Озмуни вилоятии "Тирамоҳи заррин" баргузор гардид

Бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод бо иштироки беш аз 500 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилояти Суғд даври вилоятии озмуни "Тирамоҳи заррин" пуршукӯҳ баргузор гардид.

Дар се бахши озмун: намоишгоҳи беҳтарин, беҳтарин кори илми-таҳқиқотӣ, саволу ҷавоб 16 даста аз 16 шаҳру ноҳияи вилоят иштирок намуданд. Дастаҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Хуҷанд, Истиқлол, Исфара, Бӯстон, Б. Ғафуров, Ашт, Зафаробод, Деваштич дар бахшҳо хуб ҳунарнамоӣ намуда, ғолибият ба даст оварданд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Add comment


Security code
Refresh