07 October 2021

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро расман ба истифода доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро расман ба истифода доданд.

Бояд гуфт, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои бунёдкорӣ, созандагию ободонӣ вусъат ёфта, дар асоси нақшаҳои наву лоиҳаҳои замонавӣ инфрасохтори фурудгоҳ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда мешавад.

Читать далее

Ифтитоҳи маҷмааи «Дуои модар» дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ эҳтироми модар ва арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои модарони тоҷикро таъкид намуда, дар ситоишу васфи модар фармудаанд: «Модар — офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад.

Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст. Дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад».

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон толори пазироии меҳмонони олимақомро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои толори вакилони расмии фурудгоҳро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави толори вакилони расмии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 810 метри мураббаъ навсозӣ карда шуда, бо таҷҳизоти замонавии хизматрасонӣ муҷаҳҳаз ва шароити муосиру мувофиқ барои мусофирону меҳмонон фароҳам оварда шудааст.

Читать далее

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ, суҳбату мулоқот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фаъолони вилоят гарму симимӣ истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Оқибатҳои бетарафӣ ба миллаткушӣ оварда мерасонад

Моҳҳои охир вазъияти  Афғонистон яке аз мавзӯъҳои марказии тамоми рӯзномаҳои ахбори даврӣ шуда истодааст. Дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон оиди вазъияти ба вуқӯъ омадаи кишвари ба мо дуст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Афғонистон вокуниш нишон медиҳанд.

Мутаассифона, аксарияти ҷаҳониён  дарк намекунанд, ки толибон  дар муддати бист сол ба мутахассисони ҳарбии  дараҷаи олӣ табдил гардиданд. Дар ин давра ба толибон муяссар гардид, ки истодагарӣ намуда, баъд аз артиши иттилоф Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар як мудати кутоҳ бо тамоми лавозимоти ҷагие, ки дар он ҷо гузошта шуда буд ба даст оварданд. Ҷангҷӯён тактика ва стратегияи худро  сайқал  дода метавонанд, ки дар оянда ба минтақа ва ҷаҳон таҳдид намоянд.

Бар зидди ин ҳаракати ҷангҷуй Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони Афғонистон бархеста муқовимат нишон дода истодааст. Ӯ зарур мешуморад, ки бар зидди Толибон ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дастаҷамъона муттаҳид гардида мубориза намоянд.

Ӯ таъкид намуд, ки байни Амрикову Толибон созишномае мавҷуд надорад ва  тасмим гирифта буд, ки  панҷуми сентябр ба таври расмӣ оғози кори ҷунбиши сиёсии худро дар Панҷшер (зодгоҳи хонаводагии худ) дар шимоли Кобул эълом кунад.

Баъд аз оғози муқовимат Аҳмад Масъуд баён намуд, ки бар зиди онҳо тайёраҳои бе сарнишини кишвари ҳамсояи, яъне Покистон ҳамла овард. Лекин муборизаи Панҷшериён идома дорад ва имрӯзҳо онҳо ҷараёни партизаниро пеша кардаанд.

Мардуми Тоҷикистон аз вазъияти дар Афғонистон шудаистода ҳама дар ташвишанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронии худро нисбати масъалаи мазкур садҳо нафар баён намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб менамоянд, ки ба ҷабҳаи муқовимати Афғонистон алайҳи Толибон эътирози худро баён намуда, чораҳои ҷидди андешанд.

Тоҷикистон ҳама гуна беқонунӣ, куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикону ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд.

Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб менамоем, ки  нисбати қазияи Афғонистон, алалхусус Панҷшер бетараф набошад, зеро ки дар сурати бетарафӣ геносиди миллати тоҷик ва  дигар халқиятҳо оварда мерасонад.

М.САЙФУЛОЕВА,
дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Умед ба ояндаи дурахшон

Боиси хушнуди ва ифтихор аст, ки вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар кишвари биҳиштосои мо баргузор гардид. Пазироии меҳмонон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ва урфу одати меҳмоннавозии тоҷикона сурат гирифт. Махсусан пазироии меҳмонони олиқадр Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раиси ва Сарвазири Ҷумҳурии Покистон Имрон Хондар дар сатҳи баланди расмӣ анҷом ёфт.

Зимни мулоқот масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва муаммои доғи рӯз, ки тамоми ҷаҳонро ба таҳлука овардааст, вазъи нигаронкунандаи Афғонистони ҳамҷавор, ки дар маркази таваҷҷуҳи Тоҷикистон қарор дорад баррасӣ гардиданд. Пешвои мо аз вазъияти ба амаломада изҳори нигаронӣ намуда, аз давлати ҳамсоя даъват ба он намуданд, ки “ Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза дониста шуданд”. Инчунин даъват бар он намуданд, ки баргузории музокирот байни тоҷикон ва толибон дар шаҳри Душанбе мусоидат карда шавад.

Умед бар он мебандем, ки ҳамаи низоъҳои баамаломада роҳи ҳалли худро меёбанд ва мардуми Афғонистон низ чун дигар мардуми ҷаҳон дар фазои ободу осоишта умр ба сар мебаранд.

Зеро, ки мегӯянд:

Аз ноумедиҳо басо умед аст,

Поёни шаби сияҳ сафед аст.

Биоишаи Назар

Читать далее

Бетарафӣ нашояд!

Дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки ба тинҷиву оромӣ ва чунин пешрафт ношукрӣ намуда, зидди миллат, давлат ва Ватани худ мубориза мебаранд ва барои ноором сохтани вазъ аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Яке аз чунин нафарони ношукр ва ватанфурӯш М. Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯст, ки ҳоло дар хориҷи кишвар қарор гирифта, бо паҳн намудани мавод мехоҳанд мардуми моро дубора фиреб диҳанд ва боз нооромӣ ва бетартибиро дар Тоҷикистон оғоз намуда, бо воситаи он табаддулоти давлатӣ ба ҳокимият соҳиб шаванд. Яъне онҳо мақсади бо роҳи ғайриконститутсионӣ соҳиб шудан ба ҳокимиятро доранд. Ин ҳолат аз ҳамаи мо талаб менамояд, ки бетараф набошем ва то тавонем бар зидди ин хоинони миллат, ки кӯшиши танҷиву оромии моро вайрон намудан доранд, мубориза барем.

Имрӯз масъалае боиси ташвиши на танҳо мардуми кишвари мо, балки аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ки ин вазъи сиёсии вобаста ба бархӯрдҳои диниву мазҳабӣ дар баъзе кишварҳо, аз он ҷумла дар Афғонистон мебошад. Дар навбати худ, ин гуна ҳодиса ва рӯйдодҳои ногуворе, ки аз ҷониби террористон бо шиорҳои мардумфиребӣ, ҳимоя аз дини мубини Ислом, аммо дар асл бо қатли мардуми бегуноҳ анҷом дода шуда, мо тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳ мешавем, моро бори дигар огоҳ ва ҳушдор месозад, ки дар ин масъала назари ҷиддӣ дошта бошем.

Аллакай аз воситаҳои ахбори умум хабар дорем, ки дар кишварҳои хориҷ, аз ҷумла, дар давлати Афғонистон ҳаракати Толибон торафт мавқеи худро мустаҳкам намуда истодаанд, ки ин албатта, барои Тоҷикистон ҳам таъсири худро мерасонад. Дар сурате, ки тарконидани масҷиду ибодатгоҳҳо новобаста ба дину мазҳаб, қатлу куштори роҳгузарон ба ягон меъёри ахлоқи башарӣ аз ҷумла, фармудаи шариати Ислом рост намеояд. Тавре гуфта шуд, имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони Ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои миёни давлатҳои Исломӣ ба авзои сиёсӣ ва муносибатҳои миёни давлатҳо, аз ҷумла, кишвари мо низ бетаъсир нахоҳад буд.

Дар чунин вазъият бадхоҳони миллат аз хориҷа истода бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, фазои ороми кишварамонро халалдор сохта, тақдири халқро ҳал намояд, аз ин рӯ, тариқи телевизионҳои моҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба ҳукуматдорон ва мардуми мо таҳдид мекунанд. Сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд. Умуман, чунин гурӯҳҳо талош доранд, бо воситаи таблиғоту ташвиқот мардуми ноогоҳро ба доми фиреб андохта, муқобили Ватану миллати худ барангезанд.

Мақсаду мароми мо дар он зуҳур меёбад, ки хатои давлатҳои исломии ҷангзадаро такрор накунем, ба иғво дода нашуда, дар ҳимояи Ватани азизамон ҳама чун як тан пойдор бошем. Бояд ҳаминро дарк кунем, ҳар иқдоме, ки аз ҷониби давлат роҳандозӣ мешавад, танҳо ба хотири сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва осудаҳолии мардум нигаронида шудааст.

О.АБДУЛЛОЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Тоҷикистон хоҳони ҳалли қазияи Афғонистон

Мусаллам аст, ки тибқи мушоҳидаву таҳлилҳо, дар муддати беш аз як моҳи гузашта дар Афғонистон вазъияти боз ҳам мураккабу ҳалокатбор бинобар ба сари қудрат омадани толибон ба туфайли фитнаи давлати хориҷӣ, инчунин хиёнати собиқ президенти кишвар – Ашраф Ғанӣ ва афсарони паштуни Артиши миллии Афғонистон ба миён омад. Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвар омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар Афғонистон буд ва мемонад. Ба ин манзур, Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад. Зеро сулҳу субот дар Афғонистон ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он — оромӣ ва суботи тамоми минтақа аст. Дар ин раванд, Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад. Ин аст, ки роҳбарияти олии кишвар чӣ дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва чӣ дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меоранд, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Таърих собит менамояд, ки ҳалли низоъ дар Афғонистон бо роҳҳои низомӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, майдони музокирот ва муколамаи байниафғонӣ барои ҳалли ихтилофҳо дар кишвари ҳамсояи Афғонистон фароҳам оварда шавад. Афғонистон кишвари сермиллат аст, бинобар ин манфиатҳои ҳамаи миллату халқиятҳоро ба назар гирифтан лозим аст. Гурӯҳҳои низомӣ – сиёсӣ бояд ба ҳизбҳои сиёсӣ табдил дода шаванд, то як низоми сиёсии устувор ва муътадил таъсис ёбад.

Мавқеи Тоҷикистон бар он асл асос меёбад, ки расидан ба сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо бо иштироки васеи афғонҳо имконпазир аст ва дар музокироти байниафғонӣ, пеш аз ҳама, бояд таъмини риояи баробари манфиатҳои қавму гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоиву сиёсии кишвар ба назар гирифта шавад. Танҳо бо дарназардошти манфиатҳои онҳо сулҳу субот дар Афғонистон метавон таъмин гардад. Инро таҷрибаи истиқрори сулҳ дар кишвари мо исбот кардааст.

Пешвои миллати тоҷикон аз бетафовутии ниҳодҳои байналмилалӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон изҳори тааҷҷуб намуда, қайд карданд, ки тайи зиёда аз бист соли охир ман аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта, таъкид намудам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад. Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла доираҳои манфиатдору дахлдор ба ҳалли ин масъала то андозае бетафовутӣ зоҳир карданд, ки ин ҳолат боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад.

Мушкилоти Афғонистон ба ҷое расидааст, ки имрӯз тамоми башарият, махсусан, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсояи онро ба ташвишу нигаронӣ овардааст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг ва ҳалли қазияи Афғонистон бо роҳи музокирот мебошад. Ба ин манзур Ҳукумати Тоҷикистон пайваста аз ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват ба амал меорад, ки доир ба ҳалли мушкилоти ин кишвар ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллати сокини Афғонистон тадбирҳои фаврӣ ва дастҷамъона андешида бошанд.

 Салимова М.М.
дотсент, мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

Читать далее

…… Афтад ба ғарибиву ба кас банда шавад

Русҳо сагро дӯсти инсон медонанд. Дар ҳақиқат ҳам саг дӯсти вофодор аст. Соҳибашро, ки ба вай як бурдаи нон ва ё устухон додааст, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва як умр вафодораш мемонад. Посбонӣ мекунаду соҳибашро ҳифз медорад. Вале тоифаи инсонҳое ҳастанд, ки дар вафодорӣ саг аз онҳо волотаранд. Ин тоифа инсонҳо ба монанди Кабирианд, ки дар обу хоки тоҷик ба воя расидаанду имрӯз хок ба чашми тоҷик мепошанду онҳоро таънаву мазаммат мезананд. Худ бехабар аз он, ки охир, як замонҳо дар ҳаминҷо буданду ба воя расидаанд.

Аслан нафаре, ки дар ҳақиқат ба халқаш, зодгоҳаш дилаш месӯзад, дар ҳамин ҷо истода, барои ободии кишвараш камари ҳиммат мебандад. Вале Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз хориҷа истода, теша ба решаи мо мезананд.

Муҳиддин Кабирӣ, ки худро тавоно магирад, заррае дар вуҷудаш вафову раҳм надорад ва бо амалҳои бадаш дини мубини исломро низ сиёҳ карда истодааст. Вай сӯйистифода аз дини мубини ислом корҳои палидеро ба анҷом мерасонад, ки хатто шуниданаш нафратовар аст.

Ин нохалафи беору номус кирдору рафтораш бад кардани номи мубораки Тоҷикистони азиз аст. Танҳо дар назди хоҷагони хориҷӣ пинҳон шудану бо супориши онҳо амал карданро рисолати хеш дониста, ҷавононро бо роҳи бад бурданист. Ҳамеша ҳарфхои шавқату вафоро вирди забон меораду аммо вуҷуди нопокаш заррае раҳму шафкатро надорад. Ин ҳилаҳои нохалафро мо, мардуми тоҷик медонем ва нисбати ӯ нафрат дорем. Вай инсонест, ки бо баҳонаҳои гуногун ба ҷанозаи модараш ва дертар дар ҷанозаи падараш иштирок накард. Ин омил аз он дарак медиҳад, ки Кабирӣ ба модар ва падараш меҳру муҳаббат надорад ва аз ӯ умеди вафо кардан нашояд. Моро лозим аст, ки аз як гиребон сар бароварда, нагузорем, ки ин гуна нохалафон номи миллати тоҷик, шаъну шарафи моро паст зананд. Беҳуда ҳам нагуфтаанд:

Лаънат ба касе, ки аз Ватан канда шавад,

Афтад ба ғарибиву ба кас банда шавад.

Биоишаи Назар

Читать далее

ОРОМИИ ҲАМСОЯ – ОСОИШТАГИИ МО

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъият дар Афғонистон мутаассифона, боз ҳам мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид. Сокинони ин кишвар, ки беш аз чил соли охир дар шароити ҷангу нооромӣ умр ба сар мебаранд, вақтҳои охир бо мушкилоти боз ҳам бештари амниятӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Дар робита ба ин, барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи худ гуноҳ надоранд.

Мо ҷонибдори ҳар чи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо  дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем».

Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки «Ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор, ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд. Зеро вазъияти сангину фалокатбори ин кишвар бо гуноҳи сокинони он ба вуҷуд наомадааст».

Қайд карданиам, ки бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад.

Созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро бори дигар даъват карданием, ки доир ба ҳалли мушкилоти ин кишвар ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини Афғонистон тадбирҳои фаврӣ ва дастҷамъона андешанд.

Г.КАБИРЗОДА
омӯзгори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва
назорати прокурории ДДҲБСТ

Читать далее