Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Муҳиддин Хоҷазодро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфт

3 ноябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили истиқоматии Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ташриф оварда,  ӯро ба муносибати зодрӯзаш табрик кард.

Раиси вилоят нависандаи маъруфи тоҷикро ба муносибати 81 солагиаш таҳният гуфта, иброз дошт, ки фаъолияти пурмаҳсули адиб барои наслҳои имрӯзаву оянда намунаи ибрат ва мояи ифтихор аст. Дар аснои суҳбати самимӣ таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди фарҳангу адабиёт таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, аҳли қалам бо ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбарияти Ҳукумати мамлакат баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва тарбияи маънавии ҷомеа саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Бояд таъкид кард, ки Муҳиддин Хоҷазод соли 1938 таваллуд шудааст ва хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад.

Гулчини ҳикоя ва қиссаву романҳои нависанда дар маҷмӯаҳои «Ба ҷойи узр» (1965), «Вместо извинения» (1967), «Нони ҳалол» (1970), «Нишони муҳаббат» (1974), «Об – рӯшноӣ» (1976), «Вода к добру снится» (Маскав, 1981), «Нанг ва номус» (1982), «Вода – свет» (Киев, 1983), «Роҳи Роғун дигар аст» (1984), «Что было, то было» (1985), «Кӯҳ бе варта нест» (1987, 2003) нашр гардидааст.

Муҳиддин Хоҷазод инчунин муаллифи драмаҳои «Об – рӯшноӣ» (1985), «Бандаи нафс» (1986), «Офат» (1987), «Самаки Айёр» (1988), «Фалакро ҳар назар аз роҳи кин аст» (1989), «Саодати васл» (1995), «Садди Сайҳун» (1997) ва  «Романи сегона» (2008), романҳои «Ҳастӣ ибрат аст» (2011) ва «Аз нишебӣ то фарозиҳо» (2014) ва ғайраҳо мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд 

Add comment


Security code
Refresh