ТУ МОНДӢ ҶОВИДОН, МАҲМУД…

Санъати театр ва кинои тоҷик, ҳамчунин саҳнаи ҷаҳонӣ ҳанӯз ёд аз Маҳмуди нотакрор менамояд. Ҳанӯз садои форами нотиқи нотакрору сухангӯ дар қалби миллионҳо мухлисонаш танинандоз аст, ёд аз чеҳраву овози дилрабояш мекунанд. Ҷашни 80 - солагии фарзанди баландахтар, санъатвари мумтоз ва ровии оламшумул Маҳмудҷон Воҳидов дар манотиқи ҷумҳурӣ идома дорад.

Ноҳияи Ашт бештар бо номи М.Воҳидов машҳур буда, ҳамдиёрон ҳамеша фахр аз номи ин нобиғаи санъат менамоянд, зеро дар симои нотакрори ӯ мухлисон симои бузурги Рӯдакӣ, Умари Хайём, Аҳмади Дониш, Ромеои ошиқ, Хизрхон барин қаҳрамонони асарҳои саҳнавиро дида, моту мабҳут гардидаанд. Моноспектакли «Гуфтугӯ бо худ», қироати ғазалиёти Ҳофизи беҳамто ӯро бештар машҳур сохт.

Даромадгоҳи Театри мусиқӣ - драмавии ба номи М.Воҳидови ноҳия дар сатҳи баланд оро дода шуда, тамоми аксу хотирот аз нақшҳои офаридаи ҳунармандро гузошта буданд. Бо ташрифи меҳмонони олиқадр, ҳамсабақон, ҳунармандон, шоирону нависандагон аз маркази вилоят ёдбуди М.Воҳидов дар ноҳия бо шукуҳу шаҳомати нотакрор ҷашн гирифта шуд. Ҳузур ва суханрониҳои раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Аҳмадҷони Раҳматзод, шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш, нависандагон Муҳиддин Хоҷазод, Додохон Эгамзод, Юсуфи Насрулло, шоир Ҷӯра Юсуфӣ, ҳунармандони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Сайрам Исоева, Зулфия Тӯйчиева, Неъматҷон Дӯстматов, Умар Алиев ва дигарон рӯҳи Маҳмуди Воҳид ва хотири бинандагонро шод гардониданд.

Хидмати Маҳмудҷон Воҳидов дар инкишофи санъати кинои тоҷик низ хеле калон аст. Нақшҳои Шариф аз «Зумрад», Раҷаб аз «Ҳасани аробакаш», Қодиров аз «Ҷӯра - саркор», Тӯлод аз «Достони Рустам ва Сӯҳроб», Аҳмади Дониш аз «Ситорае дар зулмот», Олим аз «Асрори гузаргоҳ» ва ғайраҳо аз офаридаҳои безаволи Маҳмудҷони ҷовидон ҳастанд.

Ӯ барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, сазовори ордени «Нишони фахрӣ» ва бисёр медалҳо аст. Унвони ифтихории Артисти халқии Тоҷикистон мукофоти хоксоронае буд ба хизматҳои беназири ин санъатвари беҳамтои тоҷик.

Қиссаву намоишномаҳо аз ҳаёти М.Воҳидов, рақсу тарона ва сурудҳои дилнишин бахшида ба ҷашни актёр аз ҷониби санъаткорони диёр бо як маҳорати баланди эҷодӣ ба самъи бинандагон расонида шуд.

Мухлисонаш илҳом гирифта мегӯянд:

Ту мондӣ ҷовидон, Маҳмуд,

Намемирӣ, нахоҳӣ мурд!

Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh