“Ганҷи сухан” – бо Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона

Нишасти 176-уми  маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”  дар толори Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки адибону олимон, устодону донишҷӯён  баргузор шуд. Меҳмони хосаи  маҳфил Шоири Халқии Тоҷикистон устод Фарзона  ва гурӯҳи муҳаққиқони номвару адибони маъруфи вилояту кишвар буданд.

Дар толори колеҷ устодон ва донишҷӯён меҳмононро бо гулу гулдаста ва  шеъру сухани  ширин пешвоз гирифтанд. Меҳмонон аз намоишгоҳи китоб, ҳунарҳои дастӣ, дастовардҳои олимону муаллимон ва донишҷӯёни колеҷ  дидан намуданд.

Роҳбари  маҳфил Саидумрон Саидов ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Директори колеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Манучеҳра Кенҷазода дар маърӯзаи худ зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳои хеш таъкид доштаанд, ки олимони соҳаи ҷомеашиносӣ ва адибонро зарур аст, ки ба тақдир ва сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва роҳи пурпечутоби тайкардаи миллат дар ин марҳилаи нави таърихии давлатдориву давлатсозӣ бо дидгоҳҳои дигар ва аз равзанаҳои маърифати ҳақиқати таърих назар афканда, барои наслҳои оянда паҷуҳишҳоеро ба вуҷуд оваранд, ки саҳифаҳои ҳақиқати таърихро равшан намуда, сабақи ибратомӯз ба имрӯзу фардо гарданд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Тоҷибой Султонзода нахуст салому паёми Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Баъдан оид ба пешниҳодҳои мушаххас ва ҷолиби Пешвои миллат  дар мавриди милликунонии забони технологияҳои навин дар кишвар, таҳияи замонавии барномаи компютерии «Санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ», таҷдиди назар ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ба вуҷуд овардани “Грамматикаи академии забони тоҷикӣ”, ба шабакаҳои иттилоърасонӣ ворид кардани фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ бо алифбои имрӯза, эҳёи номҳои миллии тоҷикӣ, ба танзим даровардани онҳо ва номҳои ҷуғрофӣ ва ғайра сухан кард.

Дар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ”  Саноат Ҳайдарова –муовини директори коллеҷи омӯзгорииДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳозиринро бо китобҳои тозанашр ошно намуд.

Суҳбати  ширин ва пурмазмуни Низомиддин Мурод, доктори   илмҳои филология, профессори   ДДХ ба номи академик  Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “ Андар интихоби дӯст” бо маводҳои видеоӣ ва андарзу гуфтори бузургони илму адаб  писанди ҳозирин гардид.

Суҳбати устод Фарзона, Шоири Халқии Тоҷикистон таҳти унвони “Шаккаристони ҷон” ба маҳфил руҳи тоза ато кард. Устод Фарзона бо ҳозирин як суҳбати самимӣ дар мавриди адабиёт, сухан шеър ва арзишҳои инсонӣ баргузор намуданд. Китобҳои тозанашри  “Тулӯи ҳақиқат”  ва “Найистони маърифат” ба ҳозирин тақдим гардид.

Мавҷуда Ӯрунова

Add comment


Security code
Refresh