ТАЛОШ БАҲРИ ИҶРОИ РИСОЛАТИ КАСБӢ


Куҳантарин рӯзномаи русизабони вилоят «Согдийская правда» имсол 85 - солагии нашри аввалин шумораи хешро ҷашн гирифт. Баъди тантанаи бошукӯҳ мо бо сармуҳаррири рӯзнома, рӯзноманигори варзидаи кишвар Исҳоқ Зокиров суҳбате доштем, ки онро манзури хонандагон месозем.

- Устод, имсол ба нашри шумораи нахустини рӯзномаи «Согдийская правда» 85 сол пур шуд. Давоми сол барои ҳайати эҷодии рӯзнома ид болои ид буд. Воқеан, ин рӯзнома дар рушду нумӯи ҷурналистикаи тоҷик нақши мунир дорад. Маҷрои таърихи ҷурналистикаи кишвар, ба - виҷа ҳавзаи Суғд бо ин рӯзнома пайванди ногусастанӣ дорад. Имрӯз ҷарида чӣ ҳол дорад ва киҳо идомадеҳи кори устодонанд?

- Шумораи нахустини рӯзномаи мо 3 - юми марти соли 1934 нашр гардид. Аз ин муддат то имрӯз бисёр чи тағйир пазируфт: кишварҳо, шаҳрҳо, мардум. Рӯзномаи мо низ бисёр дигаргуниҳоро аз сар гузаронд борҳо андоза, тарҳи чоп ва номашро иваз кард. Аввал «Рабочий Худҷанда» буд, баъдан «Стахановетс», «Ленинабадская правда» гашт ва имрӯз - "Согдийская правда" аст. Ҷомеаи меҳнатии нашрия талоши хешро барои густариши ҷурналистикаи русзабони Тоҷикистон равона карда, барои таҳкими он хидмат мебошад.

 Хушбахтона, феълан дар идораи мо ҷурналистони соҳибкасб фаъолият доранд. Аз ҷумла, аксбардори варзидаву пуртаҷриба Владимир Вяхирев дар рӯзномаи мо аз соли 1971 то инҷониб фаъолият бурда истодаанд. Ин касро дар тамоми гӯшаҳои дунё тавассути аксҳое, ки дар интернет мегузоранд, хуб мешиносанд.

Онҳое, ки аз Тоҷикистон ба Олмон, Амрико, Изроил ва дигар кишварҳои дунё кӯчида рафтаанд, тавассути аксҳои Владимир Александрович бо кишварамон алоқа пайдо мекунанд ва аз зебоиҳои он огоҳ мешаванд.

Рӯзноманигори варзидаи дигари мо Наталя Николаевна Кутузова зодаи шаҳри Истаравшан ва хатмкардаи Донишгоҳи педагогии ш.Ленинобод ҳастанд. Дар оғоз дар Тоҷикистон ҳамчун омӯзгор кор мекарданд ва баъдан ба Русия рафтанд. Дар шаҳри Уляновск кору зиндагӣ мекарданд. Лекин дур аз зодгоҳи хеш - Тоҷикистони азиз умр ба сар бурда натавонистанд. Меҳру ёди Ватан ин касро боз ба Тоҷикистон овард. Матолибе, ки ин кас менависанд, саршор аз меҳру муҳаббат ба Тоҷикистон ва тоҷикистониён мебошад. Навиштаҳояшон хеле самимонаанд.

Дигар корманди мо Фарҳодҷон Қосимов аз беҳтарин хабарнигорони вилоят мебошанд. Солҳо дар соҳаи телевизион ва радио кор карда, таҷрибаи зиёд андӯхтаанд. Хабарҳои таҳлилиро хеле хуб ва дар сатҳи баланди касбӣ омода месозанд.

Хабарнигорамон Абдуаҳад Дадобоев низ хеле пуркору сермаҳсуланд ва бештар ба масъалаҳои марбут ба тарбияи маънавии ҷомеа рӯй меоранд. Дигар кормандонамон, аз қабили Хуршеда Содиқова ва Мунаввар Содиқов пурмаҳсул фаъолияти рӯзноманигорӣ доранд. Дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар Гулистон, Ҷаббор Расулов ва Исфара мухбирони махсус дорем.

- Чанде пеш рӯзнома бахшида ба 85 - солагии таъсисёбӣ ва ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивали байналхалқии «Дастархони суғдӣ» - ро баргузор кард, ки хеле бошукуҳ буд ва ба тантанаи дӯстӣ мубаддал гардид. Воқеан, баргузории ин чорабинӣ иқдоми наҷиб буд.

- Бале, хеле ҷашни хотирмон буд. Ин фестивали байналхалқӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ буд, ки ба 85 - солагии таъсисёбии рӯзномаи мо бахшида шуд. Лекин бояд гӯям, ки 15 сол пеш аз ин бахшида ба 70 - солагии ҷарида, бо ташаббуси собиқ сармуҳаррири нашрия Ҳафиз Сайфуллоев фестивали «Руская песня» ташкил шуда буд. Имсол тасмим гирифтем, ки ҷуғрофияи фестивалро васеътар намоем. Агар дар «Руская песня» сурудҳо фақат ба забони русӣ хонда шаванд, дар ин фестивал мо намояндагони дигар давлатҳоро низ даъват кардем. Бо ҳамин ҳадаф мо ба Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат кардем. Он кас моро дастгирӣ намуданд ва қарори Раиси вилоят ба тавсиб расиду мо омодагиро оғоз намудем. Чӣ хеле ки медонед, дар ин фестивал меҳмонҳо аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Украина, Ӯзбекистон, Қирғизистон иштирок намуданд. Ҳамзамон сурудҳо бо забонҳои хитоӣ, қароқалпоқӣ ва дар маҷмӯъ, бо даҳ забон садо дод. Дар ин фестивал аз кишварҳои ҳамсоя мутахассисони варзида, роҳбарони маҳфилҳои ҳунарӣ ва шогирдон онҳо иштирок карданд. Иштироки Калгилаш Абдуқадирова аз Қазоқистон боиси хушнудӣ буд. Бояд гӯем, ки ин бону пайваста ба ҷавонони соҳибистеъдоди Осиёи Миёна кӯмак мерасонад. Ва ҳузури ӯ дар ин фестивал боиси муаррифии чеҳраҳои нав дар арсаи ҷаҳонӣ шуда метавонад. Олга Иванникова аз Ӯзбекистон бошад, роҳбари фестивали «Роза Востока» мебошад, ки ин низ баҳри иштирокдорон ва соҳибистеъдодҳои ҷавон беманфиат набуд.

Ҳамзамон, дар ин фестивал намоиши таомҳои миллӣ ташкил шуд, ки дар ин самт марказҳои фарҳангии Русияву Хитой ва Корея ба мо кӯмак карданд. Гӯшаи намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки маҳсули дастони худи ҷурналистони вилоятро муаррифӣ мекард, писанди ҳамагон шуд.

Мақсади асосии фестивал, пеш аз ҳама, таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангӣ, рушду нумӯи санъати мусиқӣ, густариши робитаҳои миллату халқиятҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷа, дарёфти истеъдодҳои наву овозхонҳои ҷавон, тарбияи ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии наврасону ҷавонон ва тараннуми дӯстӣ буд. Дар сатҳи баланд баргузор шудани ин фестивали байналхалқӣ меҳмононро ба ваҷд овард. Меҳмонон аз Олмон, ки хеле пештар аз Тоҷикистон ба Олмон кӯчидаанд, пас аз анҷоми фестивал омада, изҳори сипосу қаноатмандӣ карданд ва гуфтанд, ки имрӯз бо шарофати ин фестивал мо бо ватани аҷдодиамон «мулоқот» доштем. Дар мавҷи хотирот бо ёди рӯзҳои беҳтарини умрамон будем. Албатта, чунин таассуроти иштирокдорон боиси рӯҳбаландии мо гашт.

- Оё дар назар доред, ки солҳои оянда низ чунин фестивали байналхалқиро баргузор созед?

- Натиҷаи фестивал, таассуроти меҳмонон, сатҳу сифати баргузории он, ки бевосита бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор шуд, ба кас нерӯ ва хоҳиши ҳар сол баргузор намудани ин фестивалро медиҳад. Албатта, мо талош мекунем, ки баргузории ин чорабиниро бомаром таъмин намоем.

- Яке аз мушкилиҳои эҳсосшавандае, ки пешорӯи кормандони редаксия қарор дорад, ин нарасидани мутахассисони ҷавон аст. Ҳамин тавр?

- Бале, масъалаи кадр муаммои рақами аввал барои мост. Яке аз мушкилиҳои асосии «Согдийская правда» ва умуман рӯзномаҳои русизабон ин норасоии кадрҳо мебошад. Пештар ҳаштод-навад дарсади кормандони рӯзнома русзабонон буданд, яъне нафароне, ки забони модариашон русӣ аст ва аз хурдӣ нозукиҳои ин забонро хуб медонанд. Ҳоло дар рӯзномаи мо танҳо ду корманди русзабон фаъолият доранд. Барои ҳамин мо бояд худамон мутахассис тайёр кунем. Ба ин хотир дар назди идораи рӯзнома клуби «Согдиана» дорем, ҳамчунин, ҳамкории мо бо шуъбаи ҷурналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хуб аст, аз хатмкунандагони ҳамин шуъба мо Мавзунахон Дадобоеваро тайёр карда истодаем. Ин кас чаҳор сол пеш барои таҷрибаомӯзӣ омада буданд. Ҳоло забони русиро хуб аз худ кардаанд. Моҳи феврал бахшида ба садсолагии яке аз фардони барӯманди вилоят Опланчук китобе ба нашр расид, ки матни онро пурра ба забони тоҷикӣ Мавзунахон тарҷума карданд, ки боиси хушҳолист. Духтараки бисёр серҳаракат. Вақте бори аввал ба таҷрибаомӯзӣ омада буданд, аз назарияи ҷурналистика огоҳии хуб доштанд, лекин барои навиштан бо забони русӣ душворӣ мекашиданд. Талошу ғайрат ва раҳнамоии кормандони «Согдийская правда» буд, ки имрӯз Мавзунахон Дадобоева мутахассиси хуби русзабон шуда истодааст. Мушкилии асосӣ барои ҷавонони мо надонистани забон аст. Ба фикри ман, хуб мешуд, ки ақаллан дар магистратураи кафедраи ҷурналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гуруҳ бо забони русӣ кушода шавад. Бигзор, қабул ҳар сол набошад, аммо дар се - чаҳор сол чанд нафар мутахассис, ҷурналисти бо забони русӣ эҷодкунандаро омода намудан лозим аст. Пӯшида нест, ки барои ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани кишвар, рақобатпазир будан дар ҷаҳони иттилоот, мо бояд ақаллан бо забонҳои русӣ ва англисӣ мавод пешниҳод намоем. Ҷавонони бомаҳорат зиёданд. Онҳоро дастгирӣ намуда, бо забони русӣ навиштанро омӯзонидан лозим аст.

- Шумо аз маҳфили назди рӯзнома «Согдиана» ёдрас шудед, дар бораи фаъолияти ин маҳфил маълумоти бештар медодед.

- «Согдиана» асосан клуб барои ҷурналистон аст, аммо дар баробари ин ба омода намудани мутахассисони ҷавон нигаронида шудааст. Дар ин ҷо ҳам мо ба мушкилии надонистани забон дучор мешавем. Зеро ҷавононе, ки ба маҳфил меоянд, забонро дар сатҳи зарурӣ намедонанд.

Мо ният дорем, ки дар ҳамин маҳфил мактаби ҷурналистикаро ташкил намоем, зеро мутахассисони ҷавони мо маълумоти назариявии хуб доранд, бо онҳо амалӣ кор кардан лозим аст. Агар мо аз ҷурналистони рӯзнома мутахассисонро вобаста карда, мавод навиштанро бо забони русӣ омӯзонем, он вақт талошҳои мо натиҷа дода метавонад. Аммо дар баробари ин роҳҳои ҳавасманд кардани ҷурналистонро низ пайдо кардан лозим аст.

- Устод, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба рӯзномаи «Согдийская правда» як андоза душвор шуд, ба он хотир ки доираи хонандааш маҳдуд шуд. Лутфан мегуфтед, ки Истиқлолият ба рӯзнома чӣ дод ва ҳайати эҷодӣ барои беҳтар шудани вазъ чӣ талошҳо кард?

- Воқеан, дуруст гуфтед. Як муддат вазъи рӯзнома хеле ногувор шуд. Мехоҳам, дар ин ҷо аз хизмати собиқ сармуҳаррири рӯзнома Ҳафиз Сайфуллоев ёдрас шавам, ки барои беҳтар шудани вазъ хеле талош карданд. Бояд гӯям, ки дар даврони шӯравӣ рӯзномаи мо то 34 ҳазор хонанда дошт. Имрӯз рӯзнома беш аз се ҳазор нусха нашр мешавад. Албатта, ин ба шароити замон вобастагӣ дорад. Ҳоло аксарияти русзабонон кӯчида рафтаанд. Вақти ба ҳайси сармуҳаррир ба кор шурӯъ намудани ман теъдод ҳамагӣ ҳаштсад нусха буд. Дар замони сармуҳарририи Ҳафиз Сайфуллоев ҳамагӣ ҳафт - ҳашт бор бо теъдоди сад нусха ба нашр мерасид. Он кас дар шароити душвору сангин барои нигоҳ доштани рӯзнома хидматҳои зиёд карданд. Имрӯз таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят ба теъдоди рӯзнома зиёд шуда истодааст. Ба андешаи ман, эроде, ки Ҷаноби Олӣ дар Паёми навбатии худ вобаста ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ намуданд, моро барои беҳтар намудани сатҳу сифати рӯзнома такон медиҳад.

- Воқеан, айни ҳол дар Осиёи Миёна забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳост ва рӯзномаи «Согдийская правда» дар вилоят аз аввалин ва ягона рӯзномаест, ки бо забони русӣ нашр мешавад. Имрӯз ҳамкории ҷарида бо марказҳои фарҳангии миллатҳои гуногун дар дохили кишвар хуб аст. Оё редаксия чунин ҳамкориҳоро бо кишварҳои хориҷи дуру наздик низ ба роҳ мондааст?

- То имрӯз мо бо рӯзномаҳои кишвари Олтойи Федератсияи Россия ҳамкорӣ доштем, аз ҷумла бо муаллима Екатерина Крапивина бисёр ҳамкории хуб доштем. Дар бораи нафароне, ки ба Русия рафта, ҳамчун мутахассиси соҳибкасб кор карда истодаанд, мавод омода мекардем, умуман дар самтҳои гуногун ҳамкории зич доштем. Айни ҳол ҳамин ҳамкорӣ камтар суст шудааст ва мо талоши боз ҳам беҳтар намудани робитаҳои ҳамкориро дорем. Ҳамкории мо бо кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон имсол хеле беҳтар шуд. Худи ман меҳмони ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ферганская правда» шудам, ба ин рӯзнома чанд мавод омода карда фиристодем. Ҳамкории мо бо рӯзномаҳои шаҳри Самарқанд низ хуб аст. Нақша дорем, ки дар оянда дар чанд шаҳрҳои Русия мухбирҳои ғайриштатӣ ва марказҳои рӯзномаро таъсис диҳем.

- Мехостам, дар мавриди фаъолияти сомонаи рӯзнома пурсон шавам, зеро сомона ва ё худ интернет даричаи вуруд ба ҷурналистикаи байналмилалӣ аст. Барои рақобатпазир будан дар ҷаҳони беканори интернет ҳамчун нашрияи русзабони вилояти Суғд чӣ тадбирҳо амалӣ мешаванд?

- Ҳоло сомонаи интернетиямонро навсозӣ карда истодаем. Минбаъд фаъолтар мешавем. Ба ҷуз ин сомона дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баъзе маводи рӯзномаамонро нашр мекунем. Дар ин ҷо ҳам боз рӯ ба рӯ мешавем ба мушкилии кадрӣ. Нарасидани мутахассис боиси дар ин самт коҳиш ёфтани кори мо мешавад, аммо тамоми талош ба он равона шуда истодааст, ки сомонаи рӯзнома ҷавобгӯи талабот ва тақозои замон бошад. Дар ин самт мо роҳҳои омода намудани мутахассисонро ҷустуҷӯ дорем.

- Бори дигар Шумо ва дар симои Шумо тамоми кормандони «Согдийская правда» ва муштариёни рӯзномаро бо ҷашни 85 - солагии рӯзнома муборакбод гуфта, бароятон қалами сабзу илҳоми саршор таманно дорем. Сипос ба суҳбати хубу хотирмон.

Суҳбаторо
Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh