Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи фалак

Бо мақсади ҳифз намудан ва равнақ бахшидан ба ҳунари қадимаи фалаксароӣ бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар ҳамасола санаи 10 - уми октябр Рӯзи фалак таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат кулли фалаксароён, мухлисони ин санъати воло ва ҳунармандону санъаткоронро табрику таҳният гуфта, муваффақият ва дастовардҳои баланди ҳунарӣ орзу менамоям.

Фалак як навъи машҳури санъати сарояндагии халқи тоҷик буда, ифодагари муроҷиату муноҷоти инсон ба осмон аст. Пешвои муаззами миллат дар хусуси ин ҳунари воло гуфтаанд: «Имрӯз ҷанри мусиқии классикии «Фалак» ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои соҳибистиқлолии кишвар бо ҷилову садои хеш танинандоз гардидааст».

Боиси таъкид аст, ки ба хотири рушди санъати фалак ва татбиқу интишори сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ сол пеш ансамбли фолклорию этнографии «Фалак»-и вилояти Суғд таъсис ёфта, дар фурсати на чандон зиёд дар ансамбл мактаби устоду шогирд вусъат ёфт ва ҷавонони соҳибистеъдод ба саҳнаи ҳунар роҳ ёфтанд. Имрӯз ин ансамбл дар тамоми чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона дошта, барои баланд бардоштани завқи зебоишиносии мардум нақши равшан мегузорад.

Санъатҳои қадимаи миллӣ, аз ҷумла фалак собит месозад, ки миллати тамаддунофари тоҷик фарҳанги бою қадима, сабки хосаи санъати мусиқӣ ва сарояндагиро тӯли асрҳо аз насл ба насл интиқол дода, дар рушди ҷомеа ва болоравии маънавиёти мардум нақши амиқ гузоштааст.

Итминон дорем, ки дӯстдорону алоқамандон ва санъаткорони вилоят, аҳли ҳунару эҷод ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Роҳбарияти олии мамлакат дар самти рушди соҳаи фарҳанг, дар тарбияву камолоти истеъдодҳои нав ва ҷустуҷӯву бозёфти беҳтарин намунаҳои назмиву мусиқии санъати фалак ба комёбиҳои арзанда шарафёб мегарданд.

Рӯзи фалак ва 10 - солагии таъсисёбии ансамбли фолклорӣ - этнографии "Фалак" - и вилоят барои кулли санъаткорон ва алоқамандони санъати фалаксароӣ муборак бошад!

Add comment


Security code
Refresh