Сабти филми “Бачаи обӣ” дар “Шӯркӯл”

Чанде пеш бо ташаббуси Киностудияи “Тоҷикфилм” гурӯҳи рӯзноманигорони вилоят ба мавзеъи “Шӯркӯл”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар намуданд, то аз ҷараёни сабти филми ҳунарии “Бачаи обӣ” огоҳ шаванд.

Бино ба иттилои масъули лоиҳа Осими Орифпур филм аз рӯи сенарияи Носир Раҳмон, бо коргардонии Файзулло Файз ба навор гирифта мешавад ва дар бораи писараке нақл мекунад, ки мехоҳад ҳамеша дар назди бобояш бошад. Бобояш ба ӯ дар баробари сирри моҳидорӣ, зиндагиву инсонигариро меомӯзад. Рамзес- қаҳрамони филм, илму дониш ва муносибатро аз бобои Баракат, ки онро Убайдулло Амон иҷро мекунад, меомӯзад. Филм дар бораи арзишҳои инсонӣ ва муносибати наслҳо нақл менамояд.

Нақшҳои асосиро дар филми “Бачаи обӣ” ҳунармандон Убайдулло Амон (Ӯзбекистон), Аҳлиддин Шарипов, Сайёда Турсунова, Умаралӣ Сатторов, Гулбаҳор Ғафурова, Сорои Собир, Аҳмадҷони Қутбидинзода, Меҳроҷиддини Сафаралӣ иҷро мнамоянд.

Ҳунарманди шинохтаи Ӯзбекистон Убайдуллои Амон иброз дошт, ки аз даъвати “Тоҷикфилм” ҷиҳати нақшофарӣ дар филми “Бачаи обӣ” хеле хушҳолу сарбаланд аст ва баъди чандин сол барқарор шудани робитаҳои дӯстиро аз заҳматҳои сутудании сарварони ҳар ду давлат медонад.

- Тасмими оқилонаи боз намудани сарҳадҳо ва барқарор кардани равобити ҳасана самараҳои неки хешро дар тамоми соҳаҳо ба бор оварда истодааст. Оғоз шудани ҳамкориҳои киностудияҳо низ боиси хушнудиву сарфарозист. Умедворам, чунин ҳамкорӣ рӯз то рӯз густариш меёбад, зеро мо- мардуми тоҷику ӯзбек аз азал ду ҳамсояву дӯсту бародари хуб будем, -мегӯяд ин ҳунарманд.

Файзулло Файз, коргардони филм қайд кард, ки айни ҳол ҳафтод дар сади филнома сабт шуда, дар назар аст соли 2020 насухтамоиши он баргузор шавад.

- Мо талош дорем, як филми диданиву ҷавобгӯ ба завқи тамошобини муосир таҳия намоем ва барои расидан ба ин мақсад гурӯҳи корӣ талошҳои зиёд доранд, бовар дорем заҳамтҳои мо бар ҳадар намеравад, - гуфт Файзулло Файз.

Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”,
Акс аз Осими Орифпур

Add comment


Security code
Refresh