November 2022
14 November 2022
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маҷмааи хизматрасонии «Малика»-ро ифтитоҳ намуда, бо ятимони кулл мулоқот карданд
- Подробности статьи
14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич Маҷмааи хизматрасонии “Малика”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дар марказ фароҳамшуда шинос гардида, бо кормандони маҷмааи хизматрасонӣ суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Дар коргоҳи нав зиёда аз 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Читать далееСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши навъҳои картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич боздид карданд
- Подробности статьи
14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич аз намоиши навъҳои картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзии ноҳия боздид ба амал оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки шуғли асосии сокинони ноҳияи Деваштич кишоварзӣ буда, дар ноҳия 36 ҳазору 556 гектар замини корам мавҷуд аст. Аз ин 12 ҳазору 448 гектараш заминҳои обӣ буда, дар ин минтақа соҳаи картошкапарварӣ рушд меёбад.
Читать далееПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 5-ро дар ноҳияи Деваштич мавриди истифода қарор доданд
- Подробности статьи
14 ноябр дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои лоиҳавии муассиса дар масоҳати 2,14 гектар бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Фармоишгари ин муассисаи таълимӣ “Маркази татбиқи Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй-рем” ба анҷом расонида шудаанд.
Читать далееПрезиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркард ва банду басти ҶДММ «Меваҳои ҳазорчашма»-ро дар ноҳияи Деваштич ба истифода доданд
- Подробности статьи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич коргоҳи коркард, банду басти хуч ва намудҳои пину (қурут)-и ҶДММ “Меваҳои Ҳазорчашма”-ро ба истифода доданд.
Коргоҳи коркард, банду басти “Меваҳои Ҳазорчашма” бо саҳми соҳибкори ватанӣ Наим Худойбердиев дар заминаи иншооти мавҷуда пурра таҷдиду навсозӣ ва муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Читать далееСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи қолинбофии «Субҳия»-ро дар ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд
- Подробности статьи
14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич коргоҳи қолинбофии “Субҳия”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар масоҳати 288 метри мураббаъ ҷой гирифта, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Пиримқул Сатторқулов бунёд карда шудааст.
Коргоҳи қолинбофии “Субҳия” дар заминаи таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои суннатии мардумӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ ва дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ” амалӣ карда шудааст.
Читать далееПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич майдони болопӯшидаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Подробности статьи
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашма майдони болопӯшидаи варзиширо ифтитоҳ карданд.
Дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва бо мақсади саҳм гузоштан дар ободии Ватан соҳибкори маҳаллӣ Хироҷидддин Сайфиддинов иншооти варзишӣ бунёд намудааст.
Читать далееПрезиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ» — ро дар ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд
- Подробности статьи
14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон бо харҷи 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Читать далееСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд
- Подробности статьи
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи лоиҳаи хати оби нӯшокӣ барои 9 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Дар натиҷа 1910 хонавода дар 6 маҳаллаи деҳоти Ғазантарак бо оби ошомидании тоза таъмин гардиданд.
Читать далее13 November 2022
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд
- Подробности статьи
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Дар ин ҷо деқонони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои татбиқи ҳамаҷонибаи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, самари меҳнати худро ба намоиш гузоштанд.
Читать далееПрезиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар «Боғи миллии Ваҳдат» сардхонаи навро мавриди баҳрбардорӣ қарор доданд
- Подробности статьи
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, сардхонаи наву замонавиро, ки бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бунёд карда шудааст, мавриди баҳрбардорӣ қарор доданд.
Дар сардхонаи нав коргарони «Боғи миллии Ваҳдат» бо мақсади таъмини бозори дохилӣ дар фаслҳои зимистону баҳор бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ сабзӣ, картошка, лаблабуи сурх, анор, ангур, хурмо, олу ва себ захира намудаанд.
Читать далее