдоми неки роҳбарияти давлату Ҳукумат. Муовини директори корхонаи фаръии давлатии хоҷагии манзили коммуналии шаҳр Мунир Ҳикматзода иброз медорад, ки баъди дастрас намудани китоб ду духтараш, ки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, бо шавқ ба мутолиа шурӯъ намуда, мехоҳанд ҳар ду ҷилди «Тоҷикон» ро хонда ба итмом расонанд ва дар озмуни шаҳрӣ дастболо гарданд. Директори китобхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба номи Қувват Давлат Давлат Қурбонов иброз дошт, ки туҳфаи нодирро чун гавҳараки чашм нигоҳ медораду барои ҳифзи он кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Аз 17 ҳазору 440 китоби воридшуда сокинони 7 ҷамоат: Ҷамоатҳои шаҳраки Бӯстон, Обшорон, Суғдиён, Ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва Навбаҳор бархурдоранд. Баъди муҳру рақамгузорӣ бо ёрии кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, китобдорон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми се рӯз сокинон бо китоби «Тоҷикон» и Бобоҷон Ғафуров таъмин шуданд. Бахусус, хонандагони муассисаҳои таълимӣ шавқу завқи беандозаи ҳарчи зудтар мутолиаи ин китоби арзишмандро доштанд, зеро ҳамагон бесаброна интизори ин туҳфаи Пешвои миллат буданд. Китоби «Тоҷикон», ки муаррифгари таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик аст, аз ҷиҳати полиграфӣ бо дараҷаи хеле баланд ба табъ расидааст. Дар муқоиса бо чопи соли 1985 гуфта метавонам, ки нашри имрӯзаро метавонам бе истифодаи айнак мутолиа намоям.

Мутолиаи саҳифаи ҳафтум, яъне «Шиносномаи миллат» андешаи маро ба солҳои қаблӣ бурда, имрӯз шукргузор аз он ҳастам, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва некбинонаи Сарвари давлат дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор аст. «Агар хоҳед, ки обрӯи халқи худро нигоҳ доред ва шаъну шарафи онро афзоед, маслиҳати ман ин аст: хонед, таърихи кишвари худро чуқур омӯзед ва аҷдодони худро шиносед. Фаромӯш накунед, ки корномаи илмии Шумо дар роҳи тараққиёти иқтисодиёт ва маданият кӯмак мерасонад» гуфтааст аллома Бобоҷон Ғафуров.

Ин гуфтаҳои академик Бобоҷон Ғафуров мардуми меҳнатқарини шаҳри Конибодомро ба ваҷд оварда, бо шодмонӣ китоби «Тоҷикон» мехонанд. Алҳол 17 ҳазор китоб вориди шаҳр гардида, дар рӯзҳои наздик боз зиёда аз 20 ҳазор китоби арзишманд дастраси конибодомиён хоҳад шуд. Айни ҳол сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Пӯлодон, Ортиқов ва Патар бо ин китоби пурарзиш таъмин гашта, ҳамарӯза аз соати 7и субҳ то 18‐и бегоҳ мардуми Ҷамоатҳои деҳоти Ҳамробоев, Шарифов ва Лоҳутӣ низ «Тоҷикон» ро ба даст хоҳанд гирифт. Бале, «Тоҷикон» дар воқеъ асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик ҳамроҳи халқҳои дигари бародари хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгарии низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ инъикос ёфтааст. Ва фарозу фурудҳои ин халқҳоро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва бо диққати олимона баён доштааст.

Бешак, таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ буда, мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловариҳои гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд

Читать далее

Табобат дар сатҳи муосир

Баробари ба даст овардани Истиқлоли миллӣ дар кишвар иншооти мухталиф, аз ҷумла коргоҳҳои истеҳсоливу марказҳои тиҷоратӣ, ҳавлиҳои истиқоматии баландошёнаву меҳмонхонаҳои замонавӣ, боғҳои фароғативу марказҳои фарҳангӣ бунёд ва сохта шуда истодаанд, ки ин барои пешрафти кишвар мусоидат менамоянд. Баробари ин дар қаламрави вилоят иншооти ҳаётан муҳим, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои муосир ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта истодаанд. Имрӯз роҳбарияти кишвар ва вилоят нисбат ба соҳаи тандурустӣ диққати ҷиддӣ дода, барои таъмини аҳолӣ бо табобат ва муолиҷаи муосир ва таъминот бо таҷҳизоти замонавӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Шумораи иншооти тиббӣ низ рӯз ба рӯз афзуда, мутахассисони соҳа бо ҷойи корӣ таъмин шуда истодаанд.

Дар ноҳияи Ашт низ сохтмон ва бунёди марказҳои тиббиву беморхонаҳои муосир ҷараён дорад. Дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт 32 ҳазору 227 нафар аҳолӣ истиқомат доранд. Як беморхона, 5 маркази саломатӣ, як хонаи саломатӣ ва ду нуқтаи хизматрасонии тиббӣ дар хизмати онҳост. Яке аз муаммоҳое, ки солиёни зиёд бошандагонро ба ташвиш меовард ин сохтмони беморхона аст.

Тавре, сардухтури беморхонаи рақами 5 и Ҷамоати деҳоти мазкур Аҳмадхӯҷа Турсунов қайд кард, ҳанӯз солҳои 1988 1989 аз ҷониби идораи лоиҳакашии собиқ «Межколхозстрой» и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои беморхонаи ноҳиявии рақами 5 и Ҷамоати деҳоти Понғоз оғоз ёфта буд. Мутаассифона, бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони бино ба таъхир андохта шуд. Ҳамчунин, ба ҳудуди заминҳои ба лоиҳаи беморхона ҷудогардида аз ҷониби мақомотҳои гуногун борҳо тағйирот ворид гардид. Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикис‐тон ҳудуди замин аз ҷониби маъмурияти беморхона ба расмият дароварда шуда, соли 2010 ум идомаи сохтмон бо дастгирии соҳибкорон, шахсони саховатманди ҷамоат ва бо иқдоми маъмурияти беморхонаи ноҳиявии рақами 5 уми Ҷамоати деҳоти Понғоз оғоз гардид.

Соли 2010 – ум аввалин бинои Маркази саломатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ сохта, ба истифода дода шуда буд. Дар беморхона аз ҷониби мутахассисони соҳибтахассус ба беморон кӯмаки тиббӣ расонида мешуд, вале эҳтиёҷ ба бинои иловагӣ ҳамоно боқӣ мемонд. Соли 2017 – ум бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия лоиҳаи бинои қомат афрохтаистода аз нав тарҳрезӣ гардид, изҳор дошт номбурда. Боиси қайд аст, ки дар бинои нави беморхона бемориҳои амрози дарунӣ, асаб, кӯдакона, ҷарроҳии сабук, кӯмаки перинаталӣ ва шуъбаи барқарорсозӣ ва солимгардонӣ, асолатҳои бемориҳои асаб табобат карда мешаванд. Аз рӯи сметаи таъминот бо воҳидҳои корӣ бояд беш аз 90 ҷойи корӣ таъсис дода шавад.

Алҳол беморхонаи мазкур дорои 35 кат ва 44 воҳиди корӣ мебошад. То ба имрӯз дар беморхона беморон аз шаҳру навоҳии вилоят муроҷиат ва табобат гирифта истодаанд. Ба беморхона барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани табобати беморон таҷҳизоти муосир ворид шуда, мутахассисони ҷавон ҷалб хоҳанд гардид. Маъмурияти беморхона бо мақсади дастрас будан ва дар сатҳи баланд боз ҳам наздик кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ иқдом гирифтааст, то фаъолияти муассисаи табобатиро бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо зиёд кардани катҳои табобатӣ ва шуъбаҳои нав ҳамчун армуғон дар соли ҷашни 30 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонад.

- Шод аз он ҳастам, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ бинои нави беморхона ба фаъолият оғоз кард. Аллакай имкон пайдо кардам муолиҷаи худро бо истифода аз таҷҳизоти нави муосир ба роҳ монам, зеро чанд муддат аст, ки барои муолиҷа ба маркази вилоят шаҳри Хуҷанд равуо доштам. Имрӯз мутахассисони соҳа баҳри барқарор кардани саломатиам дар бинои нави беморхона кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, гуфт сокини ноҳия Қаҳҳори Махкам.

Дарвоқеъ, бошандагони ҷамоати деҳот хушнуд аз он ҳастанд, ки дар ноҳия чунин бинои наву замонавӣ фаъолияташро ба роҳ монда, мутахассисони соҳибтахассус барои некӯаҳволӣ ва солимии сокинон хизмати тиббӣ мерасонанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Роҳнамое барои рушд

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки моҳи январи соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ ироа шуда буд, барои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва ҳизбиёну ҷонибдорони сершумори он раҳнамоест баҳри фаъолияти ҳамарӯза.

Зимнан, Паёми навбатӣ дар вазъияте ироа шуд, ки ҷаҳон дар гирдоби вируси куруно қарор дорад ва ин ба робитаи байни давлатҳо, дар маҷмӯъ, иқтисоди ҷаҳон зарбаи муҳлик ворид намуд ва Тоҷикистон низ дар ин маврид истисно нест. Инро дар мисоли соҳаи сайёҳӣ метавон баръало мушоҳида намуд. Мушкилоте, ки пандемияи коронавирус дар робитаи байни давлатҳо, равуои одамон ба вуҷуд овард, ба вазъи ин соҳа дар ҳама мамлакатҳо таъсири амиқ гузошт. Бо вуҷуди ин дар мисоли шаҳри Панҷакент, ки яке аз минтақаҳои муҳими сайёҳии мамлакат маҳсуб мешавад ва ин ҷо 23 ширкати сайёҳӣ таъсис ёфтааст, метавон дид, ки онҳо барои омодагӣ ба қабули сайёҳон баъди коҳиши куруно корҳои ҷолиберо анҷом медиҳанд.

Баргузории ҳамоишҳо, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, бунёди меҳмонхонаҳо идома ёфта, чанде пеш дар мавзеи сайёҳии Ҳафткӯл ниммарафони кӯҳӣ низ доир шуд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи сайёҳони дохилӣ ба боздид аз ёдгориҳои таърихӣ ва пойгоҳҳои сайёҳӣ рӯ ба эҳё овард. Баробари ин ҳанӯз дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ корҳои зиёдеро метавон анҷом дод. Тавре аз ҳисоботи оморӣ бармеояд, рушди иқтисоди мамлакат идома ёфта, дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегии мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар низ бисёр корҳо оғоз шуда, саноати кишвар рӯ ба рушд ниҳодааст. Ба назари ман ғанӣ гардонидани хазинаи қарзии бонкҳо, кам кардани фоизи қарзҳои бонкӣ, ба шарики соҳибкорон табдил додани онҳо барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ заминаи хуб мегузорад.

Ҳамчунин, бахшида ба ҷашни бузурги 30 солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳама минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла, вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент низ корҳои зиёди ободонию созандагӣ ба ҷо оварда, садҳо номгӯй иншооти таъиноти гуногун бунёд шуданд. Масалан, танҳо дар шаҳри Панҷакент 405 чунин иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло бошад дар шаҳр бунёди “Бурҷи китоб”, маҷмаа бо тарҳи нави муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва манораи Парчами миллӣ, хонаҳои баландошёна бо марказҳои савдо ва ҳунармандӣ идома доранд. Барои сокинони шаҳру навоҳии Зарафшон хабари ба мувофиқа расидани ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷиҳати бунёди роҳи оҳани Самарқанд Панҷакент ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон хеле хушоянд буд ва боварӣ дорем, ки ин лоиҳаҳо амалӣ хоҳанд шуд. Дар мисоли шаҳри Панҷакент метавон натиҷагирӣ намуд, ки дастурҳои Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ оид ба рушди ин соҳаҳо ба иҷро мерасанд. Бунёди беморхонаи нави дорои 200 ҷой, таъмиру таҷдиди муассисаҳои тиббӣ ва маориф дар деҳот аз ҷумлаи ин корҳо аст. Қисмати бештари иншооти ба муносибати 30солагии Истиқлоли кишвар бунёдшуда низ ба соҳаҳои маорифу тиб марбут ҳастанд.

Дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ зиёд намудани ҳаҷми нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ аз 20 то 50 фоиз пешбинӣ шуда, он аз моҳи сентябри соли ҷорӣ мавриди иҷро қарор гирифт ва он имкон дод, ки сатҳи рӯзгори 100 ҳазор нафар аз гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ беҳтар карда шавад. Нишондодҳои Паём дар мавриди пешгирии шомилшавӣ ба созмону равияҳои ифротгароӣ, мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ вобаста ба вазъи муташанниҷи минтақа, таҳкими робита ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҳамсоя ва ҷаҳон низ дар доираи сиёсати муназзами дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Мурод ШУКУРЗОДА,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее