Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад

18 ноябри соли 2019 дар Мамнўъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм”, воқеъ дар шаҳри Панҷакент таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ баргузор шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози ҷаласа таъкид кард, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, № 195 “Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ” қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расида, ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.

Тибқи қарорҳои батасвибрасида ва бо назардошти аҳмияти ёдгории қадимии Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон соли оянда 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад ва барои таҷлили шоистаи ин ҷашн дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дорад.

Сипас, дар ҷаласаи кумитаи тадорукот раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода доир ба рафти корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳр маълумот дода, қайд кард, ки ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ бунёди наздик 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар як қатор иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома дорад. Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки сокинони шаҳр барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аҳлона меҳнат намуда, тасмим доранд то соли 2021 405 иншооти гуногунсоҳаро бунёд ва мавриди истифода қарор диҳанд.

Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи омодагиҳо ба таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразм иброз дошт, ки ин сана бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳмияти ёдгории қадимии Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз, ҳар як моро зарур аст, ки барои пурра ба анҷом расонидани сохтмони иншооти ҷашнӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтани маданияти беш аз 5500 – солаи халқи тоҷик аз тамоми имкониятҳо истифода намоем. Дар ин замина ба масъулин дастур дода шуд, ки барои бо сифати баланд бунёд сохтани осорхона, меҳмонхона, чойхона, истгоҳу дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, панҷарабандии атрофи мамнуъгоҳ, таъмири роҳҳои автомобилгард табдирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар бояд шуд, ки ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид. Майдони аввалаи он қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтаааст.

Шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст ва маҳз бо назардошти аҳмияти таърихӣ он соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh