ҶОВИДОНА ЗИНДА ХОҲӢ МОНД…

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, 80 – солагии ёдбуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов дар Театри давлатии мусиқӣ - драмавии ноҳияи Ашт баргузор гардид.

Нахуст ба пояи нимпайкараи ҳунарманд аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гулчанбар гузошта шуда, аз гӯшаҳои ба ҳаёти ҳунарпеша бахшидашуда ҳамагон дидан намуданд. Намоишномаро раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ зикр дошт, ки маҳфили ёдбуди 80 - солагии дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2019 ва бо дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардида истодааст. Номбурда афзуд, ки руҷуъ ба таърихи зиндагӣ ва фаъолияти кори онҳо ин қарзи мост ва ҳамзамон ибрат ба насли имрӯзаи кишвар мебошад. Бузургдошт ва эҳтироми ин гуна ашхос меҳвари сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил намуда, моро вазифадор менамояд, ки дар ин самт корҳои шоистаро ба анҷом расонем. Имрӯз мо аз нафаре ёд менамоем, ки номаш дар сафҳаи таърих бо хатҳои заррин сабт гардидааст. Ин шахси зиндаёд ҳунарманди мумтоз, актёри зиндаёд, сухандону сухангӯи машҳур, санъаткори маъруфу шинохтаи халқи тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов мебошад. Имрӯз ӯ ифтихори тамоми тоҷикони дунё аст. Мақоми Маҳмудҷон Воҳидов дар ҷодаи санъат носутурданист.

Намояндаи мақомоти иҷроия ба дӯстону пайвандон, алоқамандони ҳунари асил, фарҳангу маънавияти воло рӯзи ёдбуди ҳунарманди нотакрорро аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шахсан аз номи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода табрик гуфт. Баъдан раиси ноҳия изҳор дошт, ки дар ин лаҳзаҳо моро ба ин даргоҳи меҳр санъати волою нотакрори зиндаёд Маҳмудҷон Воҳидов ҷамъ овардааст. Имрӯз ёдбуди ҷашни 80 – солагии ӯст ва мо бо номи ӯ ифтихор дорем. Китоби умри Маҳмуди Воҳид «Шоҳнома» - ро монад, ки бо гузашти айём ва боду боронҳо газанде наёфта, балки боз ҳам мояи омӯзиш ва ифтихор аст.

Бо ташрифи меҳмонони олиқадр, ҳамсабақон, ҳунармандон, шоирону нависандагон аз маркази вилоят ёдбуди Маҳмудҷон Воҳидов дар ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати нотакрор ҷашн гирифта шуд. Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод аз зиндагии ба ҷовидон мондаи Маҳмуди нотакрор сухан гуфта, афзуд, ки имрӯз рӯзи тавлиди ҳунар, камоли ҳунар, ифтихор аз ҳунари фарзанди миллат Маҳмудҷон Воҳидови сухангӯ аст. Дар ин фазо сухани Рӯдакӣ танинандоз аст, дар ин фазо хаймаи Хайём ҷовидона аст, дар ин фазо фалсафаи Хоҷа Ҳофиз, шӯри дили Хоҷа Камол, само рафтани рӯҳи Мавлавист. Ӯ ровии ҷондори сухани баланд буд, ӯро чӣ қадар васф кунем, кам аст.

 Боғе дар маркази ноҳия – шаҳраки Шайдон ба номи ӯ сабз шуда, ин қасри ҳунар низ ба номи ӯст, ки аз ҳунари дасти ин миллат пурнақш аст. Пешвои миллат ҳангоми ифтитоҳи ин бино эълон карда буданд, ки ин ҷо қасри Маҳмуди Воҳид аст, қасри насли идомадиҳандаи кори ӯст. Бародари шодравон, ҳунарманд Рустами Воҳид бо афсӯс изҳор дошт, ки марги бузургон марги оддӣ нест, агар ба ҳаёт нигоҳ кунем, Пушкин, Мотсарт, Фурӯғи Фаррухзод бо донишу маҳорати эҷодии худ дар дили мухлисон ҷой гирифта, барвақт дунёро падруд гуфтаанд. Хизмати Маҳмудҷон дар ҷодаи санъат хеле бузург буда, нотакрор аст. Номбурда ба ташкилкунандагони ҷашн аз номи аҳли оилаи ҳунарманд арзи сипос гуфт.

Ҳунарманди мардумӣ Сайрам Исоева бо афсӯс, оҳи пурдард, бо нақли қиссаҳои гуногун гуфт, ки дар ин замини муқаддас шахсияти бузург Маҳмуди азиз тавлид ёфта, бо ҳунари волояш ҷаҳонро ба тоҷикон ва тоҷиконро ба ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Ӯ инсони соддаву ғамхор буд. Ана, имрӯз аз маргаш 40 сол гузаштаасту халқи ман Маҳмуди Воҳидро ҳамеша ба забон меорад, мешиносад, дӯсташ медорад ва мехоҳад, ба ӯ монанд бошад. Ӯ уқоберо мемонд, ки санъати Тоҷикистонро ба тамоми ҷаҳон расонид. Бо ӯ дар се филм ҳунарнамоӣ кардаам. Маҳмудҷон инсони ниҳоят меҳрубону хоксор буд, рӯҳи ӯ дар байни мост ва ҳамеша зинда аст ва зинда хоҳад монд.

Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш бо мушоираи бадеии худ шамъи фурӯзони маҳфил буданд, бо шеърхониву қиссагӯӣ ёд аз Маҳмуди нотакрор карданд. Нависанда Додохони Эгамзод иброз дошт, ки нобиғаҳои бузург ҳамеша абадзиндаанд. Ситорае, ки зуд фуруд мекунад, зуд дурахшон мешавад ва ҳарорати худро мебахшад, тез хомӯш мегардад. Маҳмуди Воҳид ахтари тобону дурахшони санъати тоҷик буд ва чун нобиғаҳо тулуъ карду рӯшноӣ дод ва зуд ғуруб намуд. Идомадиҳандагони санъати ӯ зиёд ҳастанд, онҳо аз ҷумла, ситораҳои ноҳия ҳастанд, ки бештари онҳо шогирдони моанд. Ситораҳои Ашту Суғд дурахшон мегарданд ва ин нишона аз он аст, ки ситораҳои Тоҷикистон дар ҷаҳон медурахшанд.

Қироати монологи рубоиёти Умари Хайём бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз ҷониби Аслам Каримов – дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо пайравӣ ба ҳунари Маҳмуди Воҳид симои ҳунармандро дар саҳна падид овард. Қиссаву намоишномаҳо аз ҳаёти ҳунарманд, рақсу тарона ва сурудҳои дилнишин бахшида ба ҷашни актёр аз ҷониби санъаткорони диёр бо як маҳорати баланди эҷодӣ ба самъи бинандагон расонида шуд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh