Мактаби одамият ва илми асил

Дар нишасти 177-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дӯстону ҳамкорон, шогирдону ихлосмандони донишманди шодравон бунёдгузори маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” Абдулманнон Насриддин дар толори факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷамъ омада, бо маърӯзаҳои илмӣ, шеърхониву суханрониҳо руҳи эшонро шод намуданд.

Маҳфилро роҳбари он адабиётшинос Саидумрон Саидов  ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо китобҳои тозанашр ошно кард. Сипас зимни суханронии худ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шогирди устод адабиётшиноси маъруф Тоҷибой Султонзода дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Абдулманнони Насриддин аз оинаи хотироташ нақлҳои ҷолиб кард. Ӯ гуфт, ки мактаби устод Насриддинов мактаби одамият ва илми асил буд, ки суннат ва анъанаҳои онро мо, шогирдон бояд идома бахшем. Муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон изҳор дошт, ҲХДТ ҳамешагӣ ба афроди фарҳехтаву донишманд арҷгузорӣ мекунад.  Аз ҷумла, муқаррар намудани ҷоизаҳо ба номи донишмандон ва қаламкашони асил, аз ҷумла ҷоизаи Абдулманнон Насриддин дар риштаи адабиёт дар КИ ҲХДТ ифодагари эҳтироми ҳизб ба аҳли илму адаб мебошад.

Дар маърӯзаи худ Субҳони Аъзамзод- номзади илмҳои филологи, мудири кафедраи адабиёти муосири ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир ба нақши Абдулманнон Насриддин дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ гуфт. - Номи Абдулманнон Насриддинов дар арсаи адабиётшиносӣ ва матбуоти миллии тоҷик бештар аз миёнаҳои солҳои 80-ум, хоса дар давраи дигаргуниҳои давраи бозсозӣ боз ҳам бештар сари забонҳо қарор гирифтааст. Пайванди Абдулманнон Насриддинов бо ҳалқаи равшангарӣ ва раванди худшиносиҳои милливу маънавии ин давра ва нашри мақолоти арзишманди ӯ дар заминаи фарҳангу адаби тоҷик ин маҳбубиятро бештар кард. Мақолаҳои муҳимтарини Абдулманнон Насриддинов оид ба умдатарин масъалаҳои маънавиятгароӣ, таълими адабиёт дар макотиби оливу миёна ва куллан шеваҳои баҳрамандии замона аз адабиёти гузаштаву имруза, масъалаҳои забони миллӣ номи ӯро дар радифи зиёиёни номии ин давра қарор медиҳад. Алоқамандии муаллим бо мавзӯи шарҳнависӣ барои дар ҳалқаи зиёиёни тоҷик эътироф шудани эшон низ мададрасон будааст. Насриддинов дар ин радиф бо ҷусторҳои донишманди номии тоҷик Муҳаммадҷони Шакурӣ ва дигар зиёиён ҳамоҳанг буданд, изҳор дошт вай. Субҳони Аъзамзод мақолаҳои илмии Абдулманнон Насриддинро аз назари мавзӯъ ва мундариҷа дастабандӣ намуда, моҳияти онҳоро дар такмили таърихи адабиёт ва нақду сухансанҷии тоҷик беназир арзёбӣ намуд.

Дар маҳфил аз шогирдони устод, адабиётшиноси дақиқназар, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти классикӣ Шарифҷон Тоҷибоев, ки чанде пеш аз сафари илмиву омӯзгорӣ аз шаҳри Фарғонаи Ҷумҳуриии Ӯзбекистон  баргашт, аз бардоштҳои хеш нақл кард. Ӯ зикр кард такмил бахшидани ҳамкориҳои минбаъда бо Донишгоҳҳои кишвари ҳамсоя,ки муносибот ба шарофати дӯстиву ҳамдигарфаҳмии сарварони ин ду кишвар ба даст омадааст айни матлаб хоҳад буд.

Нақлҳои ибратбахши донишманди маъруфи тоҷик Мирзо Шукурзода аз таърихи дӯстиву ҳамкориҳои хеш бо шодравон Абдулманнон Насриддин писанди ҳозирин гардид. Ӯ силсилаи китобҳои навашро ба китобхонаи “Ганҷи сухан” ҳадя намуд.

Дӯстону ҳамкорон ва шогирдони устод Абдулманнони  Насриддин, олимону  адибон Усмонҷон Ғаффоров,  Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, Нуралӣ Нурзод, Додохон Эгамзод, Мирзоҳайдар Умарзод,  Баҳром Раҳматзод бо баёни хотираҳо ва қироати шеърҳои нав хотири ҳозиринро шод намуданд. Дар поёни маҳфил ба донишҷӯёни фаъол, ки дар маҳфилҳои илмӣ пайваста ширкат меварзанд ва баромад менамоянд ифтихорномаҳо супорида шуд. 

Саидумрон САИДОВ

Add comment


Security code
Refresh