November 2022
01 November 2022
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ ба корҳои сохтмонии парки технологии инноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд
- Подробности статьи
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба корҳои сохтмонии парки технологии иноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Масоҳати парки технологии бунёдшаванда 3 гектарро ташкил намуда, оянда дар он ҷиҳати амалигардонии ҳадафи 4-уми стратегии давлату Ҳукумати кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда мешаванд.
Читать далееСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати КДАМ ҶТ-ро ба истифода супориданд
- Подробности статьи
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.
Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Консол”-и шаҳри Душанбе сохта шудааст.
Читать далееПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ Боғи марказии фарҳангию фароғатиро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Подробности статьи
1 ноябр дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи марказии фарҳангию фароғатиро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, Парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуданд.
Тибқи лоиҳа, баландии сутунпояи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Панҷ 34 метр буда, матои он 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.
Читать далееСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи тиббию ташхисии «Оишаи Шаҳритус»-ро ифтитоҳ карданд
- Подробности статьи
1 ноябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар кӯчаи ба номи Носири Хусрав, шаҳраки “Шаҳритус” ҷойгир буда, бо тарҳи хеле зебову замонавӣ бунёд гардидааст.
Читать далееПрезиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Қубодиён майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Подробности статьи
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Парчами давлатӣ ва гулгашти атрофи он дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён қомат афрохта, барои тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳии сокинон ва баргузории чорабиниҳои гуногуни ноҳиявӣ макони мувофиқ ба ҳисоб меравад.
Читать далееМаҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
- Подробности статьи
31 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025 муҳокима гардид.
Читать далееИСТЕҲСОЛИ ПАХТА-ТАЪМИНИ АШЁИ ХОМ ДАР КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК
- Подробности статьи
Соҳаи пахтакорӣ ба рушди саноати сабук, содироти маҳсулот ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд. Бинобар ин, масъулинро зарур аст, ки вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Баробари фаро расидани фасли тирамоҳ дар вилоят маъракаи ғунучини дастранҷи деҳқон оғоз меёбад. Бозору мағозаҳо аз анвои ширину шаҳдбори ҳосили кишти кишоварзону деҳқонон пур гардида, мардум бо шукргузорӣ аз он харидорӣ мекунанд. Баробари чидани меваю сабзавот чиниши «тиллои сафед», яъне ҷамъоварии пахта низ оғоз мешавад. Ҳамасола ба ин маъракаи муҳим ҳазорон нафар корманди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҷалб мешаванд. Дастранҷи кишоварзону деҳқонон ба коргоҳҳои коркарди пахта дастрас мегардад.
Бино ба иттилои Сарраёсати омори вилояти Суғд, дар қаламрави вилоят 38 коргоҳи коркарди пахта фаъолият доранд, ки ба санаи якуми октябр коргоҳҳо 52944,3 тонна пахта қабул кардаанд. Аз ҷумла, дар шаҳру навоҳии Ашт ҶДММ ширкати сохтмонии «Рахшона» 3607,5 тонна, Зафаробод ҶДММ «Зафаробод Инвест» ‐2076,1 тонна, Мастчоҳ ҶДММ «Музаффар ‐К»‐1856,3 тонна, Ҷаббор Расулов «Шамсӣ 777»1598 тонна, Спитамен ҶДММ ‐«25 – солагии Истиқлолият» ‐4696,4 тонна, Конибодом ҶДММ «Асад» ‐2251,7 тонна, Бобоҷон Ғафуров ҶДММ «Юсуф саркор»‐4012 тонна ва дигар коргоҳҳо пахта қабул ва фаъолияти худро ҷоннок кардаанд.
Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои пахтакори вилоят аст, ки ҳамасола кишоварзонаш ҳосили баланд ба даст меоранд. Пахтаи чидашуда ба корхонаҳои коркарди пахта равона гардида, дар он ҷо коркарди он ба роҳ монда мешавад. Алҳол дар ноҳия 10 коргоҳи коркарди пахта фаъолият доранд, ки дар маҷмуъ беш аз 17000 тонна пахта ворид шудааст. Дар ноҳия коргоҳи коркарди пахта ҶДММ «Музаффар Компания» чанд сол инҷониб фаъолияти корӣ дошта, 36 нафар сокини маҳаллиро бо ҷойи кории доимӣ таъмин кардааст. Коргоҳи мазкур то ба имрўз аз хоҷагиҳои пахтакор беш аз 2500 тонна пахта қабул карда, беш аз 2000 тоннаи онро коркард намудаанд. Коргоҳ бо 230 хоҷагии деҳқонии ноҳия шартнома бастааст, гуфт сардори раёсати кишоварзии ноҳия Нарзулло Боймирзоев. Ноҳияи Ашт дар радифи ноҳияҳои пахтакори вилоят дар ин мавсим ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст.
Бино ба иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳия Бахтиёр Усмонов соли равон кишти пунбадона дар майдони 6323 гектар гузаронида шудааст, ки ин нисбат ба нақша 123 гектар зиёд аст. То имрӯз чиниши якум пурра ба итмом расида, дар майдони 4500 гектар чиниши дуюм гузаронида шуда, боқимонда 1600 гектар чиниши дуюм давом дорад. Кишоварзон ният доранд, ки зиёда аз 20 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба санаи 25 уми октябр дар ноҳия 14 ҳазору 310 тонна пахта ба корхонаҳои коркарди пахта ворид шудааст, аз он 3 ҳазор тонна пахта коркард шуда, аз пахтаи коркардшуда 1611 тонна чигит истеҳсол шудааст. Инчунин 1283 тонна пахтаи тухмӣ захира шудааст.
‐Алҳол дар ноҳия се корхонаи коркарди пахта фаъолият доранд, ки пахтаи чидашударо қабул ва захира карда истодаанд. Аз ҷумла ҶДММ “Рахшона” ба санаи 25 ‐уми октябр 12 ҳазору 570 тонна пахта қабул кардааст. Аз ин миқдор пахтаи тухмӣ 1011 тонна захира, 2585 тонна коркард ва 1380 тонна чигит истеҳсол шудааст. Ҳамчунин, дар коргоҳи ҶДММ “Хизир назар” 1550 тонна пахта қабул кардаанд, ки 385 тоннаи он коркард ва аз пахтаи коркардшуда 211 тонна чигит истеҳсол кардаанд. Коргоҳи коркарди пахта ҶМММ “Марҳамат” аз аввали мавсим то ба имрӯз 187 тонна пахта қабул кардааст. 27 тонна пахта коркард шуда, аз пахтаи коркардшуда 20 тонна чигит истеҳсол гардидааст, ‐гуфт Бахтиёр Усмонов.
Бино ба иттилои шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, давоми 9 моҳи соли 2022 дар корхонаҳои пахтатозакунии вилоят 13247,3 тонна нахи пахта ва 18982,2 тонна чигит истеҳсол шудааст. Айни замон дар вилоят 8 корхонаи коркарди нахи пахта, аз ҷумла ҶДММ «Ангубин» (ҶСП «Олим текстайл»), ҶДММ «Спитамен текстайл», ҶДММ «Органик Ян», ҶДММ «Нику Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶСП «Сатн», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» ва ҶДММ «Сомон гурўҳ» (собиқ ҶСП «Ресандаи Тоҷикистон РБТ») бо иқтидори лоиҳавии солонаи коркарди 38,5 ҳазор тонна нахи пахта мавҷуд мебошад. Фаъолияти ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» ва ҶСП «Сатн» силсилаи пурраи коркарди нахи пахтаро дар бар мегирад. Дар ин давра дар корхонаҳои соҳа 1840,7 тонна риштаи пахтагӣ истеҳсол гардида, 516 тонна риштаи пахтагӣ ба маблағи умумии 1,7 миллион доллари ИМА содирот карда шуд.
Дар ҶДММ “Органик Ян”и ноҳияи Ҷаббор Расулов давоми моҳҳои январ‐сентябри соли 2022 ба маблағи умумии 32 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид. Инчунин, роҳбари ҶДММ “Органик Ян”и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ноҳияи Спитамен коргоҳи истеҳсоли матои пахтагини патдор ва сачоқи патдорро ташкил кард.
Коргоҳи мазкур моҳи октябри соли 2021 ‐ум бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқтидори 1500 тонна коркарди ришта дар як сол, бо 45 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд. Давоми моҳҳои январ‐сентябри соли 2022 дар коргоҳи мазкур ба маблағи 345,5 ҳазор сомонӣ матои пахтагин истеҳсол шудааст.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”
Читать далееДИЛБОХТАИ САНЪАТ
- Подробности статьи
Бахшида ба 70‐умин солгарди Умар Алиев, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, чеҳраи намоёни театру кино, ҳунарманди шинохтаи синамои тоҷик, дорандаи ҷоизаҳои зиёди ҳунарӣ, қаҳрамони чандин намоишномаву филмҳои машҳур, ҳамчунин профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар вилоят чорабиниву вохӯриҳо ҷараён доранд. Ин навбат Умар Алиев меҳмони маҷаллаи “Паёми Суғд” гардид. Дар вохӯрии навбатӣ сармуҳаррири маҷалла Толиб Карими Озарахш, намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят ва кормандони маҷаллаи “Паёми Суғд” иштирок намуданд. Мулоқотро шоири халқӣ Озарахш оғоз намуда, аз хизматҳои шоистаи профессор Умар Алиев дар соҳаи театру кинои тоҷик ёдрас гардид.
Умар Алиев аз овони бачагӣ, модари мушфиқ, хислатҳои ҷолиби бибӣ ва ҳавлии калонашон бо эҳсоси аҷибе нақл менамуд: “Ба соҳаи ҳунар омаданам ҳам ҷолиб аст. Дар муҳити Хуҷанд актёр шудан осон нест, бахусус дар оилаи мо, ки ҳама духтур буданд. Ҳамагон гумон мекарданд, ки ман низ бояд духтур шавам. Вале ман ҳамаро фиреб додам... Ба Душанбе рафта, ҳуҷҷатҳоямро ба факултети санъати Донишгоҳи педагогии ба номи Тарас Григоревич Шевченко супоридам. Аз тағоиям илтимос кардам, ки ба хона рафта нагӯед, ки ман ба актёрӣ супоридам. Агар пурсанд гӯед, ки дар донишгоҳи тиб мехонам. Он кас асабӣ шуданд, ки чӣ хел ман дурӯғ мегӯям? Илтимосашон кардам ва розӣ шуданд. Дохилшавиам бисёр олиҷаноб буд. Рӯзи имтиҳонсупорӣ гуфтанд, ки марде бо каланд меояду дар пеш об ҳаст. Бояд ту дод зада “Обро надида мӯза накаш” гӯӣ. Ду бор гуфтам қабул накарданд. Бори сеюм давида, тирезаро кушодаму бо садои баланд “Обро надида мӯза накаш”‐гӯён дод задам. Тағоиям дар поён хавотир шуда баромаданд. ‐Ҳа, ба ту чӣ шуд, чаро дод мезанӣ, ту бемор нестӣ ‐ку? Он лаҳза дар ботинам гуфтам, ки аз ман каму беш актёр мебарояд. Як сол таҳсил кардам, росташ нағз хондам. Баъди як соли таҳсил ба донишгоҳ ду профессори номии соҳаи кино аз Россия омаданд. Яке декани факултети актёрӣ буд. Тӯли якуним моҳ як хел имтиҳон месупоридем.
Вақти ҷамъбаст намояндаҳо номи ҳамаро хонданду маро не. Аз имтиҳон гузаштаҳо бояд барои идомаи таҳсил ба Маскав мерафтанд. Худамро дошта натавонистаму аз чашмам оби дида баромад. Ҳамкурсонам, аз ҷумла Ибодулло Машрафов мегуфт, ки ту наравӣ, мо ҳам намеравем. Ҳангоми дар курси якум будан ҳамроҳи курсҳои чорум нақш бозида будам. Баъди ин Тӯрахон Аҳмадхонов ба Осталский роҳбари имтиҳонгирандагон гуфтанд, ки ин бача хело зиқ аст. Осталский маро наздаш хонду ту охир қабул шудаӣ гуфт. Ман аз сари нав зинда шуда, гӯё дубора таваллуд шудам. Дар шаҳри Москва чанд сол таҳсил намудам. Ман ҳамеша дар ҳаққи устодонам, дуо мекунам. Ҳар боре, ки ба Маскав мерафтам ба назди Осталский меомадам. Умар Алиев амсоли ин чандин воқеаҳои хушу ҷолиби даврони донишҷӯияшро нақл менамуду меҳмонон ҳама бо ҳаяҷон гӯш медоданд.
Ҳама зиёд кунҷкоби он буданд, ки чӣ тавр хонаводаи Алиев аз актёр шудани фарзандашон огоҳ шуданд. Ӯ нақл менамуд: “Баъди як соли таҳсил, вақти ба хона омадам, тағоиям бо аҳли оилаашон омаданд. Дар рӯи ҳавлӣ ҳама ҷамъ буданд бобою бибию хешовандонамон. Тағоиям гуфтанд, ки “Ин каса табрик кардетон ‐мӣ? Ба Маскав меравад. Хонаводаам ҳа қандаша занад ба Маскав дохил шудаст гӯён хусанд шуданд. Ин лаҳза очаам асояшонро гирифтаанд, гумон кардам, мезананд. Каме истода ҳа майлаш ту афтат худат ҳамин хел гуфтанд. Ман намедонам чикор кунам аз шодӣ “Очаҷон мурам туба” гуфтам. Ба ман либос ва палтои ғафс харида доданд. Дар Маскав панҷ сол, боз се сол аспирантураро хондам. Муаллимон чунон нуктасанҷона рафтор мекарданд, ки ҳамаашон дилдодаи роҳи санъат буданд. Боз чандин хотироти неки устодонашро Умар Алиев нақл мекарду дар ҳаққашон дуои хайр менамуд. Суҳбат хеле гарму шуниданӣ буд, чун воқеоту ҳодисоти ҳавзаи санъатро дар солҳои шӯравӣ нақл менамуду олами дигари ҳунарро ба иштирокчиён ифшо мекард. Инчунин суҳбат сари оилаву фарзандон рафт. Ҳамсарашон ва модари ҳамсарашон низ духтур. Фарзандон ҳар яке соҳибилму соҳибкасб, вале ҳеҷ кадоми онҳо роҳи санъатро пеша накардаанд. Ӯ мегӯяд тӯли зиёда аз чил сол зиндагӣ бо ҳамсараш боре ҷанг накардаанд. “Ман ҳамсарамро шумо мегӯям” ‐гуфт ӯ.
Агар нофаҳмие шавад барояш шеърҳову гуфторҳои зебо мегӯям. Номбурда ҳамчунин аз беморие, ки баъди иҷрои нақшаш дар яке аз саҳнаҳо рух дод, каме қисса кард. Дар ин ҷо ҳам, боз ҳамсари меҳрубону вафодораш буд, ки ӯро шабу рӯз нигоҳубин карда, ҳар як соат аз ҳолаш воқиф мешуд. Воқеан ӯ аз ҳаёташ, ва аз касби интихобнамудааш шукрона менамуд. Ин марди ҳунар, фидоии касби хеш аз ҳамсари олиҳаву оқила ва вафодораш, ки тӯли солҳои сол ҳамдигарро дастгирӣ карданду фарзандони ботарбиятро ба камол расониданд мамнуну мадюн буд. Бо ҳамин мазмун дар идома чандин саволу ҷавобҳои дигар матраҳ гардиданд, ки иштирокчиёни вохӯриро шод намуд.
Суман ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”
Читать далее