ҚАЛЪАИ КУМ: ҚАРОРГОҲИ СУFДИЁН ВА ЁДГОРИИ БОСТОНИИ ФАРОМӮШГАШТА

Эмомалӣ РАҲМОН: Тоҷикистон воқеан, як неъмати Худодод, як мӯъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад.

Агар ба харитаи Тоҷикистони азиз назар афканем, дар тамоми минтақаҳои кишвар ёдгориҳои таърихие мавҷуданд, ки онҳоро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намудан ва ба наслҳои оянда бегазанд расонидан шарту зарур аст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Айнӣ дар шумули ёдгориҳои таърихӣ қалъаҳои Пасрӯд, Урметан, Гардани Ҳисор, Томин, Варзиманор, дар маҷмӯъ 14 қалъаю қаср ва 3 манора ба қайд гирифта шудааст, ки машҳуртарини онҳо қалъаҳои Кум, Гардани Ҳисор мебошанд. Ин қалъаҳо дар ҳамсоягӣ, яъне дар ҳудуди деҳаҳои Кум ва Мадм ҷойгир буда, масофаи байни онҳо 6 - 7 километр мебошад.

Аммо, ин ҷо мо мехоҳем, дар бораи ёдгории таърихии деҳаи зебоманзари Кум, ки бо номи Қалъаи Деваштич, қалъаҳои Кум, Муғ, Муғон (шакли вайроншудааш дар шеваи мардуми Кум «Муғум») ва ғайра маъруф аст, ҳикоят карда, таваҷҷуҳи масъулинро барои эҳёи ин ёдгории бостонии суғдиён ҷалб намоем. Ин қалъа дар китоби Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ «Фалғар дар асрҳои VII - VIII замони мо» бо номи қалъаи Кум, дар «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» - и Абдураҳмони Мустаҷир (маълумоте, ки тақрибан 150 сол пеш оварда шудааст) бо номи қалъаи Муғ зикр гардидааст. Ҳанӯз дар бораи ин мавзеъ Абдураҳмони Мустаҷир дар «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» хотираҳои хеле ҷолибро рӯи саҳфа овардааст. Даромадгоҳи гумбазмонанди қалъаро, ки дар гузашта (то оғози ҳафриёт) ҳам маълум будааст, мардуми деҳ «Хафои кофир» меномидаанд. (Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ «хафо» ба маънои «пӯшидагӣ», «пинҳон» ва «махфӣ будан» омадааст).

Ин ёдгории таърихӣ, ки замоне бостоншиносони маъруфи шӯравӣ А.Фрейман, А.Якубовский, В.Лившитс, Ю.Яъқубов дар он ҳафриёт гузаронидаанд, ёдгории таърихии ниёгон буда, макони будубоши суғдиёни қадим мебошад, ки дар ин қалъаи касногузар зидди арабҳо ҷангидаанд. Деҳаи Кум 30 километр дуртар аз маркази ноҳияи Айнӣ, дар доманаи кӯҳҳои сарбафалак воқеъ аст. Қалъаи Муғ қароргоҳи шоҳи суғдиён маҳз дар ҳамин деҳа арзи вуҷуд мекард. Он дар болои теппае ҷойгир аст, ки аз он тамоми гӯшаҳои деҳа ва гирду атрофро чун кафи даст назора кардан мумкин аст. Вале аз ягон тараф ноаён ба қалъа наздик шудан имкон надорад, зеро атрофи онро ҷариҳо ва чуқуриҳои одамногузар иҳота кардаанд. Танҳо дар солҳои шастуми қарни гузашта дар шафати он байни деҳаҳои Мадм ва Кум роҳи мошингард кушода шуд.

Собиқадори матбуот, шоир ва омӯзгори варзида Муин Исоев хотираҳои хеле ҷолибро дар бораи ин қалъаи афсонавӣ нақл намуда, таъкид кард: «Дар оғози солҳои 40 - ум аҳли деҳа дар бораи он чизе намедонистанд. Он харобаҳоро қалъаи Муғон, қалъаи Кофирон, баъзан Муғум меномиданд. Танҳо баъди он, ки соли 1932 чӯпони ҳамсояқишлоқ аз Хайробод - Ҷӯраалӣ Маҳмадалӣ ҳангоми чаронидани рама аз харобаҳои теппаи канори Зарафшон сабади пур аз ҳуҷҷати бо хати ношинос навишташударо ёфт, таърихи ин қалъаҳо аниқ гардид. Ин хатро ягон шахси арабидону босавод хонда наметавонист. Аз ин бозёфт котиби якуми комитети ҳизбии ҳамонвақтаи ноҳия (он вақт ноҳия Заҳматобод ном дошт) Абдулҳамид Пӯлодӣ – зодаи шаҳри Самарқанд ва шахси босаводу бофарҳанг хабардор шуда, худаш шахсан ба ин ҷо омада, кофтуков мегузаронад ва ӯ ҳам назди ин муаммо оҷиз мемонад. Бо кӯшиши ӯ ба ин кор олимон ҷалб мешаванд. Танҳо бо заҳмати зиёди ховаршиносон Хромов ва В.Лившитс муайян мегардад, ки ин ҳуҷҷатҳо бо хати суғдӣ навишта шудаанд. Аз ҳуҷҷатҳо аён мегардад, ки қалъаҳои Абаргар, Муғ, Гардани Ҳисор, ки дар деҳаҳои Хайробод, Кум ва Мадм ҷойгиранд, ба суғдиён тааллуқ ва дар тобеияти Деваштич қарор доштаанд. Баъди ин дар ин қалъаҳо кофтуковҳои бостоншиносӣ оғоз меёбад».

 Дар идомаи ин суҳбатҳо Муин Исоев аз ташрифи шахсони маъруфи ҷумҳурӣ ба қалъаи Муғ ёдовар гардида, зикр намуд, ки хотирмонтар аз ҳама ҳамроҳӣ бо нависандаи маъруф Сотим Улуғзода ва шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ буд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола аз мамлакатҳои гуногун сайёҳони зиёде ба Тоҷикистон меоянд. Албатта, барои ҷалби бештари сайёҳон ва рушди туризм бунёду азнавсозии роҳҳо шарту зарур мебошад. Аммо, мутаассифона, роҳи деҳаи Кум то қалъаи Деваштич дар ҳолати вайрона қарор дорад ва аслан муаррифии ин гӯшаи афсонавии диёр ба фаромӯшӣ афтодааст.

Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва, махсусан, қалъаи Муғ, ки таърихи чандҳазорсола дорад, барои ҳар як сокини кишвар ва сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроия қарзи шаҳрвандист. Роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон хеле обод гардид. Аз роҳи калони мошингард то маркази деҳаи Кум ҳамагӣ 7 километр масофа бошад ҳам, аммо роҳ хеле нообод аст.

Ҳоло аҳолии деҳаи Кум аз 160 хоҷагӣ иборат буда, мардум асосан ба боғдорӣ, картошкапарварӣ, пиллапарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. Дар деҳа як мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ амал мекунад, ки хеле фарсуда гардидааст. Бо вуҷуди ин, хатмкардагони ин мактаб ҳамчун мутахассисони варзида дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ кору фаъолият мекунанд.

Сироҷиддин БОБОЕВ,
дотсенти Донишкадаи иқтисод ва савдои
Донишгоҳи давлатии 
тиҷорати Тоҷикистон,
Нӯъмон РАҶАБЗОДА,
узви Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh