Ҳусни сухани тоҷикӣ ва гиромидошти он

Эмомалӣ РАҲМОН: Ифтихор аз Ватану ватандорӣ, таъриху фарҳанг, ифтихор аз миллат ва ҳувияти миллӣ аввалтар аз ҳама дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ифода меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияташон ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз пайваста дар ҳаққи забони модарӣ, ҳифзи асолати он, канораҷӯӣ намудан аз корбурди аносири ғалати ҳусни забонро коҳонанда ғамхории аз ҳад афзун зоҳир менамоянд. Сарвари давлат ҳамвора дар Паёми табрикотии ҳарсолаи хеш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, суханрониҳояшон дар маросими таҷлили он, мулоҳизаронӣ дар маҷлиси васеи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаронӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат, ҷашнгирии чеҳраҳои мондагор, фарзандони фарзонаи миллат, амсоли Хоҷа Камол, дар арафаи иди Наврӯз, маҷлиси фаъолони вилоёти ҷумҳурӣ ва монанди инҳо дар радифи масоили дигари марбут ба забон перомуни вазъи ҳусни сухан таваққуф карда, борҳо ҳушдор додаанд, ки бояд аз вуруди бархе воҷаву ифодаҳои нобарҷо ба таркиби луғавии забон, истифодаи ғалати иддае аз аносири луғавӣ парҳез намуда, кӯшиш ба харҷ дода шавад, ки ин гуна иштибоҳот аз забон берун андохта шавад.

Президенти кишвар аз хусуси як навъ сипаре дар баробари сиёсатҳои аз байн бурдани забон, урфу одати халқ ёдовар шуда буданд, ки он Қонуни “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ” унвон дорад.

Пешвои миллат дар яке аз Паёмҳои худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ҳозиринро аз симо ва пайкари миллат маҳсуб гардидани забони миллӣ огоҳ намуда, қайд карданд, ки “ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад.” Дарвоқеъ, забон ҳамвора ба ғамхорӣ ниёз дорад. Ниёгонамон бо вуҷуди зарбаҳои сахту пайваста, ки аз ҷониби аҷнабиён ба он зада шуд, ҳамеша онро ҳифз мекарданд, барои рушду нумӯяш кӯшиши фаровон ба харҷ медоданд. Маҳз ҳамин ғамхорӣ буд, ки аз гузашта то замони мо девони беш аз шаш ҳазор шоир, рисолаҳои илмии афзун аз се ҳазор олим маҳз бо ин забон дастрас шудаанд, ки бисёре аз ин гуна таълифот дар айни ҳол дар умдатарин китобхонаҳои Шарқу Ғарб ва Ҷанубу Шимоли дунё маҳфузанд. Аммо дар даврони баъдӣ, бахусус, Шӯравӣ бо сабаби дар қиёс бо забони русӣ ҳамчун забони дуюмдараҷа шинохта шудани забони тоҷикӣ ва ба дараҷаи забони хонаву бозор пас фуромадани он ба таркиби луғавии он силсилаи калони воҷаву ибораҳои ғалат, қолабҳои сунъии ифодаи матлаб роҳ ёфтанд ва дастае аз онҳо то ҳол дар забон гардиш доранд. Ин аст, ки зарурати “табобат” - и бархе аз “амрозе”, ки ба ин забони бо фасоҳату балоғаташ дар тӯли асрҳо оламиёнро дар ҳайрат гузошта пеш меояд, вагарна ин беморӣ хурӯҷ карда, дар ниҳояти кор илоҷнопазир мегардад. Сарвари давлат маҳз ба ҳамин гуна иштибоҳот ишора карда, дар чандин суханрониҳояшон изҳор дошта буданд, ки “поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон ва шахси ватандӯст мебошад”, “поку бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ҳифозати он аз ҳар гуна унсурҳои ғайри қобили қабул вазифаи ҳар як корманди масъули давлатӣ, вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад”, “поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан қарзи фарзандони ҳар яки мову шумост.”

Президенти ҷумҳурӣ дар яке аз суханрониҳояшон ҳурмати забонро бо ҳурмати модар, Ватан ва ифтихори давлатдории миллӣ дониста, азизу гиромӣ доштани онро як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибдил ва бонангу номус ба шумор оварда буданд ва таъкид намуда буданд: “Фикр кунед, инсоне, ки қадри модар, муаллим, забону адаб, бузургони халқашро намедонад, ифтихори миллӣ, ифтихори ватандорӣ дошта метавонад, оё дилсӯзи халқу Ватанаш буда метавонад? Оё барои пешрафту тараққии он хизмат карда метавонад? Ҳаргиз не!”. Маҳз ҳамин қадрношиносии бархе афроди ҷомеа, орӣ аз ифтихори миллӣ будани иддае аз ашхос мӯҷиби коҳида шудани ҳусни сухани тоҷикӣ гардид ва забоне, ки халқҳои дигар калимаҳои онро писандида иқтибос гирифтаанд, баъзан ба пояи ҳақирӣ фаромад. Ин ҷо доир ба интиқоли дастаи калони аносири луғавии тоҷикӣ ба забонҳои дигар метавон далели зиёд овард, вале мо танҳо аз се шоҳид ёдовар шуданӣ ҳастем. Мутобиқ ба паҷӯҳишҳои этимологӣ асли воҷаи партизан аз портиён аст, сарчашмаи калимаи маняк ба Монӣ мерасад, бунёди Испания аз Исфаҳон мебошад. Имрӯз аз ҷониби бархе аз қаламбастон ба ҳукми анъана даромадааст, ки бо вуҷуди фаровон будани воҷаҳои аслии худӣ, ки матлабро нишонрас ва гӯшнавоз ифода мекунанд, унсурҳои луғавии забони бегона, бахусус арабиро, амсоли абъод (ҷамъи буъд, “дурӣ, фосила”), катбан (баръакси шифоҳан, яъне хаттӣ), шулуғ (1 издиҳом; 2 сару садо; 3 ҷанҷолӣ) ва даҳҳои дигар ба ҳадде ба кор мебаранд, ки ҳатто ниёгон аз истифодаи онҳо баъзан канораҷӯӣ мекарданд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат ин гуна қаламкашон, инчунин ровиёну гӯяндагони радиову телевизионро, ки дар назди забони модарӣ масъулияти азим доранд, ҳушдор дода буданд, ки иштибоҳи содирнамудаи онҳо метавонад ба ҳазорон нафар асар гузорад. Бояд гуфтори аҳли қалам шевою гуворо ва холӣ аз иштибоҳоти забонӣ бошад. Мутаассифона, дар ин самт то имрӯз ба ҷои он ки ин гуна нуқсҳо рӯ ба костӣ оранд, афзуда истодаанд.

Аз баромади Президенти кишвар мо ба бардоште расидем, ки дар забони модариямон то ҳол иштибоҳоти зайл ба мушоҳида мерасанд, ки боиси коҳишёбии ҳусни сухани тоҷикӣ шудаанд: 1) ба талаботи забони меъёр ва завқи солим ҷавобгӯ набудани имлои дастае аз унсурҳои луғавӣ, монанди Ирон (бар ивази Эрон), оксиҷан (ба ҷои оксиген), академисиюн (бар ивази академик), димукросӣ (ба ҷои демократӣ) дар бархе аз рӯзномаҳо; 2) парҳез аз корбурди унсурҳои маҳаллӣ ё ба истилоҳ “лаҳҷавӣ” - и ҳусни забони гуворою ноби тоҷикиро пасткунанда аз ҷониби иддае аз ровиён ва гӯяндагони барномаҳои телевизиону радио, рӯзномаву маҷаллаҳо, ки ба олуда шудани забони адабӣ мусоидат намуда, сабаби косташавии асолати забони модариямон мегардад (амсоли калимаҳои лаҳҷавии тизе, чува, чида, гуфтум, ҷелак...). Сарвари давлат чунин муносибатро, ки ин гуна гуфтору навиштори аҳли қалам сабаби тақрибан танг карда шудани доираи гардиши забони адабӣ мегардад, дар яке аз суханрониҳои худ бахшида ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар таърихи 8 - уми сентябри соли 2003 - юм “тамоюли хатарнок” ҳисобида, гирифта шудани пеши чунин “иқдом” - ро таъкид карда буданд. Ҳатто дар як суханронии дар маҷлиси фаъолони вилояти Суғд изҳорнамудаашон гуфта буданд, ки “...меъёрҳои гуфтугӯии забони адабӣ аз байн рафта, ҳар вилоят бо лаҳҷаи худаш барнома месозад, ки ҳамаи ин оқибати хуб надорад”; 3) истифода аз қолабҳои бегонаи баён дар ҷараёни суханронӣ.

Лозим ба ёдоварист, ки ин гуна падидаи номатлуб дар натиҷаи огоҳу ноогоҳ истифода кардани калимаҳову истилоҳоти душвору ба омма номафҳум рух дода, забонро аз асолати худ дур мекунад. Пешвои миллат дар як Паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ аз таърихи 21 - уми июли соли 2009 - ум дурӣ ҷустан аз корбурди қолабҳои сунъисохтро маслиҳат дода, гуфта буданд, ки “акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем...” Ҳамчунин, аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод гардида буд, ки “забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои забони адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона...озод кардан лозим аст”. 4) беэҳтиромӣ нисбат ба забони модарӣ ҳангоми навишти матни норавону пурғалати овеза ва шиору рекламаҳо. Дар ин хусус далел фаровон аст. Мо мехоҳем, танҳо яке аз чунин нуқсро ин ҷо зикр намоем. Ҳангоме ки кас аз ҷониби мағозаи “Авесто” ба самти бозори “Панҷшанбе” - и шаҳри Хуҷанд равона мешавад, дар самти рости наздики чорроҳаи Кооператор бо мағозаи либосҳои занонае бо номи “Алҳфия” дучор меояд, ки маънояш басо дағал аст. Магар ба забони модарии хеш беэҳтиромӣ аз ин зиёд мешавад?

Зимни суханрониҳои худ Сарвари давлат роҳи халосиро аз чунин вартаи коҳишёбии ҳусни сухани тоҷикӣ таҳлил намуда, дар он дидаанд, ки ошносозии мардуми тоҷик бо ин гуна сарвати маънавии забони тоҷикӣ бояд ибтидо дар миёни кӯдакону наврасон оғоз карда шуда, нозукиҳои забони куҳанмеъёри мо дар байни онҳо тарғиб карда шавад. Зарур меояд, ки барои ноилгардӣ ба бардошти судманд дар кори болобардории маданияти забон, ҳусни баён ва риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ баробари мураббиёну омӯзгорон инчунин падару модарон ва умуман, ҳар фарди бонангу номуси миллат ҳиссагузорӣ намояд. Баъдан ин амал бояд дар мактабҳои миёнаву олӣ идома ёфта, барои он ки аз ҳама гуна унсурҳои ғайриадабӣ ва ё ғайримеъёрӣ канораҷӯӣ карда шавад, зарурате пеш меояд, ки тадриси забони адабӣ “...дар заминаи беҳтарин сабки адабиёти классикиву муосир ба роҳ монда шавад”.

Чунин тарзи корбарӣ метавонад баҳри огоҳии мардум аз қолабҳои суннатии ифодаи матлаб мусоидат намуда, боиси дурӣ ҷустан аз баёни муғлақи зери таъсири забонҳои бегона зуҳуркарда гардад.          

Абдуҷамол Ҳасанзода,
доктори илмҳои филологӣ, профессор,
 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh