November 2022

03 November 2022

Амнияти иттилоотӣ ва арзишҳои миллӣ дар замони муосир

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чӣ ҳолати ҳассосе қарор доранд ва дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ва рушду инкишофи худ бо чи гуна таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ рӯ ба рӯ шуданд. Дар замони ҳозира масъалаи амнияти иттилоотӣ, ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо аз ҷанбаҳои асосии амнияти миллии кишвар ба шумор меравад.

Ҷаҳони имрӯза дар бархӯрди манфиатҳо ва муборизаи геополитикии давлатҳои абарқудрат қарор дорад, ки ҳар яке ҳадаф дорад, ки тарҳи хешро дар саҳнаи ҷаҳонӣ амалӣ созад. Дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра, афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа, аз он тақозо менамояд, ки истиқлолияти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои халқ ва давлат метавонанд дучори хатару таҳдидҳои ҷиддии хориҷӣ ва дохилӣ гарданд. Боиси тазаккур аст, ки барои ҳалли муаммоҳои мавҷудаи замони муосир қудрати як давлат намерасад ва аз ин ҷо муттаҳидии давлатҳои ҳамҷавор ва минтақаҳои бузург зарур аст.

Дар ин росто кишвари мо низ аз ин хатарҳо бенасиб нест. Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон имконияти васеъву фарохро баҳри амалӣ гардонидани манфиатҳои миллии кишвар шароит фароҳам овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибати байналхалқӣ узвияти хешро дар як қатор созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дорад, ки ин нуфузи геополитикиро дар минтақа афзун мегардонад. Дар марҳилаи истиқлолияти давлатӣ фаъолияти институтҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бештар ба назар мерасанд ва дар маҷм ба ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.

Фаъолият ва таъсири васоити ахбори умум ҳамчун шохаи чоруми ҳокимият бештар гардида, он ба сатҳ ва дараҷаи сифатан нав баромад. Инҳо: фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти расонаҳо, роҳ ёфтани арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ, ба мисли озодии сухан ва озодии баён дар ҷомеа ва ғайра. Имрӯз ҳаёт ва фаъолияти инсонро бидуни шабакаи Интернет тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Аз он ахбороти мухталифи маърифатӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, миллӣ, динӣ ва ғайраро дарёфтан мумкин аст.

Ҷаҳонишавӣ бо тамоми тазодҳояш ба ҷомеаи муосири мо марҳила ба марҳила бештар таъсир мерасонад. Дар ин асос мақоми расонаҳои ватаниву хориҷӣ дар фазои иттилоотии кишвар афзун мегардад ва ҳамчунин доир ба амнияти иттилоотӣ бештар баррасӣ карда мешавад. Дар мавриди мубоҳисаҳо ва баррасиҳои муборизаҳои иттилоотӣ, ҳадафҳои геополитикӣ, ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва мисоли инҳо истилоҳи амнияти иттилоотӣ истифода карда мешавад. Ҳар як давлат дар ин муборизаву бархӯрдҳо бояд манфиати миллии хеш ва амнияту осоиштагии мардуми худ вазифадор аст, бо ҳар усулу васила таъмин созад. Дар ҳама давру замон ҳам чунин буд. Аз давраҳои қадим то замони муосир масъалаи зикршуда яке аз масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Амнияти иттилоотӣ аз давраи пайдоиши давлат дар шаклҳои мухталиф арзи вуҷуд менамояд ва ҳимояи комил, дастрасӣ ва махфияти ахборотро таъмин месозад. Дар санад ва меъёрҳои мухталифи ҳуқуқӣ ба амнияти иттилоотӣ ишора гардидааст.

Дар ҳақиқат, ҷаҳони муосир пур аз мухолифат ва тазод мебошад, ки имрӯз таъсири расонаҳои кишварҳои абарқудрат ба афкори ҷомеаи минтақаҳо ва кишварҳои гуногун, махсусан дар роҳи рушд қарор дошта, бениҳоят зиёд ба мушоҳида мерасад. Яке аз воситаҳои таъсирбахш ба воқеаҳои хунини Сурия, Ироқ, Миср, Тунис, Либия ва амсоли инҳо ҷанги иттилоотӣ дар шабакаҳои интернетӣ мебошад.

Иттилоъ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба силоҳи муборизаҳо табдил ёфтааст ва ҳеҷ як иттилоот бидуни ҳадаф пахш намегардад. Тавассути технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ дар камтарин фурсат иттилооти дилхоҳ дар олам паҳн мегардад. Албатта, ин комёбии илмӣ-техникӣ барои пешбурди фаъолияти ҳар як инсон манфиатбахш мебошад. Лекин, ҷиҳати манфии ин падида низ ба назар мерасад. Он метавонад, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллии ҷомеаро таъсиррасон бошад, дигаргун созад, аз байн барад. Миллати тоҷик дорои фарҳанги куҳан ва ҷаҳонӣ мебошад, ки бо мероси гаронбаҳои хеш ба тамоми ҷаҳониён шуҳрат пайдо кардааст. Набояд, ки ҷавонони имрӯза аз он дур гарданд, фарҳанги бегонаро азхуд намуда, эҳтиром ва нигоҳдошти арзишҳои миллиро аз даст диҳанд. Ҳар як давлати абарқудрат низ кӯшиш менамояд, ки фарҳанг ва ниҳодҳои миллии хешро нигоҳ дорад ва баҳри расидан ба ин мақсад арзишҳои миллиро дар байни наврасон ва ҷавонон талқин менамояд, меомӯзонад ва ба ҳамагон муаррифӣ мекунад. Аз ин ҷиҳат, ҳар як шаҳрванди комил ва бомаърифат бояд манфиат ва арзишҳои миллии давлати соҳибистиқлоли хешро дар мадди аввал гузошта, дар заминаи он фаъолияти ҳамаҷониба хешро бояд ба роҳ монад.

 

 

 

Читать далее

Ақли носолим ба лофзанӣ меорад....

Вазъи сиёсии ҷаҳон он чунон коста гардидааст, ки кас фикр мекунад, ки мардум дурӯву серӯй гаштаанд, аз рӯй чун саге дар хидмати хӯҷаин ҳастанду аз пас чун шағоле аз филми тасвири Маугли мефурӯшанд.... ин ҳолатро пештар дар филмҳои тасвирӣ медидему механдидем, акнун бошад, дар атрофи худ мебинему ҳайҳоти дунё мехонем.... ҳаққо мардуми атроф чунон бозингар шудаанд, ки бо бозиҳои сиёсии худ, гуиё табаддулотеро ва ё тараққиёте бар кишваре меоваранд. Дар ин росто мухолифини тоҷикро номбар намудан шояд басандагӣ дорад. Худ бо фикр кардани номҳои ин хоинон нафрат дар вуҷуди кас беш мегардад, агар не – Муҳиддин Муҳаммадиқбол, Шарофиддинва ғайраҳо....

Худро аз аҳли китоб мехонанд, донандаи Қуръон мегиранд, бо каломи шариф даҳон во мекунанд, вале ҳар як амалу рафтор ва гуфтор танҳо хиёнату мардумфиребӣ асту беше не! Масалан, ҳар як барномаи худро, ки дар кимкадом “телевизионе” нашр мекунанду аз шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мекунанд, аз оётҳои Қуръон ибтидо медоранд, аммо пас аз он ба лофзанӣ шуруъ мекунанд, гӯиё дар пахши мустақим ҳастанд, вале дар он пахшҳо танҳо аз атрофиёни онҳо дар тамос мешаваду бас, зеро дигар нафаре, ки аз асли воқеа огоҳ ҳасту бар зидди онҳо сухан мекунад, аллакай фирефта аст, дигар ҳеҷ! Хоҷаи Кабирӣ ба ақли костаи худ, хуб ҷой бидиҳед, ки ин миллатро дигар бора фиреб нахоҳед, дод! Дигар бора дар ин кишвар хуне нахоҳад рехт! Дигар дар давлат модаре - фарзанд, зане – ҳамсар, кӯдаке – падар гум нахоҳад кард! Дигар бора шумо оқо бо ҳаммаслакони худ, норомӣ нахоҳед кард! Дигар бора хоҷагонатон дар ин манотиқ ҷанги таҳмилӣ ташкил нахоҳанд кард! Мо НАМЕМОНЕМ! Мо чун сипар дар ҳимояи ин хоку ин ободӣ хоҳем буд!

Шарифзода М.
– устоди ДДХ

Читать далее

ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТАҲДИДҲОИ НАВИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди худ марҳалаи нави таърихиро паси сар мекунад, дар пеши чашми мо раванди тағйирёбӣ аз як низоми иҷтимоиву иқтисодӣ ба низоми дигар рӯй медиҳад, ки бо шиддатёбии равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву идеологӣ дар ҷомеа ҳамроҳ аст.

Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.

Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ равона карда шавад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳимми пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад.

Сарчашмаи ҷиддии таҳдиди берунаи ифротгароӣ ва терроризм ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа вазъи мураккаби низомию сиёсӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон мебошад, ки дар ин кишвар вақтҳои охир шиддати амалиёти ҳарбӣ ба мушоҳида мерасад. Мамлакати мо, ки дар Осиёи Марказӣ марзи аз ҳама тӯлонӣ бо Афғонистонро дорад, чандин сол боз бештар аз дигарон таҳдиду хатарҳо аз ҷониби ин кишварро эҳсос мекунад ва дар радифи аввали мубориза бо ин хатар қарор дорад.

 Бобоев А.Х.- н.и.ҳ.,
дотсент мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

Читать далее

ТТЭ ҲНИ ВАБОИ АСР

Терроризм, экстремизм ва ТТЭ ҲНИ чун вабои асри 21 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва барои нобудшавии ҷомеаи муосир оварда мерасонад. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию экстремистӣ (ифротгароӣ), ки аз тарафи баъзе кишварҳои абарқудрат  таъсис дода шуда, сармоягузорӣ мегарданд ва бо истифода аз номи дини мубини Ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористию экстремистӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, ки бо ин падидаи номатлуб муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Имрӯзҳо дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳони Ислом, хусусан,  давлатҳои арабӣ- Сурия, Ироқ, Яман, инчунин Афғонистон амалҳои террористию экстремистӣ содир шуда истодаанд,  ки вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо ноором буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои  гурӯҳу ҳаракатҳои  терророристӣ ва экстремистӣ (ифротӣ) гардидаанд. Хусусан Давлати Исломии Шому Ироқ дар қаламрави Сурия ва Ироқу Яман, ки аз тарафи абарқудратҳо созмон дода шудааст,  барои амнияти минтақа ва ҷаҳон  таҳдидҳои навро эҷод сохтааст. Ин раванд мусулмонони ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки зери шиори «муъмин бародари муъмин» кору зиндагӣ намоянд, то ваҳдати мусулмонон таҳким ёбад ва фирефтаи иғво ва макри душманони дини мубини Ислом нагарданд, зеро хоинони Ислом ва мусулмонон доимо дар каминанд, то нақшаҳои  нопоки худро нисбат ба дини Ислом, ки дини раҳмату таҳаммулгароист,  амалӣ созанд. Имрӯзҳо терроризм ва  экстремизм  бо тамоми зуҳуроташон ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд  ва аз ин рӯ зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт.

Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон, ки дар фирефта шудани онҳо ҷиҳати шомилшавӣ ба ин гуруҳҳо бештар ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ даст доранд, ин дарди ҷонсӯзи миллату  ватан аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва эктремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дар воқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонанд. Ҳар гуна дин, бахусус дини ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд. Террорист, ки  шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди ислом аст. Нафароне,  ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дар воқеъ ба шаъну эътибори дини ислом истинод меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусулмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопоки хеш истифода бурда, ислому таълимоти онро бо мақсадҳои худ истифода барад.

Имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидоти суботу амнияти ҷаҳонист. Иддае, ки худ аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» хонда, бехабар мемонанд, ки ҳадафи чунин созмону ҷараёнҳо ба манфиати хеш истифода бурдани давлатҳои дигар аст ва дар ин масъала мо бояд ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем, то худро гирифтори бозиҳои чунин гурӯҳҳои ифротгаро накунем.

Пас, бояд меъёри аслии шинохти мо аз ҳар гуна хатару таҳдид манфиатҳои асили миллӣ, динӣ ва фарҳангиамон бошад.

Ахмедов Н.И.,
мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон Корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори ҶДММ «ТАЛКО Кемикал»-ро ифтитоҳ карданд

2 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварда, Корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Кемикал”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди саноат — 2022-2026” бунёд карда шуда, дар он беш аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Читать далее

02 November 2022

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври сеюми озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"

2 ноябр дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ҳузури ғолибони озмунҳо ва устодони онҳо таъкид кард, ки дар шароити пешрафти босуръати  илму техника ва технологияҳои иттилоотӣ дар самти таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои  зеҳниву ҷисмонии насли ҷавон, баланд бардоштани маърифату саводнокии онҳо ва ба илму донишҳои замонавӣ ҷалб намуданашон тадбирҳои зиёде роҳандозӣ мегарданд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестиро ифтитоҳ намуданд

2 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар-шифер”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар масоҳати як гектар дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Панҷсолаи рушди саноат бунёд гардидааст.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Деҳаи ман»-ро мавриди истифода қарор доданд

2 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Деҳаи ман”-ро  мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи навтаъсис ба банду басти меваю хушкмева ва сабзавот машғул буда, дорои 6 хати коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии панҷошёнаи таълимӣ, табобатӣ ва хобгоҳи донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббию иҷтимоии шаҳри Бохтар»-ро ифтитоҳ намуданд

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар нахуст бинои иловагии таълимӣ, табобатӣ ва хобгоҳи донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббию иҷтимоии шаҳри Бохтар”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави муассиса бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардида, дар он барои илмомӯзиву истиқомати донишҷӯён ва табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дохили иншоот ва намои берунаи он бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст. Аз ҷумла, дар иншооти мазкур 25 синфхонаи таълимӣ бо 400 ҷойи нишаст ташкил гардида, синфхонаҳо бо асбобу аёнияти замонавии таълимӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Читать далее

САҲФАИ НАВИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

«Иҷлосияи тақдирсоз». Таҳти чунин унвон дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд конфронси илмӣ ‐амалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати фарҳанг, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону олимон ва донишҷӯёни макотиби олӣ ва кормандони муассиса иштирок намуданд.

Сараввал, омири кулли осорхона Иброҳим Иброҳимов конфронсро оғоз намуда, аз таърихи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30‐солагии он ҳарф зад. Мавсуф қайд намуд, ки Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.

Сипас Фароғат Усмонова ‐ мутахассиси пешбари маркази илмӣ‐методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд. Номбурда аз созишномаи сулҳ, волоияти қонун, роҳи бунёдкориву субот ва баргадонидани гурезаҳо ба ватан ҳарф зад. Аз шуҷоату матонати Сарвари давлат, ки миллатро аз парокандагӣ наҷот доданд, сухан кард.

Иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Бойпочо Фатҳиддинов ҳамчун иштирокчии ин воқеаи таърихӣ суханронӣ намуд. Номбурда аз нигоҳи сиёсӣ низ рафти Иҷлосияро таҳлил намуда, аз ҳодисоти он солҳо ёдрас гардид. Ӯ аз пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳарф зад.

Абдуҳаким Шарифов номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуд. Ҳамчунин, Шарифа Сайфиева мудири шӯъбаи оммавӣ‐фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи осорхона бо ҳамин мазмун суханронӣ намуда аз 30‐юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди муқаддастарини халқи тоҷик аст ибрози назар намуд.

Бо ироаи маърӯзаҳои илмӣ конфронс ҳусни анҷом пазируфт. Дар фарҷом иштирокдорон бо даъвати кормандони муассиса ганҷинаҳои таърихии осорхонаи вилоятиро тамошо карданд.

Суман ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее