Харидории китобҳои нодир

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд барои ғанӣ гардонидани фонди осорхона комиссияи харидорӣ баргузор гардид, ки дар он 5 нусхаи нодири китобҳо ба монанди “Аҷоибу-л-қасас”, “Маҷолису-л-ушшоқ”, “Дуррул Аҷоиб”, “Нодиру-л-меъроҷ”, “Куллиёти Ҷомӣ” харида шуд.

Китобҳои мазкур дастхат ва чопи сангӣ буда, барои шинохти нуктаҳои муҳими таърих, фарҳанг, адабиёт ва ирфони гузашта аз осори гаронарзиш ба ҳисоб меравад. Яке аз ин китобҳо “Дуррул аҷоиб” буда, нусхаҳои дастнависи асри ҶVII то замони мо расидааст ва фарогири қиссаву ривоёт ва панду андарзи бузургони мо мебошад. “Маҷолису-л-ушшоқ”, “Аҷоибу-л-қасас” низ аз қабили чунин китобҳоянд, ки муаррифгари таърихи адабиёт ва насри ахлоқии мардуми тоҷик мебошанд. Дар қатори ин китобҳо “Куллиёти Ҷомӣ” гарчанде борҳо нашр гашта бошад ҳам, аммо нусхаи чопи сангие, ки харида шуд комил, нодир ва аз арзишмандтарин нусхаҳои ашъори Ҷомӣ буда, барои миллати тоҷик муфид аст.

 Мавҷуда БОЙМАТОВА,
корманди илмии шуъбаи дастхат ва
табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Add comment


Security code
Refresh