November 2022
16 November 2022
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Қасри «Арбоб» дидан карданд
- Подробности статьи
16 ноябр пас аз ба истифода додани Боғи фарҳангию фароғатӣ тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри «Арбоб» идома ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни ҳавлии Қасри овозадори Арбоб, ки дар таърихи Тоҷикистони навин мақоми хос дорад, фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии мамлакат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Читать далееПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи «30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» ба истифода доданд
- Подробности статьи
16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи «30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.
Боғи фарҳангию фароғатии дар ин макони таърихӣ ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, таҷассуми марҳилаи созандагию ободкорӣ дар кишвар, тӯҳфаи арзанда ба ҷашни фархунда мебошад.
Читать далее15 November 2022
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
- Подробности статьи
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз бахшиданд.
Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ аз ду ошёна иборат буда, масоҳати он 3411 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бино аз ҷониби ширкати сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нигина” бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ, бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ аз маводи сохтмонии истеҳсоли корхонаҳои саноатии ватанӣ бо сифати баланд бунёд гардида, дар он барои то 700 нафар донишҷӯ дар як баст шароити меъёрӣ фароҳам оварда шудааст.
Читать далееПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
- Подробности статьи
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди санги Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат эълон кардани солҳои 2022-2026 аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» таъсис дода шудааст.
Читать далееПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои чорошёнаи иловагии раёсати ВКД дар вилояти Суғдро ба истифода доданд
- Подробности статьи
15 ноябр дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро ба истифода доданд.
Дар бинои нав тамоми инфрасохтори зарурӣ барои кормандони мақомоти милитсия фароҳам оварда шудааст.
Иншоот дар асоси лоиҳаи муосири шаҳрсозӣ сохта шуда, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар таҳхона бойгонӣ ва фаъолияти комиссияи тестӣ барои муайян намудани лаёқатмандии ҳайати шахсӣ ба роҳ монда шудааст.
Читать далееСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28–ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Подробности статьи
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд бинои «Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бинои муассиса дорои 20 синфхонаи таълимӣ ва 8 кабинети алоҳидаи фаннӣ буда, таҷҳизи он дар доираи талаботи муосири соҳавӣ анҷом дода шудааст.
Читать далееПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи дӯзандагии «Маҳина»-ро дар шаҳри Гулистон мавриди истифода қарор доданд
- Подробности статьи
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон Коргоҳи дӯзандагии “Маҳина” — ро мавриди истифода қарор доданд.
Коргоҳи 2-ошёна аз ҷониби соҳибкорзани ватанӣ Ҷаннатой Абдалиева дар доираи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Читать далееПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон коргоҳи пойафзолбарории «Маҳина»-ро мавриди истифода қарор доданд
- Подробности статьи
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи пойафзолбарории “Маҳина”»-ро дар шаҳри Гулистон мавриди истифода қарор доданд.
Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкорзани ватанӣ Ҷаннатой Абдалиева дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат бунёд гардид. Коргоҳ дорои 13 дастгоҳи истеҳсолӣ мебошад, ки аз хориҷи кишвар оварда, васлу насб карда шудаанд.
Читать далееСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Маркази табобатию солимгардонии «Соҳил»-ро дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ карданд
- Подробности статьи
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бинои иловагии Маркази табобатию солимгардонии “Соҳил”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази табобатию солимгардонии “Соҳил” аз тарафи муассис, соҳибкори ватанӣ Абдулло Абдуллоев таъсис дода шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати бинои иловагии маркази табобатию солимгардонӣ 1800 метри мураббаъро дар бар гирифта, аз 3 ошёна иборат аст.
