МУБОРИЗ БУДАН СИФАТИ МАРДОНАГИСТ!

Ба озмун

Ин субҳ барои анҷом додани супориши коргоҳ аз яке ширкатҳои хизматрасонии мусофири таксӣ нақлиётро даъват кардам. Нақлиёт давоми 4 дақиқа ҳозир шуд. Вақте ба ронанда нигоҳ кардам, ба тааҷҷуб омадам ва дар лабонам беихтиёр табассум пайдо гардид. Ронандаи нақлиёти таксӣ зан буд. Ӯ низ сӯям нигариста табассуме кард. Пас аз салому алейк автомашина ба роҳ баромад.

- Чанд муддат шумо дар ширкати мазкур фаъолият доред? – пурсидам аз ӯ.

- Тақрибан як сол, -  посух дод он зан.

- Шавҳаратон ба ин кори шумо зид нест? - кунҷкобона пурсидам. Вале ба ҷойи посух ронанда оҳи сарде кашид. Аз пурсидаам пушаймон шудам…  

Чанд муддат ҳарду хомӯш нишастем…

Сипас ӯ ба сухан даромад.

- Зиндагӣ чун маҷрои бебозгашт сипарӣ мешавад ва инсон пеши тақдир оҷиз аст. Намедонад, ки фардо дар ҳаёти ӯ чӣ воқеа рух медиҳад ва чӣ ӯро интизор аст. Ҳаёти инсон низ ба фасли сол монандӣ дорад, гаҳе сард асту гаҳе нарм ва гаҳе  мисоли боди тирамоҳӣ ӯро аз як сӯ ба сӯи дигар равона мекунад. Имрӯз Зан – Модар ҳамқадами мардон дар ҳама ҷода барои дарёфти қути лоямут ва ё пеш бурдани зиндагии худу фарзандон меҳнат мекунад. Занонро дар ҳама соҳаҳо дидан касро ба ҳайрат меорад, зеро ӯ ҳам гаҳвора месозаду ҳам дар сохтмон мисли мард меҳнат мекунад, ҳам белу каланд бар даст мегираду ҳам бо риштаву сӯзан чизҳои аҷоиб меофарад.

Ман Мавзунахон Умарова  пас аз хатми синфи 9 мактабро тарк карда, дар корхонаи Кабоол – Тоҷик – Текстайлз ба кор шурӯъ кардам.

Падару модарам соҳиби панҷ фарзанд буданд, се хоҳару яккаву ягона писарро соҳиби хонаву дар карданд ва дар айёми наврасиам аллакай онҳо нафақаӯр гашта буданд, қуввати пешинаро аз даст додаву имконияти маро илм омӯзониданро надоштанд, бинобарон аз айёми наврасиам роҳ сӯи коргоҳ гирифтам.

Шояд он замон тавонам зиёд буду хастагиро эҳсос намекардам. Рӯзонаву шабона дар коргоҳ меистодам то маблағи бештар ба даст орам. Мани кӯчак  аллакай дастёри падару модар ва таъминкунандаи ҳаёти худ будам. Ҳанӯз аз овони наврасиам ақлан бузург гашта будам, зеро мисли дигар ҳамсолони худ сӯи китобхона намешитофтаму шомгоҳон ба сайругашт намебаромадам ва дар саҳни ҳавлӣ арғамчинбозву рустшавакон бозӣ намекардам. Дар овони беҳтарин ҳаёт маро побанди кор гардонида буд.

Дар синни 19 солагиам падару модар маро ба шавҳар доданд. Шавҳарам инсони бадхашму рашкин буд аз ин лиҳоз барои идомаи корам дар коргоҳи Кабоол – Тоҷик иҷозат надод.

Пас аз тавлиди фарзанди нахустин натавонистам ором нишинам. Мекӯшидам то ба касби шавҳар кӯмаке бикунам ва рӯзону шабон ҳам тифлро ба воя мерасондаму ҳам баробари шавҳар кор мекардам.

Шавҳарам аз пӯсти сари гов ширеш тайёр мекард ва ин кори ӯро ман низ азхуд кардам. Ин намуди ширешро танҳо дар ҳавои сард тайёр кардан лозим аст, зеро дар ҳавои гарм омода шудани он ғайриимкон аст. Барои тайёр кардани ширеши дастӣ, ки барои сохтмончиён лозим аст аввалан, сари говро ба дорувории махсус муддати як шабонарӯз тар карда мемонем, то пӯсти он аз устухон ҷудо гардад. Сониян пӯсти ҷудошударо ба деги калон, ба даруни об партофта, як шаб онро дар алов меҷӯшонем. Ранги пӯст сурх гашта, оби дар дегбуда ғафс мешавад. Онро ба даруни сатил меандозем. Пас аз чанд муддат вақте маҳсулоти дар сатилбуда барои буридан омода мешавад, онро ба тарзи борик бурида дар болои сеткаи махсус тунук мекунем. Обияти он ба пуррагӣ ҷудо шуда, боқимондаашро ба даруни халта андохта, барои фурӯш месупоридем.  

Ин намуд омода кардани маҳсулот машаққатро талаб мекард, вале бо ин тарз зиндагии худро пеш мебурдем. Бо гузашти вақт аллакай ширешҳои муосир ба бозор роҳ ёфту маҳсулоти мо дигар ба фурӯш нарафт. Ҳама бо замона ҳамқадам гардида, маҳсулоти замонавиро интихоб мекарданд. Аз ин лиҳоз роҳи дигар дарёфти ризқу рӯзиро меҷустем.

Аслан, шавҳарам сохтмончӣ буд, вале дарди миён ӯро азият медод, аз ин лиҳоз гаҳе кор мекарду гаҳе не. Вале бо ин тарз наметавон зиндагиро ба пеш бурд.

Барои ба зиндагии оилаам кӯмак расонидан ба пухтани мантуву самбӯса дар «Самбӯсаи 33» оғоз кардам. Субҳ ба коргоҳ мерафтаму бегоҳ ба хона омада, боз бо кори хона машғул мешудам. Вале на дар ҳама ҳолат бо ҳаёти худ қонеъ мешудам…  

Ашк аз чашмони Мавзуна шорид ва барои идомаи сухан дар гулӯяш гӯё чизе бошад, хомӯш монд. Саросема сӯяш к пёла чой дароз кардам. Ӯ чойро нӯшиду бо табассум гуфт: «Узр он лаҳзаҳо ба хотир омад». Дгар чизе пурсиданро баро худ раво надидам. Пас аз дақиқаи хомӯшӣ ӯ боз нақлашро идома дод…

- Вақтҳои охир шавҳарам ба нӯшокии спиртӣ одат карда буд. Аввалҳо кам – кам менӯшид, вале нӯшидан ба одат табдил ёфт. Як шом вақте аз кор ба хона баргаштам ӯ нӯшокии спиртӣ нӯшида, дар ҳолати ногувори мастӣ ба хона баргашта буд. Дар ин асно ҳомиладор будам ва фарзанди дуюминамро дар батнам нигоҳ медоштам. Шавҳари майзадаам баҳонае пеш оварду маро зери лагад гирифт. Доду фиғон ба само печид. Духтарчаи хурдакакам аз садои баланди гиря тарсида фиғон мекард. Ӯ дар ҳолати мастӣ худро идора карда натавониста маро лату кӯб мекард. Азбаски ӯ азимҷусса буд тавони худро аз лагади ӯ дур карданро надоштам. Ӯ бо дӯстони майпараст ҳамроҳ шуда даст боло мекард ва вақте ба худ меомад, аз кирдораш бехабар буд.

Хушдоманам инсони меҳрубону ғамхор буданд, ба хотири некиҳову маслиҳатҳои ӯ шавҳарро тарк намекардам. - Ҳаммааш хуб мешавад, духтарҷон, - гӯён маро таскин медоданд. Он касро ҳамчун модари худ медонам, зеро барои нигоҳубини фарзандонам хеле кӯмак кардаанд. Боре бароям бо садои баланд сухан накардаанд.

Рашки шавҳарам рӯзбарӯз зиёд мешуд, аз ин хотир аз кори худ даст кашида, ҳамроҳи шавҳар ба тайёр кардани сафолакҳо машғул шудем. Дастони меҳнатдидаам аз лойу санг наҳаросиданд.

Дар зиндагӣ худро зан ҳисоб намекардам, зеро аз овони наврасиам мисли мардон аробаву мотосикл мерондаму корҳои мардонро бе мушкилӣ иҷро мекардам. Гумон мекунам, ки ин хислату амалам дар зиндагии оилавиам бароям кӯмакрасон шуд. Азбаски саломатии шавҳарам он қадар хуб набуд аз баҳри сафолаккунӣ баромад, зеро зиёд нишаста наметавонист. Аз ин лиҳоз ӯ роҳ сӯи муҳоҷирати меҳнатӣ гирифт. Вале дар он ҷо низ ӯ сарҳисоби худро наёфта аз нав ба Ватан баргашт.

Ӯ чанд муддат бе ҷойи корӣ буд. Вале аллакай соҳиби чор нафар фарзанд шуда будем. Барои худу фарзандон хӯрдану пӯшидан лозим буд. Аз ин лиҳоз ба самбӯсахонаи «Дилписанд» дар назди танӯр истода самбӯса мепухтам. Ҳаррӯз барои зан дар назди танӯри тасфон истодан кори осон нест ва на ҳар кас метавонад аз уҳдаи чунин кор барояд.

Барои вайрон нашудани оила ва бе падар намондани фарзандонам ба дашному ҳаққоратҳо ва лату кӯб кардани шавҳар тоб меовардам. Худ ба худ мегуфтам, ки поёни шаби сияҳ сафед аст…

Вақте, бегоҳ мешуд аллакай дасту поям ба ларза медаромад, зеро медонистам, ки ҳоло шавҳарам меояду боз то нисфи шаб бо ман муноқиша карда, боз даст боло мекунад. Аз шом метарсидам…

Бале, шавҳарам акнун қариб ҳар шом даст боло мекард. Аввал баҳонаеро меҷусту сониян мушт боло мекард. То соати 3 субҳ болои замини сард мехобидам ва касе наметавонист кӯмаке бикунад. Ҳолат то ҷое расид, ки маро ба беморхона бурданд. Давоми 12 рӯз табибон табобат карданд.

Ба беморхона шавҳарам омаду нолаву зорӣ кард то ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи чунин амалу кирдораш нақл накунам, зеро ӯ маст буду кори кардаашро намедонад ва аз карда пушаймон аст. Ман ҳамчун зан ба ҳоли шавҳари худ раҳм кардаму ӯ бошад, аз пештара дида золимтар гардид.

Шабе боз майзада омаду ончунон ба сару рӯям зад, ки пардаи гӯшҳоям дариданд, аъзои ҷисмам ба хун оғушта гардид, устухону пӯстҳои ҷисмам дариданду шикастанд. Пас чӣ тавр барои идомаи додани ҳаёт бо ин марди золим сабр кунам. Охир чор фарзанд дорам, агар зарари ба ҷисмам расида маро маъюб созад тақдири чор нафар фарзандам чӣ мешавад? Бар замми ин ҷангу ҷидол ва занозании пайдарпай бар фарзандонам низ асар гузошт. Онҳо ҳамеша худро маъюсу нотавон эҳсос мекарданд. Ва вақте падарашон маст меомад, ба оғуши бибиашон шитофта, тавони ба назди ману падар рафтанро надоштанд. Зеро хуб медонистанд, ки ин шом боз маро зери мушту лагад қарор медиҳад…  

Бале, на ҳар зан метавонад ба чунин хушунату зӯроварӣ сабр карда бошад, вале бо фикрҳои ғамангез, ки рафтори шавҳар дигар намегардад Мавзуна хонаи шавҳарро тарк кард. Чанд муддат дар хонаи падару модар умр ба сар бурда, саломатиашро барқарор кард. Акнун ӯ мисли пештара солиму бардам набуд, зеро аз зарбаҳои ба сараш расида ҳамоно ба табибон муроҷиат мекунад, зеро дарди сахти сар ӯро азият медиҳад.    

- Аз кӯдакӣ орзу мекардам, ки як мошини сабукрав дошта бошам. Рӯзону шабон маблағ ҷамъ кардам ва мошин харидам. Он лаҳза аз хурсандӣ меболидам, зеро хуб медонистам, ки ин мошини харидаам маро ёвару мададгор мешавад.

Дар ин асно ду духтари калониамро ба шавҳар дода соҳиби домод гардидам. Ду домодамро ҳамчун писарони худ қабул кардам. Баробари ин духтари якумамро дар донишгоҳи олӣ омӯзонидаму соҳиби маълумоти олӣ гардонидам. Худ низ дубора ба кор баргаштам. Дар сехи қаннодӣ маҳсулоти ширинӣ торту кулчақандҳои болаззат мепазам.

Гумон кардам, ки акнун ҳама нохушиҳо паси сар шуд ва бо хотири ҷамъ метавонам зиндагиамро идома диҳам, вале чанд муддат пеш хушдомане, ки ҳамчун модар дӯсташ медоштам дар синни 82 солагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт. Ҳоло оташи дарду ҳасрат дур нагашта дар рӯзи чаҳоруми мотами хушдоман модарам низ дар синни 80 солагӣ фавтид.

Он лаҳза гумон кардам, ки аз ду боли парвозам маҳрум гаштам, зеро фавти нобаҳангоми ду модари бузургворам хушдомани азизам Мӯминахон ва модари биҳиштиам Малоҳатхон маро дубора аз ҳаёт дилмонда кард. Нафароне, ки маслиҳатгару ёварам буданд аз ҷаҳон рафтанд ва то ҳол бовариам намеоянд, ки онҳо ҳамроҳи ман нестанд.

Тавлиди наберагони азизам маро дубора ҳаёт бахшид. Бале, дар синни 42 солагиам бибӣ шудам ва барои ояндаи неки наберагонам даст бар дуо мебардорам. Боиси хурсандист, ки баробари наберадор гардидан ба орзуи деринаам расидам, соҳиби мошини сабукрав гардидам.

Ростӣ, гумон надоштам, ки ин орзуям амалӣ мегардад ва имрӯз мошинаи харидаам барои рӯзгорам кӯмакрасон аст. Дар яке аз ширкатҳои хизматрасонии такси «Максим» ба ҳайси ронанда фаъолият бурда истодаам.

Вақте ба назди муштарие, ки таксӣ фармош додаст меравам, ба сӯям нигоҳ мекунаду савол медиҳад «Шумо ронандаи Максим ҳастед», - пештар хиҷолат мекашидам, имрӯз бошад фахр дорам, зеро бо меҳнати ҳалол чор нафар фарзандамро таъмин карда истодаам…. 

Ин зани қавиирода аз миш - мишҳои мардум наҳаросид, ба зарбаи сахти тақдраш тан дода, ба қафо нигоҳ накард. Касе ва чизе ӯро шикаст надод. Ба корҳои душвору сангин тоб овард ва имрӯз низ баробари зан будан ҳамчун ронанда ба халқ хизмат расонида истодааст.

Баробари ронанда будан Мавзунахон дар қаҳвахонаи «Анситу» ҳамчун пазандаи маҳсулоти қаннодӣ фаъолият бурда истодааст. Мегӯянд, ки барои як мард 40 ҳунар кам аст, вале ин мақоли халқ на танҳо ба мардон, балки барои занони мардсифат рост меомадааст. 

Ин аст ҳаёти як нафар зани мубориз, ки бо хушунат дучор омада, аз зиндагӣ зарбаи сахт хӯрдаасту новобаста аз он боз ба пеш қадаме мегузорад. Дар интиҳо мехостам як чизро таъкид созам, ин ҳам бошам ба арӯсони ҷавоне, ки имрӯз бо хушунат дучор шудаанду дар чорроҳаи тақдир ҳайрон мондаанду фикри сӯиқасд ба ҷони худ карданро доранд, муроҷиат карда гуфтаниам, ки зиндагӣ пастиву баландиҳои бешумор дорад, вале дар ҳама ҳолат бояд мубориз буд, муборизи ҳаёти худу фарзандон…

Шаҳбону ОЛИМОВА,
Ҳақиқати Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh