Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд

13 октябр дар майдони назди Театри мазҳака – мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ яке аз идҳои қадимтарини тоҷикон – Меҳргон ҷашн гирифта шуд ва дар ин рӯз намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастранҷи хешро ба намоиш гузоштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинии мазкур сокинони вилоятро бахшида ба ҷашни муборак ва хуҷастаи Меҳргон табрик намуда, иброз дошт, ки Меҳргон муждаи аввалини тирамоҳи зарнисор аст, ки моро ба истиқрори сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, барафрохтани чароғи дўстиву рафоғат, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб, худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо ташаббусҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки ваҳдату ягонагии маънавии мардумро таҳким мебахшанд, дар давраи истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардида, бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишварамон саҳми арзанда мегузоранд.

Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти ватанамон хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.

Ихҳори боварӣ карда шуд, ки таҷлили бошукўҳи Меҳргон дар марҳилаи сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни мубораку муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвари азизамон мусоидат хоҳад намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh