Дар Хуҷанд нахустнамоиши «Марги ғурур» баргузор шуд

Санаи 14-уми октябри соли равон бахшида ба 5500-солагии шаҳри Саразми бостон, дар маркази “Ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд филми мустанади “Марги ғурур”,  ки аз тарафи Маркази тадқиқоти ҷурналистии Тоҷикистон омода шудааст, намоиш дода шуд. Филми мазкур зиндагиномаи ҳунарманди мумтоз, шашмақомхони номии кишвар Олим Бобоевро қисса мекунад.

Дар нахустнамоиши филм намояндагони адабу фарҳанг, рӯзноманигорон ва мухлисони Олим Бобоев аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд.

Дар оғоз Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш ҳозиринро ба намоиши нахустини филми мустанади «Марги ғурур» хайрамақдам гуфта, аз шахсияти нотакрор ва ҳунари волои ин сарояндаи маҳбуб ҳарф зад. Хотироти Озарахш, қиссаву суҳбатҳои хотирмони Олим Бобоев ҷолибу шуниданӣ буд. Директори Маркази тадқиқоти ҷурналистии Тоҷикистон Хуршеди Атоулло низ дар суханронии хеш аз саҳми ин ҳунарманд дар рушди санъати тоҷик ва истеъдоди Худододи ӯ сухан гуфт. Қайд шуд, ки ҳанӯз соли 2012 баъди марги Олим Бобоев тасмим гирифта буданд, ки чунин филм ба навор гирифта шавад ва инак, бо талошҳои рӯзноманигорони марказ филм омода ва пешниҳоди тамошобинон гашт.

ҳозирин филмро хуб истиқбол гирифтанд.

Ҷӯра  Юсуфӣ, рӯзноманигори варзида аз тамошои филми «Марги ғурур» изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки филм  хеле хуб гирифта шудааст.

-Чунин филмҳо, ки аз хидмати фарзандони арзандаву некном ва ҳунарманди Ватан қисса мекунад бояд сисилавӣ ба навор гирифта шавад,-қайд кард ӯ.

 Сурайё Ҳакимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh