November 2022

11 November 2022

Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

10 ноябри соли 2022 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, инчунин сафири ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, намояндагони доимии Бонки Ҷаҳонӣ ва ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва роҳбари минтақавии Бонки Осиёгии рушд иштирок намуданд.

Читать далее

10 November 2022

ОМОДАГИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР КАДОМ САТҲ АСТ?

Дар заминаи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат бунёди муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таъмиру тармими биноҳои амалкунанда, таъмин намудани муассисаҳо бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ ва маводи хӯрокворию сӯзишворӣ пайваста идома дорад. Бахусус, маблағгузории соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар панҷ соли охир ба андозаи 225,3 миллион сомонӣ афзуда, соли равон аз буҷаи вилоят ба соҳаи тандурустӣ 597,9 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Боиси зикр аст, ки соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмон, таъмир ва азнавсозии 152 муассисаи соҳаи тандурустӣ сурат гирифт. Зимнан, барои муайян кардани сатҳи омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба зимистонгузаронии имсола бо сармутахассиси Раёсати тандурустии вилоят оид ба сохтмон Ҷаъфар Мамадов ҳамсуҳбат шудем.

‐Дар асоси пешниҳоди Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва қарори Раиси вилоят таҳти №143 аз 25 уми апрели соли 2022 барои муассисаҳои тандурустии вилоят 4836,8 тонна ангишт ва 1431,6 м3 ҳезум бояд харида захира шавад.

Иловатан, бо назардошти бақияи ангишт, ҳезум ва маводи сӯзишворӣ барои генераторҳои барқӣ аз давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021‐2022 ва нақшаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022‐2023 дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 5016,29 тонна ангишт, 1565,21 м3 ҳезум ва 10664 литр сўзишворӣ бояд захира шавад, ‐иттилоъ дод Ҷаъфар Мамадов.

Мувофиқи нақша – чорабинии ситоди махсуси соҳаи тандурустӣ барои сари вақт таъмин намудани беморхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят бо маводи сӯхт ва хӯрокворӣ корҳои муҳим ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 977 м2 тирезаҳо шишабандӣ шуданд. Ҳамзамон, 1894 адад гармкунаки барқӣ, 1492 печи аловӣ ва 202 адад генератори барқии коршоям муҳайё аст, ки дар ҳолати зарурӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Оид ба нигоҳ доштани маводи сӯзишворӣ барои генераторҳои барқӣ шартнома байни муассисаҳои тандурустӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ баста шуда, дар ҳолати зарурӣ тибқи нақшаи муассисаи тандурустӣ бо сӯзишворӣ таъмин карда мешаванд. Дар муассисаҳои тандурустии вилоят 139 дегхона мавҷуд аст. Барои омода намудани таҷҳизоти барқии гармидиҳӣ, печҳои аловӣ, генераторҳо ва дегхонаҳои муассисаҳо корбарӣ идома дошта, раванди омодасозӣ давом мекунад.

Интизор меравад, ки дар муассисаҳои тандурустии вилоят барои таъмин намудани беморон бо маводи хўрокворӣ 25,1 тонна картошка, 14,4 тонна пиёз, 13,4 тонна сабзӣ, 7870 литр равған, 9,3 тонна орд, 7,3 тонна биринҷ, 3,7 тонна шакар ва 8,1 тонна дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бояд захира шавад.

‐То санаи 1 – уми октябри соли равон дар муассисаҳои тандурустии вилоят 18,25 тонна картошка, 10 тонна пиёз, 9,69 тонна сабзӣ, 5090 литр равған, 6,64 тонна орд, 4,86 тонна биринҷ, 2,65 тонна шакар ва 5,37 тонна дигар маводи хўрокворӣ захира шудааст, ‐афзуд Ҷаъфар Мамадов.

Раёсати тандурустии вилоят дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои дахлдор барои муваффақона гузаронидани мавсими зимистонгузаронии имсола чораҳои зарурӣ андешида, талош доранд, ки давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022‐2023 бе мушкилӣ ҷамъбаст гардад.

Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

09 November 2022

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш мулоқот карданд

8 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот карданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи кунунии ҳамкории ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии Тоҷикистонро барои идома ва густариши минбаъдаи робитаҳои судманд бо Созмон ва ниҳодҳои он иброз намуданд.

Читать далее

08 November 2022

Таҷлили Рӯзи кормандони милитсия

8 ноябр дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кормандону собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоятро бо ҷашни касбӣ - Рӯзи кормандони милитсия табрик намуд.

Қайд карда шуд, ки дар ҳама давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ, вогузор шудааст.

Читать далее

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 27)

07.11.2022, Миср

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории иҷлоси имрӯза миннатдории худро иброз намоям.

Хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли равон дар ҷаҳон ва аз он ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 27) иштирок карданд

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 27) иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуданд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Павилиони оби Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси бисту ҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуданд

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Конфронси бисту ҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар маросими ифтитоҳи Павилиони оби Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ин маросим ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Мисри Араб, Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд иштирок ва суханронӣ намуда, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсияти пешсаф дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ баҳои баланд доданд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи Конференсияи 27-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок карданд

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конференсияи 27-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР 27) иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Яник Глемарик, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио, Котиби генералии Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ Петтери Таалас ва намояндагони дигар созмонҳою кишварҳо иштирок намуданд.

Читать далее

Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср

6 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим вориди шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Шарм-уш-Шайх Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Арабии Миср истиқбол гирифтанд.

Читать далее

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

06.11.2022, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик мегӯям.

Баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ ба мо зарур буд, ки Конститутсия, яъне қонуни асосии давлати соҳибихтиёри худро таҳия ва қабул намоем.

Читать далее