Читать далееИҶЛОСИЯ ВА ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН
- Подробности статьи
Барои мардуми шарафманду соҳибсаодати кишвари соҳибистиқлоламон санаҳои муҳиму таърихиву тақдирсоз, Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамдигарро пурра менамоянду барои расидан ба имрӯзи неку босаодати Ватани азизамон асоси воқеӣ гузоштаанд, чун рӯйдодҳои фаромӯшнашаванда азизу муқаддасанд. Боиси хушнудист, ки имрӯз мо дар фазои сулҳу суботи комил дар арафаи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи саодатофарини XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва таҳти роҳбариву раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол дорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти қиёснопазири Иҷлосияи сарнавиштсози миллат иброз медоранд, ки “Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмию ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад. Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд.”
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бесоҳибиву беҳокимиятиву ҷангу ҷидоли аввали солҳои соҳибистиқлолии Ватани азизамон хотима бахшида, ба истиқлолияти давлатӣ ва ҳастиву пояндагии кишвари мо замина воқеӣ гузошт. Тамоми сокинони мамлакат хурду бузург, пиру барно, аҳли зиёву мардуми оддӣ ба қадри раҳбару раҳнамои давлат, сулҳу суботу осоиш, ҳамдигарфаҳмиву ягонагӣ, ки омили асосии рушду пешрафти Ватан ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад, расиданд. Он шодиву нишот, руҳбаландӣ, умеду боварӣ ба фардои неки Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чеҳраву қалби мардуми кишвар ҳувайдо гардид, шояд аз ноил гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ бештар буд, зеро бинобар кашмакашу маҳалгароӣ, мансабталошиҳои доираи муайяни роҳбарону иттиҳодияҳои ҷамъиятиву сиёсии аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ фирефташуда на ҳар шаҳрванди кишвар арзиш ва қадри истиқлолияту озодӣ, соҳибихтиёриву мустақилӣ, сулҳу ҳамдигарфаҳмиро дарк карда буд. Қалби Тоҷикистон - пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе ба майдони даргириҳо, ҷангу хунрезӣ табдил ёфта буду мардум ба кишварҳои ҳамсояву дигар минтақаҳои мамлакат фирор менамуданд. Майдоннишиниҳову таҳқири ошкорои ҳамдигарии ба фарҳанги инсонгароии миллии мо бегона доман паҳн кардаву оғози ҷанги таҳмиливу шаҳрвандии бародаркуши ваҳшиёна, бесоҳиб мондани давлат, фалаҷ шудани сохторҳои қудративу низомӣ, қариб ба нестӣ рафтани кишвари тозаистиқлол мардуми тоҷикро ба худ овард, ақли солим ғалаба карда,ба ақиб нигоҳ кард, ки мо кистем, чи қисматҳои сангинро аз сар гузаронидаем ва ин такрори ҳамон сарнавиштҳоест баҳри аз байн бурдани миллати тоҷик.
Бо иқдоми неку дурбинонаи вакилони мардумӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба минтақаи амнтари кишвар, вилояти Ленинобод (Суғд), Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд (Бобоҷон Ғафуров) аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардид. Вакилон, ки ҳама дар андешаю талоши сулҳу ваҳдат ва оромӣ дар Ватан буданд, фаъолона ба кори иҷлосия ҳозир шуданд.
Мардуми ғамдидаву навмедгашта аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, аз вакилони мардумии хеш умеди зиёд доштанду ташнаи сулҳу субот ва интизори сухани неку созанда, дилбардорандаву дилгармкунанда, малҳамшавандаву ҳидояткунанда ва умеду нерӯбахшанда буданд.Зеро, сухан метавонад ҳам созанда бошаду ҳам сӯзанда. Мардум аз суханони таҳқиромезу айбҷӯиву камбудиҷӯӣ, шунидани хабари марг, гиряву ашки модарон хаста шуда буданд.
Баёну ибрози назару андеша низ таҷрибаву маҳорату истеъдоди касбӣ мехоҳад. Масъулияти чопу инъикоси ҳаррӯзаи ҷараёни Иҷлосия ва ба мардуми кишвар расонидани он, ки ҳама бо умед интизор буданд, ба зиммаи рӯзномаҳои вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” (“Ҳақиқати Суғд”), “Ленинабадская правда”(“Согдийская правда”) ва Телевизиони вилояти Ленинобод (ТВС) вогузор карда шуд. Ин масъулияти баланд аз рӯзноманигорони вилоят ҳушёриву зиракӣ, кордониву қавииродагиро талаб мекард. Зеро дар кори Иҷлосия ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори ҷумҳуриҳои ҳамсояву ҷаҳониву байналмилалӣ ҳузур доштанду бархе, ҳатто, ба қисмати минбаъдаи кишвари ҷавон тамошобин ҳам буданд.
Чи хеле ки Абӯ Толиби Доғистонӣ баён медорад, - “барои он ки инсон роҳ гаштанро омӯзад як сол, сухан гуфтанро омӯзад, се сол ва таҳаммули суханро омӯзад, шаст сол лозим аст”. Ин суханони ҳикматомезро барои он овардам, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолии мамлакат минбари асосии иттилоотии вилоят - рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” шасти камолот дошт. Рӯзноманигорон ва кормандони ботаҷрибаи ин боргоҳи аҳли қалам чун нерӯи бузурги идеологӣ, сиёсиву маънавӣ бо мавқеву иродаи устувор Ҳукумати конститутсионии мамлакатро ҷонибдор буданд. Ҳар як матлабро бо мизони ақл баркашидаву воқеъбинона рӯи чоп меоварданд ва чун оинаи ҳақнамои ҷомеа ба боварии халқ сазовор буданд. Пӯшида нест, ки дар он рӯзҳо доирае аз шахсиятҳои барӯманди кишвар низ бо тақозои замон мавқеи бетарафиро ихтиёр карда буданд. Дар ин бобат яке аз сиёсатмадорони шинохтаи кишвар Абдулмаҷид Достиев, дар китоби хеш “Мавқеъ”қайд намуда буд, ҳар як хабарнигорро зарур аст, ки сухани ботаҳаммул гӯяд, нерӯи суханро баҳри обод гардидани Тоҷикистон истифода намояд.Зеро дар он рӯзу лаҳзаҳои ҳассос, ки мардум дар ноогоҳӣ буданд, нақши сухани ҷурналист асосӣ, ҳалкунанда, калидӣ маҳсуб меёфт.
Аз идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” 8 нафар барои инъикоси ҳамаҷонибаи ҷараёни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар ҳайати рӯзноманигорон Мазбут Воҳидов, Ҳасанбой Шарифов, Ғафури Нарзулло, Ҳадиятилло Тӯйчизода, Ғайрат Ҳакимов, Ҳасани Порсо ва аксбардорон Шарифҷон Мамадҷонов ва Исроилҷон Рабиев вобаста карда шуданд. Ба ин ҳайати бонуфуз сармуҳаррири вақти рӯзнома Файзулло Атохоҷаев сарварӣ мекард. Рӯзноманигорони парлумонӣ ҳар рӯз дар кори иҷлосия иштирок намуда, бегоҳ ба идораи рӯзнома омада, хабару маводҳоро фавран омода ва ба чоп пешниҳод мекарданду пагоҳ он ба мардум ва вакилони иҷлосия дастрас карда мешуд.
Қасри Арбоб макони корзори сиёсиро мемонду диққати ҷаҳониёнро ба тақдири оянда - ҳастӣ ё нобудии кишвари тозаистиқлоли тоҷик ба худ ҷалб карда буд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмии вакилони мардумӣ идома ёфт ва баъди суханронии раиси кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов аён гардид, ки ҳама як мақсад доранд - хотима бахшидан ба ҷанг, пойдор гардонидани сулҳ, баргардонидани гурезагон ба ҷойҳои зист ва аз ҳама муҳимаш, кишвари ҷангзадаи бесоҳибро соҳиби роҳбар намудан. Ҳамаи он орзуҳои нек амалӣ гардиданд. Иҷлосия бомуваффақият доир гардида, сарнавишти мардуми мамлакати азияткашидаи моро ба куллӣ тағйир дод. Дар қалби сокинони кишвар шӯълаи умедро мунаввар сохт.
Арзишмандтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самараи меҳнати вакилони мардумӣ ин интихоби Сарвари давлат-Раиси Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба шарофати Роҳбари хирадманду дурандеш кори иҷлосия бобарор, сулҳу субот пойдор, Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор ва миллати тоҷик чун миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Суханронии аввалину пурмуҳтавои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии мамлакат дар дили халқи чашминтизори тоҷик умеду бовариро ба фардои неки Ватан пайдо кард. Сарвари ҷавону қавиирода бо хиради азалии фавқулоддаи хеш баҳри пойдории кишвари соҳибистиқлоли тоҷик, расидан ба сулҳу субот сардорони дастаҳои мусаллаҳи мухолифинро ба мулоқот ба иҷлосия даъват намуданд. Онҳо ба муқаддасоти давлатӣ-Парчами миллӣ сари таъзим фуруд оварда, барои оташбас ва сулҳ савганд ёд карданд ва дар сари дастурхони сулҳу дӯстӣ ва оши оштӣ гирд оварда шуданд. Иҷлосия бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ баҳри амалӣ шудани ин ҳадафҳо гузашту бахшишро авло дониста, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод намудани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухталиф ҷиноят содир кардаанд”-ро қабул намуд. Ҳамчунин бо пешниҳоди Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосия дар бораи сулҳ қарор қабул намуда, 26 ноябри соли 1992-ро “Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон намуд.
Рӯйдоди дигари хотирмони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол пас як соли соҳибихтиёрӣ соҳиби рамзҳои давлатӣ – Нишон ва Парчам гардид ва барои таҳияи Конститутсияи мамлакат асос гузошта шуд. Сарвари давлат дар иҷлосия иброз доштанд, ки мо роҳи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро интихоб менамоем.
Кори босамари иҷлосия дар он буд, ки баҳри ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар вакилони мардумӣ сарҷамъонаву якдилона бо дилу нияти поку умеди комил баҳри ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба ҷанг, баргардонидани наздик аз як миллион нафар гурезаҳо ба ҷойҳои зист, фароҳам овардани шароит барои онҳо, тақдири неку ояндаи давлати соҳибистиқлол 74 санадҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва изҳорот қабул намуд.
Рафти кори иҷлосия ва фикру андешаи вакилон, ки онҳо низ аз амалҳои хирадмандонаи Сарвари навинтихобашон ҳар рӯз дилпуртар мегардиданд, тавассути телевизон намоиш дода шуда, дар рӯзномаҳо дарҷ мегардид ва мардуми кишварро дилгарм месохт.
Мухбири парлумонии рӯзнома Ғафури Нарзулло аз вакили мардумӣ Адолат Раҳмонова мепурсад: Муаллима! Раиси интихобшудаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмоновро мешиносед? – Бале, хуб мешиносам. Аз беҳтарин фарзандони Хатлон аст. Бо хислатҳои ҳамидаи худ аз дигарон фарқ мекунад. Писари деҳқони оддист ва шояд аз ҳамин сабаб меҳнатдӯсту хоксор, адолатпешаву марди ҳақиқист. Ин суханони як нафар вакили мардумӣ, ки дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” аз 22-ноябри соли 1992, № 168 интишор шуда буд, барҳақ, одилона буданду шаҳодатгари онанд, ки аз рӯзҳои нахустини сарварӣ, яъне сӣ сол пеш дар симои ин ҷавонмарди чилсола Роҳбари хирадсолорро дида тавонистанд.
Вакилони мардумии Шӯрои Олӣ дар ҳақиқат заршиносии худро собит намуданд. Фазои шодиву нишот ба тамоми қаламрави кишвар, ҷомеаҳои меҳнатӣ, ташкилоту корхонаҳо доман паҳн намуд, ки Тоҷикистон соҳиби Сарвари дилсӯзу ғамхори халқ, оқилу донишманд, ватандӯсту худшинос, дурандешу чашмикордон гардиду ояндааш дурахшон аст.
Дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” аз 1 декабри соли 1992, № 174 табрикот ва орзуву таманиёти ҷомеаи меҳнатии Идораи савдои озуқавории шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Орзуҳои нек ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ” омадааст, - “ Ҷомеаи меҳнатии якунимҳазорнафараи Идораи савдои озуқавории шаҳри Хуҷанд аз натиҷаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо қаноатманд ва хурсанд аст. Шуморо ба муносибати ба ин мансаби масъул ва олӣ интихоб шуданатон самимона табрик менамоем. Тақдирҷунбони халқи тоҷик ва давлати мустақили Тоҷикистон буданатон аз қадамҳои аввалинатон маълум шуда истодааст. Маҳз бо ақлу заковат ва ташаббуси Шумо вохӯрии сарварони дастаҳои мусаллаҳ дар Хуҷанд барпо гардид. Оши оштӣ дода шуд. 26 ноябр Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллӣ эълон гардид. Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо роҳбарии Шумо барин писарони бовафою ҷасоратманди халқ поянда хоҳад шуд. Боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик ва ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ оянда рӯзҳои нек мебинанд, рӯзгорашон боз ҳам фаровон мешавад, зиндагӣ таровати тоза пайдо мекунад.”
Чунин таманниётҳои самимӣ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилоту муассисаҳо, шахсиятҳои шинохтаву барӯманд саҳифаҳои рӯзномаи вилоятиро зеб дода, имрӯз ҳам чун ганҷинаи нодир барои идораи рӯзнома арзишманд ҳастанд. Хушбахтӣ ва ифтихори бузурги ҳайати эҷодии рӯзнома дар он аст, ки баъди анҷоми кори Иҷлосия Сарвари давлат – Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 4‐уми декабри соли 1992 чаҳор нафар мухбири рӯзнома – Мазбут Воҳидов, Ҳасанбой Шарифов, Ҳадиятилло Тӯйчизода ва Ғафури Нарзуллоро дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳузурашон қабул карда, изҳори сипос гуфтанд ва иброз доштанд, ки «Ман аз мавқеъ ва нақши рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» хеле мамнунам ва ба кормандони он бовар дорам». Ин бовариву эътимоди Роҳбари давлат рӯзноманигорони рӯзномаро руҳбаланд намуда, дигарбора ба касби пешгирифтаашон -қаламфарсоӣ дилгарм намуд.
Халқ гавҳаршинос аст. Шахси бузург корҳои бузургро анҷом медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои фаъолият ҳамчун Сарвари давлат бо ҷаҳду талошҳои пайваста баҳри бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки он 5 солу як моҳу 22 рӯз ё ки 1880 рӯз идома ёфта, беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷони худро аз даст дода, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакон ятим монда, ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид, маҳз аз ҳамон иҷлосияи таърихӣ асос гузошта буданд. Ниҳоят баъди гуфтушунидҳои зиёд, гузашту бахшиш санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд ва он рӯз ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон карда шуд.
Бо хирад, тафаккур, ҷасорат, таҳаммулпазирӣ, инсонгароӣ, ирода, садоқати баланди ватандориву ватандӯстӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки дар як фурсати кӯтоҳ кишвари ҷангзадаву қариб ба нестӣ рафта ва халқи парешонро ба ҳам оварда, чун шахсияти таърихӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гарданд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо мактаб ва фарҳанги сулҳофарии Пешвои миллат аз тарафи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ баҳои баланд гирифта, чун модели нодир дар ҷаҳон пазируфта ва ташвиқ шуда истодааст. Собиқ Муншии умумии Созмони милали Муттаҳид Кофи Аннан ба сулҳи тоҷикон баҳои баланд дода, изҳор намуда буд, ки «тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ва ҷаҳониён ба армуғон оварданд».
Андешаву гуфторҳо дар ҳаққи хизматҳои бузургу мондагори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бешуморанд, зеро Президенти мамлакатамон дар баробари ба даст овардани сулҳ дар кишвар тавонистанд, чун сиёсатмадори баркамолу фарохназар натанҳо дар бартараф намудани муаммоҳои дохилӣ, балки чиҳати ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ таклифу пешниҳодҳои ҷолиби миқёси умумиҷаҳониро ба миён гузоранд. Чаҳор пешниҳоди Пешвои миллат оид ба масъалаи об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта ва амалӣ гардида истодааст, ки ин ифтихори мардуми сарбаланди тоҷик мебошад.
Антониу Гутерриш -дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар ин бобат баён медорад, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ қарор дода, шоистаи таҳсину қадр медонад. Тоҷикистон дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Худи далели он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”-ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза роҳбарияти олии кишвар, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи ҷаҳонии об аҳамияти хосса зоҳир менамоянд”.
Ин баҳои баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ, роҳбарияти ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ нисбат ба иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат ва халқи шарафманди Тоҷикистон мебошад.
Иҷлосияи сарнавиштсоз, сулҳу ваҳдати миллӣ баҳри ҳалли масъалаву муаммоҳои дохилии Ватани азизамон, расидан ба зиндагии босаодату шоиста ва амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии мамлакат- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, ба сомон расидани корҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат асос гузошт.
Ҷаҳду талошҳои бузургу нотакрори роҳбари мардумӣ, азизи дилу дидаи халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 30 соли сарварӣ баҳри ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ ва муаррифии Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ буд, ки имрӯз Ватани маҳбуби моро ҳамчун кишвари соҳибтамаддун, рушдёбанда ва аз ҷиҳати амн бехатар мешиносанду арҷ мегузоранд.
Гузашти солҳо собит намуданд, ки хиради азалӣ ва ҷавҳари фитрӣ, албатта, мақоми фардии инсонро боло мебардорад. Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти арҷманди мо - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали тиллои Алберт Швейтсер, ҷоизаи Корпуси умумиҷаҳонии сулҳ, унвони профессори фахрии бонуфузтарин донишгоҳҳои ҷаҳон, мукофоту ҷоизаҳои созмонҳои байналхалқиву орденҳои давлатҳои гуногун қадр карда шудаанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни ҳафтодсолагӣ ва фосилаи сӣ соли давлатдорӣ дар арафаи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи саодатофари XVI Шӯрои Олӣ аз ҷониби сиёсатмадори варзидаи миқёси ҷаҳон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин бо ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи III арҷгузорӣ карда шуданашон боиси шарафмандиву саодати мардуми тоҷику тоҷикистониён аст. Зеро маҳз ин фарди шарифу барӯманд ба Тоҷикистони азизи мо сулҳи пойдор оварданд, баҳри пойдории сулҳ дар минтақа саҳм гузоштанд ва дар ҳалли масоили мубраму доғи рӯзи умумибашарӣ ҳиссаи арзандаву бориз мегузоранд. Ин барои мо, мардуми Тоҷикистон боиси ифтихору сарбаландист.
Хушбахтона, мардуми соҳибхиради тоҷик заҳматҳои Пешвои миллатро бо чашми сар дида, бо эътиқоду эътимоду боварӣ дар атрофашон сарҷамъ гардида, бо эҳсоси баланди ватандорӣ рӯ ба созандагиву бунёдкорӣ овардаанд, ки Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз гул-гулшукуфон гашта истодааст.
Аминҷон Шарифзода
сармуҳаррири рӯзномаи
вилоятии “Ҳақиқати Суғд”
Читать далее