Душанбе дар соли 2021 Пойтахти фарҳангии ИДМ мешавад

Душанбе дар соли 2021 Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)  мешавад. Дар ин бора АМИТ "Ховар" хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ мақоми «Пойтахти фарҳангии ИДМ» ба ин ё он шаҳр бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дода мешавад. Чунин мақом ба пойтахти Тоҷикистон тибқи қарор Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2018 дода шудааст. Тибқи ин қарор ба ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ супориш дода шудааст, ки барои иштироки ҳайатҳои худ дар тадбирҳои вобаста ба татбиқи Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ» дар кишварҳои ҳамдигар мусоидат намоянд.

Ҳамзамон Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ соли 2021-ро дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Соли меъморию шаҳрсозӣ эълон кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ» соли 2011, ки Соли мероси таърихию фарҳангии ИДМ эълон кардида буд, таҳия ва қабул шудааст. Ҳадафи он – рушди ҳамкорӣ ва муттаҳидсозии зарфиятҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ мебошад.

Бо қарорҳои дахлдори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ соли 2012 шаҳри Остона (Қазоқистон) ва шаҳри Марв (Туркманистон), соли 2013 шаҳрҳои  Габалаи Озарбойҷон, Гумрии Арманистон ва Могилёви Беларус, соли 2014 Алмаато (Қазоқистон) ва Ӯш (Қирғизистон), соли 2015 шаҳрҳои Воронежи Россия ва Кӯлоби Тоҷикистон,  соли 2016 шаҳри  Тошҳавзи Туркманистон, соли 2017 шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон, соли 2018 шаҳри Ҳориси Арманистон, соли 2019 шаҳри Брести Беларус ва соли 2020 шаҳри Чимкенти Қазоқистон Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh