Оғози даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”

21 ноябри соли 2019 дар Кохи фарҳанги “Суғдиён” бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими оғози даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” доир шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ёдовар шуда, ташкили озмунро барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав ва инкишофи қобилияти эҷодӣ муфид арзёбӣ кард.

Зимнан таъкид гардид, ки ин озмун ба ифтихори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, ки то 23 ноябр идома меёбад, 90 нафар ғолибони даври қаблӣ аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ширкат меварзанд. Маҳорати довталабонро ҳайати ҳакамон бо шумули шахсиятҳои шинохта ба монанди Маҳмадшариф Бобошоҳзода, Ато Мирхоҷа, Камол Насрулло, Зевар Давлатзода, Раъно Бобоҷониён, Хол Раҷабов, Марҳабо Олимӣ, Фарзона, Зайнура Азимӣ, Аҳмадҷони Раҳматзод, Матлубаи Мирзоюнус ва дигарон баҳогузорӣ менамоянд.

Даври вилоятии озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти классики тоҷик”, “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти муосири тоҷик”, “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик”, “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон” гузаронида шуда, ба гирандагони ҷойҳои ифтихории ҳар номинатсия мутаносибан 10 000 сомонӣ, 7 000 сомонӣ ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Ба барандаи Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” бошад 15 000 сомонӣ тақдим хоҳад шуд.

Ғолибони даври вилоятӣ ҳамзамон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат мегиранд. Дар даври ҷумҳуриявӣ ба гирандагони ҷойҳои ифтихории ҳар номинатсия мутаносибан 30000 сомонӣ, 20000 сомонӣ 15000 сомонӣ ва ба барандаи Шоҳҷоиза 50000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh