ФАРҲАНГУ ҲУНАР - ҶАВҲАРИ МИЛЛАТ

...«Намунаи чӯбҳои кандакории асрҳои IХ-Х низ ҷолиби диққат мебошад. Дар ин бобат меҳроби масҷидҳо, сарсутунҳо ва сутунҳоро ном бурдан мумкин аст. Ин осори нодири санъат бе ягон мех ва ё ширеш сохта шуда, саросар кандакорӣ карда шудааст ва кандакорӣ аз ҳошияҳои катибаи куфӣ, нақши калон - калони занҷира ва резанақши ислимӣ иборат мебошанд. Сутунҳо ва сарсутунҳо хело хуштаносуб ва назаррабо менамоянд. Ин сутунҳо мувофиқи анъанаи қадимии санъати суғдӣ оро дода шуда бошанд ҳам, дар онҳо унсурҳои нав низ ба назар мерасанд. Бомаи ин сутунҳо бо усули чуқур кандакорӣ шуда, асосан аз нақши наботӣ таркиб ёфтааст...»

Ин порча аз асари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» оварда шудааст. Тавре аён мешавад, ҳанӯз даҳ аср пештар низ мардуми шарифи сарзамини мо соҳиби ҳунарҳои воло буда, дастони муъҷизаофар доштаанд. Сиришту тинати бою зебоипараст ва маънавиёти баланди ин халқи куҳанбунёд ба онҳо қудрату нерӯе ато мекардааст, ки асарҳои бузургтарину безаволи санъати тасвирӣ, ҳаккокӣ, меъморӣ, кандакорӣ, наққошӣ, бофандагӣ, зардӯзӣ ва дигар намуди ҳунарҳоро офарида, ба ин васила фарҳанг ва маърифати волои худро пешкаши ҷаҳониён намоянд.

Бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи амалигардонии ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар доираи барқарор намудани арзишҳои волои миллии мардуми тоҷик, ки ба таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатиамон нигаронида шудаанд, роҳи васеъ кушодан ба эҳёи ҳунарҳои қадимиву куҳани мардуми тоҷик имкон фароҳам овард, ки ҳатто, ҳунарҳои қадимии ба қавле, дар қаъри асрҳо гумшудаи мардуми диёрамон аз нав бо ҳусну назокати тоза дар назарҳо ҷилвагар гарданд.

Давоми чанд соли охир доир шудани озмунҳо, намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру навоҳӣ, шаҳраку деҳот, маҳаллаву гузарҳо, минтақаҳои дурдасттарини кишварамон нишон дод, ки тоҷикон аз миллатҳои дар иффат, хулқу атвор, фарҳангу маърифат, ҳунармандӣ дар ақсои ҷаҳон нодиру нотакрор будаанд. Инро натанҳо худи сокинони диёрамон бо чашми худ дидаву эҳсос кардаву эътироф намуданд, балки ҳазорон сайёҳон ва меҳмонони аз кишварҳои дуру наздик омада низ мафтуну шефта гашта, изҳор доштанд.

Дар ҳақиқат, ҳусну қубҳи манзилу хонадони ҳар фард ҳине аён мешавад, ки каси аз беруномада ба он нигарад: - Ба хонаи тоҷик ворид шавӣ, аввалан мафтуни нақшҳои нотакрори сӯзании дастидӯхт мешавӣ, сипас кӯрпачаву болини бо як чирадастӣ мағзидӯзишудаву лагандагардида, дастархони қуроқдӯзӣ, ки нишоне аз рангорангии ҳаёти инсон аст, пероҳани ҳафтранги рангинкамони атласу адрас ва чакани гулдӯзишудаи бонуи тоҷик, он токчаҳои шарқиёна сохта ва бо чинивориҳо орододаи хонаи тоҷик, зарфҳои сафолӣ, анвои таомҳои миллӣ, нони ширмолу фатири равғанин, ки бонувони тоҷик дар танӯр мепазанд, кулчақанду шириниҳо, ки ҳар яке аз якдигар хушлаззаттару маҳсули тахайюлоти занону духтарони тоҷик аст, боғи дарахтони меваи рӯи ҳавлии тоҷикон ва пайроҳаҳои гулпӯши хонадони тоҷик, бемуболиға, ҳар бинандаро ба дунёи пур аз эъҷозу мӯъҷизаҳо мекашад. Ҳар як фарди аз дигар кишвар ба мамлакати мо омада бо дидани ороиши манзили мо ангушти ҳайрат мегазад. Оре, дар ҳар кунҷу канори олам он ашёе, ки маҳсули дасти инсон, намунаи фарҳанги миллии он мардум аст, арзиши баланд дорад. Намояндаи мулки бегона захми назаррабои сӯзанзанӣ, нақшҳои сӯзаниро дида, ё ки ҷилваи ҳафтранги атлас, гулҳои ба рӯи матоъ кашидадӯзишуда, гарданбанди бо санъати воло муҳрабофишударо дида, албатта, харидори он мегардад, то онро чун армуғони нодир ба мулки худ бараду аз ин санъатҳои воло мардуми диёрашро огоҳ созад. Аз мулки Федератсияи Россия ба хонадони сокинони оддии водии Яғноб меҳмонон омада, аввалан, ба таомҳои омодакардаи онон, тарзи бунёди манзилу ороиши хона мафтун гашта бошанд, аз ҷониби дигар, бо дидани нерӯгоҳи хурди сохтаи зану шавҳари куҳистонӣ изҳор доштанд, ки ба ақлу фаросату эъҷози дасти ин мардум шефта нашудан мумкин нест…

Барҳақ, ҳар як бонуи тоҷик сӯзан ба даст гирад, матоъро ҷон мебахшад. Худ пероҳани тоҷикӣ бо тарзи дӯхташ, либосҳои тоҷикии бо тарҳи замонавӣ дӯхташуда, ки ба тани бонувон аҷаб зебандаву шинам аст, дили ҳар бинандаро ба худ мекашад. Сайёҳ Фернандес Максвелл аз мулки Колумбия гуфт, ба бисёр мамолики рӯи замин сафар кардааст, вале чунин тарзи либоспӯшии шинаму дӯхти аҷибу ороишоти зеборо бори аввал дидааст.

Эъҷози дастони мардуми кишварҳои мухталиф, ба андешаи ман, нишонаи он аст, ки яъне ин ё он халқият дар ақсои ҷаҳон танҳо бо хулқу атвор, урфу одат, ҳунару фарҳанги хоси худ шинохта мешавад. Мардуми Русия низ дорои фарҳанги воло ва арзишманду куҳан буда, ба тамаддуни ниёгони худ арҷ мегузоранд. Дар аксар шаҳрҳои сарзамини бузургу беканори рус аввалин чизе, ки диққати касро ба худ мекашад, он аст, ки маҳз дар атрофи он мавзее, ки ёдгориҳои қадимии тамаддуни ин мардум даҳҳо қарн қабл бунёд ёфтаанд, мардум маскан гирифтаанд. Дар шаҳрҳои ин кишвар, бахусус Маскав даҳҳо нуқтаҳои фурӯш ва мағозаҳои ҳунарҳои мардумиро дучор омадан мумкин аст, ки онҳо ифтихори миллии мардуми рус маҳсуб меёбанд. Ҳунарҳои шуҳратёфтаву қадимии русӣ бофтани рӯймолҳои пашмин аз пашми асили чорво, бофтани куртаву ҷемпер, ҷӯроб аз пашм, ки сарчашмаи солимии инсон аст, мебошанд. Чуноне, ки дар Тоҷикистони мо тайёр кардани бирешими хом (пилла) ва аз он дӯхтани сарулибос асрҳо инҷониб давом меёбад, дар сарзамини рус низ ба матоъҳо аз канаб ва пахта ихлоси беш доранд.

Ҳини ташрифи дирӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дастранҷи як нафар бонуи ҳунарманд аз ноҳияи Зафаробод ба Президенти кишвар ҳадя гардид. Чунонки аён гашт, баҳри омода намудани ин асари томи санъати миллӣ бо дастони муъҷизаофари бонуи ҳунарманд дуним миллион маротиба захми сӯзан зада шудааст. Ин асар, ки рӯи матоъ бо бирешими суғдӣ омода шудааст, чун шоҳкорӣ нигоҳ дошта шуда, наслҳои оянда аз ҳунари волою шевои бонувон, ки аз риштаҳои оддии бирешим эъҷоз намудаанд, огоҳ хоҳанд гашт. Мусаввараи мазкур ҷузъитарин амали ҳунари дастии бонувони мо аст, вале он баъди асрҳо собит хоҳад сохт, ки миллати тоҷик на танҳо офарандаи беҳтарин навъҳои абрешим дар ақсои олам аст, балки тавассути он аҷаб эъҷозҳо ҳам меофарад…

Имрӯз бо шарофати “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 дар гӯшаву канори мамлакатамон садҳо марказу мактабҳои ҳунаромӯзӣ ба фаъолият шурӯъ намудаву ҳар сол ҳазорон шогирд тайёр мекунанд. Ҳатто, устодони ҳунар аз як минтақа ба дигар манотиқи кишвар рафта, он ҷо низ занону духтаронро устодони касбе менамоянд. Тайи якчанд соле, ки ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ роҳ кушода шуд, ҳазорон духтарони ҷавон нозукиҳо, сирру асрори офаридани ҳунарҳои қадимии миллиро азхуд карданд. Яъне имрӯз ҳунарҳои қадимиву куҳани мардуми тоҷик аллакай аз насли калонсол ба насли нав - насли идомабахш гузашта истодааст.

Дар қаламрави вилояти Суғд шаҳри Истаравшан мақоми шаҳри ҳунармандонро дорост. Дар ин ҷо ҳар фард, ҳар сокин, бемуболиға, ҳунарманд, усто аст. Дар гузару маҳаллаҳои он анъанае то ба ҳол ҷорист, ки агар ба хонадонашон устоеро баҳри иҷрои амале биёранд, ин амал орият аст. Дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии Истаравшан, ки маҳз баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Пешвои муаззами миллат таъсис дода шудааст, мутахассисони ҷавони ҳунарманд омода карда мешаванд. Дар ин муассисаи таълимӣ аз тамоми ҷумҳурӣ донишҷӯён таҳсил намуда, ба онҳо ду нафар профессор, ду нафар номзади илм, чанд нафар унвонҷӯён, мутахассисони варзида сӯзанидӯзӣ, беқасаббофӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, тоқидӯзӣ, рӯймолдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, кандакорӣ, заргарӣ, шамшерсозӣ, кордсозӣ, шонатарошӣ, наққошӣ ва дигар ҳунарҳоро меомӯзонанд.

Вақте намунаҳои дастранҷи ҳунарҳои муҳассилини ин боргоҳи ҳунар дар намоишгоҳҳои ҳунарҳои дастӣ дар мамолики Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб пешкаши мардум карда шуданд, сокинони ин сарзамин шефтаву мафтуни ҳунарҳои шевои тоҷикон шуданд.

Имрӯз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу суботи кишварамон оламиён бо анвои ҳунарҳои мардумӣ ва рушду такомулёбии онҳо ошноӣ пайдо карда, бори дигар ба маънавиёти баланд ва сиришти бою рангини мардуми сарзамини тоҷикон баҳои сазовор ва ҳаққонӣ медиҳанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh