Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд

18 октябр дар Қасри Арбоб маросими супоридани грантҳои Раиси вилояти Суғд доир гардид ва ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят  420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ супорида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинии мазкур иброз дошт, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону модарон соҳибмақом, соҳибмаърифату соҳибҳунар гардида, дар баробари ин рисолати хешро бобати дар рўҳияи баланди меҳанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани фарзандон ва насли наврас сарбаландона иҷро мекунанд.

Таъкид гардид, ки ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», «Страгетияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гувоҳи ғамхории ҳамарўзаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа мебошад, ки татбиқи ин санадҳо ба беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии занони ҳунарманду эҷодкор пайваста тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоидро фароҳам овард. Ҳадафи асосии “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” муаррифии шоистаи эъҷози ҳунар ва андешаю тафаккури миллати мост, ки ҳамеша дар саргаҳи тамаддуни башарӣ қарор дошт.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2006 инҷониб дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ҳар сол барои рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомўзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ Грантҳои Президентӣ ҷудо карда мешаванд. Ҳамасола, аз ҷониби Сарвари давлат танҳо барои рушди соҳибкории занон Грантҳои Президентӣ ба маблағи аз 10 то 40 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад, ки дар ин озмун бонувони вилоят низ ширкат намуда, соҳиби грантҳо мегарданд. Соли гузашта 13 нафар ва соли равон 12 нафар бонувони вилоят бо манзур намудани лоиҳа сазовори Грантҳои Президентӣ шуданд.

Дар ин радиф, дар вилоят низ грантҳои Раиси вилоят ҷиҳати дастгирии фаъолияти занони ҳунарманд таъсис ёфта, занони ҳунарманду эҷодкори вилоят дар солҳои 2010-2018-ум 2 миллиону 105 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб гардида, баробари беҳтар намудани шароити иқтисодии оила, ҳамчунин барои дигар занону духтарон ҷойҳои нави кори доимӣ таъсис дода, онҳоро ба касбу ҳунаромўзӣ фаро гирифтанд.

Имсол ба комиссияи грантии Раиси вилоят 122 лоиҳаи дархостӣ аз 18 шаҳру ноҳия барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдўзӣ, қуроқдўзӣ, армуғонсозӣ, сабадбофӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, оҳан-гарӣ, кулолгарӣ ва амсоли инҳо ворид гардида, беҳтарин лоиҳаҳо, аз ҷумла лоиҳаҳои 4 нафар занони ҳунарманди имконияташон маҳдуд дастгирӣ карда шуданд.

Занони ҳунарманд ният доранд, бо истифода аз маблағҳои грантӣ фаъолияти коргоҳашонро васеъ карда, аз 10 то 60 нафар занону духтаронро бо ҷойи корӣ таъмин намоянд. Тибқи лоиҳаҳо, бояд минбаъд,  зиёда аз 940 нафар занону духтарон ба шуғлу омўзиш фаро гирифта шаванд.

Мавриди зикр аст, ки соли гузашта тавассути соҳиби гранти Раиси вилоят гардидани 60 нафар занони ҳунарманди вилоят ва таъсиси коргоҳҳои қолинбофӣ, сўзанидўзӣ, адрасбофӣ ва дигар намуди меҳнати хонагӣ 260 нафар занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, 680 шогирд ин ҳунарро омўхтанад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳунармандон даъват кард, ки маблағҳои грантиро мақсаднок истифода бурда, бо истифода аз он сехҳои дўхти либосҳои мактабиро низ ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо бо либоси ягонаи мактабӣ мусоидат намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh