06 October 2021

Ҷамъоварии ҳосил, саривақт ва босифат

Имсол кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони беш аз 5 ҳазор гектар тухми пунбадона кишт намуда, аз аввали мавсим 4980 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд ва дурнамои истеҳсоли пахта ба санаи 29-уми сентябр наздик 40 фоизро ташкил менамояд. Пахтакорони ноҳия бо истифода аз обу ҳавои мусоид ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҷамъоварии "тиллои сафед” - ро саривақт ва босифат ба анҷом расонанд. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар як рӯз қариб 7 ҳазор чинакчиву ҳашарчӣ ба майдонҳои пахтазори ноҳия баромада, ба хирмани ноҳия «тиллои сафед»-ро зам менамоянд.

Чунончӣ зимни суҳбат сарвари Хоҷагии деҳқонии «Абдуғанибобо» и Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳия Анвар Ашӯров баён дошт, соли равон аз масоҳати 12 гектар замини худ ба 7 гектари он пунбадона кишт намуда будам, ки алҳол ҳосили хуб низ ҷамъоварӣ менамоем. Ҳамарӯза 40‐50 нафар саҳмдори хоҷагӣ ба майдони пахтазор баромада, аз 100 то 180 килограммӣ «тиллои сафед» мечинанд ва бо ин баҳри ғанӣ гардонидани хирмани ноҳия саҳми назаррас доранд.

‐Ҳамасола бо баробари оғози мавсими пахтачинӣ мо бо аҳли хонавода ба кӯмаки пахтакорон мебароем ва ҳамзамон бо ин шароити иқтисодии рӯзгорамонро беҳтар менамоем. Дар як рӯз беш аз 300‐350 килограмм пахта ҷамъоварӣ намуда, ба ҳар килограмм то як сомонӣ маблағи чинишро ба таври нақдӣ ҳар бегоҳ ба даст мегирем. Ин боис гашт, ки ман имрӯз аллакай тавонистам маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили орду равған, биринҷ ва ғайраҳоро барои фасли сармо захира намоям, иброз дошт чинакчии забардаст Ҷамила Атақулова. Лозим ба ёдоварист, ки оғоз аз 1 уми октябр бо дастуру супоришоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода маблағи чиниши пахта аз як сомонии қаблӣ 1 сомониву 40 дирам муайян гардид.

Албатта, ин иқдом боз ҳам чинакчиёну ҳашарчиёнро рӯҳбаланд гардонида, барои бештару беҳтар намудани рафти чиниши ҳосили пахта ҳавасманд хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, бо дар назардошти омилҳои зикршуда саҳмдорону ҳашарчиёнро месазад, ки аз рӯзҳои офтобии тирамоҳӣ истифода бурда, ҷиҳати саривақт ва босифат ҷамъоварии ҳосили дастранҷи марди деҳқон саҳмгузор бошанд. Мувофиқи маълумоти фаврӣ ба санаи 4‐уми октябр дар шаҳру навоҳии пахтакори вилоят дар маҷмуъ зиёда аз 64 ҳазор тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ гардидааст, ки он 51,2 фоизи дурнамои имсоларо дар бар мегирад.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Рушди соҳа омили пешрафт

Бо мақсади рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳим аз ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ ба ҳисоб меравад, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати мавзеъҳои сайёҳии зиёд доштанаш ба зумраи яке аз кишварҳои дорои инфрасохторҳои сайёҳӣ шомил гардидааст. Ҳамчунин, сайёҳони хориҷӣ кишвари моро аз ҷиҳати сайру саёҳат ба яке аз кишварҳои бехатар муаррифӣ намудаанд, ки онро ҳатто созмонҳои бонуфуз низ тасдиқ кардаанд. Шаҳри Панҷакент дорои бисёр мавзеъҳои сайёҳӣ буда, макони сайёҳони хориҷӣ гардидааст. Табиат ва мавзеъҳои нотакрораш имконият фароҳам овардааст, ки ҳамасола садҳо нафар шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ ташриф оваранд.

Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон дар шаҳр инфрасохторҳои зиёди сайёҳи мавҷуд буда, дар онҳо тамоми имкониятҳои лозим фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз, имрӯз дар шаҳр беш аз бист ширкати сайёҳӣ ва як ташкилоти ҷамъиятии “Шӯрои Зарафшон оид ба рушди сайёҳӣ” фаъолият мебаранд. Ҳамзамон, дар шаҳр чаҳор маркази иттилоотии сайёҳӣ, даҳ меҳмонхона, ду пойгоҳи сайёҳӣ ва беш аз бист меҳмонхона бо ғунҷоиши зиёда аз ҳафтсад ҷой, чаҳор осорхона ва зиёда аз сесад ёдгории таърихӣ дар хизматрасонӣ мебошанд. Ҷоиз ба қайд аст, ки шаҳри Панҷакент вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ дорои имкониятҳои зиёд барои рушди саёҳати экологӣ, кӯҳнавардӣ ва таърихию фарҳангӣ мебошад, ки асоси онро табиати нодир, манзара, обҳои мусаффо, кӯл ва сарчашмаҳои обҳои шифобахш, боғ, наботот ва ҳайвоноти нодир ташкил медиҳанд. Маврид ба зикр аст, ки имрӯз таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ бештар ба саёҳати кӯҳ зиёд аст.

Аз ин лиҳоз, дар хатсайрҳои «Ҳафткӯл» ва «Кӯли калон» пойгоҳҳои пазироии сайёҳон ташкил шудааст ва ҳамчунин корҳо барои бунёди нуқтаҳои нави пазироии сайёҳон дар дигар хатсайрҳои сайёҳӣ идома доранд. Тибқи иттилои масъулин, қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, № 80 “Дар бораи “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20182020” ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар заминаи санадҳои қабулшуда рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр тараққӣ ёфта, намудҳои нави хизматрасонӣ роҳандозӣ шуда истодааст. Дар муассисаи таълимии шаҳр – Донишкадаи омӯзгорӣ бо ихтисоси соҳаи менеҷменти сайёҳӣ кадрҳои соҳаи сайёҳӣ омода карда шуда истодаанд. Ширкатҳои сайёҳӣ дар самти сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ, таърихӣ‐этнографӣ, экскурсионӣ, мусоидат барои гирифтани раводид, шиносномаи хориҷӣ ва дастрас намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ хизмат мерасонанд.

Баҳри рушди сайёҳии воридотӣ низ ширкатҳои сайёҳӣ барои ташвиқу тарғиб, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ташкил намудани хатсайрҳои наву ҷолиби диққат фаъолияти худро равона менамоянд. Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа ва беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти соҳа сомонаи сайёҳии ширкатҳои сайёҳии шаҳри Панҷакент ва ташкилоти ҷамъиятии “Шӯрои Зарафшон оид ба рушди сайёҳӣ” фаъол буда, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маводи зарурӣ ҷой дода шудааст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Каду - маҳсулоти ғизоии нафъовар

 

 

 

 

Аралбой - амаки тақрибан шастсолаи тануманди ба қавле устухонаш дар меҳнат шахшударо дар сари замин дарёфтем. Маҳсулоти пухтарасида - кадуҳои гуногунҳаҷму гуногуннавъро чида, дар як сӯ ҷамъ мекарду фарзандонаш Исомиддину Ӯзоқбой ва арӯсон Майрамҷону Гулҳаё ёрирасони сарвари хонадон буданд. Диққати маро кадуҳои ҳаҷман калон, ки дар замини якгектара фаровон ба назар мерасиданд, рабуд. Дар сари замин бо ин марди меҳнатқарин ва заҳматкаш суҳбат кардем.

- Духтарам, медонед, дирӯз дар бозор ҳангоми ба фурӯш бурдани кадуҳо ба наздам ду ҷавон омаданд ва пурсиданд, ки кадуҳои ҳаҷман калон доред? Посух додам, ки заминро бояд дид, албатта, чунинаш ёфт мешавад. Ҷавонон омаданду ҳамроҳ ба полез даромадем. Се кадуро интихоб карда, ба тарозу гузоштем, ки яке 18, дуввумӣ 17 ва сеюмӣ 15 килограмм вазн доштанд. Барои намоиш ба Душанбе мебарем, амак, меҳмонон меоянд, гуфтанд ҷавонон.

Ҳеҷ бовар надоштам, ки ман – як деҳқони хокпош то пойтахти мамлакат ва берун аз он муаррифӣ мешавам, шодиашро пинҳон дошта натавонист Аралбой Ӯрунов, сокини деҳаи Боғи болои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Марди деҳқон то кунун аз замини якгектара наздик 10 тонна ҳосил ба даст оварда, манзури дастархони мардум кардааст. Умедвор аст, ки то охири ҷамъоварии ҳосил ин рақам ба маротиб меафзояд. Бале, каду ҷинси гиёҳҳои як ё бисёрсолаи полезӣ аз оилаи кадуиҳо буда, зироати маъмул аст. Поя, яъне палакаш дароз буда, баргаш содаи яклухт ё панҷашакл, гулаш калони гуногуншакл, зарду норинҷӣ буда, ҳосилаш калон мебошад.

Дар дунё 27 намуди каду маълум аст, ки маъруфтаринашон гаҳворакаду, палавкаду ва ошкаду ё чӯбкаду мебошад. Каду растании равшанидӯст аст. Чӣ қадаре ки равшанӣ зиёд бошад, ҳамон қадар нашъунамои хуб дошта, ҳосили зиёд медиҳад. Дар ҷойҳои соя гулҳояш меғалтанд, аз ин лиҳоз, кадуро фақат дар ҷойҳои офтобрӯя шинондан ба мақсад мувофиқ аст. Навъҳои он бештар «Ленинободӣ», «Испанӣ 73», «Миндалная‐35», «Ошкаду», «Тамошокаду», «Витаминӣ» ва ғайра буда, ҳосилаш серғизо ва хуштамъ аст. Азбаски каду зироати гармидӯст мебошад, барои кишти он заминҳои ҳосилхези обҳои зеризаминиашон чуқур ҷойгирифтаро интихоб мекунем. Дар заминҳои ботлоқӣ, таркиби хокашон вазнин ва сатҳи обҳои зеризаминиашон баланд хуб нашъунамо намекунад ва ҳосили паст медиҳад. Барои кишти каду заминҳои тез гармшаванда, шамолпанаҳ ва дар қисми ҷанубии баландиҳо ҷудо кардан лозим аст. Каду нисбат ба намии хок серталаб буда, дараҷаи намии он бояд аз 70 – 75 фисади наминигоҳдории пурраи хок паст набошад,иброз дошт марди деҳқон. Дар заминҳое, ки каду кишт мешавад, бояд ки замин аз тирамоҳ дар чуқурии 30‐35 сантиметр шудгор ё дастӣ нарм карда шавад. Каду нисбат ба дигар зироатҳо ба моддаҳои ғизоӣ, махсусан ба нуриҳои органикӣ, серталаб аст. Аз ин хотир, барои гирифтани ҳосили баланд тирамоҳ ҳангоми шудгор ё нарм кардани замин ба он аз рӯи меъёри 400 – 500 килограмм дар як сотих поруи пӯсида андохтан лозим аст.

Ҳосилнокии каду, пеш аз ҳама, ба навъ ва сифатнокии тухмӣ вобастагии калон доранд. Ҳар навъ намуди каду тухмии ба худ хос дорад. Зарбулмасале дар ин хусус ҳаст, ки мегӯянд: «Ҳар чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ!» Барои кишти каду тухмии онро дар тирамоҳу зимистон омода менамоем. Кадуро асосан аз нимаи дуюми моҳи апрел то аввалҳои моҳи май кишт мекунанд. Баъди неш зада баромадани ниҳолакҳо ба замин пошидани нуриҳои минералӣ ба мақсад мувофиқ аст. Азбаски дар шароити ҳозира имконияти ба замин андохтани 400 – 500 килограмм пору ба як сотих замин мавҷуд нест, мо, деҳқонон бевосита дар вақти коркарди каду ба зери ҳар бехи ниҳоли он 300 – 400 грамм пору мерезем. Каду зироати серҳосил буда, дар сурати дуруст ба роҳ мондани агротехникаи парвариш он метавонад то 650 – 700 килограмм аз ҳар сотих ҳосил диҳад. Алҳол айёми пухтарасии ҳосили каду ва ҷамъоварии он аст. Ҳосили кадуро як маротиба ҷамъ менамоянд.

Инчунин, барои дар вақти нигоҳдорӣ тез напӯсидани ҳосили он, баъди ҷамъоварӣ меваҳои кадуро дар муддати 5 – 6 рӯз дар офтоб нигоҳ медорем. Кадуҳои майда ва осебдидаро барои хӯроки чорво истифода мебарем. Барои нигоҳдории дурударози каду дар фасли тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор ҳосили онро хуб пухта расонда, ҷамъоварӣ кардан лозим аст. Баъдан кадуҳои ба касалию ҳашароти зараррасон дучорнашуда ва осебнадидаро ҳамроҳи думчааш ҷудо карда гирифтан лозим аст. Баъди чидани ҳосил онро дар офтоб 5 – 6 рӯз нигоҳ доштан лозим аст, ки сурхи ялаққосӣ шавад. Кадуро дар ҷойҳои хушк (анбор, такхона, айвон) дар ҳарорати 8 – 10 дараҷа ва намии муътадили ҳаво нигоҳ доштан лозим аст. Кадуро ҳамчунин дар болохонаҳо бо пӯшонидани болои он бо алаф ва коҳ низ нигоҳ доштан мумкин аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳангоми паст фаромадани ҳаво то 2 дараҷа хунукӣ кадуро сармо мезанад ва боиси нобуд шудани он мегардад.

Ҳомидҷон Ҳакимбоев – сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иброз медорад, ки дар заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони кишти каду танҳо дар қитъаҳои алоҳидаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ дида мешавад. Ҳамчунин, кишоварзони ноҳияи Спитамен арз медоранд, ки дар заминҳои ҳосилхези ноҳия қисман каду кишт менамоянд ва ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд, зеро медонанд, ки каду дар баробари маводи ғизоӣ будан нафъовар асту дармонбахши даҳҳо дард.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

 

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок карданд

5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми сокинони ватандӯсту ватанпарвар, намояндагони мардуми сарбаланд ва ғаюру далери шаҳри бостонии Кӯлобро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ — 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, инчунин, Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуданд.

Читать далее