Санъати асили миллӣ!

Таҷлили Рӯзи фалак

Аз соли 2007 инҷониб бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 10 – уми октябр дар кишвар Рӯзи фалак таҷлил мешавад. Ба ин муносибат дар толори Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд барномаҳои фарҳангӣ бо ширкати гурӯҳи ҳунарии ансамбли фолклорию этнографии «Фалак» - и вилоят баргузор гардид.

Ҳамчунин, аз таъсисёбии ин ансамбл 10 сол сипарӣ гардид, ки аҳли фарҳанг бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намуданд.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ табрикоти Раиси вилоятро қироат намуда, аз ҷумла зикр кард, ки хушбахтона, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои неки ниёгон, махсусан санъати асили миллӣ - фалак эҳё гардид. Мавсуф аз фаъолияти ансамбли “Фалак” - и вилоят изҳори хушнудӣ намуда, фаъолияти санъаткоронашро дар ҳама чорабиниҳои чи ҷумҳурӣ ва чи хориҷи кишвар хуб арзёбӣ кард.

Зикр гардид, ки ба ансамбли «Фалак» дар фурсати начандон зиёд ҷавонони соҳибистеъдод роҳ ёфтанд. Имрӯз ин ансамбл дар тамоми чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона дошта, барои баланд бардоштани завқи зебоишиносии мардум нақши равшан мегузорад.

Ҳамчунин, ба муносибати 10 – солагии таъсисёбии ансамбли «Фалак» чанд нафар санъаткори ин даста ба гирифтани нишони сарисинагии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати фарҳанг сазовор гардиданд.

Дар идома санъаткорон бо суруду оҳангҳои ҷолиби худ табъи ҳамагонро болида сохтанд.

Истамҷони Наҷмиддин,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh