November 2022
05 November 2022
Масъулияти ватандорӣ
- Подробности статьи
Ҷомеаи меҳнатии идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ба мардуми меҳнатқарини шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Исфара, Истиқлол, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон барои фаъолияти пурсамар ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар муташаккилона гузаронидани маъракаи муҳими «Обуна – 2023» изҳори сипос мегӯяд.
Боиси тазаккур аст, ки мардуми сарбаланди ин шаҳру навоҳӣ қарори Раиси вилоят «Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли 2023»-ро бо мақсади баланд бардоштани нақши матбуоти даврӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, таъмини фазои иттилоотӣ ва ташвиқу тарғиби сиёсати дохиливу хориҷӣ ҳамаҷиҳата дарк намуда, барои самаранок гузаронидани ин маъракаи муҳим чораву тадбирҳои мушаххас андешиданд.
Сокинони сарбаланди ин манотиқ бо дарки амиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро чун тӯҳфаи ҷашни 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ гузоштанд. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки ин шаҳру ноҳияҳо дар саргаҳи аввали маъракаи «Обуна - 2023» қарор дорад, зеро мардум ба хубӣ дарк намудаанд, ки рӯзнома инъикосгари ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангии вилоят, бахусус тамоми шаҳру ноҳияҳои он ба ҳисоб рафта, дар таҳкими давлатдории тоҷикон нақши бориз дорад.
Муассисаи давлатии идораи рӯзномаи вилоятӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Исфара, Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон сипосгузор буда, муштариёну хонандагони рӯзномаро бовар мекунонад, ки рисолати худро ҷиҳати инъикоси ҳаёти ҳамарӯзаи мардум ба иҷро мерасонад.
Ҷомеаи меҳнатии
«Ҳақиқати Суғд»
04 November 2022
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки имсол дар арафаи тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ба сокинони сарбаланди вилоят сидқан табрик гуфта, ба ҳамагон хотири ҷамъ, саломатии комил, хонаободӣ ва дастоварду муваффақиятҳои бепоён таманно менамоям.
Конститутсияи давлати куҳанбунёди тоҷикон дар айёми ниҳоят вазнини вазъи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷониби мардуми сарбаланду шарифи кишвар ҳамчун санади муқаддас, барномаи асосии фаъолияти давлат ва ҷомеа ҷонибдорӣ ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба марҳалаи нави таърихӣ ва устуворсозии пояҳои давлати мустақил заминаи боэътимод гузошт.
Читать далее“Ба тоҷику ба эронӣ муҳаббат бод арзонӣ!”
- Подробности статьи
Дирӯз намоиш - фурӯши маҳсулоти Эрон дар “Кохи Суғдиён” – и шаҳри Хуҷанд дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳуии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар долони бино маҳсулоти ҳунармандони чирадасти эронӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Аз ҷумла, маҳсулоти марбут ба ҳунарҳои заргарӣ, бофандагӣ, мисгарӣ, хушнависӣ, либоси миллӣ, аксу мусаввараҳои мавзеъҳои табиӣ ва ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Исломии Эрон диққати меҳмононро ҷалб кард.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Муҳаммадтақии Собирӣ дар оғози чорабинӣ ба Раиси вилояти Суғд ва дигар масъулони мақомот арзи сипос намуда, гуфт, ки равобати фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст. Аслан, ин равобит бисёр дерина аст, чун таъриху мероси муштарак дорем. Мощи гузашта шоҳиди Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳрҳои Теҳрону Шерозу Табрез будем. Ҳунармандони барҷастаи Тоҷикистон барномаи хуберо иҷро карданд, ки гарм пазируфта шуд. Эрон барои тавсеа ёфтани равботи ҳамаҷониба кӯшиш меварзад.
Дар идомаи чорбинӣ гурӯҳи ҳунармандони “Шаҳпар -мюзик” аз рӯи достонҳои “Шоҳнома” – и Ҳаким Фирдавсӣ сурудҳои рӯҳбахш замзама карданд. Ҳамчунин, гурӯҳи ҳунарии “Варзишгарони зӯрхонаӣ” намоиши ҷолибро таҳия карданд.
Парвона Амириён - тарроҳи хушназар аз шаҳри Шероз буда, барои намоиш маҷмӯи либосҳои миллӣ таҳия кардааст, ки дар намоиш муаррифӣ шуд. Ӯ аз он изҳори хушнудӣ кард, ки саодати ҳозир шудан ба Тоҷикистон ва шиносоӣ ёфтан бо тарроҳону ҳунарварони тоҷик насибаш гардид.
- Хушҳолем, ки бо барономаи зебои ҳунарӣ ба Тоҷикистон омадем. Ҳамвора меҳру дӯстӣ поянда бошад. Бисёр мехоҳем, ки бо ҳунармандону тарроҳони тоҷик дар самти офаринши тарҳҳои либоси миллӣ ҳамкориҳои судманд дошта бошем. Ҳавасманадем, ки бо доиншгоҳҳо, марказҳои тарроҳии кишвари ба мо дӯст - Тоҷикистон барномаҳои муштарак дошта бошем ва табодули таҷриба намоем.
Розия Ҳусейнӣ - бонуи ҳунарваре аз шаҳри Исфаҳон аст, ки аз 18 – солагӣ ҳунари заргарию мисгариро аз худ кардааст ва имрӯз дар ин самт аз беҳтарин ҳунармандон маҳсуб меёбад. Мавсуф аз сафари ҳунарӣ таассуроти хубе дорад.
- Пайвандӣ доштани фарҳангу ҳунари Эрону Тоҷикистонро дар ҳунари заргарию мисгарӣ низ метавон мушоҳида кард. Нақшу рамз ва моделҳое, ки ҳунармандони мо меофаранд, шабеҳи ҳамдигаранд. Аслан, дар осори маънавии мо аз Сайҳуну Ҷайҳун бисёр гуфтаанд. Имрӯз хушҳолам, ки дарёи Сайҳунро аз наздик дидам, боиси ифтихор аст.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”
Читать далее03 November 2022
Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
3 ноябр бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту идораҳо, фаъолону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки 28-сол муқаддам мардуми Тоҷикистон бо роҳнамоиҳои дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули Конститутсия барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошта, роҳи минбаъдаи рушди ҷомеаи кишварро дар ҷодаи эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян намуданд.
Читать далееХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ БА ҶОМЕА ВА ПЕШГИРИИ ОН
- Подробности статьи
Терроризм яке аз усули муборизаи сиёсӣ аст, ки бо истифодаи зӯроварии идеологӣ алоқамандӣ дорад. Моҳияти терроризм зӯроварӣ бо роҳи тарсонидан аст. Субъекти зӯроварии террористӣ шахсони алоҳида ё созмонҳои ғайриҳукуматӣ мебошанд. Объекти зӯроварӣ қудрат дар шахсияти хизматчиёни давлатӣ ё ҷомеа дар симои шаҳрвандони алоҳида, ҳамчунин моликияти шахсӣ ва давлатӣ, инфраструктура, системаҳои таъминоти ҳаёт маҳсуб меёбад.
Мақсади зӯроварӣ аз ноил шудан ба рушди ҳодисаҳои барои террористон матлуб – инқилоб, ноором кардани вазъи ҷомеа, сар задани ҷанг дар дохили давлат ва бо давлати хориҷӣ, ба даст овардани истиқлолият дар қаламрави муайян, паст намудани нуфузи қудрат ва сиёсати давлат ва амсоли ин иборат аст.
Муайян кардани терроризм кори душвор аст. Шакл ва усулҳои фаъолияти террористӣ бо мурури замон хеле тағйир ёфтанд. Ин падида баҳои доимии манфӣ дорад, ки боиси тафсири худсарона мегардад. Аз як тараф, майл доштан ба тафсири беасос васеъ мушоҳида мешавад, вақте ки бархе аз нерӯҳои сиёсӣ бе асосҳои кофӣ рақибони худро террорист мехонанд. Аз тарафи дигар, ин тангшавии беасос аст. Худи террористон майл доранд, ки худро афсар, шахси ватандўсту адолатпарвар, ҳимоятгар ва дар паси хатти душман мехонанд. Аз ин ҷост, ки ҳам таърифҳои ҳуқуқӣ ва ҳам ҳуқуқӣ ва фаҳмиши умумии назариявии терроризм мушкилиҳо ба миён меоянд.
Олимони илми ҳуқуқшиносӣ амал ва аломатҳои ҷиноятҳои террористиро таҳқиқ ва ҷамъбаст намуда, мафҳуми терроризмро амали оммавӣ, хатарнок, таҳдид ва тарсонидани аҳолӣ ё гуруҳҳои иҷтимоӣ арзёбӣ намудаанд, ки дар ҳақиқат ин амал як роҳи идоракунии ҷомеа тавассути тарсонидани пешгирикунанда мебошад. Ба чунин усул ташкилот ё қувваҳое, ки дар назди худ мақсадҳои разолатхоҳона гузоштаанд, кори худро пеш мебаранд. Воқеан, “Террор” ҳамчун хушунати ғайриқонунии ашхоси алоҳида, гуруҳу созмонҳо, ташкилотҳои ғайридавлатии ифротгаро алайҳи давлату миллат ва ҷомеа ва “терроризм” амалияи зӯроварии ғайриқонунӣ аст, ки аз ҷониби қувваҳо ва созмонҳои зиддидавлатӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Террор ба зӯроварӣ такя мекунад ва ба ҳадафҳои худ тавассути саркӯби ҷисмонии намоишии ҳама гуна рақибони фаъол барои тарсондан ва аз қудрати муқовимат маҳрум кардани ҳама мухолифони эҳтимолӣ ноил мегардад. Бояд таъкид кард, ки терроризм як сиёсати зӯроварии пешгирикунанда аст ва ин онро аз таъқиби шадидтарин алайҳи қонуншиканон фарқ мекунад. Террорро ҳукуматдорон ба таври куллӣ тағйир додани тартиботи мавҷуда медонанд. Дар чунин мавридҳо, чун истилои хориҷӣ, ё инқилоби иҷтимоӣ, ё пойдор шудани авторитаризм дар ҷомеае, ки суннатҳои демократӣ доранд, яъне ҳар вақте, ки воқеияти сиёсӣ ба таври куллӣ тағйир меёбад ва ин дигаргуниҳо ногузир муқовимати як қисми муҳими ҷомеаро ба вуҷуд меоранд.
Калимаҳои “терроризм”, “террористӣ”, “амали террористӣ” нусхабардорӣ аз забони англисӣ мебошанд (terrorism, terrorist, act of terrorism). Ба маънои аслии худ, ҳамаи онҳо бо терроризм ҳамчун сиёсати тарсондан алоқаманданд. Аммо дар ин ҷо фарқиятҳо муҳиманд. Пеш аз ҳама, субъекти фаъолияти террористӣ, яъне террорист, чун қоидаву қонун ва давлат не, балки ташкилотҳое мебошанд, ки дар назди худ ҳадафҳои сиёсӣ – ба сари қудрат омадан, ноором кардани ҷомеа, ба инқилоб тела додани он, иғвоангезӣ, ҷангҷўию ҷангхоҳӣ ва ворид шудан ба ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти онҳо аст. Ва террористон имрўз ҷиддан кўшиш намуда истодаанд, ки ҳамоиши амали террористиро дар ҷомеа ба таври васеъ густурда созанд. Аз ин лиҳоз, имрўзҳо як масъалаи муҳиме пеш омадааст, ки аҳли ҷомеа, алахусус омўзгорони муассисаҳои тањсилоти олии кишварро бетараф намегузорад, ки ин истифодаи бемайлони воситаҳои техникӣ дар байни наврасону ҷавонон мебошад. Аз рўи мушоҳидаву нишондодҳо аён аст, сомонаҳои мухталифи ташкилотҳои ғайридавлатӣ фаъол аст ва наврасону ҷавонони мо ноогоҳона ва ё бо сабаби бемақсад истифода бурдани интернет бо ашхоси бегона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошноӣ пайдо намуда, худро гирифтори доми террористон месозанд. Аз ин лиҳоз, қайд намуданием, ки аз вазъияти ба амаломада бояд ҳар як фарди ватанхоҳу ватандўст, ҳар як падару модар огоҳии комил пайдо намуда, ба ҳар як амали наврасону ҷавонон ва фарзандони худ ботаваҷҷуҳ бошанд, масъулияти баланди хешро дарк намуда, дар тарбияи наврасону ҷавонон ба иштибоҳе роҳ надиҳанд. Зеро, таваҷҷуҳи махсуси падару модар, мураббиву омўзгор, аҳли ҷомеа ва муҳити атроф ба насли наврасу ҷавон муҳимияти махсус дошта, ба ҳолати равонӣ, дарку эҳсос, фаҳмишу ҷаҳонбинӣ ва ояндаи онҳо таъсиргузор аст.
Қоситов Ҷ.
– ассистенти кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ
Паймоншикананд, наҳзатиён
- Подробности статьи
Халқи тоҷик ҳикмату мақолҳои хуберо дар хазинаи каломи худ дорад: “гӯшт бе устухон намешавад!”. Бар ҳақ, халқи тоҷикро дар миқёси ҷаҳон аз аҳли китоб медонанду фарҳангу тамаддун ва таърихи ин миллатро илми ҷаҳонӣ ба хубӣ эътироф кардаанд. Ҳатто фалсафаи сулҳи тоҷиконро созмонҳои бузурги ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор додаанд, ки боиси ифтихори ҳар як сокини ватанпарасти кишвар аст!
Вале, боиси афсӯсу надомат аст, ки аз аввали соҳибистиқлолӣ то ба ҳол ин халқ чунон хоинону ватанфуршонро дар бар дорад, ки кас ангушти ҳайрат мегазад, ки то ба кай ин нобакорон лоф мезада бошанд... Аслан мо аз лофзаниву сафсатбофии ин афрод ҳаргиз намеҳаросем!, вале баҳрашон аз Ҳақ талаб дорем, ки инсофашон диҳаду ақли солим... дигар бар ҳолашон хандидан мемонаду гиристан... ханда аз лофзаниҳои беҳудаашону “аз пашша филсохтанашон”, гиря аз беақлии ин мардуме, ки худро Паймони миллӣ хондаанду кадом аҳдро паймон кардани бошанд? Аслан мушоҳидаҳои чунин мухолифони ҳама гуна кишварҳо нишон медиҳад, ки ин гуна хоинон маҳз бо ана ҳамин хел мазмун гуруҳ боз мекунанд, фикр мекунанд, ки бо “миллӣ” ном гирифтани гуруҳашон “харидорашон” фузун мегардад. Вале, як фактро ба инобат намегиранд, ки ин халқу ин миллат он халқе, ки солҳои навадуми қарни гузашта буд нест, ҳама бо чашми ақли худ найрангҳои шумоён наҳзатиёнро ба хуби дарк карду маззаи онро чашид.... ва ҳаргиз фирефтаи фиребу сафсатаҳои дуруғини шумоён нахоҳанд шуд!!! Оғои Кабирӣ, ки худро роҳбари “Паймони миллӣ” мегиред, ба атроф бингаред, дар атрофи шумо киҳо ҷамъ гардидаанд?, танҳо ҳамон нафароне, ки побанди ягон мол ҳастанду беше не!, онҳо ҳаргиз меҳанпараст нестанд, онҳо аз кӯчаи аҳду паймон ҳаргиз нагузаштаанд, пас бо кадом роҳ шумоён инмиллатро паймон доданӣ ҳастед? Мо кайҳост, паймони миллии худро дорем, ки унвони олиро насб кардаем: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ!
Ва бо ин Ваҳдати худ ифтихор дорем!
Оқо! устухони хоҷагони худ шудан гиред, мо кайҳост ҷониби онҳо ҳавола додаем!
Шамил Назарзода
– устоди ДДХ
ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ ВА ТАҲДИДИ ОН БА СУБОТИ КИШВАР
- Подробности статьи
“Касе, ки соҳиби иттиллот, ҳамон соҳиби ҷаҳон аст”
Натан Ротшильд
Дар замони таркиши иттилоотӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ, иттилоот на танҳо дониш ва пул, балки силоҳи пурқувватест, ки он дар дасти шахсони манфиатдор мебошад.
Коршиносон дар он ақида ҳастанд, ки имрӯзҳо натиҷаи ҷанги иттилоотӣ аз ҷанги “анъанавӣ” назаррас харобовар мебошад. Аксари аҳолии кишваре, ки ҳадафи ҳамлаи иттилоотӣ қарор гирифтааст, ҳатто дар ин бора хабар ҳам надоранд.
Ҳадаф аз ҳамлаҳои иттилоотӣ ин маъмулан тағйир додани низоми сиёсӣ дар кишвар ва ё то ҳаддал имкон заиф кардани бехатарии миллӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғ. мебошад.
Ҷанги “анъанавӣ” хеле гарон аст ва усулҳои иттилоотии таъсиррасонӣ ба он алтернативаи олиҷаноб буда, хеле самаранок ва аз таҷовузкор қурбонии зиёдро талаб намекунанд. Дар ҳама ҷо паҳн шудани Интернет ба пропагандистони муосир имкон медиҳад, ки қариб дар ҳар хона ворид шаванд ва тафаккури онҳоро мағзшӯ карда, ба ақидаи ғарази хеш ворид созанд.
Дар байни аҳолии мамлакатҳо – қурбонии ҳамлаи иттилоотӣ, фазои низоъ, ноумедӣ ба вуҷуд омада, тамоюли фаъоли афкори ҷамъиятӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳоло дар фазои шабакаҳои иттилоотӣ ва иҷтимоӣ маълумот ва баҳсу мунозираҳои зиёде ба назар мерасанд, ки аксарияти онҳо аз ҷониби аҳолӣ, ки зиракии сиёсӣ ва дониши кофӣ барои таҳлил кардани онҳо надоранд, бо вокунишҳои беасос суръат мегиранд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳассоси имрӯза равшан инъикос карда истодааст, ки бо воситаи иттилоот дар мамлакатҳои алоҳида табаддулоти давлатӣ, муноқишаҳои байнидавлатӣ байни миллатҳо ва динӣ ба миён оварда истодаанд.
Таҳлилҳои баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки хушбахтона мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сафеду сиёҳро ҷудо карда метавонанд, вале ҷангиёни иттилоотӣ рӯз аз рӯз услубу тарзи мағзшӯ кардани аҳолиро такмил дода истодаанд. Таҳдиди иттилоотӣ барои мардуми мо хусусияти беруна дорад. Маҳз хоинони миллат бо дастгирии хоҷагони худ дар мамлакатҳои хориҷӣ истода, бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам вокунишҳои беасосу ғаразнок намуда, кӯшиши мағзшӯ кардани мардумро доранд.
Аз ин лиҳоз, барои ба вартаи ғаразноки ҷангиёни иттилоотӣ вирефта нашудани мардум, хусусан ҷавонон ташкилу такмил додани чораҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани қобилияти таҳлилии равандҳои сиёсӣ мувофиқи мақсад аст. Зеро иттилоот зиёд аст, вале истифодабарандаи он худи инсон аст. Дар ин самт такмил додани донишу малакаи таҳлилии истифодабарандагони иттилоот пеш аз ҳама муҳим мебошад.
Каримов Р.А.
-н.и.и., дотсент, мудири кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ
Ба меҳрубониҳои шумо ниёз надорем!
- Подробности статьи
Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки дар ҳама давру замон ба ҷумла давлату давлатдорӣ мухолифоне пайдо мегарданду бар зидди ҳукмронӣ ва сохти давлатдории ин ё он ҳокимият баромад менамоянд. Ҳамин гуна фаъолияти мухолифин дар давлатҳои абарқудрат ҳам мушоҳида мешаваду ҳам дар давлатҳои кӯчак!
Мутаассифона, халқи тоҷикро ин гуна шахсони “барӯманд” чунон беш гашта буданд, ки халқи тоҷик асри гузаштаро бо ҷанги таҳмилӣфарҷом додаву дар натиҷа бар чандин солҳо аз пешрафту тараққиёт боз монда... гӯиё “олимон”-у «ҳофизон» ва донандагони Каломи шариф ҳастанду давлату миллатро роҳбаладӣ кардан пешаи онҳост... бехабар аз он, ки ин миллат аз аҳли қаламу калом ҳасту ҳар як хати китоби муқаддасро ба хубӣ омухта!...
Дар ҳақ, мухолифони “ҳақтарош” ба монанди М.Кабирӣ ва муридонаш, ки худро он чунон “ватандор” мегиранду “ғамхор”-и халқ фикр мекунанд, ки ин халқу давлатро “меҳрубониҳо”-и онҳо ба касе лозим бошад. Масалан, худ гурезаанд, гуреза аз ҷавобгариҳое, ки замоне дар ин кишвар бетартибиҳое сохтаанд, гуреза аз он, ки гӯиё дар ин мамолик “ҳавои созгоре” набошад.... Оқои Кабирӣ бар гӯшаи ақли худ ҷой бидиҳед, ки он бесарусомониҳое, ки шумо ин ҷо сохтаед, ин халқ ва таърих ҳаргиз намебахшад!!!! Он сагоне, ки паҳлуи шумо аккосзанон пайравӣ доранд, чунон дурӯя ва ё хатто серӯя ҳастанд ва ё фурухташудае беш нестанд, ки дар мавриди бастани ихроҷи молӣ бо ду пул шуморо мефурӯшанд! Бале, бале мефӯрашанд, зеро ба ранги шумо - шогирдони азизатон низ фирефтаи пулу мол ҳастанду беше нест! Шумо аз хоҷагони хориҷиатон, онҳо аз шумо.... вагарна он чунон уллосзанон дунболи шуморо намегирифтанд....
Ба гуфтаи шумоён дар ин дунё ҳама чиз нарх дорад, бале ҳар моле арзиш дорад! Подоши амалҳои шумо фикр мекунам, ки кайҳост дар номаи аъмолатон навишта шудааст! Зеро нишондодҳои китоби муқаддас то ҷое мо омӯхтаем, иғвоангезию ҷангсозиро маҳкум месозаду ҳаргиз бахшоянда нест! Ин халқу миллат ҳаргиз хоинонро намебахшад!
Мо ҷонибдорӣ сулҳу ободӣ будему ҳастем!
Шарифзода М.,
ДДХ
ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
- Подробности статьи
Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони имрӯз ҳамчун шарики табиӣ тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ намуда, дар ин самт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш ифода менамояд.
Раванди номатлуб ба гуруҳҳои номатлуби иҷтимоӣ пайвастани ҷавонон дар тамоми сайёра, аз ҷумла кишвари мо аз он шаҳодат медиҳад, ки пайравони гуруҳҳои террористӣ роҳҳои нисбатан осон ва пуртаъсири таблиғу тарғиби ақидаҳои ифротиро ба роҳ монда, ҳамчун вабои аср ба амнияту давлати кишвар хатар эҷод мекунанд. Вале мушкилоти асосии ҷавонони мо ин огоҳ набудан аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ ба шумор рафта, ба он натиҷагирӣ мешавад, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳ дар мақсадҳои ғаразнок ва зиддидавлатию зиддимилии гуруҳҳои террористӣ шарик мешаванд. Вале “Дар тули таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад”.
Дарки ин нуқта зарур аст, ки идеалогияи ифротгароёни динӣ пеш аз ҳама бар зидди идеологияи миллии мо, истиқлолияти давлат, аз ҷумла ҳар як нафари мо равона гардидааст. Бар муқобили он имрӯз зарур аст, ки идеяҳои сатҳи баланд матраҳ шуда, мавриди амал қарор бигиранд. Зеро ҳалли низомии ин масъала ҳануз хеле нокифоя мебошад.
Имрӯз Ҳукумати кишвар дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагиро ба ҳар як шаҳрванди кишвар аз ҷумла ҷавонон кафолат додааст, ки яке аз сабабҳои паст гардидани ин падидаи хатарзо хоҳад буд. Вале дар ин баробар тарғиби идеяҳои миллӣ, дарк ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ бояд дар меҳвари амали мафкураи миллии ҷавонони мо карор дошта бошанд. Зеро дар вазъияти ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои фардӣ боло мегузорад, хеле муҳим аст.
Ҳамзамон баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣ заминаи фаъол буда метавонанд, омода кардани суханварони ҷавон, ки идеологияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамояд, ба мақсад мувофиқ аст.
Зери назари насли калонсол қарор доштани зиракии сиёсии ҷавонон, назорати қатъии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи волидайн, робитаи мустаҳками мактаб ва оила, ҷалби наврасони соҳибзавқ ба маҳфилҳои фаннию ихтирокорӣ, таваҷҷуҳ ба масъалаи илмомузии ҷавонону наврасони деҳоти дурдаст ва фароҳам овардани шароити таҳсилу фароғати онҳо корбарии ҳамарӯзаро тақозо менамояд.
Татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ” аз насли калонсол тақозо менамояд, ки ҳисси дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми ватани азизамонро дар саргаҳи андешаҳои тафаккури миллии фарзандон қарор дода, бо ифодаи нақши зан ва модари босавод дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос масъулияти худро иҷро намоянд.
Сиёсати муваффақи Тоҷикистон имрӯз роҳу усулҳои муосири муборизаи дастаҷаъмонаро бар зидди ин зуҳуроти манфӣ ва мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ тақозо менамояд.
Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки худамон пеш аз ҳама намунаи ибрат бошем, насли ҷавону созандаро тарбия карда, ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат бигирем ва бо дасту дили пок дар сафи пеши амалӣ намудани сиёсати устувори давлат қарор бигирем.
Туразода Ҷ. А.
– дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ
ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР
- Подробности статьи
Дар ҳақиқат имрӯз аҳли ҷамъияти оламро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Зеро ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумла ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷавонон хатар пайдо мекунад. Терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихохӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Оқибати экстремизм терроризм аст. Аҳли ҷомеаи мо бояд як чизро дарк намояд, ки ин ҳарду падида комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар дорад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки бояд ҳатман назари ҷомеаи кишвар бошад – ин коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.
Вазифаи асосии мо омӯзгорон бояд дар қалби ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул ва тарбия намоем.
Бояд ҷавонон дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоӣ, иқтисоди ва фарҳангии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.
Мо бояд ба наврасону ҷавонон фахмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Дар қалби насли наврас ва ҷавон ҳифзу химояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкориро ҷой намоем.
Негматова М. М.
- н.и.п., дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