November 2022
13 November 2022
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаи замонавии ҶДММ «ММК Агро»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Подробности статьи
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Гармхонаи замонавии инноватсионӣ аз рӯйи стандарти “Евро 6”, ки ҳоло муосиртарин насли гармхонаҳо ба ҳисоб меравад, бунёд гардида, дар он маҳсулоти кишоварзӣ бо сифати баланд парвариш карда мешавад.
Читать далееПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонов бинои маркази хизматрасонии «Шоҳ»-ро ба истифода дода, бо 100 нафар ятими кул мулоқот намуданд
- Подробности статьи
13 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонов бинои маркази хизматрасонии «Шоҳ»-ро ба истифода дода, бо 100 нафар ятими кул мулоқот намуданд.
Бинои хизматрасонӣ хуштарҳу замонавӣ буда, дар таҳхонаи он сардхона барои нигаҳдории 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгир аст.
Сардхонаи муосир бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, он чор анбори васеъ дорад, ки барои нигоҳ доштани меваю сабзавот ва полезӣ пешбинӣ шудааст.
Читать далееПрезиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд
- Подробности статьи
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.
Читать далееСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи парандапарвариро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Подробности статьи
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи парандапарвариро, ки аз тарафи соҳибкор Шуҳрат Нурматов бунёд карда шудааст, ифтитоҳ намуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти паранда дидан карданд.
Корхона дар масоҳати 2200 метри мураббаъ бунёд гардида, аз панҷ парваришгоҳ бо ғунҷоиши умумии 40 ҳазор сар паранда иборат мебошад. Ҳоло дар парваришгоҳҳо 18 ҳазор чуҷаи аз 10 то 12 рӯза нигоҳ дошта мешавад. Чуҷаи паранда аз корхонаҳои инкубатсионии вилояти Суғд дар якрӯзагӣ оварда шуда, ба муддати 45 рӯз парвариш карда мешавад ва сипас ба забҳхона равона мегардад. Маҳсулоти корхона бо тамғаи “Авҷпар” дар бозори дохилӣ пешниҳоди харидорон карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи парандапарварӣ дар як сол ба 600 тонна гушт баробар аст.
Читать далееПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди шишаи сохтмонии ҶДММ «Шишасохтмон»-ро ифтитоҳ намуданд
- Подробности статьи
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди шишаи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шишасохтмон”-ро ифтитоҳ намуданд.
Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шуҳрат Нурматов ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд карда шудааст. Дар бунёди корхона конструксияи металии ширкати ватании “Хубҷамъ-Инвест” истифода гардида, онро ба таври замонавӣ мутахассисони маҳаллӣ сохтаанд.
Читать далееПрезиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли хӯроки паранда ва чорвои ҶДММ «Анко-Инвест»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Подробности статьи
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, нахуст корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анко-Инвест»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи соҳибкори ватанӣ Илҳом Рабиев бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат – 2022-2026 бунёд шудааст.
Читать далееСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон обанбори шабакаи оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд
- Подробности статьи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, обанбори шабакаи оби нӯшокиро бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб барои таъмини беш аз 5000 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон мавриди истифода қарор доданд.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, сохтмони иншооти оби нушокӣ марҳилаи навбатии татбиқи созишномаи сеҷонибаи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию комуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва “Лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон” маҳсуб меёбад, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маблағи 18 миллиону 964 ҳазор доллари америкоӣ амалӣ шудааст.
Читать далееОғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
Субҳи 13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Читать далее11 November 2022
Ташрифи меҳмонон аз пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
11 ноябри соли 2022 гуруҳи калони меҳмонон аз гӯшаву канори мамлакат ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар ҳайат ходимони давлативу ҷамъиятӣ, вакилони Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ, аҳли зиё, адибону олимон, шоирону сиёсатмадорон шомил буда, меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулин истиқбол гирифтанд.
Читать далееМулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон
- Подробности статьи
Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл мулоқот намуд.
Аснои суҳбат ҷонибҳо ба нақши ташкилоти байналмилалии молиявӣ дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ баҳои баланд дода, вобаста ба дурнамои ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.
Читать далее