Қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона»

21 ноябри соли 2019 дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ Шуҳрат Азиззода, роҳбарияти нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва аҳли зиёи мамлакат маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ меҳмонон ва иштирокдорони чорабиниро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ташкили озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона»-ро барои тарбияи насли ояндасози миллат дар роҳи худогоҳиву худшиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва илмомӯзиву фарҳангпарварӣ муфид арзёбӣ кард.

Гуфта шуд, ки нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбияи насли ояндасози миллат дар роҳи худогоҳиву худшиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва илмомӯзиву фарҳангпарварӣ дар замири онҳо озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» - ро эълон намуд.

Дар ин озмун, ки аз 1-уми июни соли 2018 то 15-уми ноябри соли 2019 идома дошт, зиёда аз 100 муаллиф иштирок карда, бо салоҳдиди ҳайати эҷодӣ бештар аз 300 шеъри тозаэҷоди онҳо дар саҳифаҳои рӯзнома ба табъ расид.

Баррасӣ ва натиҷагирии шеърҳои пешниҳодшуда муайян намуд, ки идораи рӯзнома ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамчун ташкилкунанлагони озмун дар иҷрои ҳадафҳои худ муваффақ гардиданд. Зеро, дар озмун, дар баробари шоирони маъруфу шинохтаи кишвар – Муҳаммад Ғоиб, Гулназар, Алӣ Бобоҷон, Латофати Кенҷа, Ҷӯра Ҳошимӣ, Озар Салим, Раҷаби Мусулмониён, Абдусаттори Раҳмон, ҳамчунин худи наврасон аз тамоми гӯшаву канори кишвари маҳбуб ширкат варзида, бо шеърҳои шогирдона, вале пурмӯҳтавои худ онро шукӯҳу шаҳомати хоса бахшиданд.

Дар маҷмӯъ, шеърҳое, ки дар доираи озмун мунташир гардиданд, пеш аз ҳама, дар замири худи кӯдакону наврасон шавқу завқи аз худ намудани осори шеъриву насрии адибони гузашта ва имрӯзаи халқи тамаддунофари тоҷикро бедор менамоянд.

-Чуноне Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, сатҳи донишу маърифати мардум, хусусан наврасону ҷавононро баланд бардоштан, ҳисси ифтихори миллии наслҳоро бедор сохтан ва дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ асолат ва арзишҳои миллиро ҳифз кардан, рисолати ҳар як зиёии ватандӯст ба шумор меравад, - иброз дошт Раиси вилоят ва афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояи Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он минбаъд низ бо ин рӯзномаи бонуфуз, ки баёнгари ормонҳои миллӣ ва инъикосгари воқеии рӯзгори мардуми босаодати мост, ҳамкориро тавсеа хоҳанд бахшид.

Дар маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамзамон шоирони номдори тоҷик Гулназар, Камол Насрулло ва Озарахш сухан гуфта, ташкили чунин озмунҳоро барои ғановатмандии адабиёти атфол муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмун мукофотҳои пулӣ ва дигар туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh