МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
- Details
- Published on Wednesday, 25 December 2013 17:42
12-уми апрели соли 1931 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи олими номии дини мубини Ислом, Қорӣ Абдулмаҷиди Соатсоз таваллуд шудааст.
Таҳсилоти олии омӯзгорӣ дорад. Аз забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ноҳиявии вилоят якчанд сол дарс гуфтааст. Фаъолияти меҳнатиаш асосан дар соҳаи матбуот сурат гирифтааст. Дар нашриёти давлатии «Ирфон», рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод”, ҳафтавори «Тирози ҷаҳон», дар нашрияи бисёрададаи «Абрешимчии пешқадам» вазифаҳои мухталифро иҷро кардааст.
Ба идораи ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма солҳои тӯлонӣ сарварӣ кардааст. Дорандаи Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (соли 1981). Аз соли 1995 узви ИЖ Тоҷикистон аст. Мақолаҳояш дар мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, алалхусус, доир ба ҳусни баён ва риоя кардани имлои забони тоҷикӣ дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ нашр шудаанд. Дорои таҷрибаи хуби тарҷумонӣ аз русӣ ба тоҷикӣ аст. Дар эҷоди ҳикоя ва ҳаҷвия низ санҷиши қалам дорад.
Соли 2015 ин дунёи фониро тарк кард.