УБАЙДУЛЛОИ АМОН: ОРЗУ ДОРАМ ДАР ФИЛМИ ТАЪРИХИИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ НАҚШ ОФАРАМ

Ҳунарманди маъруфи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Убайдуллои Амон бо даъвати  «Тоҷикфилм» барои иҷрои нақши асосӣ  дар филми «Бачаи обӣ» ба вилояти Суғд омада, чанд муддат меҳмони Хуҷанди бостонӣ буд. Тамошобини тоҷик Убайдулло Амонро бо нақшҳои офаридааш дар филмҳои «Фотима ва Зуҳро», «Сарвиноз», «Девона фаришта», «Домоди кироя» ва амсоли ин хуб мешиносад. Бо вуҷуди масруфиятҳо ва гирифториҳои зиёд Убайдуллои Амон пеш аз рафтан ба Бухоро барои мо вақт ҷудо намуд ва  сӯҳбате доштем бо ин ҳунарманди асил.

-Дуруд устод. Шуморо бори дигар хайрамақдам мегӯем ба Суғдзамин ва Хуҷанди бостон.

-Саломат бошед ва сипосгузорам.

-Шумо даъвати «Тоҷикфилм»-ро барои офаридани нақши асосии филми «Бачаи обӣ » чигуна пазируфтед?

- Ман пеш аз ҳама масъулият эҳсос кардам. Аввалин бор соли 1985 ба филми «ҳазору як шаб»-и  Тоҳир Собиров даъват шуда будам. Баъд аз ҳамон сол ман дигар ба Тоҷикистон наомада будам ва чандон дар бораи «Тоҷикфилм» маълумоти саҳеҳ надоштам. Албатта, пеш аз ҳама хурсанд шудам, ки имконият ҳаст, то дубора ба Тоҷикистон равам, дӯстони тоҷикистониро бинам. Ман Тоҷикистонро бисёр дӯст медорам. Аз Бухоро ба Тоҷикистон омадам, аммо дар назарам гӯё дар Бухороям. Ин аст, ки бо хурсандӣ ин пешниҳодро қабул кардам.

Сенарияро хондам, маъниву мӯҳтаво ба ман бисёр мақул шуд. Филмномаи бисёр аҷоиб, ба дигар сенарияҳои то имрӯз хондаам монанд нест. Ман чунин образро ҳанӯз иҷро накарда будам. Дар филм нақши Бобои Баракатро иҷро мекунам, ки образи файласуфона аст.

 Ман дар Ӯзбекистон бештари вақт нақши падари меҳрубонро иҷро мекунам ба Россия бештар  барои иҷрои нақшҳои манфӣ даъват мешудам. Барои ҳамин ин нақш  аз дигар нақшҳои офаридаам фарқ дорад. Коргардон, Файзулло Файз ба ман гуфт, ки дар ин филм гиря намекунед (баланд механдад).

ҳамин хел мо ба кор оғоз кардем. Намедонам то куҷо нақшро хуб иҷро кардам, аммо худи образи Бобои Баракат ба ман бисёр маъқул шуд.

- Шумо ба Хуҷанд аввалин бор омадед?

- Не, бори аввал нест, ман замони Шӯравӣ бо ҳайати эҷодии Театри Бухоро ба Хуҷанд ба сафари ҳунарӣ омада будам,  ба фикрам ин солҳои 1987-1988 буд. Ин бори дувум аст, ки ба Хуҷанд меоям. Албатта, бояд гуфт, ки  баъди соҳибистиқлолии Точикистон сафарам аввалин маротиба аст.

-Пас баъд аз сӣ сол Хуҷандро чигуна дарёфтед?

- Хуҷанд бениҳоят шаҳри зебост. Аввалин таассуроти хуби ман ин тозаву озода будани Хуҷанд аст, шаҳри «топ тоза», дувумаш чеҳраи мардум равшан, мардум кайфияти хуб, лабҳои хандон доранд. Ҳар рӯз бароям дар Хуҷанд мисли ид гузашт. Бахусус, вақте ба маркази шаҳр- Регистон ва Масҷиди ҷомеи Шайх Маслиҳаддин рафтем, одамони зиёд маро давра карда гирифтан, бомуҳаббат аҳволпурсиву аксгириву наворбардорӣ карданд. Ростӣ, ҳайрон мондам, ки мардуми Хуҷанд маро ин қадар хуб мешинохтаанд. Хеле руҳам болида ва кайфиятам баланд шуд. Таассуротам аз шаҳри Хуҷанд бениҳоят нағз аст.

-Бале, дар Хуҷанд Шуморо хеле дӯст медоранд ва эҳтиром мекунанд. Воқеан боз шудани марзҳо ин муҳаббатҳои ҳамешагии моро боз ҳам афзун сохт. 

- Дуруст гуфтед муҳаббат ҳамеша буд. Ӯзбеку тоҷик  мардумони ба ҳамдигар хеле наздиканд. Ин ду миллат мисли гӯшту нохун ҳастанд. Онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кардан номумкин аст. Ман беҳисоб шукрона мегӯям, ки бо ташаббуси ду Президент, ду марди оқил ва сиёсатмадори варзида муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкати Мирзиёев сарҳад боз шуд, омаду рафт барқарор гашт.  Ман фикр дорам, ки рӯз то рӯз мо боз ҳам наздиктар мешавем, меҳрамон боз ҳам зиёд мешавад. Нафақат ман, дар тамоми Ӯзбекистон хурсанданд, ки деворҳо аз миён бардошта шуд.

-Ба фикратон ҷаҳони ботинии Бобои Баракат ба ҷаҳони Шумо монандӣ дошт?

- Бале дорад. Бобои Баракат одами ростгӯ. Ман ҳам тарафдори ростгӯӣ. Бобои Баракат меҳрубон, ман ҳам ба одамон меҳри зиёд дорам. Бобои Баракат ҷавобгарӣ ва масъулиятро ба худаш мегирад, аммо дар ман  ҳамин чиз нест( механдад). Фарқи ман аз Бобои Баракат дар ҳамин. Ман масъулиятшинос ҳастам, аммо масъули дигарон шуда наметавонам, намедонам барои чӣ, аммо  аз ҷавонӣ ҳамин хислатро дар худам мушоҳида накардаам.

-Аз  ин образ  барои худ чӣ гирифтед?

- Бобои Баракат худашро фикр намекунад. Ғамаш ғами деҳааш, ғами дигарон, ғами табиат, баҳр. Ин як ибрати бузург аст. Агар ҳама инсонҳо ҳаминтур мешуданд ин замин ҷаннат мешуд. ҳозир ин гуна нафарон кам ҳастанд. Филм ҳам ба ҳамин муаммо  равона шудааст, ки  меҳр байни инсонҳо кам шуда истодааст. Муҳаббат ба табиат кам шуда истодааст. ҳамдигарнофаҳмиву ҷангу ҷанҷол зиёд шуда истодааст.

-Ба корҳои ҷавонони  тими «Бачаи обӣ» чигуна баҳо медиҳед?

- Баҳоям  баланд аст. Ин гурӯҳ корашро нағз медонад. Як гурӯҳи хеле хуб ба ҳам омадааст ва ман борҳо ба коргардон Файзулло Файз  гуфтам, ҳамин гурӯҳро пароканда накун, зеро ин бачаҳо бо меҳр кор карда истодаанд. Ин ҷавонҳо фидоӣ мебошанд. ҳар кадомашон масъулиятро эҳсос мекунанд. Афсӯс, ки баъзеҳо имрӯз маблағро фикр мекунанд, тиҷоратро фикр мекунанд. Баҳри рушди санъат худашонро фидо кардан намехоҳанд. Ман дар ин ҷо ҷавонони аз таҳти дил кор мекардаро дида хушҳол шудам. Эътиқодам  нисбат ба касбияти ин ҷавонон зиёд аст.

-Ба ҷавонони боистеъдод барои муваффақ шудан дар ҷодаи санъат ҳамчун ҳунарманди асилу ботаҷриба чӣ маслихатҳо доред?

-Ҷавонон агар ба синамо қадам гузоранд, бо ин мақсад бояд қадам гузоранд, ки ба сатҳи ҷаҳони бароянд. Барои ҷаҳониён филм офаридан лозим аст, агар бо хамин мақсад кор кунанд хеле хуб мешуд, яъне сатҳро баланд кардан лозим, илму донишро сайқал додан лозим аст. Ба ҷое, ба муваффақияте расида, истодан лозим нест, аз худ қаноатманд шудан лозим нест. Аз болои худ кор кардан хеле муҳим аст. Мавқеи худро доштан лозим аст.

-Оё Театри Бухоро дар назар дорад, ки  сафарҳои ҳунарии худро дар вилояти Суғд баргузор намояд?

-Мо соли 2020 бо як асари тоҷикӣ ба Хуҷанд омаданӣ хастем. Насиб бошад, моҳои март - апрел мо бо намоишномаи хеш меоем. Ва робитаҳои гусастаро дубора бо театрҳои Тоҷикистон, хоса вилояти Суғд барқарор мекунем.

-Ин аввалин филми Шумо баъди бештар аз сӣ сол дар Тоҷикистон аст. Агар пешниҳодҳои дигар  шавад, боз меоед?

-Агар даъват шавад, ҷон гуфта меоям (механдад). Орзу дорам, агар вақту соаташ ояд ва «Тоҷикфилм» дар бораи Исмоили Сомонӣ филми таърихӣ гирад, омада дар кастинг иштирок кардан мехоҳам. Дар чунин як филми таърихии тоҷикӣ нақш офаридан орзуи ман аст.

-Аз рӯи сенария Бобои Баракат моҳидор аст. Оё то имрӯз бо баҳру моҳиву моҳидорӣ сару кор доштед ?

-То имрӯз ман моҳиро фақат мехӯрдам.(Баланд механдад). Дар бораи моҳидорӣ тасаввуроти амиқ надоштам. Дар ин маврид тасаввуротам бештар шуд. Дар баҳр кор кардан, моҳидорӣ карданро ҳам омӯхтам ва таҷрибаам зиёд шуд.

Воқеан, Баҳри тоҷик бениҳоят зебост. Ба дил ҳаловат мебахшад. Афсӯс ки кори зиёд ва масруфиятҳои зиёд дорам ва қариб ки истироҳат намекунам. Агар вақт барои истироҳат муҳайё шавад, ҳатман ба соҳили Баҳри тоҷик меоям.

-Чи таманное ба мухлисони тоҷикистонӣ доред?

-Пеш аз ҳама сиҳат саломатӣ, сониян сабурӣ, шукргузорӣ ва умед. Агар бо ин чизҳо инсон зиндагӣ кунад, бешак, ҳаёти шоистаеро пайдо хоҳад кард. ҳамеша муваффақ бошанд.

- Ба суҳбати самимӣ, сипос мегӯем ва роҳи сафед мехоҳем. Салому паёми моро ба Бухорои шариф бирасонед.

-Ташаккур. Бо умеди дидор!

Суҳбаторо Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh