Забони илму маърифат

Олитарин зуҳурот ва нишони мавҷудияти ҳар як миллат забон аст. Миллат бо ҳама шукӯҳу шаҳомат, урфу одат, маърифату фарҳанг, ахлоқ, биниш ва ғайраҳо дар забони зиндаи худ аксандозӣ мекунад. Муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи муҳаббати Ватан аст ва касоне, ки забонро пушти по мезананд, ба он эҳтиром надоранд ва намеомӯзанд, ба халқу Ватан низ эҳтиром надоранд.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини дунё буда, доираи омӯзиши он дар баробари дигар забонҳои дунё торафт васеъ мегардад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад». Ин нукта ҳар фардро водор месозад, ки лафзи тоҷикиро дар шакли мукаммал омӯзад ва озодона бо он гуфтугӯ намояд.

Дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо бо мушовири фанни забони давлатии шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Fафуров Махфират Обидова суҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон месозем.

- Раванди таълими фанни забони давлатӣ дар муассисаҳои ноҳия чӣ гуна сурат мегирад?

- Ҳанӯз дар оғози соли таҳсили нав, мушаххасан, моҳи август дар қатори дигар фанҳои таълимӣ машварати августии омӯзгорони фанни забони давлатӣ низ сурат гирифт. Дар он натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2018 - 2019 ва вазифагузориҳо барои соли таҳсили 2019 - 2020 баррасӣ гардид. Маълум шуд, ки давоми соли таҳсили қаблӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи маорифи ноҳия 52 соат дарси забони давлатӣ тафтиш ва раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои ноҳия санҷида шуд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар аксари макотиби ноҳия назаррас нест. Ҳарчанд омӯзгорони фанни забони давлатӣ ҳамарӯза кӯшиш доранд, ки толибилмон забони давлатиро ба хубӣ азхуд намоянд, аммо ҳолати нигоҳдории дафтарҳои даврӣ ва луғат ташвишовар аст. Миқдори дафтарҳо ба шумори хонандагон мувофиқат намекунад. Зиёда аз ин баъди кори синфӣ иҷрои вазифаи хонагӣ дида намешавад, ки бемасъулиятии хонандаро нишон медиҳад. Падару модаронро зарур аст, ки назоратро аз болои фарзандонашон пурзӯр намуда, барои иҷрои супоришҳои хонагӣ ба онҳо шароити мусоид фароҳам оваранд. Омӯзгорони фанниро мебояд, ки ҳар моҳ озмунҳои «Хушнависон», «Забондон», «Луғатдони беҳтарин» гузаронида, натиҷаи онро дар тахтаи фахрӣ насб намоянд, то шогирдони дигар аз ғолибони озмун ибрат гиранд. Ҳамчунин, ба омӯзгорон тавсия дода мешавад, ки ҳар соат имлои кӯтоҳ гирифта, аз болои саводнокии хонандагон корбарӣ намоянд.

 Аъзо шудан ба китобхонаи муассиса ва мутолиаи мунтазами асарҳои бадеӣ, навиштани хабару мақола, ҳикояву шеър дар рӯзномаи деворӣ барои озодона ва бехато баён кардани фикр бо забони тоҷикӣ кӯмак мерасонад.

Тибқи талаботи қонун, тамоми ҳуҷҷатгузориҳои муассисаҳо бояд бо забони давлатӣ ба роҳ монда шавад. Аз натиҷаи санҷиш дар муассисаҳо маълум гардид, ки дар ин раванд танҳо ҳолати фанни забони давлатӣ дида шудаасту халос, ҳол он ки татбиқи ин қонун барои омӯзгорони ҳамаи фанҳо зарур аст. Хуб мешуд, агар дар охири сол рафти амалишавии ин қонун дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳамаи фанҳо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирад.

- Оё татбиқи имлои нави забони адабии ҳозираи тоҷик дар муассисаҳои таълимӣ дуруст ба роҳ монда шудааст?

- Соли 2014 - ум бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳрасти навишти «ӯ» пеш аз ҳарфҳои «ҳ» ва «ъ» ба тасвиб расид, ки 67 калимаро дар бар мегирад. Ҳарчанд омӯзгорони фаннӣ бо дастрас намудани ин феҳраст барои ҳар як хонанда талош бар он доранд, ки ин нуктаро ба шогирдон дуруст фаҳмонанд, аммо толибилмон душворӣ мекашанд. Дар мисоли гуфтаҳои болоӣ метавонем, назарсанҷиеро, ки гузаронида шуд, рӯи саҳфа орем. Дар дасти хонанда ҳам китобҳои нашри солҳои пешин ва ҳам китобҳои соли бароришашон нав дида мешавад. Маълум аст, ки дар нашри китобҳои солҳои қаблӣ калимаҳо бо ташдид, яъне «содда», «парранда» ва «мӯъмин» - у «мӯҳтарам» навишта шудаанд. Хонанда дар китобҳои навнашр ин калимаҳоро ба зайли зерин: «сода», «паранда», «муъмин», «муҳтарам» мебинад ва табиист, ки дар ҳайрат мемонад. Рисолати омӯзгор ва вазифаи ӯ дуруст фаҳмонда тавонистани ин нуктаҳо аст, аммо барои ин бояд худи омӯзгор забондон бошад. Ҷоиз ба қайд аст, ки бо мақсади такмили ихтисоси омӯзгорони фанни забони давлатӣ муаллимон ба курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф сари вақт фиристода мешаванд. Дар соли таҳсили 2018 - 2019 24 нафар муаллим дараҷаи дониши худро дар курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф баланд бардоштаанд, ки барои пешравӣ ва сифатнокии кори таълиму тарбия заминаи хуб маҳсуб меёбад.

- Барои ҷоннок намудани раванди омӯзиши фанни забони давлатӣ чӣ пешниҳод доред?

- Яке аз роҳҳои муҳимтарини татбиқи қонуни забон дар муассисаҳои таълимӣ ин гузаронидани дарсҳои кушод, рӯзҳо, ҳафтаҳо ва моҳонаи забони тоҷикӣ мебошад. Хушбахтона, дар ноҳия ӯзбекзабону русзабонҳое ҳастанд, ки бо забони ноби тоҷикӣ озодона сухан гуфта, фикрашонро баён карда метавонанд. Хонандагони муассисаҳои ӯзбекзабон дар чорабиниҳои беруназсинфӣ иштирок карда, бо забони тоҷикӣ шеъру гуфтор қироат менамоянду саҳнаҳои ҷолибро ба тамошо мегузоранд.

Зиёда аз ин, такмил додани ҷаҳонбинӣ ва маҳорати хонандагону омӯзгорон бобати муносибати таълими салоҳиятнокӣ, тайёр намудани дастурҳои методии омӯзгорони пешқадам, омода ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорон, таъмин намудани хонандагон бо дафтарчаи кисагӣ, ба роҳ мондани дарсҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ, дуруст ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия, ба илми муосир ҷавобгӯй намудани дониши омӯзгорону хонандагон ва дигар вазифаҳо, мо, кормандони соҳаи маориф, бахусус омӯзонандагони забони давлатиро вазифадор месозад, ки пеш аз ҳама, аз болои худ корбарӣ намоем ва ба ҳампешагони худ дасти ёрӣ дароз намоем, то насли шоистаи давонро ба камол расонем.

- Ташаккур барои суҳбат.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh