АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ – ЭҲТИРОМИ ФАРҲАНГУ ТАМАДДУН

Солҳои кӯдакӣ, вақте аз назди оромгоҳи «Ҳаштсаҳоба» гузар мекардем, даст ба рӯй кашида омин мегуфтем. Аммо намедонистем, ки барои чӣ ин амалро ба ҷо меовардем. Аз нақли калонсолон фақат ҳаминро медонистем, ки дар ин макон саҳобагон дафн шудаанд. Солҳои кӯдакии мо ба давраи рушди давлати абарқудрати Шӯравӣ рост омад. Таълимот, сиёсати давлат тамоман ба дигар самт равона буд.

Ривоят менамоянд, ки солҳои пеш, вақте барои вайрон намудани бинои ёдгории «Ҳаштсаҳоба» фармон медиҳанд, одамони каландбадаст, онҳое, ки барои вайрон намудани ҳамин макон ҷалб гардида буданд, аз ақл бегона шуда, каланди худро чун асп савор ва ин макони муқаддасро тарк карда будаанд. Ин ривоятҳо то кадом андоза асоси воқеӣ дорад, ба мо норавшан аст. Аммо ҳаминро аниқ медонем, ки барои аз боду борон нигоҳ доштани ин қадамҷои бузургон солҳои 80 - ум биноро шиферпӯш намуда, як навъ барои нигоҳ доштани ин бинои таърихӣ чораҷӯӣ карда буданд. Аз он муддат солҳои зиёд сипарӣ гардид.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба масҷиди «Ҳаштсаҳоба» - ро таъмир карданд. Аммо айни замон вазъи бино дар кадом ҳолат аст? Мо ба Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт омада, ба ин маъбади муқаддас ворид гардидем. Шукр аз даврони Истиқлолият мекунем, ки Ҳукумати кишвар ба мавзеъҳои таърихӣ аҳамияти беандоза дода, дар вуҷуди ҳар як фарди ҷомеа ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастиро бедор месозад.

Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ, пайдо шудани ин масҷидро ба давраи ҳуҷуми арабҳо вобаста медонанд. Номгузории худи деҳаи Аштро низ иддае ба номи «Ҳаштсаҳоба» марбут медонанд. «Ҳаштсаҳоба» дар деҳаи Ашт, дар маҳаллаи Сари бозор ҷойгир шудааст, ки аз рӯ ба рӯи он оби софу беғубори сойи Ашт ҷорист. Ҳоло ёдгории таърихии «Ҳаштсаҳоба» зиёратгоҳи аҳли деҳа ба ҳисоб меравад. Мазору масҷиди «Ҳаштсаҳоба» бо панҷараву кандакориҳои синдҷанобаш машҳур мебошад.

Дар дохили ин масҷид турбати ҳашт нафар саҳоба дафн карда шудаанд. Дар болои қабр гунбази аз чӯбу тахта сохташуда то ҳол намоён аст. Дар дохили мазор ҳуҷраҳои алоҳида вуҷуд доранд, ки дар девори онҳо навиштаҷот бо хати арабӣ то имрӯз маҳфузанд. Ин масҷид 18 сутуни калони чӯбин дорад. Дар қисмати рости он хонача ё равзанае мавҷуд аст, ки дар он ҷо саҷдагоҳ гузошта шудааст ва он равзанаро, аз рӯи гуфти мардуми деҳаи Ашт, «чиллахона» меноманд.

Инчунин, дар қисми чапи берун аз бинои масҷид пораи якметраи девори қадимае мавҷуд ҳаст, ки одамон ба ин ҷо барои шифоёбӣ меоянд. Ҳамин ҳашт нафар шахси бузург дар ҷорӣ намудани дини мубини Ислом дар деҳаи Ашт ҳисса гузоштаанд. Баъди вафоти эшон турбаташон дар ҳамин мазор гузошта шудааст. Биноан ин маконро муқаддас мешуморанду барои бузургдошти хотираи онҳо номашро «Ҳаштсаҳоба» гузоштаанд. Номгузории деҳаро низ иддае ба номи «Ҳаштсаҳоба» марбут медонанд. Ва бо мурури замон ҳарфи «Ҳ» аз байн рафта, номи Аштро гирифтааст.

Бино ба гуфти омӯзгори фанни таърих Райҳона Тӯхтасунова, оид ба номгузории Ашт дигар сарчашмаҳо низ вуҷуд доранд, ки ин калима аз номи малика Аштод гирифта шудааст. Чӣ тавре ки дар боло ишора намудем, дар мазори «Ҳаштсаҳоба» яке аз ёдгории пурарзиши давраи Сомониён ҷойгир аст, ки ба асри Х - ХI милодӣ мансуб аст. Дар солҳои ҳукмронии давлати абарқудрати Шӯравӣ меҳроби мазори «Ҳаштсаҳоба» - ро ба музейи таърихии Эрмитаҷи шаҳри Санкт - Петербурги Федератсияи Россия (Ленинград) бурда, ҳамчун ёдгории таърихии Тоҷикистон ба намоиш гузошта буданд. Оид, ба шаҳри Санкт - Петербург бурдани меҳроби Ашт таърихшинос Бахтовар Темирзода чунин изҳори назар кард: - Моҳи апрели соли 1961 ҳайати экспедитсияи базаи Тоҷикистони Шимолӣ бо роҳбарии Нӯъмон Неъматов ба деҳаи Ашт омада, меҳробро ба Душанбе мебаранд. Баъдтар он дар музейи Эрмитаҷи шаҳри Ленинград нигоҳ дошта мешуд.

Баъзан онро ба Душанбе меоварданд. Ҳамин тариқ, меҳроби деҳаи Аштро аз соли 1963 то соли 1998 гоҳ ба Санкт - Петербург мебурданду гоҳ ба Душанбе меоварданд. Соли 1998 бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи олими таърихшинос Раҳим Масов меҳроб ба Душанбе пурра оварда мешавад. Имрӯз нусхаи аслии меҳроб дар Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад. Меҳроб аз гили аълосифат сохта шуда, бо нақшу нигори ҷолибаш ба қатори шоҳасарҳои санъати кандакории Шарқ мансуб аст. Баландии меҳроб 202, бараш 75 ва умқаш 30 сантиметрро дарбар мегирад. Дар меҳроби мазкур бо кандакории хеле зебо ояти 23 – юми «Қуръони Карим» ҷой дода шудааст.

Мазори «Ҳаштсаҳоба» имрӯз зиёратгоҳи натанҳо аҳли деҳа, балки сайёҳону меҳмонони саросари кишвар ба шумор меравад. Сокинони деҳа ба ин мазор ихлоси зиёд доранд, зеро дар мавриди пайдо шудани доғи пӯст, ба истилоҳ шукуфа ва ҳамчунин, озах калонсолон аз хоки ин мазор истифода мебаранд. Омӯзгори мактаби деҳаи Ашт Райҳона Тӯхтасунова дар бораи мавзеъҳои таърихии деҳаи Ашт фикру андешаи худро баён намуда, изҳор кард, ки аз моҳи май то ба имрӯз ба мавзеъҳои таърихии деҳа аз давлатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон сайёҳон ташриф оварда, ин макони муқаддасро зиёрат намуданд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh