Ғолибияти навраси тоҷик дар озмуни байналмилалии расмкашӣ

Наздики 20 - сол мешавад, ки амали “Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ” дар вилояти мо фаъолияти  бомаром дошта, 620 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилоятро бо маводи озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, намак ва нахӯд таъмин менамояд.

Дар маҷмуъ ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ  ғизои маводи аввалияи 161 ҳазор хонандаи синфҳои ибтидоии 15 шаҳру навоҳии вилоятро саривақт  мерасонад. Ҳамзамон  дар доираи ин барнома дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  сохтмони ошхонаҳои замонавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ташкили минтақаҳои таҷрибавӣ - истеҳсолӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ мутташаккилона идома доранд.

Ба ҷузъ аз ин иқдомҳои башардӯстона ҳамасола ба хотири таҳкими дӯстиву рафоқат байни наврасон, дар руҳияи худшиносӣ, дӯст доштани обу хоки диёр, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ озмуни “Расми беҳтарин”- ро роҳандозӣ кардааст, ки беҳтаринҳо бо туҳфаҳои пуливу молӣ тақдиронида мешаванд.

Хушбахтона, соли равон аз миёни хонандагони беш аз 200 давлати ҷаҳон ғолибият насиби хонандаи синфи 2-юми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-уми  ноҳияи Спитамен Мирзоназар Азимов гардид. Номбурда барои ин дастоварди нотакрораш санаи 12 октябр дар тантанаҳои ҷумҳуриявии Рӯзи байналмилалии озуқаворӣ, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор гарид, ширкат варзида бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардид.

Роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар вилояти Суғд Шарофат Набиева дар вазъияти тантанавӣ ба Мирзоназар Азимов туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 100 доллари амрикоӣ, инчунин ба муассиса ба маблағи 200 доллари амрикоӣ лавозимоти расмкашӣ ҳадя намуданд.

Зимни мулоқот  Шарофат Набиева қайд намуд, ки бори нахуст дар миқёси олам ҳунари волои расмкашии як кӯдаки навраси тоҷик сазовори қадршиносӣ шуд ва ин ифтихори тамоми тоҷикистониён аст. Боварии комил дорам, ки дар пайравӣ аз ин дастоварди беназир дигар хонандагони кишвар низ шарафи давлати моро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардоранд.

Дар фарҷоми мулоқот чорабинии фарҳангии хонандагони муассисаи мазкур хотири аҳли нишастро шод намуд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Add comment


Security code
Refresh